ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 1.08 саҳ. 3-6
  • Оиди пайғом пурра шаҳодат диҳед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оиди пайғом пурра шаҳодат диҳед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • Айёми Шоми ёдбуд — имконияти хубест барои бештар хизмат кардан!
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Оё шумо чун пешрави ёвар хизмат хоҳед кард?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Мақсадҳои арзандае дар соли нави хидматӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Аз ҳоло васеъ кардани доираи хизмататонро ба нақша гиред
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 1.08 саҳ. 3-6

Оиди пайғом пурра шаҳодат диҳед

1. Чӣ пайғомеро бояд ба дигарон расонем?

1 Дар ҷаҳоне, ки хушхабари зиёд надорад, мо имтиёз дорем, ки дар бораи меҳрубонии беҳамтои Худо шаҳодат диҳем (Аъм. 20:24). Ин маънои ба одамон хабар додани онро дорад, ки ба наздикӣ «айёми охир» бо дунёи нави боадолати Яҳува иваз хоҳад гашт, ки дар он ҳар чӣ «пештар буд», мегузарад (2 Тим. 3:1–5; Ваҳй 21:4). Он гоҳ бемориҳо дигар нахоҳанд буд (Иш. 33:24). Наздикони фавтидаамон эҳё шуда, аз нав бо оилаву дӯстон хоҳанд пайваст (Юҳ. 5:28, 29). Тамоми рӯи замин ба биҳишти зебо мубаддал мегардад (Иш. 65:21–23). Инанд баъзе намунаҳои пайғом, ки онро бояд ба дигарон бирасонем!

2. Чаро айёми Шоми ёдбуд имконияти хубе барои додани шаҳодати пурра оиди пайғом медиҳад?

2 Моҳҳои март, апрел ва май барои мавъизаи чунин пайғом имконияти хуб медиҳанд. Дар давоми ин моҳҳо обу ҳаво ва дарозии рӯз дар қисмҳои бисёри дунё мусоидат мекунад, ки вақти бештаре барои хидмат сарф намоем. Бар замми ин, рӯйдоди муҳимтарини сол — Шоми ёдбуд — дар тамоми ҷаҳон рӯзи шанбе, 22–юми март баъди ғуруби офтоб ҷашн гирифта хоҳад шуд. Ҳоло вақтест барои оғози тайёрӣ ба зиёдтар кардани фаъолият дар хидматамон.

3. Чӣ бароямон кӯмак хоҳад кард, то фаъолияти рӯҳониамонро чун оила зиёд намоем?

3 Пешрави ёвар. Оё шумо метавонед реҷаатонро дигаргун сохта, як ё се моҳ чун пешрави ёвар хидмат намоед? Чаро барои муҳокимаи ин мавзӯъ ҳангоми омӯзиши навбатии оилавӣ каме вақт ҷудо накунед? Ба туфайли ҳамкории хуб як ё якчанд аъзоёни оила шояд чун пешрави ёвар хидмат карда тавонанд (Мас. 15:22). Инро мавзӯи дуоҳоятон кунед ва бинед, ки чӣ гуна Яҳува кӯшишҳоятонро баракат медиҳад (Мас. 16:3). Ҳатто агар ягон кас дар оилаатон чун пешрави ёвар хидмат карда натавонад, ҳамаи аъзоёни оила метавонанд мақсади шахсие дар зиёд кардани хидматашон гузоранд ва бо онҳое, ки имконияти пешрав шудан доранд, ҳамкорӣ намоянд.

4. Агар рӯзи меҳнатии мо дар кори ҷамъиятӣ пурра бошад, чӣ гуна реҷа кашидан мумкин аст, то пешрави ёвар шуда тавонем?

4 Ҳатто агар кори ҷамъиятиятон бо рӯзи пурраи меҳнатӣ бошад, реҷаи хуб бароятон имконият дода метавонад, ки чун пешрави ёвар хидмат намоед. Шумо метавонед барои мавъиза қисми танаффуси нисфирӯзиатонро истифода баред ё маҳалли шахсии ба хона ё ҷои коратон наздикро гирифта, дар он як соат пеш ё баъд аз кор мавъиза кунед. Бо гузаронидани корҳои на он қадар муҳим ба моҳи дигар ва пурра ба мавъиза сарф кардани рӯзҳои истироҳат шояд шумо дар реҷаатон вақти иловагӣ пайдо карда тавонед. Баъзеҳо тавонистанд як ё ду рӯзи рухсатиашонро барои хидмати мавъиза сарф кунанд.

5. Солхӯрдагон ё заифону нотавононро дар пешрави ёвар буданашон чӣ гуна дастгирӣ намуда метавонед?

5 Агар солхӯрда ё заифу нотавон бошед, бо он ки кам–кам ҳар рӯз мавъиза мекунед, шояд чун пешрави ёвар хидмат карда тавонед. Аз Яҳува хоҳиш намоед, ки бароятон «бартарии қувват» диҳад (2 Қӯр. 4:7). Хоҳаре дар синни 106–солагӣ чун пешрави ёвар хидмат карда тавонист! Бо дастгирии хешовандони ҳамимон ва аъзоёни дигари ҷамъомад ӯ дар мавъизаи хона ба хона, кардани боздидҳо, рафтан ба дарсҳои омӯзиши Китоби Муқаддас ва дигар намудҳои хидмат иштирок кард. Вай барои оғоз намудани омӯзиши Китоби Муқаддас бо даҳ нафар кӯмак расонд. Ин хоҳар иброз дошт: «Вақте ки ман дар бораи имтиёзи олии хидмат чун пешрави ёвар фикр мекунам, қалбам аз муҳаббату миннатдорӣ ба Яҳува, писари Ӯ ва созмони муҳаббатомезаш лабрез мегардад. Ман дар ҳақиқат гуфтаниям: “Ташаккур ба ту, Яҳува!”».

6. Чаро барои ҷавони таъмидгирифтаву мактабхон пешрави ёвар будан имконпазир аст?

6 Агар ҷавони таъмидгирифтаву мактабхон бошед, шояд шумо ҳам тавонед пешрави ёвар шавед. Мисли онҳое ки рӯзи пурраи меҳнатӣ кор мекунанд, шумо эҳтимол асосан рӯзҳои истироҳатро барои мавъиза истифода баред. Инчунин шояд баъзе рӯзҳо шумо тавонед як соат пеш ё баъд аз дарсҳо ба хидмат равед. Шояд рӯзҳои таътили мактабӣ бошанд, ки барои иштирок дар хидмат сарф карда тавонед? Агар пешрави ёвар шуданӣ бошед, инро ба волидонатон бигӯед.

7. Барои дар айёми Шоми ёдбуд ба хидмат рӯҳбаланд гардонидани ҷамъомад пирон чӣ кор карда метавонанд?

7 Рӯҳбаланд гардонед. Пирон бо намунаашон барои рӯҳбаланд сохтани ҷамъомад кори бисёр карда метавонанд (1 Пет. 5:2, 3). Онҳо вохӯриҳои иловагии пеш аз мавъизаро барои касоне, ки саҳарии барвақт, баъди мактаб ё кор хидмат хоҳанд кард, ташкил намуда метавонанд. Нозири хидматӣ бояд боварӣ ҳосил кунад, ки барои гузаронидани ин вохӯриҳо воизони бомаҳорат таъин шудаанду барои хидмат шумораи кофии маҳаллҳо мавҷуданд, инчунин маҷаллаву адабиёт барои ин моҳҳои фаъолияти махсус дастрасанд.

8. Аз таҷрибаи ҷамъомади боло мо чӣ меомӯзем?

8 Дар ҷамъомаде пирон чанд моҳ пешакӣ воизонро ба хидмати пешравии ёварӣ ба рӯҳбаланд кардан оғоз намуданд. Онҳо ҳар ҳафта ба ҷамъомад оиди он ки чанд воиз чун пешрави ёвар мақбул дониста шуд, маълумот медоданд. Ин кор касонеро, ки хоҳиши зиёд кардани хидматашонро доштанд, итминон бахшид, ки дар ин кор дастгирии хуб хоҳанд дошт. Вохӯриҳои иловагии пеш аз мавъиза саҳарии барвақт ва бегоҳӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа 53 воиз дар моҳи апрел чун пешрави ёвар хидмат намуданд — қариб ними ҷамъомад!

9. Чаро айёми Шоми ёдбуд ба онҳое ба талаботи воиз шудан мувофиқат мекунанд, барои оғоз намудани мавъизаи пайғом фурсати хубест?

9 Ба дигарон дар мавъиза кардан кӯмак намоед. Вақте ки касони нав ё наврасон воиз мегарданд, шояд ба ҳамкорӣ дар мавъиза аз ҷониби воизони пуртаҷриба даъват гарданд. Чунин имконият шояд дар айёми Шоми ёдбуд — вақте ки аксарият дар ҷамъомад фаъолияташонро зиёд мекунанд, фароҳам ояд. Оё шумо бо касе ки аллакай тарзи ҳаёташро ба меъёрҳои одилонаи Яҳува мувофиқ сохтааст, омӯзиши самароварандаи Китоби Муқаддас мегузаронед? Оё фарзандони рафтори хубдоштаву рушди хуби рӯҳонӣ карда, вале ҳанӯз воиз нагардида доред? Агар чунин шахсон хоҳиши воизи таъмиднаёфта гаштанашонро бигӯянду шумо бинед, ки онҳо ба талабот мувофиқат мекунанд, ба яке аз нозирон хабар диҳед. Садри масъули ҷамъомад ба ду пир хоҳад супурд, ки ин мавзӯъро ҳамроҳи шумо бо фарзандатон ё омӯзандаи Китоби Муқаддас муҳокима намоянд.

10. Пирон барои дастгирии касони ғайрифаъол чӣ кор карда метавонанд?

10 Моҳҳои омадаистода инчунин ба онҳое ки ғайрифаъол гаштанд, барои аз нав барқарор кардани фаъолияташон дар ҷамъомад фурсати хубе хоҳад буд. Нозирони китобомӯзишҳои ҷамъомад ва пирони дигар бояд боаҳамиятона кӯшиш карда, ба дидорбинии чунин касон раванд ва онҳоро дилгармона ба ҳамкорӣ бо худашон дар мавъиза даъват намоянд. Агар онҳо муддати зиёде ғайрифаъол бошанд, ду пир бояд дараввал бо эшон сӯҳбат карда, мувофиқатиашонро ба талабот барои воизон муайян намоянд — km–U 11. 00., саҳ. 3.

11. Бузургтарин зуҳуроти меҳрубонии беҳамтои Худо кадом аст?

11 Тайёрӣ ба Шоми ёдбуд. Фидя зуҳуроти бузургтарини меҳрубонии беҳамтои Худост (Аъм. 20:24). Миллионҳо инсонҳои миннатдори ҷаҳон рӯзи шанбеи 22–юми март, баъди ғуруби офтоб барои ҷашни Шоми ёдбуди марги Масеҳ ҷамъ хоҳанд омад. Мо мехоҳем, ки ҳама инсонҳои самимиро ба ин чорабинии муҳим даъват намоем, ки он оиди меҳрубонии беҳамтои Яҳува нисбати инсоният шаҳодат медиҳад.

12. Киҳоро бояд ба Шоми ёдбуд даъват намоем?

12 Рӯйхати касонеро, ки даъват карданиед, тартиб диҳед. Бешубҳа, рӯйхати шумо наздикону хешовандон, ҳамсояҳо, ҳамкору ҳамдарсон, онҳое ки дар гузашта Китоби Муқаддас меомӯхтанд ё ҳоло меомӯзанд ва ҳамаи касонеро, ки шумо бо онҳо мунтазам боздид мекунед, фаро хоҳад гирифт. Агар касе аз даъватшудагон оиди Шоми ёдбуд суолҳо дошта бошад, шумо барои ҷавоб мақолаеро, ки дар саҳифаҳои 206–208-и замимаи Таълимоти Китоби Муқаддас мавҷуд аст, истифода бурда метавонед. Ин ҳатто метавонад барои оғози омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе роҳ кушояд, зеро барои шинос намудан бо нашрияе, ки аз рӯи он омӯзиш мегузаронем, имконият хоҳад дод.

13. Яҳува чӣ гуна кӯшишҳои ду воизро, ки даъват намудани дигаронро ба Шоми ёдбуд қарор карданд, баракат дод?

13 Хоҳаре рӯйхати 48 хонаводаи даъватмекардаашро тартиб дод. Вақте ки ӯ онҳоро даъват намуд, дар рӯйхаташ номи эшонро қайд карда, зераш санаи таклиф намуданашро навишт. То чӣ андоза хурсанд гашт вай, аз он ки 26–нафари даъваткардагонаш ба Шоми ёдбуд омаданд! Бародаре, ки дӯкони шахсӣ дошт, коргараш — кашиши собиқро ба ҷашн даъват кард. Ин мард ташриф овард ва баъд аз маросим хитоб намуд: “Ман дар ин як соат аз Китоби Муқаддас чизи бештаре омӯхтам, назар ба он ки дар тӯли 30 сол дар калисои католикӣ фаҳмидам”. Чанде пас аз Шоми ёдбуд, ӯ ба омӯзиш аз рӯи Таълимоти Китоби Муқаддас розӣ шуд.

14. Кадом маъракаи умумиҷаҳонӣ 1–уми март оғоз хоҳад шуд?

14 Маърака. Аз рӯзи шанбеи 1–уми март то 22–юми март дар саросари замин даъватномаҳои махсус барои Шоми ёдбуд паҳн карда мешаванд. Ҳамаи воизон мехоҳанд дар ин маъракаи муҳим ҳар кори аз дасташон меомадаро бикунанд. Шахсан ба соҳибхона додани даъватнома назар ба назди дар гузоштани он беҳтар аст. Аммо агар маҳалли ҷамъомадатон калон бошад, пирон шояд оқилона қарор кунанд, ки зери дар мондани даъватномаҳо ба онҳое ки дар хона нестанд, беҳтар аст. Рӯзҳои истироҳат шумораҳои тозаи маҷаллаҳо низ пешниҳод хоҳанд гашт.

15. Даъватномаи Шоми ёдбудро мо чӣ гуна пешниҳод карда метавонем?

15 Азбаски барои паҳн кардани даъватномаҳо вақт маҳдуд аст, доштани пешниҳоди кӯтоҳ беҳтар аст. Дӯстонаву бозавқ сухан гӯед. Масалан, шумо ин тавр гуфта метавонед: “Мо мехоҳем итминон ҳосил кунем, ки шумо ба ҷашни муҳиме, ки 22–юми март баргузор мегардад, даъват шудаед. Ин аст даъватномаи шумо. Тафсилоти ин ҷашнро аз даъватнома хонед”. Соҳибхона шояд саволҳо дошта бошад. Ё шояд даъватномаро гирифта, ҳатто хоҳиши ба ҷашн омаданашро баён кунад. Рағбати зоҳиршударо қайд намуда, боздид кунед.

16. Кадом намуна муҳиммияти маъракаи даъвати одамони маҳалламонро ба Шоми ёдбуд нишон медиҳад?

16 Соли гузашта ҳарбие даъватномаи Шоми ёдбудро дар зери дараш ёфт. Ӯ қарор дод, ки ташриф орад, аммо бояд аз сарвараш иҷозат мегирифт. Вақте ки вай ба сарвар даъватномаро нишон дод, дуввумӣ аввал хомӯш монду сипас гуфт, ки волидонаш Шоҳидони Яҳуваанд ва ӯ пеш ҳамроҳи онҳо ба вохӯриҳо мерафт. Сарвар на танҳо ба ӯ иҷозати рафтан дод, балки худаш ҳамроҳи ӯ ба Шоми ёдбуд рафт!

17. Чӣ гуна мо нисбати меҳрубонии беҳамтои Худо қадрдонӣ зоҳир намуда метавонем?

17 Миннатдорӣ зоҳир намоед. Бо наздикшавии айёми Шоми ёдбуд бигзор ҳар яки мо меҳрубонии беҳамтои Яҳуваро, ки Ӯ нисбатамон зоҳир кардааст, инъикос намояд. Павлуси расул навишт: «Мо ... аз шумо илтимос мекунем, ки файз [«меҳрубонии беҳамто», ТДН]–и Худоро бефоида қабул накунед» (2 Қӯр. 6:1). Чӣ гуна мо нисбати меҳрубонии беҳамтои Худо қадрдонӣ зоҳир намоем? Павлус гуфт: «Дар ҳар чиз худро ҳамчун хизматгузорони Худо зоҳир месозем» (2 Қӯр. 6:4). Бинобар ин мо миннатдориамонро нисбати атои Яҳува бо рафтори хубу мавъизаи бо ҷидду ҷаҳди пайғом нишон медиҳем. Ин айёми Шоми ёдбуд имконияти хубест, барои зиёд кардани фаъолиятамон бо додани шаҳодати пурра оиди пайғом.

[Замима дар саҳифаи 3]

Киҳо чун пешравони ёвар хидмат карда метавонанд?

◼ Оилаҳо

◼ Онҳое, ки рӯзи пурраи меҳнатӣ кор мекунанд

◼ Солхӯрдаву нотавонон

◼ Мактабхонон

[Замима дар саҳифаи 4]

Ҳангоми паҳн кардани даъватномаҳо барои Шоми ёдбуд:

◼ Кӯтоҳ ва бозавқ сухан гӯед

◼ Рағбатро қайд карда, боздид кунед

◼ Дар рӯзҳои шанбеву якшанбе маҷаллаҳо пешниҳод намоед

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан