ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.11 саҳ. 4-6
  • Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Кӯчидан ба ҷое, ки ниёз бештар аст
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Дар ҷамъомади хориҷизабон хизмат карда рӯҳан солим монед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Оё шумо ба ҷамъомади худ ёрдам карда метавонед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • «Ба Мақдуния омада, ба мо ёрӣ деҳ»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 8.11 саҳ. 4-6

Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?

1. Павлус ва ҳамроҳонашро чӣ барангехт, ки ба Мақдуния раванд?

1 Тақрибан соли 49-и эраи мо, Павлуси ҳавворӣ барои сафари дуюми миссионериаш Антиёхияи арамиро тарк намуд. Вай мақсад дошт, ки ба Эфсӯс ва дигар шаҳрҳое, ки дар Осиёи Хурд буданд, ташриф оварад. Аммо ӯ даъвати «ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон»-ро, ки тавассути рӯҳулқудси Худо дода шуда буд, қабул кард. Ӯ ва ҳамроҳонаш ин даъватро бо хурсандӣ қабул карданд ва дар ин маҳалла барои ташкил додани ҷамъомади нахустин имконияти бузург пайдо карданд (Аъм. 16:9, 10; 17:1, 2, 4). Имрӯз низ ҷойҳое ҳастанд, ки ба даравгарони бисёр ниёзи бузург мавҷуд аст (Мат. 9:37, 38). Оё шумо дасти ёрӣ дароз карда метавонед?

2. Барои чӣ баъзеҳо оиди ба ҷойҳои ба воиз ниёздошта рафтан фикр намекунанд?

2 Шояд шумо мисли Павлус рӯҳияи миссионерӣ дошта бошед, лекин барои хизмат кардан дар мамлакати хориҷа то ҳол ба таври ҷиддӣ фикр накардаед. Шояд шумо калонсол ҳастед, ё хоҳари муҷаррад мебошед, ё фарзанди ноболиғ доред ва аз ин сабаб имконияти дар мактаби Ҷилъод таълим гирифтанро надоред. Мумкин шумо барои омӯхтани забони дигар шубҳа доред, аз ин рӯ дар бораи хизмат дар мамлакати хориҷа ҳоло фикр накардаед. Ё шояд шумо муҳоҷир ҳастед ва аз сабаби паст будани вазъи иқтисодӣ дар мамлакататон, барои ба он ҷо баргаштан дудила мебошед. Аммо баъд аз бо дуо мулоҳиза кардан, шояд шумо фаҳмед, ки вазъиятҳои дар боло номбаршуда, барои мамлакати хориҷа рафтан ба шумо монеа шуда наметавонанд.

3. Чаро барои дар мамлакати хориҷа бомуваффақият хизмат кардан дар мактаби миссионерӣ хондан шарт нест?

3 Оё дар мактаби миссионерӣ таълим гирифтан шарт аст? Ба Павлус ва ҳамроҳонаш барои муваффақ гаштан чӣ кӯмак расонд? Онҳо ба Худо ва рӯҳулқудси Ӯ такя мекарданд (2 Қӯр. 3:1–5). Бинобар ин, ҳатто агар шумо барои гирифтани таълимоти махсус имконият надошта бошед ҳам, ба ҳар ҳол метавонед дар мамлакати хориҷа бомуваффақият хизмат кунед. Ҳамчунин дар хотир доред, ки шумо дар Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хизматӣ таълими мунтазам гирифта метавонед. Агар шумо дар мактаби Ҷилъод ё дигар мактаб таълим гирифтан хоҳед, шумо пешакӣ метавонед барои худро санҷидан мисли миссионерон ба мамлакати дигар рафта хизмат кунед. Аз ин намуди хизмат шумо таҷрибаи хуб ба даст хоҳед овард ва агар баъдтар шуморо таклиф кунанд, шумо аллакай таҷрибаи бой доред ва онро хуб истифода бурда метавонед.

4. Барои чӣ пиронсолон ҳам оиди мавъиза дар мамлакати хориҷа фикр карда метавонанд?

4 Пиронсолон. Бародарону хоҳарони пиронсоле, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ баркамоланд ва саломатии хуб доранд, дар ҷойҳои ба воиз ниёздошта, баракати калон шуда метавонанд. Оё шумо нафақахӯр ҳастед? Ба баъзеҳо ҳатто нафақаи на он қадар калон имконият медиҳад, ки дар мамлакатҳои тараққикардаистода бе камбудӣ зиндагӣ кунанд, чунки хароҷот дар он ҷо, аз он ҷумла хароҷот барои гирифтани табобати босифат нисбат ба мамлакаташон арзонтар аст.

5. Мисоли бародари нафақахӯреро нақл кунед, ки ба мамлакати хориҷа рафта, дар он хизмат карда буд.

5 Як бародари нафақахӯр, ки забони англисиро медонад ва ҳамчунин пири ҷамъомад ва пешрав аст, ба қароре омад, ки барои мавъиза ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ равад ва ба гурӯҳи хурди англисзабон, ки аз нӯҳ нафар иборат буд, ёрдам кунад. Дар он ҷо бисёр туристон меомаданд, ҳамчунин 30 000 нафар хориҷиён зиндагӣ менамуданд. Ду сол нагузашта ба вохӯрӣ аллакай 50 нафар ташриф меоварданд. Бародар навишт: «Ман ба ин мамлакат омада баракатҳои олиҷаноберо ба даст овардам, ки то ин андоза ба ман хурсандии зиёд набахшида буданд. Вақт намерасад, ки ҳатто зарраи ин баракатҳоро нақл кунам!»

6. Мисоли хоҳари муҷаррадеро нақл кунед, ки ба мамлакате рафт, ки ниёзи калон вуҷуд дорад.

6 Хоҳарони муҷаррад. Дар ҷойҳое ки ниёзи бузург вуҷуд дорад, Яҳува хоҳарони зиёдро барои паҳн кардани хушхабар истифода мебарад (Заб. 67:12). Як хоҳари ҷавону муҷаррад мақсад дошт, ки барои доираи хизматашро васеъ гардондан ба мамлакати дигар равад, лекин волидонаш аз бехатарии ӯ хавотир буданд. Барои ҳамин ӯ мамлакатеро интихоб кард, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ устувортар буд. Ва ӯ ба филиал нома навишт ва маълумоти даркориро ба даст овард. Ин хоҳар дар давоми шаш сол дар ин мамлакат зиндагӣ карда баракатҳои зиёдро соҳиб шуд. Ӯ мегӯяд: «Агар ман дар хона меистодам барои гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас имконияти кам медоштам. Аммо хизмат кардан дар ҷое ки ниёзи калон аст, ба ман имконият дод, ки бисёр омӯзиш гузаронам ва маҳорати таълимдиҳиамро беҳтар гардонам».

7. Мисоли оилаеро нақл кунед, ки ба дигар мамлакат рафтанд.

7 Оилаҳо. Оё фарзанддор будани шумо барои ба мамлакати хориҷа рафта, мавъиза кардан монеа буда метавонад? Оилае, ки соҳиби ду фарзанд буданд, ки яке ҳаштсола ва дигараш даҳсола, қарор карданд, ки ба мамлакати хориҷа рафта хизмат кунанд. Модар оиди хизмат менависад: «Мо хеле миннатдорем, ки фарзандонамонро дар ин мамлакат калон кардем, чунки онҳо бо пешравони махсус ва миссионерон ҳамкорӣ ва муошират мекарданд. Аз сабаби он ки мо дар ҷои ба воиз ниёздошта хизмат мекунем, ҳаётамон пурмаъно гашт».

8. Оё бе омӯхтани забони хориҷӣ дар дигар мамлакат хизмат кардан имконпазир аст? Мисол оред.

8 Ташвиш оиди омӯхтани забон. Барои ба дигар мамлакат рафтан, оё забони дигарро омӯхтан шарт аст? Дар мамлакатҳое, ки ба воизон ниёз вуҷуд дорад, шояд одамоне ҳастанд, ки ба забони шумо гап мезананд. Масалан, ҳамсарони англисзабон ба мамлакате рафтанд, ки одамон асосан ба забони испанӣ гап мезананд ва дар он ҷо бисёр муҳоҷирони англисзабон низ зиндагӣ мекунанд. Баъд аз гирифтани маълумот аз филиал, ки дар он оиди якчанд ҷамъомади англисзабони ба воизон ниёздошта қайд шуда буд, онҳо якеашро интихоб карда, ба он ҷамъомад ду бор ташриф оварданд. Баъди ба хона баргаштан, онҳо барои ба ин мамлакат рафтан пулро сарфакорона истифода бурда, дар давоми як сол пул ҷамъ карданд. Вақте ки онҳо ба рафтан тайёр буданд, бародарони онҷоӣ барои ёфтани хонаи арзон ба онҳо кӯмак расонданд.

9, 10. Онҳое ки аз мамлакаташон ба дигар ҷойҳо муҳоҷират кардаанд, дар бораи чӣ фикр карда метавонанд ва чаро?

9 Муҳоҷирон. Оё шумо пеш аз фаҳмидани ҳақиқат аз мамлакати худ ба дигар мамлакат муҳоҷират кардаед? Шояд дар ватани шумо ба даравгарон ниёзи калон вуҷуд дошта бошад. Оё шумо оиди ба ватанатон баргаштан фикр карда метавонед? Назар ба шахсе ки зодаи он мамлакат нест, ба шумо дар он ҷо ёфтани кору ҷои зист осонтар мешавад. Шояд шумо забони ин мамлакатро донед. Илова бар ин, мумкин одамон хабари Салтанатро, ки шумо мерасонед, назар ба воизоне, ки аз дигар ҷо омаданд, хубтар гӯш кунанд.

10 Як мард аз Албания гуреза шуда ба Италия рафт. Дар он ҷо кори хубе ёфт ва ба оилааш, ки дар Албания зиндагӣ мекард, пул мефиристод. Баъди фаҳмидани ҳақиқат, ӯ ба пешравони махсуси италявӣ забони албаниро ёд медод, чунки онҳо барои хизмат ба Албания рафтанӣ буданд. Бародар менависад: «Онҳо ба минтақае рафтанӣ буданд, ки ман он ҷойро тарк кардам. Онҳо забонро намедонистанд ва сахт мехостанд, ки ба он ҷо раванд. Худам аз Албания мебошам ва забону маданиятамро медонам. Ман дар Италия чӣ кор карда истодаам?» Бародар қарор кард, ки ба Албания бармегардад ва ба паҳн кардани хушхабар ёрӣ мерасонад. Вай мегӯяд: «Оё ман афсӯс мехӯрам, ки дар Италия аз кору пул даст кашидам? Ҳеҷ гоҳ! Ман дар Албания кори арзандаро ёфтам. Ба фикри ман коре, ки дар ҳақиқат хеле муҳим аст ва хурсандии бепоён меорад ин бо ҷону дил ба Яҳува хизмат кардан аст!»

11, 12. Онҳое ки ба мамлакати хориҷа рафтанианд, чӣ кор бояд кунанд?

11 Инро чӣ тавр метавон кард. Пеш аз ба Мақдуния рафтан Павлус ва ҳамроҳонаш ба тарафи ғарб рафтанӣ шуданд, лекин «Рӯҳулқудс онҳоро нагузошт», сипас онҳо ба тарафи шимол рафтанд (Аъм. 16:6). Вақте ки онҳо ба Битуния рафтанӣ шуданд, Исо ба онҳо иҷозат надод (Аъм. 16:7). Яҳува тавассути Исо назорат кардани кори мавъизаро давом дода истодааст (Мат. 28:20). Бинобар ин, агар шумо ба мамлакати хориҷа рафтанӣ бошед, бо дуо роҳнамоии Яҳуваро ҷӯед (Луқ. 14:28–30; Яъқ. 1:5; нигаред ба чорчӯбаи «Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки дар мамлакате, ки шумо ба он рафтаниед, ниёз вуҷуд дорад»).

12 Аз пирони ҷамъомад ё дигар масеҳии баркамол маслиҳат пурсед, то онҳо ошкоро ба шумо гӯянд, ки оё аз ӯҳдаи хизмат дар ҷои дигар баромада метавонед ё не (Мас. 11:14; 15:22). Маълумот оиди дар мамлакати дигар хизмат карданро аз адабиётамон ёбед, ҳамчунин оиди мамлакате, ки ба он рафтаниед, маълумот ҷамъ кунед. Оё шумо метавонед ба мӯҳлати зиёдтар ба он ҷой рафта, онро аз назар гузаронед? Агар шумо дар ҳақиқат ба мамлакати дигар рафтанӣ бошед, метавонед ба филиали ин мамлакат нома нависед. Суроғаро аз «Солнома»-и (рус.) соли ҷорӣ ёфта метавонед. Вале пеш аз мактубро ба филиал фиристодан, аввал онро ба пирони ҷамъомадатон диҳед, то онҳо қайди худро навишта, сипас ба филиал ирсол кунанд. Нигаред ба китоби «Барои иҷрои иродаи Яҳува созмоншудагон» (рус.), саҳ. 111, 112.

13. Филиал ба шумо аз кадом ҷиҳат ёрдам карда метавонад, лекин шахсан худатон барои кардани кадом корҳо ӯҳдадоред?

13 Филиал ба шумо баъзе маълумотро оиди ин мамлакат мефиристад. Аммо филиал барои гирифтани рухсатнома, ё барои дар он мамлакат зистан, виза ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё ёфтани ҷои зист кӯмак намерасонад. Шумо пеш аз ба мамлакати интихобкардаатон рафтан, оиди чизҳои номбаршуда худатон шахсан ғамхорӣ кунед. Илова бар ин, шумо ҳамчунин барои ба сафоратхонаҳо муроҷиат кардан ё ба даст овардани маълумот оиди виза ва гирифтани рухсатнома барои кор ӯҳдадоред. Онҳое ки ба дигар ҷой мераванд, бояд худашон оиди хароҷот ва талаботҳои ҳуқуқӣ ғамхорӣ кунанд (Ғал. 6:5).

14. Барои рафтан ба мамлакате, ки кори мавъиза дар он манъ шудааст, кадом огоҳиҳоро бояд ба назар гирифт?

14 Мамлакатҳое, ки дар он кори мавъиза манъ шудааст. Дар баъзе мамлакатҳо бародарону хоҳарони маҳаллӣ дар ибодаташон бояд хеле эҳтиёткор бошанд (Мат. 10:16). Воизоне, ки ба чунин мамлакат муваққатан ё доимӣ мераванд, нафаҳмида диққати нодаркориро ба фаъолиятамон ҷалб карда метавонанд, ки ин бехатарии бародарони маҳаллиро зери хатар мегузорад. Агар шумо ба чунин мамлакатҳо рафтанӣ бошед, илтимос, пеш аз сафар тавассути пирони ҷамъомадатон ба филиали худ мактуб нависед.

15. Онҳое ки имконияти ба дигар ҷойҳо рафтанро надоранд, чӣ тавр доираи хизматашонро васеъ карда метавонанд?

15 Агар имконияти рафтан надошта бошед. Агар шумо ба мамлакати дигар имконияти рафтан надошта бошед, рӯҳафтода нашавед. Шояд барои шумо дигар «дарвозаи бузургу фарох» кушода аст (1 Қӯр. 16:8, 9). Эҳтимол нозири ноҳиявӣ ҷойҳои ба воиз ниёздоштаро медонад, ки барои ба он ҷо рафтан кӯчидан шарт нест. Мумкин шумо ба ҷамъомад ё гурӯҳҳои ғайрзабоне, ки дар маҳаллатон қарор доранд, кӯмак расонда тавонед. Ё шумо шояд доираи хизмати худро дар ҷамъомади ҳозираатон васеъ гардонед. Новобаста аз вазъиятатон аз ҳама муҳим — ибодати мо аз ҷону дил бошад (Қӯл. 3:23).

16. Муносибати мо нисбати онҳое ки ба мамлакати хориҷа рафтанианд, бояд чӣ гуна бошад?

16 Оё шумо масеҳии баркамолеро медонед, ки мақсади дар мамлакати хориҷа хизмат карданро дорад? Ӯро рӯҳбаланд гардонед ва дастгирӣ кунед! Вақте ки Павлус Антиёхияи арамиро тарк кард, ин шаҳр (баъди Рум ва Искандария) дар империяи Рум сеюмин шаҳри калонтарин буд. Дар чунин минтақаи калон, ҷамъомади Антиёхия шояд ба кӯмаки Павлус ниёз дошт ва агар ӯ он ҷойро тарк мекард, онҳо андӯҳгин мешуданд. Лекин дар Китоби Муқаддас навишта нашудааст, ки бародарони онҷоӣ Павлусро аз рафтан ба ҷойи дигар боз медоштанд. Онҳо на фақат дар бораи минтақаи худ фикр мекарданд, ҳамчунин дар хотир доштанд, ки «киштзор ин ҷаҳон аст» (Мат. 13:38).

17. Барои оиди даъвати «ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон»-ро фикр кардан, кадом сабабҳо вуҷуд доранд?

17 Павлус ва ҳамроҳонаш аз он ки даъвати ба Мақдуния рафтанро қабул карданд, баракатҳои зиёд ба даст оварданд. Дар шаҳри Филиппӣ, ки дар Мақдуния ҷойгир буд, онҳо Лидияро ёфтанд ва «Худованд дили ӯро кушода буд, то ки суханони Павлусро бишнавад» (Аъм. 16:14). Танҳо тасаввур кунед, вақте ки Лидия ва тамоми аъзои оилааш таъмид гирифтанд, Павлус ва ҳамроҳонаш, чӣ хурсандиеро ҳис карданд! Дар бисёр мамлакатҳо ба монанди Лидия бисёр одамони самимие ҳастанд, ки то ҳол хушхабари Салтанатро нашунидаанд. Агар шумо даъвати «ба Мақдуния омада, ба мо мадад расон»-ро қабул кунед, шумо аз ёфтани чунин шахсон ва ба онҳо кӯмак расондан хурсандиро ба даст оварда метавонед.

[Чорчӯба дар саҳифаи 5]

Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки дар мамлакате, ки шумо ба он рафтаниед, ниёз вуҷуд дорад

• Маълумотро аз «Солнома»-и соли ҷорӣ гиред. Махсусан ба таносуби воизон ба аҳолӣ диққат диҳед.

• Барои ёфтани мақолаҳо ва воқеаҳои рӯйдодаи ин мамлакат Индексро истифода баред.

• Бо воизоне, ки ба ин мамлакат мерафтанд ё зиндагӣ мекарданд, сӯҳбат кунед.

• Агар шумо ба мамлакате рафтанӣ бошед, ки дар он ҷо ба забони модариатон мавъиза карда метавонед, аз манбаъҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз Интернет маълумот гиред, то бинед, ки чанд нафар одамон ба забони шумо гап мезананд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан