Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»
3–9 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 9–11
«Таъқибкунандаи ашаддӣ воизи боғайрат мегардад»
bt саҳ. 60, сарх. 1, 2
Ҷамъомад «ба муддате оромӣ ёфт»
ГУРӮҲИ одамони бағазабомада бо нияти бад ба Димишқ наздик шуда истодаанд. Онҳо мехоҳанд, ки шогирдони Исоро аз хонаҳояшон кашолакунон бароранд, онҳоро бандубаст кунанд, паст зананд ва барои ғазаби Шӯрои олии яҳудиёнро ба сарашон фурӯ рехтан, ба Ерусалим баранд.
2 Сардори ин гурӯҳи одамон Шоул ном дорад, ки аллакай ба хунрезӣ даст зада буд. Чанде пеш мардоне, ки мисли ӯ гӯё шариатро ҳимоя мекарданд, дар пеши чашми Шоул, Истефанус ном шогирди содиқи Исоро сангсор карда куштанд, ӯ бошад, ин корро тарафдорӣ мекард (Аъм. 7:57–8:1). Шоул бо таъқиб кардани шогирдони Исо дар Ерусалим қонеъ нашуда хост, ки оташи таъқиботро баландтар созад. Вай ният дорад, ки ин мазҳаби зарароварро, ки чун «Роҳ» шинохта мешавад, решакан кунад (Аъм. 9:1, 2).
Аз Кӯзагарамон — Яҳува миннатдор бошед!
4 Яҳува на ба намуди зоҳирии одам, балки ба ботинаш менигарад, то ки дили ӯро тафтиш намояд. (1 Подшоҳон 16:7б–ро хонед.) Яҳува инро дар вақти ташкилёбии ҷамъомади масеҳӣ нишон дод. Ӯ ба худаш ва ба Писараш бисёр касонеро ҷалб кард, ки аз нигоҳи одамӣ номатлуб буданд (Юҳ. 6:44). Яке аз чунин шахсон фарисие бо номи Шоул буд, ки ӯро чун «куфргӯ ва таъқибкунанда ва озордеҳ» мешинохтанд (1 Тим. 1:13). Лекин бо вуҷуди ин Донандаи дилҳо, Яҳува, фикр намекард, ки Шоул гили корношоям аст (Мас. 17:3). Ба ҷои ин Худо ба ӯ чун ба гиле менигарист, ки аз он зарфи дилхоҳ, яъне «зарфи баргузида» сохтан мумкин аст, то ки ӯ ба «халқҳо ва подшоҳон ва банӣ-Исроил» шаҳодат диҳад (Аъм. 9:15). Яҳува боз касонеро интихоб кард, ки пештар бадмаст, бадахлоқ ва дузд буданд. Ӯ ба онҳо чун ба зарфи мувофиқ «барои истеъмолоти олӣ» менигарист (Рум. 9:21; 1 Қӯр. 6:9–11). Вақте онҳо аз Каломи Худо дониш гирифтанд, имонашон ба Яҳува қавӣ гашт ва ба Ӯ роҳ доданд, ки онҳоро шакл диҳад.
bt саҳ. 64, сарх. 15
Ҷамъомад «ба муддате оромӣ ёфт»
15 Шумо тасаввур карда метавонед, ки вақте Павлус дар ибодатгоҳҳо дар бораи Исо мавъиза карданро сар кард, чӣ қадар мардум ба ҳайрат ва ба ғазаб омаданд. Онҳо мепурсиданд: «Оё ин ҳамон касе нест, ки дар Ерусалим шахсони ба ин ном имондоштаро бераҳмона таъқиб мекард?» (Аъм. 9:21). Павлус бошад, мефаҳмонд, ки барои чӣ муносибаташро ба Исо дигар кард ва «бо далелҳои асоснок Масеҳ будани Исоро исбот» менамуд (Аъм. 9:22). Вале танҳо овардани далелҳои асоснок кифоя нест. Чунки ба воситаи далел, фикри шахсонеро, ки ба урфу одат дода шудаанд ё касонеро, ки дилашон пур аз ғурур аст, дигар кардан имконнопазир аст. Вале Шоул ба ҳар ҳол таслим нашуда буд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
bt саҳ. 60, 61, сарх. 5, 6
Ҷамъомад «ба муддате оромӣ ёфт»
5 Вақте ки Шоул ба Димишқ наздик мешуд, Исо ӯро боздошта нагуфт, ки «барои чӣ ту шогирдони маро таъқиб мекунӣ?» Аммо чи хеле ки дар боло гуфта будем, Исо гуфт, ки «барои чӣ ту маро таъқиб мекунӣ?» (Аъм. 9:4). Бале, Исо нисбати душвориҳои шогирдонаш бепарво нест (Мат. 25:34–40, 45).
6 Агар шуморо низ аз сабаби шогирди Исо буданатон таъқиб кунанд, боварӣ дошта бошед, ки ҳам Яҳува ва ҳам Исо медонанд, ки шумо бо чӣ рӯ ба рӯ шуда истодаед (Мат. 10:22, 28–31). Айни ҳол шояд озмоиши шуморо бартараф карда нашавад. Дар ёд доред, ки Исо ҳамаи корҳои Шоулро медид. Масалан, чӣ хел ӯ ба марги Истефанус ҳамроҳ шуд, шогирдони содиқи ӯро аз хонаҳояшон кашолакунон ба Ерусалим бурд (Аъм. 8:3). Аммо он вақт Исо дахолат накард. Ба ҳар ҳол Яҳува дар он вазъиятҳо ба воситаи Исо ба Истефанус ва дигар шогирдон қувват бахшид, то онҳо содиқ монанд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 10:6
Шимъӯни чармгар: Чармгар бо ёрии маҳлули оҳак пӯсти ҳайвонҳоро аз пашм ё равғани боқимонда тоза мекард. Баъд барои тайёр шудани чарм маҳлули сахттаъсирро истифода мебурд. Барои ин кор оби бисёр даркор буд ва дар рафти кор бӯйи бад паҳн мешуд. Шояд барои ҳамин Шимъӯн дар лаби баҳр, аз афташ дар канори Ёфо, зиндагӣ мекард. Мувофиқи Шариати Мӯсо шахсе, ки ба ҷасади ҳайвонҳо мерасид, нопок ҳисобида мешуд (Ибд. 5:2; 11:39). Аз ин рӯ бисёр яҳудиён чармгаронро писанд намекарданд ва намехостанд, ки дар хонаи онҳо шабро рӯз кунанд. Мувофиқи китоби «Талмуд» кори чармгарӣ аз кори саргинҷамъкунӣ дида пасттар ҳисобида мешуд. Вале Петрус нагузошт, ки чунин бадгумонӣ ба ӯ таъсир расонад, зеро вай дар хонаи Шимъӯн меҳмон шуд. Бадгумонӣ надоштани Петрус ба ӯ ёрдам дод, ки супориши навбатиро бо омодагӣ қабул карда ба хонаи ғайрияҳудие равад. Ба ақидаи баъзе олимон калимаи юнонии «бирсеу́с», ки чармгар тарҷума шудааст, ҳангоми ба Шимъӯн муроҷиат кардан истифода мешуд.
10–16 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 12–14
«Барнаббо ва Павлус дар ҷойҳои дурдаст шогирд тайёр мекунанд»
bt саҳ. 86, сарх. 4
«Шогирдон аз хурсандӣ ва рӯҳи муқаддас пур мешуданд»
4 Чаро барои иҷро кардани «кори муайян» рӯҳи муқаддас махсусан Барнаббо ва Шоулро интихоб кард? (Аъм. 13:2). Дар Китоби Муқаддас дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Вале мо медонем, ки ин мардон ба воситаи рӯҳи муқаддас интихоб шудаанд. Зеро дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки пайғамбарон ва муаллимон дар Антиёхия зидди ин қарор баромада бошанд. Баръакс, онҳо ин қарорро пурра дастгирӣ мекарданд. Танҳо тасаввур кунед, ки Барнаббо ва Шоул чӣ ҳис карданд, вақте ки бародарон бе ягон бахилӣ «пас аз рӯза доштан ва дуо гуфтан онҳо дастони худро бар Барнаббову Шоул гузоштанд ва онҳоро гусел карданд» (Аъм. 13:3). Мо низ онҳоеро, ки дар ҷамъомад соҳиби таъйинот, масалан, пири ҷамъомад, мешаванд, дастгирӣ кунем. Ба ҷойи ҳасад бурдан хуб мебуд «онҳоро барои меҳнаташон қадрдонӣ карда, нисбаташон муҳаббати бепоён зоҳир кунем» (1 Тас. 5:13).
bt саҳ. 95, сарх. 5
«Бо қудрати Яҳува далерона сухан меронданд»
5 Дар аввал Павлус ва Барнаббо дар Иқуния истоданд, ки дар он ҷо танҳо юнониҳо зиндагӣ мекарданду он яке аз шаҳри асосии вилояти Ғалотияи Рум ба ҳисоб мерафт. Дар ин шаҳр яҳудиёни обрӯманд ва бисёр касоне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, зиндагӣ мекарданд. Аз рӯйи одат Павлус ва Барнаббо ба ибодатгоҳ даромада мавъизаро сар карданд (Аъм. 13:5, 14). Онҳо «тавре сухан гуфтанд, ки одамони зиёде, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, имон оварданд» (Аъм. 14:1).
w14 15.9 саҳ. 13, сарх. 4, 5
Ба «мусибатҳои бисёр» нигоҳ накарда ба Худо содиқона хизмат кунед
4 Баъди ташриф овардан ба Дарба Павлус ва Барнаббо аз нав «ба Лустра, Иқуния ва Антиёхия ворид шуданд. Ва дилҳои шогирдонро тақвият дода, панд мегуфтанд, ки “дар имон устувор бошед, зеро ки мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем”» (Аъм. 14:21, 22). Шояд аз нигоҳи аввал ин суханон каме бемантиқ тобанд. Охир кас аз фаҳмидани он ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад, хурсанд намешавад, балки зиқу рӯҳафтода мегардад. Пас, чӣ тавр Павлус ва Барнаббо бо хабар додани он ки масеҳиён бо «мусибатҳои бисёр» рӯ ба рӯ мешаванд, онҳоро рӯҳбаланд карданд?
5 Агар ба суханони Павлус нағз диққат диҳем, ҷавоби ин саволро фаҳмида метавонем. Павлус нагуфт, ки мо бояд «ба мусибатҳои бисёр тоқат кунем», балки чунин гуфт: «Мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем». Яъне Павлус шогирдонро на бо хабар оиди мусибатҳо, балки бо натиҷаи мусбие, ки сабру тоқат ба онҳо меорад, рӯҳбаланд кард. Ин мукофот орзуву хаёли хом набуд. Худи Исо дар ин бора гуфта буд: «Ҳар кӣ то ба охир сабр кунад, наҷот хоҳад ёфт» (Мат. 10:22).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w08 15.5 саҳ. 32, сарх. 7
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Аъмол
12:21–23; 14:14–18 — Ҳиродус ба зудӣ он ҷалолеро, ки танҳо Худо сазовор аст, қабул кард. Павлусу Барнаббо бошанд, тамоман дигар хел рафтор карданд. Вақте ки одамон онҳоро болобардор карданд, онҳо сустӣ накарда бо қатъият одамонро аз ин корашон боздоштанд. Мо низ набояд интизор шавем, ки моро барои муваффақияте, ки дар хизмат ба даст меорем, таъриф кунанд ва аз пайи ба даст овардани шӯҳрат нашавем.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 13:9
Шоул, ки ҳамчунин Павлус ном дошт: Аз ин вақт сар карда Шоулро Павлус меномидагӣ шуданд. Павлуси расул ибрӣ буда аз рӯзи таваллудаш шаҳрванди Рум ба ҳисоб мерафт (Ам 22:27, 28; Флп 3:5). Аз ин рӯ эҳтимол ӯро аз хурдӣ ҳам бо номи ибриаш Шоул ва ҳам бо номи румиаш Павлус, мехонданд. Он вақт бисёр яҳудиён, махсусан яҳудиёне, ки берун аз Исроил зиндагӣ мекарданд, ду ном доштанд (Ам 12:12; 13:1). Масалан, баъзе хешовандони Павлус ғайр аз номи ибриашон, номи румӣ ё юнонӣ доштанд (Рм 16:7, 21). Чун «расули халқҳои дигар», ба Павлус супориш дода шуд, ки хушхабарро ба ғайрияҳудиён расонад (Рм 11:13). Аз афташ ӯ фикр кард, ки агар номи румии худро истифода барад, дигар халқҳо барои шунидани хушхабар моил мешаванд (Ам 9:15; Ғл 2:7, 8). Мувофиқи ақидаи баъзеҳо ӯ ин номро барои ҳурмати Сарҷиюс Павлус ба худ гирифтааст. Ин эҳтимол ақидаи нодуруст аст, зеро баъди аз Кипр рафтан ҳам, ӯ худро бо ин ном шинос мекард. Ба ақидаи дигарон Павлус намехост, ки ӯро бо номи ибриаш гиранд, чунки тарзи талаффузи номи Шоул ба забони юнонӣ, ба калимаи юноние монанд буд, ки он ба шахсе (ё ҳайвоне) ишора мекард, ки ҳавобаландона роҳ мерафт.
Павлус: Маънои номи Павлус (ба забони юнонӣ Пау́лос, ба лотинӣ Паулус) «хурдакак» мебошад. Дар Навиштаҳои юнонӣ ба забони тоҷикӣ ин ном 192 бор ба Павлус ва 1 бор ба ҳокими вилоятии Кипр Сарҷиюс Павлус ишора мекунад (Aм 13:7).
bt саҳ. 78, 79, сарх. 8, 9
«Каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд»
8 Ҷамъомад чӣ кор карданро нағз медонист. Дар Аъмол 12:5 мехонем: «Ҳамин тавр Петрусро дар зиндон нигоҳ медоштанд, аҳли ҷамъомад бошад, дар ҳаққи ӯ бо ҷидду ҷаҳд дуо мегуфтанд». Бале онҳо барои бародари азизашон аз сидқи дил дуо мегуфтанд. Марги Яъқуб онҳоро ноумед накард ва онҳо фикр намекарданд, ки дуояшон бефоида аст. Яҳува дуоҳоро хеле қадр мекунад. Агар дуо мувофиқи хости Ӯ бошад, албатта ба он ҷавоб медиҳад (Ибр. 13:18, 19; Яъқ. 5:16). Имрӯз барои мо масеҳиён, низ фаҳмидани ин зарур аст.
9 Оё шумо ҳамимононеро медонед, ки душвориҳои зиёд доранд? Шояд онҳо бо таъқиботҳо рӯ ба рӯ шуда истодаанд ё дар ҷойҳое зиндагӣ мекунанд, ки фаъолиятамон манъ аст ё ин ки аз офатҳои табиӣ зарар диданд. Оё шумо аз сидқи дил дар бораи онҳо дуо мегӯед? Шояд шумо касонеро медонед, ки душвориҳои ба чашм ноаёнро аз сар гузаронда истодаанд. Масалан, мушкилиҳои оилавӣ доранд, рӯҳафтода мешаванд ё имонашон озмуда мешавад. Агар пеш аз дуо гуфтан фикр кунед, шумо метавонед номи бисёр касонеро ба ёд оред, ки дар бораашон ба Яҳува, шунавандаи дуоҳо, дуо гуфта метавонед (Заб. 64:3). Агар ба сари шумо низ чунин душвориҳо ояд, магар намехостед, ки дар ҳаққи шумо бародарону хоҳарон дуо гӯянд?
17–23 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 15, 16
«Қарори якдилонае, ки бар Каломи Худо асос ёфтааст»
bt саҳ. 102, 103, сарх. 8
«Баҳсу мунозираҳои зиёд карданд»
8 Луқо давом медиҳад: «Баъд аз он ки Павлусу Барнаббо бо онҳо [“баъзе одамон”] баҳсу мунозираҳои зиёд карданд, қарор дода шуд [пирон қарор карданд], ки Павлус, Барнаббо ва баъзеи дигарон барои ҳалли ин масъала ба назди расулон ва пирон ба Ерусалим фиристода шаванд» (Аъм. 15:2). Ин «баҳсу мунозираҳо» ба ҳиссиёти ҳар ду тараф таъсир кард ва ҳар яке дар ақидаи худ устувор буд. Барои ҳамин ҷамъомади Антиёхия ин масъаларо ҳал карда натавонист. Аммо бо мақсади нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ ин ҷамъомад бохирадона амал карда ин масъаларо ба «расулон ва пирон»-е, ки аъзои ҳайати роҳбарикунанда буданд, ба Ерусалим фиристоданд. Мо аз пироне, ки дар Антиёхия буданд чӣ меомӯзем?
w12 15.1 саҳ. 5, сарх. 6, 7
Масеҳиёни ҳақиқӣ Каломи Худоро эҳтиром мекунанд
6 Кадом порчаи Китоби Муқаддас ба бародарон барои ҳалли масъала ёрдам кард? Ин ояти Омӯс 9:11, 12 буд. Он дар Аъмол 15:16, 17 иқтибос оварда шудааст: «Хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барқарор мекунам ва харобаҳои онро обод мегардонам ва барпо менамоям, то ки бақияи мардум ва ҳамаи халқҳое, ки исми Ман дар байни онҳо хонда мешавад, толиби Худованд гарданд, мегӯяд Худованд».
7 Вале шояд касе гӯяд: «Дар ин оят қайд нашудааст, ки ғайрияҳудиёни масеҳишуда набояд хатна шаванд». Ин дуруст аст. Лекин масеҳиёни яҳудӣ инро ҳамин тавр фаҳмиданд. Чаро? Зеро онҳо ба ғайрияҳудиёни хатнашуда чун ба бародарони худ нигоҳ мекарданд, на чун ба дигар «халқҳо» (Хур. 12:48, 49). Масалан, дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас, ояти Эстер 8:17 чунин омадааст: «Бисёри ғайрияҳудиён хатна гаштанд ва яҳудӣ шуданд» («Bagster’s version of the Septuagint»). Барои ҳамин, вақте ки бародарон пешгӯйии Навиштаҳоро аз китоби Омӯс дида баромаданд, онҳо фаҳмиданд, ки «бақияи мардум» (яҳудиён ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда) ва «ҳамаи халқҳо» (ғайрияҳудиёни хатнанашуда) як халқ — халқи Худо мешаванд. Пас, аз ғайрияҳудиёне, ки масеҳӣ шудан мехостанд, хатнакунӣ талаб карда намешуд.
bt саҳ. 123, сарх. 18
«Мустаҳкам кардани ҷамъомадҳо»
18 Павлус ва Тимотиюс солҳои зиёд ҳамкорӣ карданд. Чун хизматгорони сайёр онҳо супоришҳои гуногунеро, ки аз ҳайати роҳбарикунанда мегирифтанд, иҷро мекарданд. Дар Китоби Муқаддас чунин гуфта шудааст: «Онҳо шаҳр ба шаҳр гашта, дастурҳои расулону пиронро, ки дар Ерусалим буданд, ба бародарон мерасонданд, то аз рӯйи онҳо амал кунанд» (Аъм. 16:4). Ҷамъомадҳо бечунучаро аз рӯйи дастурҳои расулону пирон, ки дар Ерусалим буданд, амал мекарданд. Дар натиҷаи итоаткории онҳо «ҷамъомадҳо дар имон мустаҳкам мешуданд ва рӯз аз рӯз шумораи имондорон меафзуд» (Аъм. 16:5).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w12 15.1 саҳ. 10, сарх. 8
Аз ҳаввориёни Исо бедориву ҳушёрӣ омӯзед
8 Аз ин воқеаҳо чӣ омӯхтан мумкин аст? Аҳамият диҳед, ки рӯҳи Худо танҳо баъди он дахолат кард, ки Павлус ба Осиё равона шуд. Ҳамчунин, Исо танҳо баъди он дахолат кард, ки Павлус қариб ба Битуния расида буд. Ва ниҳоят, Исо Павлусро ба Мақдуния танҳо баъди он равона кард, ки ӯ то шаҳри Трӯос расид. Чун сарвари ҷамъомад, имрӯз низ Исо метавонад моро ба ин монанд роҳнамоӣ кунад (Қӯл. 1:18). Масалан, шояд шумо чанд вақт боз фикр кунед, ки чун пешрав хизмат кунед ё ба маҳалле, ки дар он ҷо воизон каманд равед. Вале мумкин танҳо баъди он ки шумо барои иҷрои мақсади худ қадам мегузоред, Исо ба воситаи рӯҳи Худо ба шумо роҳнамоӣ мекунад. Чаро? Мисоле меорем. Ронанда метавонад мошинро танҳо ҳамон вақт ба тарафи чап ё рост гардонад, ки агар он ба ҳаракат дароварда шуда бошад. Ба ин монанд, мумкин Исо дар васеъ кардани доираи хизматамон моро роҳнамоӣ кунад — лекин фақат агар худи мо ҳаракат кунем, яъне барои амалӣ гардондани мақсадамон худ саъю кӯшиш кунем.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 16:37
мо, шаҳрвандони Румро: Павлус ва аз афташ Сило низ шаҳрванди Рум буданд. Мувофиқи қонуни Рум, кори шахси гумонбар, агар шаҳрванди Рум бошад, дар маҳкама ба тарзи муносиб дида баромада мешуд ва то ҳукм бароварда нашавад, касе ҳақ надошт, ки ӯро дар назди ҳама ҷазо диҳад. Шаҳрванди Рум будан ба шахс ҳуқуқ ва имтиёзи муайянеро медод, ки дар ҳудуди империя амал мекард. Шаҳрванди Рум танҳо ба қонуни Рум итоат мекард, на ба қонуни вилоятҳои гирду атроф. Агар ӯро айбдор мекарданд, вай метавонист розӣ шавад, ки ӯро аз рӯйи қонуни маҳаллӣ ҳукм кунанд. Вале ба ҳар ҳол ӯ ҳуқуқи талаб карданро дошт, то кори судиашро дар Рум дида бароянд. Агар ба ӯ ҳукми қатл мебароварданд, вай ҳақ дошт, ки бо шикояти худ ба императори Рум муроҷиат кунад. Павлуси расул фаъолона дар тамоми империяи Рум мавъиза карда буд. Ӯ ҳуқуқи шаҳрвандии худро дар се маврид истифода бурд. Якум, ӯ ба амалдорони Филиппӣ гуфт, ки вақте ӯро дар Филиппӣ заданд, бо ин ҳуқуқашро вайрон карданд. Дуюм, дар Ерусалим, вақте ӯро қамчинкорӣ карданӣ буданд, дар бораи шаҳрвандиаш хотиррасон кард. Сеюм, барои дида баромадани кори судии худ доварии қайсарро талаб кард (Ам 22:25 ва 25:11).
24–30 ДЕКАБР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 17, 18
«Дар мавъиза ва таълимдиҳӣ ба Павлуси расул пайравӣ кунед»
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 17:2, 3
муҳокима меронд: Вақте ки Павлус хушхабарро ба одамон мерасонд, ӯ маънои онро аз Навиштаҳо, яъне аз Навиштаҳои ибронӣ, ки зери илҳоми Худо навишта шудааст, фаҳмонда далелҳо меовард. Ӯ танҳо бо хондани Навиштаҳо қонеъ намешуд ва дар асоси он мулоҳиза ронда далелҳоеро меовард, ки барои шунавандагонаш шинос буданд. Феъли юнонии «диале́гомай»-ро чун «ба сӯҳбат ҷалб намудан; сӯҳбат кардан; муҳокима рондан» тарҷума кардан мумкин аст ва он маънои бо одамон сӯҳбат карданро дорад. Ин феъли юнонӣ ҳамчунин дар Ам 17:17; 18:4, 19; 19:8, 9; 20:7, 9 истифода шудааст.
ба воситаи оятҳо исбот мекард: Калимаи юноние, ки дар ин ҷо истифода шудааст, аслан маънои «дар паҳлӯ (дар назди) гузоштан»-ро дорад. Ин нишон медиҳад, ки Павлус пешгӯйиҳоеро дар бораи Масеҳ дар Навиштаҳои ибронӣ навишта шуда буданд, бо воқеаҳое, ки дар ҳаёти Исо рӯй доданд, муқоиса карда нишон дод, ки чӣ тавр Исо он пешгӯйиҳоро иҷро кард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 17:17
дар бозор: Дар шимолу ғарбии Акрополис бозори Афина (ба юнонӣ «агора́») ҷойгир буд, ки масоҳаташ 5 гектарро ташкил медод. Ин бозор на фақат ҷойи харидуфурӯш буд. Он ҳамчунин маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании шаҳр ба ҳисоб мерафт. Ба сокинони Афина маъқул буд, ки дар ин бозор ҷамъ шуда дар муҳокимаҳое иштирок кунанд, ки зеҳнро равшан мекард.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 17:22, 23
Ба Худои ношинос: Ба забони юнонӣ «агно́стой тео́й». Ин суханон дар қурбонгоҳи Афина навишта шуда буд. Сокинони Афина аз худоҳо метарсиданд, барои ҳамин маъбаду қурбонгоҳҳои бисёр месохтанд. Онҳо ҳатто чунин мафҳумҳоро, ба монанди Шӯҳрат, Хоксорӣ, Қувват, Эътиқод ва Раҳм худо карда барои онҳо низ қурбонгоҳ месохтанд. Эҳтимол сокинони Афина нохост ягон худоро хафа накунем ва ғазабаш ба мо фурӯ нарезад гуфта, барои «Худои ношинос» қурбонгоҳ сохта буданд. Бо сохтани ин қурбонгоҳ онҳо эътироф намуданд, ки боз Худое ҳаст, ки онҳо дар борааш чизе намедонанд. Павлус аз ин имконият моҳирона истифода бурда, ба сокинони Афина дар бораи Худо, яъне Худои ҳақиқие нақл кард, ки то ин дам онҳо дар борааш чизе нафаҳмида буданд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w08 15.5 саҳ. 32, сарх. 5
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Аъмол
18:18 — Дар бораи назре, ки Павлус карда буд, чӣ гуфтан мумкин аст? Баъзе олимони Китоби Муқаддас мегӯянд, ки Павлус бораи назир шудан назр кард (Ад. 6:1–21). Вале дар Китоби Муқаддас аниқ гуфта нашудааст, ки Павлус дар бораи чӣ назр кард. Ғайр аз ин дар Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки Павлус баъди масеҳӣ шудан ё пеш аз ин назр карда буд. Ва ҳамчунин гуфта нашудааст, ки ин аввал ё охири назраш буд. Чизе ки набошад, кардани чунин назр гуноҳ набуд.
nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Ам 18:21
Агар Яҳува хоҳад: Ин ибора нишон медиҳад, ки пеш аз ягон корро сар кардан ё ба нақша гирифтан, хоҳиши Худоро ба назар гирифтан хеле муҳим аст. Павлуси расул доимо ин принсипро дар ёд дошт (1Қр 4:19; 16:7; Ибр 6:3). Яъқуб низ дигаронро бармеангехт, ки чунин гӯянд: «Агар Яҳува хоҳад ва зиндаю саломат бошем, чунин ё чунон мекунем» (Яъқ. 4:15). Чунин ибораҳо набояд суханони хушку холӣ бошанд. Касе ки самимона «агар Яҳува хоҳад» мегӯяд, бояд кӯшиш кунад, ки мувофиқи хости Яҳува амал намояд (Ам 21:14). Шарт нест, ки ин суханонро бо овоз гӯем, аммо муҳим ки онҳо доимо дар дили мо бошанд. (Ба sgd, «Номи Худо дар Навиштаҳои юнонӣ» нигаред.)
31 ДЕКАБР — 6 ЯНВАР
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 19, 20
«Ба худатон ва ба тамоми рама диққат диҳед»
w11 15.6 саҳ. 24, 25, сарх. 5
«Рамаи Худоро, ки ба шумо супорида шудааст, бичаронед»
5 Петруси ҳавворӣ пиронро барангехт, ки «рамаи Худоро», ки ба онҳо супорида шудааст, бичаронанд. Ба онҳо дарк кардани он хеле муҳим буд, ки ин рама ба Яҳува ва Исои Масеҳ тааллуқ дорад. Пирон бояд оиди чӣ тавр нигоҳубин кардани гӯсфандони Худо ҳисобот медоданд. Фарз мекунем, ки дӯсти наздикатон аз шумо илтимос мекунад, ки дар муддати набудани вай фарзандонашро нигоҳубин кунед. Оё шумо дар бораи онҳо нағз ғамхорӣ намекардед ва онҳоро намехӯрондед? Агар яке аз кӯдакон бемор шавад, оё шумо барои ба ӯ расонидани ёрии тиббии лозима кӯшиш намекардед? Ба ин монанд, пирон ҷамъомади Худоро, ки Ӯ онро бо хуни Писари худ харидааст, нигаҳбонӣ мекунанд (Аъм. 20:28). Онҳо дар хотир нигоҳ медоранд, ки ҳар як гӯсфанд бо хуни пурбаҳои Исои Масеҳ харида шудааст. Азбаски Яҳува нигоҳубини рамаи худро ба ӯҳдаи пирон гузоштааст, онҳо рамаро ғизо медиҳанд, ҳимоя мекунанд, ва дар бораи он ғамхорӣ менамоянд.
Пирони ҷамъомад ба шодмонии мо мадад мерасонанд
15 Пири ҷамъомад будан меҳнати зиёдро талаб мекунад. Баъзан пирон шабҳои бедорхобӣ кашида дар бораи аъзоёни ҷамъомад бо дуо фикр мекунанд ё ба онҳо кӯмаки рӯҳонӣ мерасонанд (2 Қӯр. 11:27, 28). Лекин ба ҳар ҳол, пирон ин масъулияти худро пурра ва бо хурсандӣ иҷро мекунанд, чӣ тавре ки Павлус мекард. Ӯ ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт навишт: «Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод» (2 Қӯр. 12:15). Дар ҳақиқат, муҳаббат ба бародаронаш Павлусро бармеангехт, ки вақту қуввати худро пурра барои қавӣ гардонидани онҳо сарф кунад. (2 Қӯринтиён 2:4-ро бихонед; Флп. 2:17; 1 Тас. 2:8). Ана барои чӣ бародарон Павлусро ин қадар дӯст медоштанд! (Аъм. 20:31–38).
bt саҳ. 172, сарх. 20
«Хуни ягон кас бар гардани ман нест»
20 Тарзи ҳаёти Павлус аз тарзи ҳаёти онҳое, ки баъдтар аз рамаи Яҳува суиистифода мебурданд, аз замин то осмон фарқ мекард. Павлус барои таъмин кардани худ кор мекард ва ба ҷамъомад бори вазнин намешуд. Ӯ манфиати худро ба як тараф гузошта, тамоми қувваташро бар фоидаи ҳамимононаш сарф мекард. Павлус пирони ҷамъомади Эфсӯсро барангехт, ки фидокор бошанд. Ӯ ба онҳо чунин гуфт: «Шумо бояд сустонро дастгирӣ кунед ва суханони Ҳазратамон Исоро дар хотир доред, ки гуфта буд: “Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад”» (Аъм. 20:35).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
bt саҳ. 161, сарх. 11
Каломи Худо нигоҳ накарда ба таъқибот «бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт»
11 Павлус аз афташ ҳар рӯз тақрибан аз соати 11-и рӯз то 4-и бегоҳ дар ин мактаб нутқ мегуфт (Аъм. 19:9). Эҳтимол дар ин вақт ҳама ҷо ором буд, вале ҳамзамон айни гармии рӯз буд, чунки дар ин вақт одамон корашонро бас карда хӯрок хӯрда дам мегирифтанд. Акнун тасаввур кунед, ки агар Павлус аз рӯйи ин реҷа ду соли дароз амал карда бошад, пас вай аз 3000 зиёд соатро дар таълим додани дигарон гузаронидааст. Ин як сабаби дигари паҳн гаштан ва қувват гирифтани Каломи Худо буд. Павлус бисёр заҳмат мекашид ва ба вазъият мутобиқ мешуд. Вай талаботи одамони он маҳалро ба назар гирифта реҷаи хизматашро тартиб медод. Кӯшишҳои вай чӣ натиҷа оварданд? «Ҳамаи сокинони Осиё, ҳам яҳудиён ва ҳам юнониён, каломи Худовандро шуниданд» (Аъм. 19:10). Дар ҳақиқат ӯ ба пуррагӣ шаҳодат дод.
bt саҳ. 162, 163, сарх. 15
Каломи Худо нигоҳ накарда ба таъқибот «бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт»
15 Шарманда шудани писарони Искиво ба он мусоидат кард, ки одамон аз Худо метарсидагӣ шуданд. Ба туфайли ин бисёриҳо ҳақиқатро қабул карда фолбиниро бас карданд. Эфсӯс ба ҷодугарӣ ғӯтида буд. Илму амал, тӯмор ва куфу суф сахт паҳн шуда буд. Вале акнун бисёр эфсӯсиён китобҳои ҷодугарии худро дар пеши ҳама сӯзонданд, ҳарчанд нархи ин китобҳо ба пули ҳозира гирем, қариб даҳҳо ҳазор долларро ташкил медод. Луқо чунин навишт: «Ҳамин тавр каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт» (Аъм. 19:17–20). Дар ҳақиқат ин ғалабаи бузурги ҳақиқат бар дурӯғ ва ҷодугарӣ буд. Ин одамони содиқ имрӯз ба мо намуна гузоштанд. Мо низ дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз ҷодугарист. Агар мо чизеро ёбем, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманд аст, бояд мисли эфсӯсиён дарҳол онро нест кунем! Биёед, чи қадаре ки ба мо душвор набошад ҳам, худро аз ин гуна корҳои нафратангез дур гирем.