Ба одамон кӯмак расонед, то Худоро гӯш кунанд
1. Дар анҷумани вилоятии «Бигзор Салтанати Худо биёяд!» кадом брошураҳоро гирифтем ва кадом хусусияташон ҷолиби диққат аст?
1 Дар анҷумани вилоятии «Бигзор Салтанати Худо биёяд!» мо ду брошураи нав — «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» ва варианти оддикардашудаи он «Худоро гӯш кунед»-ро гирифтем. Азбаски матни ин брошураҳо калон нест, онҳо тезу осон тарҷума шуда метавонанд. Ҷолиби диққат аст, ки ҳангоми аввалин бор аз нашр баромадани брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед», тарҷумаи он аллакай ба 431 забон ба нақша гирифта шуда буд.
2. Аз ин брошураҳо киҳо манфиат мегиранд?
2 Аз ин брошураҳо махсусан киҳо манфиат мегиранд? Вазъиятҳои зеринро, ки дар бисёр ҷойҳо тез–тез ба назар мерасанд, дида бароед:
• Воиз дар вақти бо соҳибхона бори аввал сӯҳбат карданаш ё ҳангоми боздид мефаҳмад, ки шахс бесавод ё хонишаш суст аст.
• Воиз ба шахсе мавъиза мекунад, ки адабиёти мо ба забонаш хеле кам мебошад ё тамоман вуҷуд надорад. Ё воиз дар минтақае мавъиза мекунад, ки бисёриҳо ба забони модариашон хонда наметавонанд.
• Воиз дар минтақаи худ забони имову ишораро истифода бурда, ба ношунавоён мавъиза мекунад.
• Волид ба кӯдакаш, ки ҳоло хонда наметавонад, ҳақиқатро таълим додан мехоҳад.
3. Брошураи «Худоро гӯш кунед» чӣ тавр омода шудааст?
3 Онҳо чӣ тавр омода карда шудаанд. Брошураи «Худоро гӯш кунед» матни хеле кам дорад. Одатан дар поёни саҳифаҳои он танҳо якто ҷумлаи осон ва ишора аз Китоби Муқаддас, ки фикри асосиро тасдиқ мекунад, оварда шудаанд. Чаро? Тасаввур кунед, ки ба шумо ягон кас брошураеро пешкаш мекунад, ки шумо онро хонда наметавонед, шояд аз сабаби он ки бо ҳарфҳои барои шумо ношинос навишта шудааст. Ҳатто агар он расмҳои зебо дошта бошад ҳам, оё шавқи шуморо бедор мекард? Эҳтимол, не. Ба ин монанд, одамоне ки хонда наметавонанд аз адабиётҳои матндор зуд рӯҳафтода мешаванд. Барои ҳамин, ҳар як саҳифа аз расмҳо иборат аст ва онҳо тавре гузошта шудаанд, ки як расм ба расми навбатӣ ишора мекунад ва ҳамин тавр барои муҳокима асос мегузорад.
4. Брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» чӣ тавр омода шудааст?
4 Расмҳои брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» ва расмҳои брошураи «Худоро гӯш кунед» якхелаанд. Он барои омӯзиш бо онҳое ки хонишашон суст мебошад ё хонданро ёд гирифта истодаанд, омода шудааст. Вақте ки бо ягон кас омӯзиши брошураи «Худоро гӯш кунед»-ро сар мекунед, шумо худатон метавонед аз брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» истифода баред. Дар кунҷи чапи болои ҳар дарсе, ки дар ду саҳифа ҷой дорад, саволе ҳаст, ки ҷавобаш дар ҳамон саҳифаҳо оварда шудааст. Дарсҳо ҳамчунин шарҳи расмҳо ва оятҳоро дар бар мегиранд. Дар кунҷи поёни бисёр саҳифаҳо чорчӯбаи нимравшан бо баъзе фикрҳои иловагӣ ва оятҳо омадааст, ки мувофиқи қобилияти омӯзанда метавонанд муҳокима карда шаванд.
5. Ин брошураҳоро чӣ тавр ва кай пешкаш кардан мумкин аст?
5 Тарзи истифодаи онҳо. Агар ҳангоми боздид бехатар бошад ва пешниҳоди брошураҳоро лозим донед, метавонед яке аз онҳоро пешкаш кунед. Шумо метавонед ба шахс гӯед, ки ба вай чизеро нишон додан мехоҳед, сипас брошураро ба вай бидиҳед.
6. Чӣ тавр ба воситаи брошураҳо омӯзиши Китоби Муқаддас гузарондан лозим аст?
6 Азбаски брошураи «Худоро гӯш кунед» саволҳои чопшуда надорад, омӯзиши он аз омӯзиши китоби «Таълимот» фарқ мекунад. Ба одамони ҳар маданият гӯш кардани воқеаҳо маъқул аст. Барои ҳамин, расмҳоро истифода бурда, воқеаҳои Китоби Муқаддасро нақл кунед. Чӣ маъно доштани расмро фаҳмонед. Бо шавқу завқ нақл кунед. Аз шахс пурсед, ки дар расм чиро мебинад ва оиди он чӣ фикр дорад. Оятҳои дар поёни саҳифа омадаро хонед ва бо шахс мулоҳиза кунед, ки онҳо чӣ маъно доранд. Саволҳое диҳед, ки шахсро ба муҳокима кардан барангезед ва боварӣ ҳосил кунед, ки вай фаҳмид. Агар вай брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед»-ро истифода барад, ҳангоми муҳокимаи ҳар як расм ҳамроҳи ӯ матн ва оятҳои мувофиқро хонед.
7. Чӣ тавр барои рушди омӯзанда кӯмак расонда метавонем?
7 Кӯмак барои рушд кардани омӯзанда. Умед дорем, ки муҳокимаи брошура дар омӯзандаатон хоҳиши ёд гирифтани хонданро пайдо мекунонад, то дар бораи Яҳува худаш дониш гирифта тавонад (Мат. 5:3; Юҳ. 17:3). Барои ҳамин, агар аз рӯи брошураи «Худоро гӯш кунед» муҳокима гузаронида истода бошед, шояд муддате пас ба омӯзанда ёд гирифтани хонданро пешкаш кунед. Сипас омӯзишро бо брошураи «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» давом дода метавонед. Новобаста аз он ки шумо кадом брошураро истифода мебаред, барои таъмид гирифтани омӯзанда тамом кардани як брошура кифоя нест. Шумо бояд омӯзишро аз «Таълимот» ё дигар адабиёти мувофиқ давом диҳед, то шахс таълимоти Китоби Муқаддасро пурратар фаҳмад.
8. Чаро шумо барои ин воситаҳои нав миннатдоред?
8 Агар одамон то абад зиндагӣ карданӣ бошанд, бояд Ҳокими Даҳрро гӯш кунанд (Иш. 55:3). Яҳува мехоҳад, ки «ҳамаи одамон», аз он ҷумла онҳое, ки хонда наметавонанд ба Ӯ гӯш доданро ёд гиранд (1 Тим. 2:3, 4). Мо барои ин воситаҳои нав хеле миннатдорем, зеро бо воситаи онҳо одамонро таълим дода метавонем, то ки Худоро гӯш кунанд!