Барнома барои ҳафтаи аз 10-уми август
ҲАФТАИ АЗ 10-УМИ АВГУСТ САРШАВАНДА
Суруди 29 ва дуо
Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
bh боби 7, сарх. 1–8 (30 дақ.)
Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: 3 Подшоҳон 21, 22 (8 дақ.)
№ 1: 3 Подшоҳон 22:13–23 (3 дақ. ё камтар)
№ 2: Чӣ тавр ба Худо наздик шудан мумкин аст? (igw саҳ. 28, сарх. 1–4) (5 дақ.)
№ 3: Хислати беҳамтои Худо — Муҳаббат (rk қисми 5, саҳ. 12, сарх. 1 ва саҳ. 13, сарх. 3 то саҳ. 14, сарх. 3) (5 дақ.)
Вохӯрии хизматӣ
Мавзӯи моҳона: «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» (Еҳ. 24:15).
10 дақ. «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард». Нутқ дар асоси мавзӯи моҳона. Оятҳои Такрори Шариат 6:6, 7; Еҳушаъ 24:15 ва Масалҳо 22:6-ро хонда шарҳ диҳед. Дар рафти нутқ нақши шавҳарон ва падаронро ки бояд оилаашонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кунанд, қайд кунед. Дар бораи он адабиётҳое гуфта гузаред, ки ташкилот барои оилаҳо нашр кардааст. Баъзе қисмҳои вохӯрии хизматиро дида бароед ва чӣ тавр бо мавзӯи моҳона алоқаманд буданашонро муҳокима намоед.
20 дақ. «Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Кӯмак ба воизони нав». Муҳокима. Маводро ба талаботи маҳаллатон мутобиқ гардонед. Аз шунавандагон пурсед, ки чӣ тавр волидон принсипҳои дар ин мақола овардашударо барои рӯҳан рушд кардани фарзандонашон, истифода бурда метавонанд. Намоишеро нишон диҳед, ки дар он падаре бо фарзандаш барои мавъиза пешниҳод тайёр мекунад.
Суруди 45 ва дуо