ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.11 саҳ. 3
  • Бигзор иродаи Худо иҷро шавад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бигзор иродаи Худо иҷро шавад
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Виҷдони худро ҳифз кунед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Ғизои рӯҳоние, ки «сари вақт» дода мешавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Каломи Худо барои омӯзиш фоиданок аст
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Бишнав ва таълим гир
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 8.11 саҳ. 3

Бигзор иродаи Худо иҷро шавад

1. Дар соли хизматии 2012 мавзӯи анҷумани махсуси якрӯза кадом аст ва чаро дида баромадани он бамаврид аст?

1 Ба туфайли иродаи Худо мо офарида шудаем (Ваҳй 4:11). Бинобар ин, бе донистан ва иҷро кардани иродаи Худо зиндагии мо маъно намедошт. Иродаи Худоро иҷро кардан ва омӯхтан осон нест, зеро ки мо бояд хоҳиши «мисли халқҳо» рафтор кардан ва иҷрои «ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро» рад кунем (Эфс. 2:3; 1 Пет. 4:3; 2 Пет. 2:10). Бе ёрдами Худо, Иблис метавонад моро «асири иродаи худ» гардонад (2 Тим. 2:26). Дар соли хизматии 2012 барномаи анҷумани махсуси якрӯза ба ҳар яки мо кӯмак мекунад, ки мувофиқи хоҳиши сеюми дуои намунавии «иродаи Ту... ба амал ояд» амал кунем (Мат. 6:9, 10).

2. Дар рафти барнома ба кадом саволҳо ҷавоб дода мешавад?

2 Саволҳое, ки ба он ҷавоб дода мешавад. Дар рафти барнома кӯшиш кунед, ки ба ҷавоби саволҳои зерин гӯш диҳед: «Ғайр аз гӯш кардани Каломи Худо боз чӣ кор бояд кунем? Чӣ тавр дарк карда метавонем, ки иродаи Худо нисбати мо чӣ аст? Чаро мо бояд хоҳиши ба ҳар гуна одамон кӯмак карданро дошта бошем? Чӣ тавр мо ҳаёти пурбаракат ва қонеъкунандаро ёфта метавонем? Ҷавонон, шумо ба Яҳува бояд чиро исбот кунед? Иҷро кардани иродаи Худо чӣ баракатҳо меорад? Чаро дигаронро қавӣ ва рӯҳбаланд кардан хеле муҳим аст?»

3. Чӣ тавр аз барномаи анҷумани махсуси якрӯза манфиати пурра гирифтан мумкин аст?

3 Барои дар анҷуман ҳузур доштан ва барномаро бодиққат гӯш кардан, дар назди худ мақсад гузоред. Эҳтимол дар анҷуман намояндаи Байт–Ил ё нозири сайёр чун нотиқи даъватшуда баромад кунад. Пеш ва баъд аз барнома бо нотиқи даъватшуда ва ҳамсараш, агар ҳамсар дошта бошад, сӯҳбат карда метавонед. Ҳангоми бозгаштан ба хона «шунавандаи фаромӯшхотир» нагардед, балки барномаро ҳамроҳи оила такрор кунед ва муҳокима намоед, ки чӣ тавр иродаи Худоро ба таври пурра иҷро карда метавонед (Яъқ. 1:25).

4. Барои чӣ иродаи Худоро дар ҷои аввал гузоштан муҳим аст?

4 Ба қарибӣ Яҳува онҳоеро, ки фақат хоҳишҳои худро иҷро кардан мехоҳанд ва иҷрои иродаи Худоро рад мекунанд, нест хоҳад кард (1 Юҳ. 2:17). Барои ҳамин мо ба Яҳува сипосгузорем, ки маълумоти саривақтиро ба мо тайёр кардааст, зеро он ба мо ёрдам мекунад, то иродаи Ӯро дар ҷои аввал гузорем!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан