ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 11.11 саҳ. 1
  • Бо шахсони шавқманд боздид кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Бо шахсони шавқманд боздид кунед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Навиштани маълумот оиди шавқмандон
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Барои боздид асос гузоштан
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Кай бояд боздид кард?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • «Ман ӯро боз дар хонааш наёфтам!»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 11.11 саҳ. 1

Бо шахсони шавқманд боздид кунед

1. Чиро мо бояд об диҳем, то ки он сабзад?

1 Тухми дар боғ кошташударо бояд об диҳем, то ки он сабзад. Дар бораи тухмҳои ҳақиқат, ки дар дили одамони маҳалламон кошта мешаванд, ҳамин хел гуфтан мумкин аст. Агар хоҳем, ки тухмҳои ҳақиқат реша давонанд, сабзанд ва гул кунанд, мо бояд боздид кунем ва ин тухмҳоро аз Каломи Худо об диҳем.

2. Чӣ тавр мо барои боздид асос гузошта метавонем?

2 Савол диҳед. Дар вақти тайёр кардани пешниҳодот ҳамчунин хуб мебуд, ки саволи ҷолибе тайёр кунед, ки ба он ҳангоми боздид ҷавоб медиҳед. Дар охири сӯҳбат он саволро диҳед ва дар бораи боздид гапзанон кунед. Бисёриҳо маълумоти китоби «Таълимот»-ро истифода бурда, чӣ тавр гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд.

3. Дар қайдҳои худ кадом маълумотро навиштан мумкин аст?

3 Қайдҳо кунед. Баъди сӯҳбати аввал вақт ҷудо карда барои худ қайдҳо кунед. Ном ва суроғаи шахсро нависед. Ҳамчунин хуб мебуд, агар нависед, ки шумо дар кадом сана ва соат бо шахс гап задед, дар кадом мавзӯъ сӯҳбат намудед ва агар адабиёт гузошта бошед, номи онро нависед. Оё ӯ гуфт, ки пайрави кадом дин аст? Оё вай оиладор аст? Оё ӯ дар бораи он чизе, ки барояш шавқовар аст ё дар бораи чизе, ки ӯро ба ташвиш меорад, гап зад? Чунин маълумот ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳангоми боздид дар бораи мавзӯе гап занед, ки барои шахс муҳим аст. Ҳамчунин нависед, ки шумо кай боздид мекунед ва ба кадом савол ҷавоб медиҳед.

4. Барои инкишоф додани шавқи шахс чаро мо бояд боисрор бошем?

4 Боисрор бошед. Шайтон ором намегирад ва мекӯшад, ки «каломи кошташударо» аз дили шахс гирад (Марқ. 4:14, 15). Аз ин рӯ, мо рӯҳафтода намешавем, агар шавқмандонро дафъаи дигар дар хона ёфтан душвор бошад. Оё шумо метавонед, ки ба соҳибхона мактуб фиристед ё дар қабати дараш нома гузоред? Як пешрав бо зане назди дар омӯзиш сар кард, лекин дигар ӯро дар хона наёфт. Баъд, вай ба зан мактуб фиристод. Дар охир, вақте ки хоҳар соҳибхонаро дар хонааш ёфт, зан нақл намуд, ки таваҷҷӯҳи шахсие, ки хоҳар ба ӯ зоҳир кард, хеле ба ӯ таъсир кард. Вақте ки мо тухмҳои ҳақиқатро об медиҳем, мо аз он хурсанд мешавем, ки онҳо месабзанд ва «бор меоваранд, баъзе сӣ баробар, баъзе шаст ва баъзе сад» (Марқ. 4:20).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан