Дигаргунӣ дар вохӯрии ҷамъомад
Аз 3-юми сентябр сар карда, омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад дар муддати 25 дақиқа неву 30 дақиқа гузаронда мешавад. Дар оғози барнома баранда бояд як дақиқаро барои такрори мавзӯи гузашта сарф кунад. Вақти гузарондани вохӯрии хизматӣ низ тағйир меёбад, яъне давомнокии он 35 дақиқа неву 30 дақиқа хоҳад буд. Барои эълонҳо қисми алоҳида ҷудо карда намешавад. Минбаъд эълонҳо бояд дар саршавии қисми якуми вохӯрӣ гуфта шаванд. Аксар вақт танҳо якчанд эълонро гуфтан зарур меояд ва эълон кардани он ки дар вохӯрӣ чӣ пешкаш карда мешавад, шарт нест. Оиди хизмати мавъизаву рӯбучини Толор эълон кардан ва ҳамчунин хушомадед гуфтан лозим нест (km 10.08 саҳ. 1, сарх. 4). Агар эълон дурудароз бошад, хуб мебуд, ки бародароне, ки барномаро мегузаронанд, пешакӣ огоҳ карда шаванд, то онҳо баромадашонро кӯтоҳтар созанд.