Вебсайти расмии мо. Ба воситаи он ба шахсе, ки ба забони дигар гап мезанад, ёрӣ расонед
Вебсайтамонро ба шахс нишон диҳед. Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр вай аз рӯйхати «Забони сайт» истифода бурда, метавонад вебсайтро, ки ба забони ӯ ҳаст, бинад. (Ба баъзе забонҳо сайти мо танҳо қисман дастрас аст.)
Ба шахс саҳифаи интернетиро ба забони модариаш нишон диҳед. Саҳифаи яке аз адабиётҳоямонро, масалан, китоби «Таълимот» ё рисолаи «Ҳақиқат»-ро нишон диҳед. Забони даркориро, ки шахс бо он гап мезанад, аз рӯйхати «Хондан бо забони» интихоб кунед.
Барои мақоларо гӯш кардан ба шахс ёрӣ диҳед. Мақоларо дар намуди овозӣ ба забони шахси ҳамсӯҳбататон ёфта кушоед, то вай гӯш кунад. Агар шумо забони дигарро омӯхта истода бошед, хондан ва ҳамзамон гӯш кардани сабти овозӣ барои аз худ кардани он забон ба шумо ёрдам хоҳад кард. Барои ин ба «Адабиётҳо», сипас ба «Китобҳо ва брошураҳо» ё «Маҷаллаҳо» дароед.
Ба ношунавоён шаҳодат диҳед. Агар шумо шахси ношунаворо вохӯред, ба ӯ китоб, брошура, рисола ё боберо аз Китоби Муқаддас ба воситаи видеосабт, ки ба забони имову ишора дастрас аст, нишон диҳед. Барои ин ба «Адабиётҳо», сипас ба «Забони имову ишора» дароед.
[Tасвир дар саҳифаи 6]
(барои пурра дидани матн дар нашри чопӣ нигаред)
Аз сайт истифода баред
1 Барои гӯш кардани сабти овозии интихобкардаатон (агар ба забони шумо дастрас бошад) ин аломатро ▸ пахш кунед ва барои гирифтани сабт бошад, яке аз тугмачаҳои «Гирифтан бо формати»-ро зер кунед.
2 Барои саҳифаи вебсайтро бо забони дигар нишон додан, забони даркориро аз рӯйхати «Хондан бо забони» интихоб кунед.
3 Барои хондани мақола ё боби дигар тугмачаи «Ба пеш» ё ишораи дар «Мундариҷа» бударо пахш кунед.