Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Навиштани маълумот оиди шавқмандон
«Ба худат ва ба таълим диққат деҳ» (1 Тим. 4:16). Ин маслиҳати илҳомбахшидаи Павлуси ҳавворӣ ба Тимотиюс нишон медиҳад, ки мо хоҳ ботаҷриба бошем ё камтаҷриба, бояд ба пешравӣ кардан кӯшиш кунем. Барои ин ба мо рубрикаи нави «Хизмат ба Салтанати Худо» бо номи «Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем», кӯмак хоҳад кард. Дар ҳар як мақола маҳорати муҳим муҳокима мегардад ва барои чӣ тавр равнақ додани он, баъзе маслиҳатҳо дода хоҳанд шуд. Дар давоми як моҳ, ҳама барангехта мешаванд, ки ба он маҳорат диққати хоссае бидиҳанд. Баъд аз тамом шудани моҳ дар яке аз қисмҳои вохӯрии хизматӣ ба мо имконияте дода мешавад, то оиди чӣ тавр аз он маҳорат манфиат гирифтанамон, нақл кунем. Дар ин моҳ мо оиди шавқмандон маълумот навиштанро таълим мегирем.
Чаро ин муҳим аст. Барои иҷро кардани ин супориш, танҳо мавъиза кардан кофӣ нест. Мо бояд шавқмандонро боздид кунем ва таълим дода тухми ҳақиқате, ки кошта будем, об диҳем (Мат. 28:19, 20; 1 Қӯр. 3:6–9). Барои ин лозим аст, ки шахсро дарёбем, бо ӯ дар бораи душвориҳояш сӯҳбат намоем ва сӯҳбати аввалаи худро давом диҳем. Аз ин рӯ, вақте ки мо шавқмандонро меёбем, хеле зарур аст, ки дар бораашон маълумот нависем.
Инро чӣ тавр бояд кард:
• Бо худ ҳамеша гирифтани дафтарчаро барои навиштани маълумот оиди шавқмандон, фаромӯш накунед. Маълумотҳоро аниқу равшан ва ботартиб нависед. Дарҳол пас аз тамом кардани сӯҳбат, маълумотҳоро оиди шахс қайд кунед.
• Оиди соҳибхона маълумотҳои зеринро нависед: ном, суроға, рақами телефон ё суроғаи электронии ӯ. Дар бораи вай ва оилааш кадом мушоҳидаҳои манфиатнок кардед?
• Тамоми маълумотро оиди сӯҳбататон нависед. Кадом оятҳоро хондед? Ӯ дар бораи эътиқодаш чӣ гуфт? Кадом адабиётро ба ӯ гузоштед? Вақт, рӯзи ҳафта ва санаи боздид карданатонро қайд намоед.
• Дар бораи нақшаҳои ояндаатон нависед. Шумо оиди чӣ муҳокима карданро ваъда додед? Дар бораи кай омаданатон чӣ гуфтед?
• Ҳар бор ҳангоми боздид карданатон маълумотҳои навро нависед. Агар маълумоти ба шумо лозимаро нависед, ин ягон зарар надорад.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
• Ҳангоми навиштани маълумот, ба ҳамроҳатон оиди чизи навиштаистодаатон гӯед.