Вохӯриҳо барои мавъиза ва мақсади онҳо
1. Мақсади вохӯриҳо барои мавъиза дар чист?
1 Боре Исо, пеш аз он ки 70 шогирдашро ба мавъиза роӣ кунад, бо онҳо вохӯрӣ гузаронд (Луқ. 10:1–11). Ӯ онҳоро рӯҳбаланд намуда хотиррасон кард, ки онҳо танҳо нестанд ва зери ҳидояти «Соҳиби дарав», Яҳува мебошанд. Исо, инчунин онҳоро таълим дод, то аз ӯҳдаи супориши додашуда бароянд ва онҳоро ба таври муташаккилона «ҷуфт-ҷуфт» равона кард. Имрӯз низ, мақсади вохӯриҳое ки пеш аз ба хизмат рафтанамон мегузаранд, рӯҳбаланд кардан, таълим додан ва муташаккил гардондан мебошад.
2. Вохӯрӣ барои мавъиза бояд чӣ қадар давом кунад?
2 Ҳозир вохӯрӣ барои мавъиза 10–15 дақиқа давом мекунад, ки ба он ташкил намудани гурӯҳ, таъин кардани минтақа ва гуфтани дуо дохил мешавад. Ҳоло бошад, ба он тағйирот дароварда шуд. Аз моҳи апрел сар карда, вохӯрӣ барои мавъиза аз панҷ то ҳафт дақиқа давом хоҳад кард. Лекин агар вохӯрӣ барои мавъиза, баъд аз ҷамъомад гузарад, пас вақти он бояд боз ҳам кӯтоҳтар бошад, зеро иштирокчиён аллакай аз муҳокимаи хуби Навиштаҳо баҳра бурдаанд. Кӯтоҳ гузаштани вохӯриҳо барои мавъиза имкон медиҳанд, ки вақти бештари худро дар хизмат гузаронем. Илова бар ин, агар пешравон ё воизон хизматашонро пеш аз вохӯрии мавъиза сар карда бошанд, ба онҳо лозим мешавад, ки хизматашонро танҳо ба муддати кӯтоҳ қатъ намоянд.
3. Вохӯрӣ барои мавъиза чӣ тавр бояд ташкил карда шавад, то ба воизон манфиат орад?
3 Вохӯрӣ барои мавъиза бояд чунон ташкил карда шавад, ки ба шумораи ҳар чӣ бештари воизон манфиат орад. Дар бисёр ҷамъомадҳо алоҳида вохӯрдани гурӯҳи хизматӣ, назар ба якҷоя ҷамъ шуданашон, манфиатноктар аст. Ин ба воизон барои ба вохӯрии мавъиза ё эҳтимол ба минтақа рафтанашонро осон мегардонад. Инчунин зуд ташкил намудани воизон ва таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир кардани нозири гурӯҳ нисбати ташрифовардагон осонтар мешавад. Ҳайати пирон вазъиятҳои маҳаллиро дида баромада, муайян хоҳанд кард, ки чӣ беҳтар аст. Пеш аз вохӯриро бо дуои кӯтоҳ анҷом додан, ҳама бояд бо кӣ ба куҷо рафтанашро донад.
4. Чаро вохӯрӣ барои мавъиза аз дигар вохӯриҳои ҷамъомад дида камаҳамият нест?
4 Аз вохӯриҳои дигар дида камаҳамият нестанд. Азбаски вохӯрӣ барои мавъиза барои манфиати онҳое ки ба хизмат мераванд гузаронида мешавад, аз ин рӯ дар он ба мисли ҷамъомад иштирок кардани ҳама шарт нест. Ба ҳар ҳол, ин маънои онро надорад, ки шумо бояд ба вохӯрӣ барои мавъиза, муносибати хунукназарона дошта бошед ё онро камаҳамият шуморед. Ба мисли дигар вохӯриҳо, вохӯрӣ барои мавъиза аз тарафи Яҳува мебошад, ки ба мо имконият медиҳад, то якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем (Ибр. 10:24, 25). Аз ин рӯ, баранда бояд нағз тайёрӣ бинад, то ин муҳокима Яҳуваро ҷалол дода ба шунавандагон манфиат орад. Агар ин чорабинӣ чунин манфиат орад, пас воизоне ки мавъиза карданианд, барои ҳузур доштан дар ин вохӯриҳо бояд кӯшиш кунанд.
Вохӯрӣ барои мавъиза набояд аз дигар вохӯриҳои ҷамъомад дида, камаҳамият дониста шавад
5. а) Нақши нозири хизматӣ дар гузаронидани вохӯрӣ барои мавъиза чӣ гуна аст? б) Чӣ тавр хоҳар бояд вохӯрӣ барои мавъизаро гузаронад?
5 Тайёрӣ аз тарафи баранда. Барои он ки баранда ба қисми вохӯрӣ тайёрии хуб бинад, ӯ бояд пешакӣ таъин карда шавад. Ин гуфтаҳо ба вохӯрӣ барои мавъиза низ дахл доранд. Албатта, вақте ки вохӯрӣ алоҳида мегузарад, нозирони гурӯҳ ё ёрдамчии онҳо вохӯрии гурӯҳи худро мегузаронанд. Лекин, вақте ки ҷамъомад якҷоя вохӯрӣ барои мавъизаро мегузаронад, нозири хизматӣ касеро барои гузаронидани он таъин хоҳад кард. Баъзе нозирони хизматӣ, рӯйхати баромадро ба ҳамаи барандагон медиҳанд ва нусхаи онро дар тахтаи эълонҳо меовезанд. Нозири хизматӣ ҳангоми таъин кардани барандаҳо мулоҳизакориро ба кор мебарад ва фаромӯш намекунад, ки сифати ин вохӯриҳо аз таълимдиҳӣ ва қобилияти ташкилотчигии баранда низ вобаста аст. Баъзан агар ягон пир, ходими ёвар ё дигар бародарони таъмидгирифтаи қобилиятнок ёфт нашаванд, нозири хизматӣ ягон хоҳари таъмидгирифтаи болаёқатро барои гузаронидани ин вохӯрӣ таъин карда метавонад. (Нигаред ба мақолаи «Вақте ки хоҳар вохӯрии мавъизаро мегузаронад».)
6. Чаро муҳим аст, ки барандаи таъиншуда хуб тайёрӣ бинад?
6 Вақте мо дар Мактаби таълими мавъиза ё вохӯрии хизматӣ супориш мегирем, мо ба он ҷиддӣ муносибат карда, нағз тайёрӣ мебинем. Дар байни мо, каманд шахсоне ки то вохӯрӣ интизор шуда, танҳо баъди ба он равона шудан, дар бораи чӣ гуфтанашон фикр мекунанд. Ба супориши гузаронидани вохӯрӣ барои мавъиза айнан чунин муносибат бояд кард. Ҳоло ки вақти вохӯрӣ барои мавъиза кӯтоҳтар мешавад, тайёрии хуб дидан хусусан муҳим аст, то ин ки вохӯрӣ пурмазмун бошад ва дар вақти муқарраршуда тамом шавад. Ба тайёрии хуб инчунин пешакӣ тайёр кардани минтақаҳо дохил мешавад.
7. Баъзе мавзӯъҳое ки баранда муҳокима карда метавонад, кадоманд?
7 Чиро муҳокима бояд кард. Азбаски вазъу шароити як минтақа аз минтақаи дигар фарқ мекунад, «ғуломи мӯътамад», барои гузаронидани ҳар як вохӯрӣ ягон мавзӯи аниқ намедиҳад. Дар чорчӯба бо номи «Дар вохӯрӣ барои мавъиза, шумо инро дида баромада метавонед», баъзе мавзӯъҳо номбар шудаанд. Одатан, вохӯрӣ бояд ҳамчун муҳокима гузарад. Лекин вобаста аз имконият, дар он намоиши хубтайёркардашуда ё видеонавори мувофиқро аз jw.org, нишон додан мумкин аст. Вақте ки баранда ба вохӯрӣ барои мавъиза тайёрӣ мебинад, ӯ бояд оиди он мулоҳиза ронад, ки кадом фикр барои воизон рӯҳбаландкунанда ва таълимдиҳанда буда метавонад.
Вақте ки баранда ба вохӯрӣ барои мавъиза тайёрӣ мебинад, ӯ бояд оиди он мулоҳиза ронад, ки кадом фикр барои воизон рӯҳбаландкунанда ва таълимдиҳанда буда метавонад
8. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар вохӯрӣ барои мавъиза, оиди чӣ муҳокима кардан беҳтар мебуд?
8 Масалан, дар рӯзҳои шанбе бисёр воизон маҷаллаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро пешниҳод мекунанд. Бисёре аз онҳое ки рӯзҳои шанбе хизмат мекунанд, дар давоми ҳафта ба хизмат намераванд, бинобар ин ба хотир овардани пешниҳоде ки дар ибодати оилавӣ машқ карда буданд, барояшон душвор мегардад. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки баранда яке аз пешниҳодоти саҳифаи охири «Хизмат ба Салтанати Худо»-ро дида барояд. Ё баранда метавонад тарзҳои дигарро истифода барад ва дар вохӯрӣ оиди он муҳокима кунад, ки чӣ тавр хабарҳои маҳаллӣ, воқеа ва идро бо пешниҳод алоқаманд кардан мумкин аст ё ин ки агар соҳибхона шавқ зоҳир кунад, чӣ тавр барои боздид саволи кушод мондан мумкин аст. Агар баъзе аз воизони дар вохӯрӣ барои мавъиза ҳузурдошта, аллакай дар хизмат маҷаллаҳои ҷориро истифода бурда бошанд, пас баранда аз онҳо хоҳиш карда метавонад, то оиди пешкаш намудани ин маҷаллаҳо ягон фикрҳои муфидро кӯтоҳ гӯянд ё воқеаҳои рӯҳбаландкунандаро нақл кунанд. Баранда метавонад дар рӯзҳои якшанбе айнан чунин амалро барои пешниҳод кардани он адабиётҳое ки дар давоми моҳ тақсим карда мешавад, интихоб намояд. Адабиётҳои барои омӯзиш пешбинишударо, ба мисли «Хабарҳои нағз», «Худоро гӯш кунед» ва «Таълимот» ҳамавақт пешкаш кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, баранда метавонад кӯтоҳакак муҳокима кунад, ки чӣ тавр яке аз ин адабиётҳоро пешкаш кардан мумкин аст.
9. Дар рӯзҳои истироҳат, ҳангоми гузаштани маъракаи махсус оиди чӣ муҳокима кардан мумкин аст?
9 Агар ҷамъомад дар рӯзҳои истироҳат, дар маъракаи махсус иштирок кунад, баранда дар бораи он муҳокима карда метавонад, ки чӣ тавр маҷаллаҳои навро ҳамроҳи рисола ё даъватнома пешниҳод кардан мумкин аст ва ё пас аз шавқ пайдо кардани шахс чӣ кор кардан лозим аст. Боз як роҳи дигар, ин дар бораи он воқеаҳое, ки муҳимияти ин гуна маъракаҳоро нишон медиҳанд, нақл кардан аст.
10, 11. Чаро барои бомуваффақ гузаштани вохӯрии мавъиза, ба воизон тайёрӣ дидан муҳим аст?
10 Тайёрӣ аз тарафи воизон. Воизон низ барои бомуваффақ гузаштани вохӯрӣ барои мавъиза саҳми худро гузошта метавонанд. Масалан, вақте ки воизон ба хизмат пешакӣ тайёрӣ мебинанд, (шояд дар ибодати оилавиашон) онҳо ба воизони дигар ягон чизро нақл карда метавонанд. Ба тайёрии хуб ҳамчунин пеш аз вохӯрӣ барои мавъиза бо худ гирифтани маҷалла ва адабиётҳо дохил мешавад, то ҳама дар вақташ ба минтақа рафта тавонанд.
11 Ҳамчунин муҳим аст, ки ба вохӯрӣ барои мавъиза чанд дақиқа пеш аз саршавии он омаданро ба нақша гирем. Бешубҳа, мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳамаи ҷамъомадҳо дар вақташ ҳозир шавем. Лекин агар мо ба вохӯрӣ барои мавъиза дер монем, ин хусусан халалрасонанда буда метавонад. Чӣ тавр? Бародари масъул баъзе ҷиҳатҳоро пеш аз ташкил кардани гурӯҳ ба назар мегирад. Агар дар вохӯрӣ ҳамагӣ якчанд нафар воизон омада бошанд, бародар онҳоро ба минтақаҳое, ки пурра мавъиза нашудааст, фиристода метавонад. Агар минтақаи онҳое ки ба вохӯрӣ барои мавъиза меоянд дур бошад, бародар онҳоро бо воизоне ки мошин доранд, таъин карда метавонад. Агар дар минтақа ҷинояти зиёд мушоҳида карда шавад, баранда метавонад бародаронро таъин кунад, ки бо гурӯҳ ё дар наздикиҳои гурӯҳи хоҳарон мавъиза кунанд. Воизони саломатиашон маҳдудбударо барои хизмат дар кӯчаи ҳамвор ё дар хонаҳое, ки миқдори зинапояаш нисбатан камтар аст, таъин карда метавонад. Воизони навро бо он воизоне, ки таҷрибаи зиёд доранд, таъин кардан мумкин аст. Вале, агар воизон дер биёянд, дар аксар мавридҳо ба бародар лозим меояд, ки таъиноти аллакай тартибдодашударо иваз кунад ё аз нав тартиб диҳад, то барои деромадагон ҳамроҳ ёбад. Албатта, баъзан мо барои дер омаданамон сабабҳои асоснок дошта метавонем. Лекин агар деркунӣ ба мо одат шуда бошад, мо аз худ пурсида метавонем, ки оё ман аз сабаби нисбати вохӯрӣ барои мавъиза ҳисси миннатдорӣ надоштанам ё аз сабаби бетартибу низом будани корҳоям ҳамавақт дер мекунам.
12. Агар шумо одатан худатон ҳамроҳ интихоб кунед, чиро бояд ба назар гиред?
12 Воизоне ки барои хизмат вомехӯранд, метавонанд интихоб намоянд, ки пеш аз саршавии вохӯрӣ худашон барои худ ҳамроҳ интихоб кунанд ё ин ки бародар онро таъин кунад. Агар шумо одатан худатон ҳамроҳ интихоб кунед, оё нисбати воизони гуногун, назар ба дӯстони наздике, ки ҳар вақт бо онҳо ҳамкорӣ мекунед, фарохдилӣ зоҳир карда метавонистед? (2 Қӯр. 6:11–13). Оё баъзан барои беҳтар гардонидани қобилияти воизони нав бо онҳо ҳамкорӣ карда метавонистед? (1 Қӯр. 10:24; 1 Тим. 4:13, 15). Ба дастуроте ки дода мешавад бодиққат бошед, аз ҷумла ба дастуроти аз куҷо сар кардани мавъиза. Баъд аз анҷом ёфтани вохӯрӣ, аз иваз кардани ҳамроҳ ё минтақа даст кашед ва дарҳол ба маҳалли таъиншуда равед.
13. Агар ҳама муносибати ҷиддӣ зоҳир намуда, саҳми худро гузоранд, пас вохӯрӣ барои мавъиза ба мо чӣ манфиат меорад?
13 Баъди мавъиза он 70 шогирде, ки Исо ба мавъиза роӣ карда буд, «бо шодмонӣ» баргаштанд (Луқ. 10:17). Бешубҳа, вохӯрие ки Исо пеш аз ба мавъиза рафтани шогирдонаш гузаронда буд, ба онҳо барои муваффақ шудан кӯмак расонд. Имрӯз низ вохӯрӣ барои мавъиза чунин манфиат оварда метавонад. Агар ҳамаи иштирокчиён ба ин вохӯрӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир карда, саҳми худро гузоранд, он гоҳ вохӯрӣ барои мавъиза моро рӯҳбаланд месозад, таълим медиҳад ва муташаккил мегардонад, то ки супориши ба «ҳамаи халқҳо шаҳодат» доданро иҷро намоем (Мат. 24:14).