Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар ҳафтаи аз 26-уми апрел саршаванда, дар вохӯрии «Мактаби таълими мавъиза», муҳокима хоҳанд шуд. Нозири мактаб муҳокимаи 20–дақиқаинаро, ки бар маълумоти барои ҳафтаҳои аз 1 март то 26 июли соли 2010 таъиншуда асос ёфтааст, мегузаронад.
1. Ноомӣ бо гуфтани суханони зерин чиро дар назар дошт: «Худованд маро ба азобу уқубат гирифтор кардааст, ва Қодир бадбахтӣ бар сарам овардааст»? (Рут 1:21) [w05-U 1.3, саҳ. 27, сарх. 1, 3]
2. Аз рӯи кадом хислатҳо маълум буд, ки Рут «зани солеҳа» буд? (Рут 3:11) [w05-U 1.3, саҳ. 28, сарх. 6]
3. Чӣ гуна суханони Элқоно, ки дар 1 Подшоҳон 1:8 навишта шудаанд, занашро қавӣ гардонданд? [w05-U 15.3, саҳ. 22, сарх. 3]
4. Чаро вақте ки исроилиён барои худ подшоҳ хоҳиш карданд, ин дар назари Яҳува нодуруст буд? (1 Подш. 8:5) [w05-U 15.9, саҳ. 20, сарх. 17]
5. Самуили «пир ва мӯйсафед» дар мавриди дуогӯӣ ба мо чӣ намунае гузошт ва мо аз ин чиро меомӯзем? (1 Подш. 12:2, 23) [w07-U 1.6, саҳ. 29, сарх. 14, 15]
6. Чаро Шоул ба қениён таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард? (1 Подш. 15:6) [w05-U 15.3, саҳ. 22, 23, сарх. 10]
7. Чаро Шоул аз Довуд пурсид: «Ту писари кистӣ?» (1 Подш. 17:58) [w07-U 1.8, саҳ. 31, сарх. 3, 5]
8. Вақте ки Довуд дар Ҷат бо душвории ҷиддӣ дучор шуд, вай онро чӣ гуна ҳал кард ва мо аз ин чиро меомӯзем? (1 Подш. 21:12, 13) [w05-U 15.3, саҳ. 24, сарх. 5]
9. Вақте ки Йӯнотон, дӯсташ Довудро дастгириву рӯҳбаланд намуд, муҳаббат ва фурӯтании Йӯнотон чӣ гуна зоҳир гашт? (1 Подш. 23:17) [lv саҳ. 29, сарх. 10, эзоҳ]
10. Аз он ки Шоул ба ҷодугарзане, ки аз Эйн–Дӯр буд, муроҷиат кард, мо чӣ дарс мегирем? (1 Подш. 28:8–19) [w05-U 15.3, саҳ. 24, сарх. 8; sp саҳ. 15, сарх. 1, 2]