Чӣ тавр шумо аз гурӯҳи хизматиатон манфиат гирифта метавонед
1. Кадом ҷиҳатҳои фоиданоки вохӯрии китобомӯзиши пештара то ҳол ба воситаи гурӯҳҳои хизматӣ дастрасанд?
1 Оё шумо аз он ки мо бо тамоми ҷамъомад якҷоя ҷамъ намешавем, зиқ мешавед? Эҳтимол ҳамаи мо чунин ҳиссиёт дорем. Лекин, хуб мебуд, кӯшиш кунем, ки ба вохӯриҳоямон, ки бо гурӯҳҳои хурд мегузаранд, мусбӣ нигарем. Ин гурӯҳҳо гурӯҳҳои хизматӣ ном доранд, чунки аслан барои хизмати мавъиза ташкил карда шудаанд. Лекин аз сабаби шароити маҳалли мо, вохӯриҳои ҷамъомад низ бо чунин гурӯҳҳои хурд мегузаранд. Ҳозира гурӯҳҳои мо ба гурӯҳҳое монанданд, ки пеш барои китобомӯзиш ҷамъ мешуданд. Онҳо хурд буданд ва дар муҳити нисбатан озод ҷамъ мешуданд. Аъзоёни гурӯҳ метавонистанд бо ҳам дӯстии наздик инкишоф дода барои якдигар манбаи дастгирии рӯҳонӣ бошанд (Мас. 18:24). Нозири китобомӯзиш аз вазъияти ҳар яки мо бохабар мешуд ва шахсан моро рӯҳбаланд карда метавонист (Мас. 27:23; 1 Пет. 5:2, 3). Бисёри ин чизҳои фоиданок ба мо то ҳол ба воситаи гурӯҳҳои хизматӣ дастрасанд.
2. Бо кадом роҳҳо мо ташаббус зоҳир карда бо аъзоёни гурӯҳи хизматиамон дӯстӣ инкишоф дода метавонем?
2 Ташаббускор бошед. Вақте ки мо ба вохӯриҳо ташриф меорем ва дар хизмат бо дигарон «якдилона» ҳамкорӣ мекунем, риштаҳои дӯстии мо мустаҳкам мешавад (Фил. 1:27). Шумо бо чанд нафари аъзоёни гурӯҳатон ҳамкорӣ мекунед? Оё шумо метавонистед дар ин ҷониб «фарохдил» бошед? (2 Қӯр. 6:13). Ғайр аз ин, мо метавонем баъзан ягон аъзои гурӯҳамонро ба ибодати оилавиамон ё барои якҷоя хӯрок хӯрдан таклиф кунем. Баъзе гурӯҳҳо шояд вақт аз вақт бародареро, ки бо нутқ меояд, меҳмондорӣ кунанд. Онҳо баъди вохӯрӣ ҳамроҳи бародар якҷоя хӯрок мехӯранд ва аз муоширати ҳамдигар баҳраманд мешаванд. Ҳатто агар он бародар иштирок карда натавонад ҳам, аъзоёни гурӯҳ аз сӯҳбати ҳамдигар рӯҳбаландӣ мегиранд.
3. Баъзе роҳҳое, ки тавассути онҳо гурӯҳи хизматӣ ғамхории пиронро ҳис мекунад, кадоманд?
3 Пеш вақтҳо мо ҳафтае се маротиба ҷамъ мешудем. Ҳоло бошад, як маротиба камтар. Аммо ин маънои онро надорад, ки воизон бояд аз пирон камтар ғамхорӣ бинанд. Агар имконпазир бошад, ба ҳар гурӯҳи хизматӣ бародаре чун нозир таъин мешавад. Ӯ ҳар як воизро шахсан дастгирӣ мекунад ва хизмат карданро таълим медиҳад. Агар шумо бо нозири гурӯҳатон ҳоло хизмат накарда бошед, метавонед оиди ҳамкорӣ бо ӯ гапзанон кунед. Ҳамчунин, нозири хизматии ҷамъомад ҳар моҳ як маротиба, дар рӯзи истироҳат бо яке аз гурӯҳҳо ҳамкорӣ мекунад. Агар ҷамъомад хурдтар ва ҳамагӣ аз якчанд гурӯҳ иборат бошад, нозири хизматӣ ба ҳар як гурӯҳ метавонад дар як сол ду бор ташриф орад. Оё шумо метавонистед реҷаи худро тавре тартиб диҳед, ки ҳангоми бо гурӯҳи шумо ҳамкорӣ кардани ӯ дар хизмат иштирок кунед?
4. a) Вохӯриҳо барои хизмат чӣ гуна ташкил карда мешаванд? б) Чаро мо бояд оиди барои вохӯрӣ пешкаш кардани хонаамон фикр кунем?
4 Бисёр вақт хуб мебуд, ки ҳар як гурӯҳ дар рӯзҳои истироҳат алоҳида вохӯрӣ барои хизмат гузаронад. Агар дар ҷойҳои гуногун тахминан дар як вақт барои хизмат вохӯрӣ гузаронда шаванд, ба воизон осонтар мешавад, ки ба вохӯрӣ барои хизмат оянд ва сипас ба минтақаашон раванд. Боз як манфиати бо гурӯҳҳои хурд гузарондани чунин вохӯрӣ дар он аст, ки воизон ба зудӣ ҷуфт ёфта ба минтақа мераванд. Ҳамчунин ба нозири гурӯҳ осонтар мешавад, ки ба аъзоёни гурӯҳаш ғамхорӣ кунад. Аммо баъзе вақтҳо шароит шояд талаб кунад, ки ду ё зиёда гурӯҳҳо якҷоя вохӯрӣ гузаронанд. (Нигаред ба чорчӯбаи «Оё шумо метавонистед, ки хонаатонро пешкаш кунед?»)
5. Ҳарчанд мо бо гурӯҳҳои калон ҷамъ намеоем, мо аз чӣ дилпур буда метавонем?
5 Ҳарчанд мо бо гурӯҳҳои калон ҷамъ омада наметавонем, Яҳува ҳар чизеро, ки барои иҷрои иродааш ба мо лозим аст, дода истодааст (Ибр. 13:20, 21). Ба туфайли ғамхории Яҳува мо ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ нестем (Заб. 22:1). Бисёр баракатҳо барои мо тавассути гурӯҳҳои хизматиамон дастрасанд. Агар мо ташаббускор бошем ва «саховатмандона» корем, он гоҳ «саховатмандона дарав» хоҳем кард (2 Қӯр. 9:6).
[Tасвир дар саҳифаи 6]
Оё шумо метавонистед, ки хонаатонро пешкаш кунед?
Баъзе гурӯҳҳо якҷоя шуда вохӯриҳои ҷамъомад ё вохӯрӣ барои хизматро мегузаронанд, чунки шумораи хонаҳо барои вохӯриҳо намерасад. Агар дар хонаи шумо вохӯриҳои ҷамъомад гузаранд, ин дар ҳақиқат шараф аст. Вохӯрӣ барои хизмат низ як чорабинии иловагии ҷамъомад мебошад, аз ин рӯ агар он дар хонаамон гузарад, ин ҳам шараф аст. Оё шумо метавонистед хонаи худро пешкаш кунед? Агар хонаатон оддию хоксорона бошад ҳам, бигзор ин шуморо бознадорад. Пирон ҳангоми интихоб кардани ҷойҳои вохӯрӣ масофаи хонаи шумо ва дигар омилҳоеро ба назар мегиранд, ки пеш ҳангоми интихоби ҷои китобомӯзиш ба назар мегирифтанд. Агар шумо хонаи худро пешкаш карданӣ бошед, нозири гурӯҳатонро аз ин бохабар созед.