Оё шумо ягон вақт пешрави доимӣ будед?
1. Ҳазорҳо воизон аз чӣ ҳаловат мебурданд, лекин баъзеҳо аз маҷбурӣ чӣ кор карданд?
1 Дар муддати солҳо, ҳазорҳо воизон пурравақт хизмат карда, аз «таълим ва башорат» додан ҳаловат мебурданд (Аъм. 5:42). Аммо ба баъзеҳо лозим омад, ки аз сабабҳои гуногун чун пешрав хизмат карданро қатъ кунанд. Агар шумо пеш чун пешрави доимӣ хизмат карда бошед, вазъияти ҳозираатонро санҷида бинед, ки оё ба қатори пешравон ҳамроҳ шуда метавонед?
2. Чаро ба онҳое ки пеш чун пешрав хизмат мекарданд, зарур аст, ки вазъияташонро дида бароянд?
2 Вазъиятҳо тағйир меёбанд. Шояд вазъияте, ки аз боиси он шумо пеш чун пешрав хизмат карданро қатъ намудед ҳоло вуҷуд надорад. Масалан, шояд шумо пеш аз сабаби дар як моҳ супурдани 90 соат чун пешрав хизмат карданатонро қатъ кардед. Ҳоло бошад аз пешравон 70 соат талаб карда мешавад. Оё ин ба шумо имкон медиҳад, ки чун пешрав хизмат карданатонро барқарор кунед? Аз он вақте ки шумо чун пешрав хизмат карданро қатъ кардед, шояд ба кор ниёз доштани шумо ё вазифаҳои оилавиатон ҳоло камтар шудааст? Як хоҳар, ки аз сабаби саломатиаш чун пешрав хизмат карданро қатъ карда буд, дар синни 89-солагиаш боз чун пешрав хизмат карданашро барқарор кард. Ӯ дар тӯли як сол ба беморхона муроҷиат намуда буд ва ҳис мекард, ки саломатиаш барои чун пешрав хизмат кардан имконият медиҳад.
3. Чӣ тавр аъзоёни оила ҳамкорӣ карда, ба яке аз аъзои оилаашон барои пешрав шудан ёрӣ расонда метавонанд?
3 Шояд шумо чун пешрав хизмат накарда бошед, вале яке аз аъзои оилаатон аз сабаби нигоҳубин кардани ягон аъзои оила масалан, падар ё модари пиратон чун пешрав хизмат карданашро қатъ кард (1 Тим. 5:4, 8). Агар ин тавр бошад, оё шумо ё дигар аъзои оилаатон ӯро дастгирӣ карда метавонад? Хуб мебуд, ки ин мавридро якҷоя муҳокима мекардед (Мас. 15:22). Вақте ки аъзоёни оила ҳамкорӣ мекунанд, то ки як нафар чун пешрав хизмат кунад, ҳама аъзоёни оила метавонанд чунин ҳисобанд, ки саҳми худро гузошта истодаанд.
4. Агар шумо дар вазъияти ҳозираатон ба қатори пешравон ҳамроҳ шуда натавонед, пас чӣ кор карда метавонед?
4 Агар вазъияти ҳозираатон барои аз нав пешрав шудан имкон надиҳад, рӯҳафтода нашавед. «Ҳиммат» ё омодагии шумо Яҳуваро шод мегардонад (2 Қӯр. 8:12). Қобилиятеро ки ҳангоми чун пешрав хизмат карданатон ба даст овардаед, имрӯз дар хизмат истифода баред. Ин хоҳишатонро дар дуо ба Яҳува гуфта, имконият ҷӯед, ки чун пешрав хизмат карданро боз барқарор кунед (1 Юҳ. 5:14). Шояд бо гузашти вақт Яҳува ба шумо «дарвозаи бузургу фарохе»-ро барои хизмат кушояд, то ки аз нав чун пешрави доимӣ хизмат карда, аз он хурсандӣ гирифта тавонед (1 Қӯр. 16:9).