Ман дар назари Яҳува чӣ гунаам?
1. Чаро Китоби Муқаддас ба оина монанд карда шудааст?
1 Оё шумо ҳар рӯз ба оина назар мекунед? Бисёре аз мо ҳар рӯз чунин мекунем, зеро ин дар дидани намуди зоҳириамон ёрдам мекунад. Китоби Муқаддас ба оина монанд карда шудааст. Хониши Каломи Худо ба мо имконият медиҳад, ки намуди ботинии худро, яъне он шахсеро ки Яҳува мебинад, дида тавонем (1 Подш. 16:7; Яъқ. 1:22–24). Каломи Худо «андеша ва ниятҳои дилро» санҷида метавонад (Ибр. 4:12). Чӣ тавр ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас ва бар он мулоҳиза рондан ба мо кӯмак мерасонад, ки тарафҳои сусти худро бинем ва онро беҳтар гардонем, то воизи бомуваффақ гардем? (Заб. 1:1–3).
2. Чӣ тавр Китоби Муқаддас барои гузаронидани худтафтишкунӣ ба мо кӯмак расонда метавонад?
2 Китоби Муқаддасро чун оина истифода баред. Воқеаҳои Китоби Муқаддас дар бораи ходимони содиқи Яҳува, ба мо хислатҳои ба Худо маъқулбударо ёд медиҳанд. Масалан, Довуд нисбати номи Худо рашк дошт (1 Подш. 17:45, 46). Ишаъё бошад, дар минтақаи душвор далерона башоратдиҳандаи ихтиёрӣ шуда, хизмат мекард (Иш. 6:8, 9). Муҳаббати чуқури Исо ба Падари осмониаш сабаби он гашт, ки ӯ ба хизмат на чун бори гарон, балки чун сарчашмаи тароват ва қаноатмандӣ менигарист (Юҳ. 4:34). Масеҳиёни асри як бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекарданд, ба Яҳува такя карда бо қатъият ин рӯҳияашонро аз даст намедоданд (Аъм. 5:41, 42; 2 Қӯр. 4:1; 2 Тим. 4:17). Мулоҳизаронӣ оиди ин гуна мисолҳо ба мо кӯмак мекунад, ки худро тафтиш карда, сифати хизмати муқаддасамонро беҳтар гардонем.
3. Чаро мо дар даровардани дигаргуниҳои лозима набояд сустӣ кунем?
3 Барои бартараф кардани норасоиҳо амал намоед. Албатта аз он фоидае нест, агар мо ба оина танҳо нигоҳ кунему ба норасоиамон беэътиноӣ намоем. Мо метавонем аз Яҳува хоҳиш кунем, то ба мо барои нисбати худ воқеъбин будан, кӯмак расонад ва баъд дар даровардани дигаргуниҳои лозима ёрдам кунад (Заб. 138:23, 24; Луқ. 11:13). Азбаски вақти боқимонда кам аст ва ҳаёти мову одамон зери хатар қарор дорад, мо дар даровардани дигаргуниҳои лозима бояд сустӣ накунем (1 Қӯр. 7:29; 1 Тим. 4:16).
4. Бо он касе, ки ба Каломи Худо диққат дода, мувофиқи чизҳои фаҳмидааш амал мекунад, чӣ мешавад?
4 Назар ба намуди зоҳирии инсон ботини ӯ — чизе ки Яҳува аҳамият медиҳад — муҳимтар аст (1 Пет. 3:3, 4). Бо он касе, ки ба Каломи Худо диққат дода, мувофиқи чизҳои фаҳмидааш амал мекунад, чӣ мешавад? Чунин шахс «на шунавандаи фаромӯшхотир, балки иҷрокунандаи кор» мегардад ва аз амали худ хурсанд хоҳад буд (Яъқ. 1:25). Бале, мо ходимони хурсанд ва бомаҳорат мегардем, зеро ҷалоли Худоро мисли оина инъикос менамоем (2 Қӯр. 3:18).