ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 1.12 саҳ. 2
  • Ба «ҳама кас» мавъиза кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба «ҳама кас» мавъиза кунед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Маводи монанд
  • Ба одамон кӯмак расонед, то Худоро гӯш кунанд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Асбобу лавозимоти таълимдиҳии мо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Ҳақиқатро таълим диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Ба онҳое, ки ҳоло ба омӯзиши китоби «Таълимот» омода нестанд, кӯмак расонед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Хизмат ба Салтанати Худо 2012
km 1.12 саҳ. 2

Ба «ҳама кас» мавъиза кунед

1 Барои чӣ воизи моҳирро ба коргари ботаҷриба монанд кардан мумкин аст?

1 Коргари ботаҷриба асбобҳои бисёр дорад ва ӯ медонад, ки кай ва чӣ тавр ҳар яки онро истифода барад. Ба монанди ин мо низ асбобҳои гуногун дорем, ки ба мо дар иҷрои вазифаи худ, чун воизони хушхабар кӯмак мерасонанд. Масалан, брошураҳое, ки дар мавзӯҳои гуногун нашр шудаанд, барои ба «ҳама кас» мавъиза кардан ёрӣ мерасонанд. (1 Қӯр. 9:22). Дар варақаи иловагӣ баъзеи ин брошураҳо номбар шудаанд, инчунин фаҳмонда шудааст, ки онҳоро барои кӣ тайёр кардаанд ва чӣ тавр ин брошураҳоро пешниҳод кардан мумкин аст.

2 Кай мо метавонем брошураҳоро дар хизмат истифода барем?

2 Кадом вақт брошураҳоро истифода бурдан мумкин аст. Коргар асбобро дар вақти даркорӣ истифода мебарад. Ба мисли ин мо низ маълумоти яке аз брошураҳоро ба манфиати шахс истифода бурда метавонем. Масалан, агар мо дар маҳаллаи ғайримасеҳие мавъиза кунем, ки одамонаш ба Китоби Муқаддас шавқи кам доранд, дуруст мебуд, ки пеш аз сар кардани омӯзиш бо китоби «Таълимот» маълумоти брошураеро истифода бурда, ба шахс ёрдам кунем, ва баъд аз шавқи зиёдтар пайдо карданаш ба ӯ омӯзишро бо китоби «Таълимот» пешниҳод кунем.

3 Барои чӣ мо бояд дар истифодабарии асбобҳое, ки барои шаҳодатдиҳӣ пешбинӣ шудаанд, бомаҳорат бошем?

3 Навиштаҳо шахсонеро, ки дар кори худ моҳиранд, таъриф мекунанд (Мас. 22:29). Албатта, имрӯз ягон кор аз кори мавъизакунии «башорати Худо» муҳимтар нест (Рум. 15:16). Барои он ки мо худро «коркуне, ки хиҷил намешавад» ҳисобем, лозим аст, ки дар истифодабарии асбобҳои худ бомаҳорат бошем (2 Тим. 2:15).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан