Барнома барои ҳафтаи аз 15-уми июн
ҲАФТАИ АЗ 15-УМИ ИЮН САРШАВАНДА
Суруди 5 ва дуо
Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
bh боби 5, сарх. 1–8 (30 дақ.)
Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: 2 Подшоҳон 22–24 (8 дақ.)
№ 1: 2 Подшоҳон 22:21–32 (3 дақ. ё камтар)
№ 2: Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас барои бо дигарон дар осоиштагӣ зиндагӣ кардан, кӯмак мерасонанд (rk қисми 3, саҳ. 6, сарх. 1, 2 ва саҳ. 8, сарх. 5 то саҳ. 9, сарх. 5) (5 дақ.)
№ 3: Муҳаббат ва итоаткорӣ хушбахтӣ меорад (igw саҳ. 22, сарх. 4–6) (5 дақ.)
Вохӯрии хизматӣ
Мавзӯи моҳона: «Айёми қадимро ба ёд овар» (Такр. Ш. 32:7).
12 дақ. Қаҳрамони дӯстдоштаи шумо аз Китоби Муқаддас кист? Мусоҳиба ва нутқ. Дар аввал аз ду ё се наврасон мусоҳиба гиред. Қаҳрамони дӯстдоштаи онҳо аз Китоби Муқаддас кист? Мувофиқи Китоби Муқаддас ӯ ба чӣ кор машғул буд? Аз кадом ҷиҳат онҳо ба қаҳрамони Китоби Муқаддас пайравӣ кардан мехоҳанд? Баъд аз ин барномаро бо нутқ давом дода фаҳмонед, ки чӣ тавр кӯдакон аз варақаҳо оиди қаҳрамонҳои Китоби Муқаддас ки дар сайти jw.org. ёфтан мумкин аст, манфиат гирифта метавонанд. (Ба саҳифаи БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ДЕТИ нигаред.) Дар ҳар як варақа оиди як қаҳрамони Китоби Муқаддас маълумот ва расми ӯ, харитаи макони зисташ, замони зиндагиаш ва дар бораи ӯ се савол бо ҷавобҳояш оварда шудаанд. Ин варақаҳо тавре омода карда шудаанд, ки онҳоро чоп ва ҷамъоварӣ кардан мумкин аст. Волидонро барангезед, то аз ин мавод истифода бурда кӯдакони худро дар бораи «айёми қадим» таълим диҳанд (Такр. Ш. 32:7).
18 дақ. «Аз воизони ботаҷриба таълим гиред». Муҳокима. Ҳангоми муҳокимаи сархати ду аз шунавандагон хоҳиш кунед, то оиди аз мавъиза бо воизони ботаҷриба чӣ манфиат гирифтанашон, нақл кунанд.
Суруди 4 ва дуо