ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 3.15 саҳ. 12
  • Намуна барои пешниҳодот

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Намуна барои пешниҳодот
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Маводи монанд
  • Намуна барои пешниҳодот
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Намуна барои пешниҳодот
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Намуна барои пешниҳодот
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Намуна барои пешниҳодот
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 3.15 саҳ. 12

Намуна барои пешниҳодот

Ба фикри шумо оё донистани ҷавоб ба чунин саволҳо зарур аст: «Чаро ранҷу азоб ин қадар бисёр аст? Чӣ тавр душвориҳои имрӯзаро паси сар кардан мумкин аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Ба шумо нишон додан мехостам, ки чӣ тавр баъзеҳо ба ин саволҳо ҷавоб ёфта тавонистанд. Лутфан, ин видеонавори кӯтоҳро, ки сею ним дақиқа давом мекунад, тамошо кунед. [Видеонавори «Чаро Китоби Муқаддасро бояд омӯхт»-ро нишон диҳед.] Сипас, аз ӯ пурсед: Оё шумо худатон чӣ тавр гузаштани омӯзиши Китоби Муқаддасро дидан мехостед? [Агар шахс шавқ зоҳир кунад, ояти Масалҳо 2:2–5 ва 10, 11-ро хонед.] Барои гирифтани чунин манфиат, каме вақти худро сарф кардан меарзад, ҳамин тавр не? Агар шумо 5–10 дақиқа вақт ёбед, ман дафъаи дигар бо камоли майл ба шумо нишон медиҳам, ки чӣ тавр бо ёрии Китоби Муқаддас ба саволҳои ҳаётан муҳим, ҷавоб ёфтан мумкин аст. [Дафъаи дигар, фикрҳоро аз боби 3-юми брошураи «Имони ҳақиқӣ» муҳокима кардан мумкин аст.]

◼ Пештар хӯҷаини оила волидон буданд, аммо ҳозир бошад дар бисёр оилаҳо волидон ҳама нозу нузи фарзандонашонро иҷро мекунанд ва ба назар чунин метобад, ки гӯё фарзандон хӯҷаини волидонанд. Шояд шумо низ ба ин аҳамият додаед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бароятон якчанд маслиҳатҳоро нишон дода, нуқтаи назари шуморо фаҳмидан мехостам, ки оё ин маслиҳатҳо барои волидони имрӯза манфиатоваранд?

Масалҳо 23:13, 14 — Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки агар ба кӯдак иҷозат диҳем, ки кори дилхоҳашро кардан гирад ва чораҳои ислоҳкунанда наандешем, ин барои вай танҳо зарар меораду халос.

Масалҳо 29:15, 21 — Волидоне ки вақти худро дареғ надошта, аз рӯи муҳаббат фарзандонашонро таълим медиҳанд, ба онҳо кӯмак мерасонанд, ки чун одамони хуб ба воя расанд ва бо ин волидон худашонро аз воқеаҳои нохуш эмин медоранд.

[Дафъаи дигар дар бораи муҳокима кардани саволи «Чӣ тавр кӯдаконро бо муҳаббат ислоҳ бояд кард?» гапзанон кунед. Маълумотро аз китоби «Таълимот», боби 14, сарх. 14–16 гирифтан мумкин аст.]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан