Барнома барои ҳафтаи аз 8-уми феврал
ҲАФТАИ АЗ 8-УМИ ФЕВРАЛ САРШАВАНДА
Суруди 23 (200)
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
sm саҳ. 40, сарх. 6 — саҳ. 43, сарх. 14
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Доварон 11–14
№ 1: Доварон 13:1–14
№ 2: Мо аз суханони Исо, ки дар Луқо 16: 9–13 навишта шудаанд, чиро омӯхта метавонем?
№ 3: Ба фарзандонатон арзишҳои ахлоқиву рӯҳониро таълим диҳед (fy саҳ. 66, сарх. 8 — саҳ. 70, сарх. 14)
□ Вохӯрии хидматӣ
Суруди 94 (172)
5 дақ. Эълонҳо.
10 дақ. Чӣ гуна ба саволҳое, ки доир ба идҳо мебошанд, ҷавоб хоҳем дод. Муҳокима бо шунавандагон дар асоси китоби «Музокира» (рус.), аз зерсарлавҳаи саҳифаи 290 сарх. 2 — саҳ. 291, сарх.4. Дар маҳаллаи шумо мардум кадом идҳоро ҷашн мегиранд? Дар кадом мавридҳо шумо метавонед нуқтаи назари худро нисбати ин ё он ид фаҳмонед? Намоишеро тайёр кунед, ки падар ё модар ба фарзандаш барои ба саволи зерин ҷавоб додан, кӯмак мекунад: «Чаро шумо иди Наврӯзро қайд намекунед?»
20 дақ. «Даъватнома барои Шоми ёдбуд дар тамоми ҷаҳон тақсим карда мешавад!» Муҳокима ба воситаи саволу ҷавоб. Пеш аз муҳокимаи сархати 2, агар даъватнома дастрас бошад, як нусхагӣ ба ҳама тақсим кунед. Сипас диққаташонро ба баъзе хусусиятҳои даъватнома равона созед. Сархати 2-ро муҳокима карда, аз воизе хоҳиш намоед, ки чӣ гуна пешниҳод кардани даъватномаро нишон диҳад. Аз нозири хидматӣ ё пири дигаре мусоҳиба гиред, то ӯ маълумоти заруриро оиди маъракаи омадаистода ва мавъиза фаҳмонад.
Суруди 18 (114)