Барнома барои ҳафтаи аз 26-уми апрел
ҲАФТАИ АЗ 26-УМИ АПРЕЛ САРШАВАНДА
Суруди 91 (76)
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
lv боби 3, сарх. 1–7, замимаи саҳ. 29
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: 1 Подшоҳон 26–31
Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
□ Вохӯрии хидматӣ
Суруди 135 (98)
5 дақ. Эълонҳо.
5 дақ. Пешниҳодоти саҳифаи охирро муҳокима кунед. Ба намунаи нави пешниҳодот диққат диҳед ва ҳамагонро барангезед, ки маҳорати истифода бурдани Китоби Муқаддасро дар мавъиза инкишоф диҳанд. Намоишеро нишон диҳед.
25 дақ. «Яҳуваро дар анҷуманҳои вилоятӣ ҷалол хоҳем дод». Муҳокима ба воситаи саволу ҷавоб. Маълумотро ба шароити маҳаллатон мувофиқ гардонед. Онҳое, ки ба анҷумани вилоятии дигар мамлакат рафта метавонанд, онҳоро барангезед, ки дар ин бора фикр кунанд. Агар вақт имкон диҳад, маслиҳатҳои ба ҷамъомадатон мувофиқро аз замимаи «Ёдраскуниҳо оиди анҷумани вилоятӣ», ки дар саҳ. 6 ва 7 омадааст муҳокима кунед.
Суруди 104 (148)