Такрори мавзӯҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 29-уми октябри с. 2012 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад.
1. Қурбонгоҳе, ки Ҳизқиёл дар рӯъё дид, рамзи чист? (Ҳиз. 43:13–20) [10 сент., w07-U 1.8, саҳ. 10, сарх. 4]
2. Оби дарёе, ки Ҳизқиёл дар рӯъё дид, чиро тасвир мекунад? (Ҳиз. 47:1–5) [17 сент., w07-U 1.8, саҳ. 11, сарх. 2]
3. Суханони «дар дили худ аҳд кард» оиди тарбияе, ки Дониёл дар ҷавониаш гирифта буд, чиро нишон медиҳанд? (Дон. 1:8) [24 сент., dp-U саҳ. 33, 34, сарх. 7–9; саҳ. 36, сарх. 16]
4. Дарахти азиме, ки Набукаднесар дар хоб дид, рамзи чӣ буд? (Дон. 4:7, 8, 17–19) [1 окт., w07-U 1.9, саҳ. 18, сарх. 5]
5. Мо дар мавриди дуо аз Дониёл 9:17–19 чӣ меомӯзем? [8 окт., w07-U 1.9, саҳ. 20, сарх. 5, 6]
6. Кадом аҳд то анҷом ёфтани ҳафтсолаи ҳафтодум ё соли 36-и эраи мо, барои «мардуми бисёр... мустаҳкам» нигоҳ дошта шуд? (Дон. 9:27) [8 окт., w07-U 1.9, саҳ. 20, сарх.4]
7. Мувофиқи Дониёл 12:3, 4 хирадмандоне, ки медурахшанд, кистанд? [15 окт., w10 15.7, саҳ. 29, сарх. 8, 9]
8. Мувофиқи Дониёл 11:20 кадом пешгӯии Китоби Муқаддас оиди Масеҳ иҷро шуд? [15 окт., dp-U саҳ. 232, 233, сарх. 5, 6]
9. Мувофиқи Ҳушаъ 4:11 яке аз хатарҳои сӯиистифодаи машруботи спиртӣ кадом аст? [22 окт., w10-U 1.1, саҳ. 4, 5]
10. Мо аз Ҳушаъ 6:6 барои худ чӣ дарси муҳиме мегирем? [22 окт., w07-U 15.9, саҳ. 16, сарх. 8; w05-U 15.11, саҳ. 24, сарх. 11, 12]