ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwbr18 ноябр саҳ. 1-6
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—ноябри 2018

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—ноябри 2018
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2018
  • Зерсарлавҳаҳо
  • 5–11 НОЯБР
  • 12–18 НОЯБР
  • 19–25 НОЯБР
  • 26 НОЯБР — 2 ДЕКАБР
Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2018
mwbr18 ноябр саҳ. 1-6

Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»

5–11 НОЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 20, 21

«Оё маро аз моҳиҳо дида бештар дӯст медорӣ?»

(Юҳанно 21:15) Пас аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро аз моҳиҳо дида бештар дӯст медорӣ?» Ӯ ҷавоб дод: «Бале, Ҳазрат, ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо ба ӯ гуфт: «Барраҳои маро бичарон».

(Юҳанно 21:17) Сипас ӯ бори сеюм ба вай гуфт: «Эй Шимъӯн, писари Юҳанно, оё маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки ӯ бори сеюм чунин савол дод, ва гуфт: «Эй Ҳазрат, ҳама чиз ба ту маълум аст ва ту медонӣ, ки бароям азиз ҳастӣ». Исо ба ӯ гуфт: «Барраҳои маро бичарон».

nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 21:15, 17

Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: Ин гуфтугӯйи Исову Петрус чанде пас аз се бор Исоро инкор кардани Петрус баргузор шуда буд. Исо се бор ба шогирдаш як саволро такрор кард ва аз ин сабаб «Петрус ғамгин шуд» (Юҳ 21:17). Дар Юҳ 21:15–17 ду феъли гуногуни юнонӣ, «агапа́о» ва «филе́о», «дӯст медорӣ» ва «азиз ҳастӣ» тарҷума шудаанд. Исо се бор аз Петрус мепурсад: «Оё маро дӯст медорӣ?», ва Петрус ҳар бор ҷавоб медиҳад, ки ӯ барояш азиз аст. Ҳар дафъае ки Петрус ҷавоб медод, Исо таъкид мекард, ки Петрус бояд аз муҳаббат шогирдони Исоро, ки дар ин ҷо барраҳои ӯ номида шудаанд, рӯҳан бичаронад ва чӯпонӣ кунад (Юҳ 21:16, 17; 1Пт 5:1–3). Исо ба Петрус имкон дод, ки се бор муҳаббати худро бо ҷавобаш изҳор кунад. Баъд аз ин ӯ ба Петрус супориш дод, ки ба пайравонаш ғамхорӣ кунад. Ҳамин тавр Исо ба Петрус, ки ӯро се бор инкор карда буд, аниқу равшан нишон дод, ки гуноҳашро бахшидааст.

оё маро аз моҳиҳо дида бештар дӯст медорӣ?: Ё «Оё маро бештар аз инҳо дӯст медорӣ?» Мувофиқи қоидаҳои забони юнонӣ ибораи «бештар аз инҳо»-ро ҳар хел фаҳмидан мумкин аст. Баъзе олимон чунин ақида доранд, ки ин суханони Исоро «оё муҳаббати ту ба ман аз муҳаббатат ба ин шогирдон бештар аст?» ё «оё муҳаббате, ки ту ба ман дорӣ, аз муҳаббате, ки ин шогирдон ба ман доранд, бештар аст?» фаҳмидан мумкин аст. Лекин, аз афташ, маънояш «оё маро аз ин чизҳо бештар дӯст медорӣ?» мебошад. Эҳтимоли зиёд аст, ки ин ҷо моҳиҳое, ки расулон он вақт сайд карда буданд, ё асбобу анҷоми моҳигирӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ фикри ин оятро чунин баён кардан мумкин аст: «Оё маро бештар аз чизҳои моддӣ дӯст медорӣ? Агар чунин бошад, барраҳои маро бичарон». Корҳои пештараи Петрусро ба назар гирифта, мо мефаҳмем, ки чаро Исо чунин савол дод. Петрус яке аз шогирдони аввалини Исо буд (Юҳ 1:35–42), лекин баъд аз пайрави Исо шудан ӯ ба корубори моҳигирӣ баргашт. Дертар, баъд аз якчанд моҳ, Исо Петрусро даъват кард, то кореро, ки вақти зиёдро металабид, монаду «сайёди одамон» шавад (Мт 4:18–20; Лқ 5:1–11). Ҳамчунин каме пас аз марги Исо Петрус ба дигар расулон гуфт, ки моҳигирӣ меравад, ва онҳо низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд (Юҳ 21:2, 3). Аз афташ, Исо савол дода ба Петрус гуфтанӣ буд, ки қарори қатъӣ қабул кунад. Ӯ бояд интихоб мекард, ки чӣ дар ҳаёташ аз ҳама муҳим мешавад: сайди моҳӣ ё чаронидани «барраҳои», яъне пайравони Исо (Юҳ 21:4–8).

бори сеюм: Петрус се бор Исоро инкор кард, лекин Ҳазраташ ба ӯ имконият дод, ки муҳаббати худро се бор изҳор кунад. Вақте ки Петрус чунин кард, Исо ба ӯ гуфт, ки хизмат ба Худоро дар якум ҷо монда, муҳаббаташро нишон диҳад. Ин шогирди Исо дар қатори дигар бародарони масъул бояд рамаи Масеҳро, ки аз пайравонаш иборат буд, мечаронд, устувор менамуд ва чӯпонӣ мекард. Ин пайравони содиқ тадҳиншуда бошанд ҳам, ба рӯҳан ғизо гирифтан эҳтиёҷ доштанд (Лқ 22:32).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(Юҳанно 20:17) Исо ба ӯ гуфт: «Маро сар деҳ, зеро ман ҳанӯз назди Падар боло нарафтаам. Назди бародаронам рафта, ба онҳо гӯй, ки ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам».

nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 20:17

Маро сар деҳ: Ё «маро нақап». Феъли юнонии «ҳа́птомаи» метавонад ҳам маънои «расидан» ва ҳам «қапидан, доштан»-ро диҳад. Дар баъзе тарҷумаҳо суханони Исо чун «ба ман даст нарасон» омадаанд. Лекин Исо гуфтанӣ набуд, ки Марями Маҷдалия тамоман ба ӯ даст нарасонад, зеро, вақте ки дигар занҳо Исоро пас аз зинда шуданаш диданд ва «аз пойҳояш маҳкам доштанд», Исо онҳоро сарзаниш накард (Мт 28:9). Аз афташ, Марями Маҷдалия аз тарси он ки Исо ба осмон меравад, ӯро маҳкам дошта, сар намедод. Лекин Исо Марямро боварӣ бахшид, ки ҳоло ба ҳеҷ ҷо намеравад. Исо ба Марям гуфт, ки вайро сар диҳад ва ба назди шогирдони дигар рафта, хабар диҳад, ки ӯ зинда шудааст.

(Юҳанно 20:28) Тумо дар ҷавоб гуфт: «Ҳазрати ман, Худои ман!»

nwtsty маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 20:28

Ҳазрати ман, Худои ман!: Баъзе олимон мегӯянд, ки ин суханоне, ки Тумо бо ҳаяҷон ба Исо гуфт, дар асл ба Худо, Падари Исо гуфта шуданд. Дигарон бошанд, чунин ақида доранд, ки мувофиқи қоидаҳои забони юнонӣ ин суханон ба худи Исо гуфта шуданд. Ба ҳар ҳол, барои дуруст фаҳмидани суханони «Ҳазрати ман, Худои ман!» дигар ҷойҳои Навиштаҳои Муқаддас ба назар гирифтан лозим аст. Масалан, пеш аз ин Исо ба шогирдонаш чунин хабар дод: «Ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам» (Юҳ 20:17). Барои ҳамин барои гуфтани он ки Тумо Исоро Худои Қодири Мутлақ меҳисобид, асосе нест. Ҳамчунин Тумо шунида буд, ки Исо дар дуо Падарашро «Худои ягонаи ҳақиқӣ» номида буд (Юҳ 17:1–3). Тумо бо сабабҳои зерин метавонист Исоро «Худои ман» номад: ӯ боварӣ дошт, ки Исо табиати илоҳӣ дорад, лекин ӯро Худои Қодири Мутлақ намедонист. (Ба mwbr18.09, ба маълумоти омӯзишӣ оиди Юҳ 1:1, нигаред.) Ё шояд Тумо ба Исо тавре муроҷиат кард, ки пеш хизматгорони Худо ба фариштаҳо муроҷиат мекарданд. Одамоне, ки бо фаришта гап мезаданд, ё касоне, ки оиди ин воқеаҳо навишта буданд, фариштаро Яҳува номидаанд, чунки ӯ намояндаи Яҳува буд. (Бо Ҳс 16:7–11, 13; 18:1–5, 22–33; 32:24–30; Дв 6:11–15; 13:20–22 муқоиса кунед.) Тумо, бешубҳа, ин порчаҳои Китоби Муқаддасро медонист ва шояд барои ҳамин Исоро «Худои ман» номид. Бо ин ӯ эътироф кард, ки Исо намояндаи Худои ҳақиқӣ аст.

Баъзеҳо мегӯяд, ки артикли муайяние, ки пеш аз калимаҳои «Ҳазрат» ва «Худо [ҳо тео́с]» меистад, ба он ишора мекунад, ки ин калимаҳо ба Худои Қодири Мутлақ тааллуқ доранд. Лекин истифодаи артикли муайянӣ дар ин оят шояд фақат талаботи қоидаҳои забони юнонӣ мебошад. Барои ҳамин дар ин ҷо артикл ба мо нишон дода наметавонад, ки Тумо бо суханони худ чиро дар назар дошт.

12–18 НОЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 1–3

«Ба ҷамъомад рӯҳи муқаддас фурӯ рехта шуд»

w86 1.12 саҳ. 29, сарх. 4, 5, 7

Хайрияҳое, ки дилро хурсанд мекунанд

Соли 33-юми милодӣ, вақте ҷамъомади масеҳӣ ташкил шуд, се ҳазор одамони навтаъмидёфта чизи доштаашонро бо ҳамимонони худ бо ҳам медиданд, якҷоя хӯрок мехӯрданд ва дуо мегуфтанд. Барои чӣ? Барои он ки «бо кӯшишу ғайрати зиёд аз расулон таълим» гирифта имони худро қавӣ гардонанд (Аъмол 2:41, 42).

Яҳудиён ва онҳое, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, ба Ерусалим танҳо барои дар иди Ҳафтаҳо иштирок кардан омада буданд. Лекин онҳое, ки масеҳӣ шуданд, хостанд, ки бисёртар истода, ба воситаи таълими расулон имонашонро қавӣ кунанд. Аммо онҳо ҷойи хоб ва хӯрок надоштанд. Баъзеҳо бо худ пули бисёр доштанд, дигарон бошанд, пули кам. Барои ҳамин онҳо пули худро якҷоя карда ба шахсоне, ки ба кӯмаки моддӣ мӯҳтоҷ буданд, ёрдам карданд (Аъмол 2:43–47).

Ҳеҷ касро ба фурӯхтан ва хайрия кардани молу мулкаш маҷбур намекарданд — ин кор ихтиёрӣ буд. Инчунин ҳеҷ касро ташвиқ намекарданд, ки камбағал шавад. Аз боён талаб карда намешуд, ки тамоми молу мулкашонро фурӯхта, қашшоқона зиндагӣ кунанд. Аз афташ, онҳо вазъияти ҳамимононашонро дида дилашон сӯхт ва молу мулкашонро фурӯхта хайрия карданд, то ки кори Подшоҳиро дастгирӣ кунанд. (Бо 2 Қӯринтиён 8:12–15 муқоиса кунед.)

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Исои Масеҳ»

Роҳнамои ҳаёт. Лутфу марҳамати Худо дар он зоҳир мегардад, ки Исо ҳаёти комилашро барои мо қурбон кард. Ба туфайли ин пайравони интихобшудаи Исо бо ӯ дар Подшоҳии осмонӣ ҳукмронӣ карда метавонанд. Дигарон бошанд, имконият доранд, ки дар замин шаҳрванди ин Подшоҳӣ шаванд (Мт 6:10; Юҳ 3:16; Эф 1:7; Ибр 2:5; ба «Выкуп (Фидия)» нигаред). Ҳамин тавр Исо барои ҳама одамон Роҳнамои ҳаёт гашт (Ам 3:15). Калимаи юноние, ки дар ин оят «роҳнамо» тарҷума шудааст, асосан маънои «роҳбар»-ро дорад. Дар Китоби Муқаддас барои мавқеи Мӯсоро дар Исроил нишон додан калимаи «ҳоким» (Ам 7:27, 35) истифода шудааст, ки он ба калимаи юноние, ки дар Аъмол 3:15 омадааст, монандӣ дорад.

cl саҳ. 265, сарх. 14

Худое, ки ба бахшидан тайёр аст

14 Дар Аъмол 3:19 оиди бахшанда будани Худо чунин гуфта шудааст: «Тавба кунед ва сӯйи Худо баргардед, то гуноҳҳои шумо шуста шаванд». Ин калимаи охирро аз феъли забони юнонӣ тарҷума кардаанд, ки маънояш «тоза кардан... хат задан ё несту нобуд кардан» мебошад. Ба фикри баъзе олимон, ин ҷо калимаи маҷозие истифода шудааст, ки маънояш чизи навишташударо кӯр кардан мебошад. Лекин чаро ин калима истифода шудааст? Дар вақтҳои қадим барои навиштан рангро аз сиёҳӣ, қатрон ва об тайёр мекарданд. Навиштаҷотеро, ки бо ин гуна ранг навишта мешуд, бо исфанҷ ё латтаи тар тоза кардан мумкин буд. Дар ҳақиқат, ин мисол бахшандаю меҳрубон будани Яҳуваро хеле хуб тасвир мекунад. Вақте Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, Ӯ гӯё латтаи тарро гирифта гуноҳҳои моро тоза мекунад.

ДАР КОРИ МАВЪИЗА БОҒАЙРАТ БОШЕД

it «Расул»

Баъд аз он ки Яҳудои хиёнаткор содиқиашро нигоҳ надошта мурд, расулон 11 нафар монданд. Аз рӯзи зинда шуда то ба осмон рафтанаш, яъне дар давоми 40 рӯз, Исо ҳеҷ касро ба ҷойи ӯ таъйин накарда буд. Ин масъала дар давоми 10 рӯз, аз вақти ба осмон рафтани Исо то иди Ҳафтаҳо, ҳал шуд. Расулон фаҳмиданд, ки ба ҷойи Яҳудо бояд каси дигар интихоб шавад. Аз иқтибосҳое, ки Петрус аз Навиштаҳо оварда буд, маълум мегардад, ки ҷойи Яҳудоро расули дигар на аз сабаби маргаш, балки аз сабаби хиёнаткор шуданаш гирифта буд (Ам 1:15–22; Зб 68:26; 108:8; бо Вҳ 3:11 муқоиса кунед). Аммо дар ҳеҷ ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки баъди марги Яъқуб, расули содиқ, ба ҷояш каси дигареро таъйин карда бошанд (Ам 12:2).

Аз суханони Петрус бармеояд, ки ҷойи расули Исоро танҳо шахсе гирифта метавонист, ки ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад: бо Исо ҳамсӯҳбат шуда бошад, шоҳиди корҳо, мӯъҷизаҳо ва хусусан эҳёшавии ӯ бошад. Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки бе дахолати Худо бо гузашти вақт ҳеҷ кас барои ҷойи расули Исоро гирифтан ба чунин талабот мувофиқат намекард. Аммо он вақт, пеш аз иди Ҳафтаҳо, шахсоне буданд, ки ба ин талабот ҷавобгӯ буданд. Барои гирифтани ҷойи Яҳудо ду шахсро пешниҳод карданд. Пас аз ин онҳо мувофиқи принсипи Масалҳо 16:33 қуръа партофтанд, ки он ба Матёс афтод ва «ӯро ба қатори ёздаҳ расули дигар ҳамроҳ карданд» (Ам 1:23–26). Пас, гуфтан мумкин аст, ки Матёс дар қатори «дувоздаҳ расулон»-е буд, ки душвории шогирдони юнонизабонро ҳал карда буданд (Ам 6:1, 2), ва, вақте дар 1 Қӯринтиён 15:4–8 Павлус дар бораи зоҳир шудани Исои эҳёшуда гап зад, шояд ӯ «дувоздаҳ расулон» гуфта Матёсро низ дар назар дошт. Барои ҳамин дар иди Ҳафтаҳо расулон аллакай 12 нафар буданд ва онҳо метавонистанд, ки таҳкурсии Исроили рӯҳонӣ гарданд.

19–25 НОЯБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 4, 5

«Онҳо Каломи Худоро далерона гап мезаданд»

w08 1.9 саҳ. 15, чорчӯба

Мероси даҳонакӣ ва хаттие, ки қисми Навиштаҳои Муқаддас шуд. Хат ва масеҳиёни асри як

Оё расулон бесавод буданд?

Вақте роҳбарон ва пирони Ерусалим «далерона гап задани Петрус ва Юҳанноро диданд ва ҳамчунин мардони нохонда ва одӣ будани онҳоро фаҳмиданд, ба ҳайрат омаданд» (Аъмол 4:13). Оё расулон, дар ҳақиқат, нохонда ва бесавод буданд? Дар як маълумотнома дар ин бора гуфта шудааст, ки «ин суханон маънои онро надоштанд, ки Петрус [ва Юҳанно] дар мактаб нахонда буданд ва хондаву навишта наметавонистанд. Ин суханон танҳо маънои онро доштанд, ки ҳокимиятдорон ва расулон аз табақаҳои гуногун буданд» (The New Interpreter’s Bible).

w08 15.5 саҳ. 30, сарх. 6

Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Аъмол

4:13 — Оё Петрусу Юҳанно нохонда ва бесавод буданд? Не. Онҳоро барои дар мактабҳои динии яҳудиён таълим нагирифтанашон «нохонда ва одӣ» мегуфтанд.

it «Расул»

Фаъолияти ҷамъомади масеҳӣ. Вақте дар иди Ҳафтаҳо расулон аз рӯҳи муқаддаси Яҳува пур шуданд, қавӣ гаштанд. Дар панҷ боби аввали китоби Аъмол гуфта шудааст, ки роҳбарон расулонро ба зиндон мепартофтанд, таъқибу таҳдид мекарданд, лекин ба ин нигоҳ накарда, онҳо далерона ва нотарсона хушхабарро мавъиза мекарданд ва оиди зинда шудани Исо ба одамон нақл мекарданд. Баъд аз иди Ҳафтаҳо расулон бо ёрии рӯҳи муқаддаси Яҳува кӯшишу ғайрати бисёр намуданд ва дар натиҷа, ҷамъомади масеҳӣ афзуд (Ам 2:41; 4:4). Дар аввал онҳо асосан дар Ерусалим мавъиза мекарданд, сипас дар Сомария ва баъдтар дар тамоми мамлакатҳои онвақта хизмат мекарданд (Ам 5:42; 6:7; 8:5–17, 25; 1:8).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Санги гӯшаи бино»

Дар Забур 117:22 пешгӯйӣ шуда буд, ки санге, ки меъморон рад мекунанд, «санги сари гӯшаи бино» мегардад (ба ибронӣ «рош пинна́»). Исо ин суханонро иқтибос оварда нишон дод, ки ӯ «санги асосии гӯшаи бино» мебошад (ба юнонӣ «кефале́ гони́ас» — сари гӯша) (Мт 21:42; Мқ 12:10, 11; Лқ 20:17). Чи тавре ки санги болои бино ба чашми ҳама аён аст, Исо низ санги болои маъбади рӯҳонӣ мебошад, ки он аз масеҳиёни тадҳиншуда иборат аст. Петрус низ суханони дар Забур 117:22 навишташударо ба Исо нисбат дода, гуфт, ки ӯ «сангест», ки одамон рад карданд, аммо Худо онро интихоб намуда «санги асосии гӯшаи бино» гардонд. (Ам 4:8–12; ҳамчунин ба 1Пт 2:4–7 нигаред.)

w13 15.4 саҳ. 18, сарх. 4

Дурӯғи Петрус ва Ҳанониё. Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем?

Ҳанониё ва занаш низ баъзе чизҳояшонро фурӯхтанд, то ба онҳое, ки нав таъмид гирифта буданд, ёрдам кунанд. Пулҳоро ба ҳаввориён оварда Ҳанониё гуфт, ки ин тамоми пулест, ки вай аз фурӯши чизҳояш ба даст овард. Лекин Ҳанониё гапи дурӯғ гуфт, зеро ӯ як қисми пулро ба худаш гирифта буд. Худо чунин кард, ки Петрус дурӯғи Ҳанониёро фаҳмида гуфт: «Ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Инро шунида Ҳанониё ба замин афтид ва мурд! Қариб баъди се соат зани вай ба назди ҳаввориён омад. Ӯ низ ба ҳаввориён дурӯғ гуфт ва дар натиҷа мисли шавҳараш ба замин афтода мурд.

26 НОЯБР — 2 ДЕКАБР

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 6–8

«Ҷамъомади нав зери озмоиш қарор гирифт»

bt саҳ. 41, сарх. 17

«Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем»

17 Ҷамъомади нави масеҳиёнро хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Чӣ гуна хатар? Бисёри шогирдони таъмидёфта аз ҳар гӯшаю канори дунё ба Ерусалим омада буданд ва пеш аз рафтанашон мехостанд, ки дониши бештар гиранд. Шогирдоне, ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, бо ҷону дил молу мулки худро хайрия карданд, то ҳамимононашон хӯрок ва чизҳои лозима дошта бошанд (Аъм. 2:44–46; 4:34–37). Он вақт як масъалаи нозук рӯй дод. «Ҳангоми тақсими ризқи ҳаррӯза» ба бевазанони юнонизабон «беаҳамиятӣ» карданд (Аъм. 6:1). Ба бевазанони ибронизабон бошад, ин тавр накарданд. Аз афташ, гап дар сари миллатпарастӣ буд. Ин вазъияти душвор, дар ҳақиқат, дар байни масеҳиён ҷудоӣ андохта метавонист.

bt саҳ. 42, сарх. 18

«Мо бояд ба Худо чун ба ҳоким итоат кунем»

18 Расулон, ки чун ҳайати роҳбарикунандаи ҷамъомади масеҳӣ амал мекарданд, фаҳмиданд, ки «таълимдиҳии каломи Худоро як сӯ монда, ба тақсими хӯрок машғул» шуданашон аз рӯйи хирад нест (Аъм. 6:2). Барои ҳалли масъала онҳо ба шогирдон гуфтанд, ки ҳафт мардеро, ки «аз рӯҳ ва хирад пуранд», интихоб кунанд, то расулон онҳоро ба «кори зарур» таъйин намоянд (Аъм. 6:3). Ин мардон бояд ба талабот ҷавобгӯ мебуданд, чунки онҳо на танҳо хӯрок тақсим мекарданд, балки ҳисобу китоб ва харид мекарданд. Инчунин онҳо бояд пулҳоро дуруст истифода мебурданд. Мардоне, ки интихоб шуда буданд, номҳои юнонӣ доштанд, барои ҳамин шояд ба бевазанони ранҷида қабул кардани кӯмак осон буд. Расулон дар дуо аз Яҳува роҳнамоӣ пурсида, ҳафт мардро барои иҷрои «кори зарур» таъйин карданд.

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

bt саҳ. 45, сарх. 2

Истефанус «аз некӯӣ ва қуввати Худо пур буд»

2 Он лаҳза рӯйи Истефанус дигаргун шуд. Доварон ба ӯ нигоҳ карда аҳамият доданд, ки «рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта аст» (Аъм. 6:15). Азбаски фариштагон хабари Яҳува Худоро мерасонанд, нотарс ва орому осоиштаанд. Дар бораи Истефанус низ ҳамин тавр гуфтан мумкин буд. Ин ҳолати вай ҳатто аз чашми доварони пур аз қаҳру ғазаб пӯшида намонд. Чӣ тавр Истефанус оромиро нигоҳ дошта тавонист?

bt саҳ. 58, сарх. 16

«Хушхабарро дар бораи Исо мавъиза» мекунем

16 Имрӯз масеҳиён мисли Филиппус дар кори мавъиза иштирок мекунанд. Онҳо мисли Филиппус баъзан хабари Подшоҳиро ғайрирасмӣ, масалан, ҳангоми сафар карданашон мерасонанд. Бисёр вақт маълум мегардад, ки воизон одамони самимиро тасодуфан вонамехӯранд. Ин ҳайратовар нест, зеро Китоби Муқаддас аниқ мегӯяд, ки фариштагон кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунанд, то хабари Худо «ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» расонда шавад (Ваҳй 14:6). Исо низ пешгӯйӣ карда буд, ки фариштагон кори мавъизаро роҳнамоӣ мекунанд. Дар мисоли гандум ва алафи бегона, Исо гуфт, ки дар вақти дарав, яъне охирзамон, «даравгарон... фариштагонанд». Ӯ илова кард, ки ин офаридаҳои рӯҳӣ «аз Подшоҳии ӯ ҳамаи онҳоеро, ки сабаби пешпо хӯрдани дигарон мешаванд ва ба корҳои бад даст мезананд, ҷамъ карда» мепартоянд (Мат. 13:37–41). Ҳамзамон фариштагон онҳоеро, ки Худо мехоҳад ба ташкилоташ ҷалб кунад, яъне шахсонеро, ки Подшоҳии Худоро дар осмон мерос мегиранд ва «гӯсфандони дигар»-ро, ки «мардуми сершумор» мебошанд, ҷамъ мекунанд (Ваҳй 7:9; Юҳ. 6:44, 65; 10:16).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан