«Даъватнома барои Шоми ёдбуд дар тамоми ҷаҳон тақсим карда мешавад!»
1. Пеш аз Шоми ёдбуд кадом маъракаи умумиҷаҳонӣ гузаронда мешавад?
1 «Инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред» (Луқ. 22:19). Хидматгорони Яҳува, инчунин шахсони рағбатдор ба ин аҳкоми Исо итоат карда, якҷоя ҷамъ меоянд, то ки рӯзи 30-юми марти соли 2010 солгарди марги Исоро ҷашн гиранд. Аз 13 то 30-юми март, дар тамоми ҷаҳон даъватномаи махсус ба Шоми ёдбуд тақсим карда мешавад.
2. Ҳангоми тақсим кардани даъватнома, чӣ гуна омӯзиши Китоби Муқаддасро сар карда метавонед?
2 Омӯзиши Китоби Муқаддас. Вақте ки рағбатдоронро ба Шоми ёдбуд даъват менамоед, хуб мебуд, ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро аз рӯи китоби «Таълимот» оғоз кунед. Фаҳмондани маънои Шоми ёдбудро ба шахс пешкаш намоед. Барои ин, саҳифаҳои 206 то 208-ро кушоед ва мавзӯъро аз Замимаи «Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад», муҳокима кунед. Ин мавзӯъро шумо метавонед назди дар, бо як ё ду бор омӯзиш кардан гузаред. Вақте ки шумо он мавзӯъро ба охир мерасонед, агар шахс хоҳиш дошта бошад, метавонед боби 5, мавзӯи «Фидия — олитарин инъоми Худост»-ро гузаред. Агар омӯзиш мунтазам гузарад, чор боби аввали китобро низ дида бароед.
3. Дар айёми Шоми ёдбуд бо кӣ омӯзиши Китоби Муқаддас сар карда метавонем?
3 Аз чунин тарз истифода бурда, бо кӣ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардан мумкин аст? Шояд баъзе аз ҳамкорон, ҳамсинфон ё ҳамсоягонатон ба муҳокима кардани ин мавзӯъҳо хоҳиш пайдо кунанд. Бародарон бошанд, дар ҷамъомад метавонанд бо шавҳарони хоҳароне, ки ҳамимони мо нестанд, сӯҳбат кунанд. Хешовандонатонро низ, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, фаромӯш накунед. Ғайр аз ин, саъю кӯшиш намоед, то онҳоеро ки пеш мунтазам ба ҷамъомад ташриф меоварданд, ба Шоми ёдбуд даъват кунед (Луқ. 15:3–7). Биёед кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ба чунин одамон барои тавассути фидия наҷот ёфтан, кӯмак расонем.
4. Миннатдорӣ барои фидияи меҳрубононаи Яҳува, моро ба чӣ бармеангезад?
4 Фаъолона иштирок кунед. Давраи ҷашнгирии Шоми ёдбуд барои ҳар чӣ бисёртар хидмат кардан мавриди хубест. Оё шумо метавонистед, реҷаи худро тавре тартиб диҳед, ки чун пешрави ёвар хизмат кунед? Эҳтимол фарзандатон ё бо шахсе, ки омӯзиш гузаронида истодаед, рушди рӯҳонӣ мекунанд? Оё онҳо метавонанд воизи таъмиднаёфта гарданд ва дар маърака иштирок кунанд? Дар бораи ин метавонед бо пирони ҷамъомад сӯҳбат кунед. Миннатдорӣ барои фидияи меҳрубононаи Яҳува, моро бармеангезад, ки дар Шоми ёдбуд на танҳо шахсан худамон иштирок кунем, ҳамчунин ҳар чӣ одамони зиёдро низ ба он таклиф намоем (Юҳ. 3:16).