ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwbr23 март саҳ. 1-9
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
  • Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2023
  • Зерсарлавҳаҳо
  • 6–12 МАРТ
  • 13–19 МАРТ
  • 20–26 МАРТ
  • 27 МАРТ — 2 АПРЕЛ
  • 10–16 АПРЕЛ
  • 17–23 АПРЕЛ
  • 24–30 АПРЕЛ
Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»—2023
mwbr23 март саҳ. 1-9

Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»

© 2022 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania

6–12 МАРТ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 1 ВОҚЕАНОМА 23–26

«Хизмат дар ибодатгоҳ аз рӯйи тартибу низом буд»

it «Левизодагон»

Довуд хизмати левизодагонро хуб ба роҳ монда, нозирон, сардорон, доварон, дарбонон, хазинадорон ва ҳамчунин касони зиёдеро таъйин намуд, то дар ибодатгоҳ, саҳнҳо ва ошхонаҳо ба коҳинон ёрӣ расонанд. Онҳо корҳоеро мекарданд, ки бо овардани ҳадияю қурбониҳо, маросимҳои покшавӣ, баркашию ченкунӣ ва вазифаҳои гуногуни посбонон алоқаманд буданд. Левизодагони сароянда мисли коҳинон ба 24 гурӯҳ тақсим шуда буданд ва ба навбат хизматашонро ба ҷо меоварданд. Вазифаи онҳо аз рӯйи қуръа тақсим карда мешуд. Дар назди кадом дарвоза посбонӣ кардани дарбононро низ ҳамин тавр муайян мекарданд (1Вқ 23; 25; 26; 2Вқ 35:3–5, 10).

it «Коҳин»

Дар ибодатгоҳ коҳинон зери назорати сардорони гуногун хизмат мекарданд. Вазифаи онҳо аз рӯйи қуръа муайян мешуд. Ҳар яке аз 24 гурӯҳ соле ду маротиба дар давоми як ҳафта навбатдорӣ мекард. Чуноне ки дар вақти боз кардани ибодатгоҳ тамоми коҳинон он ҷо хизмат мекарданд, аз афташ, ҳангоми ҷашни идҳо низ, вақте мардум ҳазорҳо қурбониро пешкаш менамуданд, ҳамаи коҳинон дар ибодатгоҳ хизмат мекарданд (1Вқ 24:1–18, 31; 2Вқ 5:11; бо 2Вқ 29:31–35; 30:23–25; 35:10–19 муқоиса кунед). Коҳин дар вақтҳои дигар низ хизмат карда метавонист, ба шарте ки ба коҳинони дигар, ки хизмати худро ба ҷо меоварданд, халал нарасонад. Мувофиқи ривояти пешвоёни дини яҳудӣ, ҳангоми хизмати Исо коҳинон чунон бисёр буданд ки, навбатдории якҳафтаинаи онҳо байни хонаводаҳои ин ё он гурӯҳ тақсим карда мешуд ва ҳар як оила вобаста ба шумораи аъзояш як ё ду рӯз навбатдорӣ мекард.

it «Мусиқӣ»

Ҳангоми ба сохтмони ибодатгоҳи Яҳува тайёрӣ диданаш Довуд 4000 левизодаро ҷудо кард, то сарояндаву навозанда бошанд (1Вқ 23:4, 5). Аз байни онҳо 288 нафарашон «сароиданро таълим гирифта буданд ва ҳамаашон дар ин кор маҳорат доштанд» (1Вқ 25:7). Ҳамаи онҳоро се навозандаи ботаҷриба Осаф, Ҳеймон ва Едутун (аз афташ, ӯро Эйтон низ меномиданд) роҳбарӣ мекарданд. Азбаски ҳар яки сарояндагону навозандагон аз насли яке аз се писари Левӣ, яъне Ҷершӯн, Қаҳот ва Марорӣ, буданд, дар байни сарояндагону навозандагоне, ки дар ибодатгоҳ хизмат мекарданд, намояндагони ҳар се хонаводаи левизодагон буданд (1Вқ 6:16, 31–33, 39–44; 25:1–6). Осаф, Ҳеймон ва Едутун ҳамагӣ 24 писар доштанд ва ҳамаи онҳо ба қатори 288 навозандагони моҳир, ки дар боло гуфтем, дохил мешуданд. Ҳар яки онҳо аз рӯйи қуръа сарвари гурӯҳ интихоб мешуд, ки дар он ғайри онҳо боз 11 навозандаи бомаҳорат аз писарони онҳо ва дигар левизодагон буданд. Ҳамин тавр 288 навозандагони левизода ([1 + 11] × 24 = 288) мисли коҳинон ба 24 гурӯҳ тақсим мешуданд. Агар 3712 нафар навкорро низ аз рӯйи ҳамин тартиб тақсим карда бошанд, он гоҳ ба ҳисоби миёна ба ҳар як 24 гурӯҳ тахминан 155 навкор рост меомад, яъне ба ҳар як навозандаи бомаҳорат 13 навкоре, ки дар марҳилаи гуногуни таълим буд (1Вқ 25:1–31). Азбаски карнайнавозон коҳинон буданд, онҳо ба гурӯҳи ин левизодагони навозанда дохил намешуданд (2Вқ 5:12; бо 4Мс 10:8 муқоиса кунед).

it «Дарбон»

Дар ибодатгоҳ. Каме пеш аз маргаш шоҳ Довуд вазифаҳои левизодагон ва онҳоеро, ки дар ибодатгоҳ хизмат мекарданд, аз ҷумла дарбононро, ки 4000 нафар буданд, тақсим кард. Гурӯҳи дарбонон ҳафт рӯз навбатдорӣ мекарданд. Онҳо хонаи Яҳуваро нигаҳбонӣ ва назорат менамуданд, ки дарҳо дар вақти муайян кушодаву пӯшида шаванд (1Вқ 9:23–27; 23:1–6). Ғайр аз ин, баъзеи онҳо ба хайрияҳое, ки барои рӯпӯш кардани ниёзҳои ибодатгоҳ оварда мешуданд, ҷавобгар буданд (4Пш 12:9; 22:4). Баъдтар, вақте саркоҳин Еҳуёдоъ Еҳуошро ба подшоҳӣ тадҳин кард, ӯ дар назди дарвозаҳои ибодатгоҳ посбононро гузошт, то шоҳзодаро аз дасти Аталёи малика, ки тахтро соҳиб шуда буд, муҳофизат кунад (4Пш 11:4–8). Вақте шоҳ Юшиё бутпарастиро аз қаламраваш решакан мекард, дарбонон кумак карданд, ки ашёҳои бо парастиши Баал алоқамандро, ки баъдтар берун аз шаҳр сӯзонида шуданд, аз ибодатгоҳ бароранд (4Пш 23:4).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w22.03 саҳ. 22, сарх. 10

Ибодати ҳақиқӣ ба шумо хурсандии бештар мебахшад

10 Сурудхонӣ қисми ибодатамон аст (Заб. 28:7). Исроилиёни қадим сурудхониро қисми муҳими ибодаташон меҳисобиданд. Масалан, шоҳ Довуд 288 левизодаро дар ибодатгоҳ ба сифати сарояндагон таъйин карда буд (1 Воқ. 25:1, 6–8). Имрӯз низ вақте мо сурудҳои ҳамду саноро мехонем, муҳаббатамонро ба Яҳува нишон медиҳем. Бояд гуфт, ки барои ин шарт нест, ки мо сарояндаи хуб бошем. Як фикр кунед: Масалан, вақте мо гап мезанем «бисёр хато мекунем», вале новобаста ба ин дар ҷамоат ва мавъиза бо дигарон муошират менамоем (Яъқ. 3:2). Барои ҳамин мо бояд ба камбудиҳои овозамон аз ҳад зиёд аҳамият надиҳем ва бо сурудхониамон Яҳуваро ҳамду сано гӯем.

13–19 МАРТ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 1 ВОҚЕАНОМА 27–29

«Панди меҳрубононаи падар ба писар»

w05 15.2 саҳ. 19, сарх. 9

Хизматгори Худо буданатонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед

9 Дар роҳи ҳақиқат устувор бошед. Барои бо дилпурӣ худро хизматгори Худо ҳисобидан бояд бо Каломи ӯ хуб шинос бошем (Филиппиён 1:9, 10). Ҳар як масеҳӣ, хоҳ хурд бошад, хоҳ калон, бояд бовар ҳосил кунад, ки чизҳое, ки ба он имон дорад, бар Китоби Муқаддас асос ёфтаанд. Павлус ба ҳамимононаш гуфта буд: «Ҳама чизро бисанҷед, ба он чӣ хуб аст, бичаспед» (1 Таслӯникиён 5:21). Кӯдаконе, ки дар оилаи худотарс калон шудаанд, бояд дарк кунанд, ки онҳо ба имони волидонашон такя карда наметавонанд. Довуд писараш Сулаймонро насиҳат карда буд: «Худои падаратро бишнос ва бо тамоми дил... ба ӯ хизмат кун» (1 Воқеанома 28:9). Ба Сулаймони ҷавон танҳо мушоҳида кардани он ки чӣ тавр падараш ба Худо хизмат мекунад, бас набуд. Вай бояд худаш Яҳуваро хуб мешинохт ва ӯ ҳамин тавр ҳам кард. Сулаймон Худоро зорӣ карда гуфт: «Ба ман хирад ва дониш ато кун, то ин халқро роҳбарӣ кунам» (2 Воқеанома 1:10).

w12 15.4 саҳ. 16, сарх. 13

Ба Яҳува бо дили пурра хизмат кунед

13 Дарс аз ин мисол хеле равшан аст. Бо дили пурра ба Яҳува хизмат кардан на танҳо мунтазам ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф овардан ва дар хизмат иштирок карданро дар бар мегирад (2 Вақ. 25:1, 2, 27). Агар масеҳӣ дар дилаш дӯст доштани чизҳои дар ақиббуда, яъне чизҳоеро, ки қисми тарзи ҳаёти ҷаҳони Шайтонанд, давом диҳад, дӯстии байни худ ва Яҳуваро зери хатар мегузорад (Луқ. 17:32). Танҳо агар мо дар ҳақиқат «аз бадӣ нафрат» кунему «ба некӣ» бичаспем, мо ба «Малакути Худо лоиқ» мешавем (Рум. 12:9; Луқ. 9:62). Ҳатто агар баъзе чизҳои ҷаҳони Шайтон ба назар фоиданок ва дилпазир тобанд ҳам, мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки ҳеҷ чиз моро бознамедорад, ки бо дили пурра ба Яҳува хизмат кунем. (2 Қӯр. 11:14; Филиппиён 3:13, 14–ро бихонед.)

w17.09 саҳ. 32, сарх. 20, 21

«Далер бош ва амал намо»

20 Шоҳ Довуд ба Сулаймон хотиррасон кард, ки то ба анҷом расидани сохтмони маъбад, Яҳува бо ӯ хоҳад буд (1 Вақ. 28:20). Сулаймон ин суханони падарашро дар ақлу дилаш ҷо карда буд, барои ҳамин нагузошт, ки ҷавонӣ ва бетаҷрибагиаш дар сохтани маъбад ба ӯ халал расонанд. Ӯ далерона амал карда бо ёрдами Яҳува кори бузургро дар муддати ҳафту ним сол ба охир расонд.

21 Яҳува чи тавре ки ба Сулаймон ёрдам кард, ҳамон тавр ба мо низ ёрдам карда метавонад, ки далерона ӯҳдадориҳоямонро дар оила ва дар ҷамъомад иҷро кунем (Иш. 41:10, 13). Вақте мо далерона ба Яҳува хизмат мекунем, боварӣ дошта метавонем, ки ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда соҳиби баракатҳо мегардем. Аз ин рӯ биёед далер бошем ва амал намоем!

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w17.03 саҳ. 29, сарх. 6, 7

Дӯстӣ дар вақтҳои тангӣ

Дӯсти дигари Довуд Ҳушой буд. Ӯ Довудро дар вақтҳои тангӣ дастгирӣ мекард. (2 Подш. 16:16; 1 Вақ. 27:33). Шояд вай дар дарбори Довуд хизмат мекард ва дӯсту рафиқи шоҳ буд. Ӯ баъзан дастуротҳои махфии шоҳро иҷро мекард.

Вақте ки писари Довуд Абшолӯм ҷойи падарашро гирифтанӣ шуд, бисёр исроилиён тарафдори ӯ шуданд, лекин Ҳушой дар байни онҳо набуд. Довуд гуреза шуд ва аз хиёнати писараш ва баъзе одамони боваринокаш рӯҳафтода шуда буд. Лекин ба ин нигоҳ накарда Ҳушой бо Довуд мондан мехост ва ҳатто ҳаёташро зери хатар гузошта, нақшаи Абшолӯмро вайрон кард. Ҳушой инро аз ҳисси ӯҳдадорӣ накард ва бо ин кораш исбот намуд, ки ӯ дӯсти ҳақиқист (2 Подш. 15:13–17, 32–37; 16:15–17:16).

20–26 МАРТ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 1–4

«Шоҳ Сулаймон қарори бехирадона қабул мекунад»

it «Лашкар»

Ҳукмронии Сулаймон дар таърихи лашкари Исроил марҳилаи нав буд. Сулаймон нисбатан дар сулҳу осоиштагӣ ҳукмронӣ мекард, аммо ӯ шумораи аспу аробаҳояшро зиёд кард. (Ба «АРОБА» нигаред.) Бисёри ин аспҳоро аз Миср мехариданд. Барои аспу аробаҳоро ҷой кардан дар саросари мамлакат шаҳрҳо сохтан лозим буд (3Пш 4:26; 9:19; 10:26, 29; 2Вқ 1:14–17). Аммо Яҳува ин навоварии Сулаймонро ҳеҷ гоҳ баракат намедод. Баъди марги ӯ ва тақсим шудани подшоҳӣ қувваи лашкари исроилиён кам шуд. Дар ин бора баъдтар пайғамбар Ишаъё чунин навишт: «Вой бар онҳое, ки барои кумак ба Миср мераванд, онҳое, ки ба аспҳо таваккал мекунанд, ба аробаҳои ҷангии сершумор ва аспони ҷангии пурзӯр умед мебанданд, аммо ба Худои Поки Исроил назар намедӯзанд ва Яҳуваро намеҷӯянд» (Иш 31:1).

it «Ароба»

То подшоҳ шудани Сулаймон лашкари Исроил аробаҳои зиёд надошт. Сабаби асосиаш амри Худо буд. Ӯ ба подшоҳон гуфта буд, ки шумораи аспонашонро зиёд накунанд, зеро бехатарии Исроил аз ин вобаста набуд. Фаҳмост, ки ин амр ба зиёд кардани шумораи аробаҳо низ дахл дошт (5Мс 17:16). Пайғамбар Самуил дар бораи талабҳои душвори подшоҳ, ки бар дӯши халқ мегузорад, огоҳ карда гуфта буд: «Ӯ писарони шуморо гирифта, барои худ ба хизмати аробаҳо мегузорад» (1Пш 8:11). Вақте Абшолӯм ва Адӯниё соҳиби тахт шудан хостанд, барои худ аробаву аспоне гирифтанд, ки пешопешаш 50 нафар медавид (2Пш 15:1; 3Пш 1:5). Ҳангоме ки шоҳ Довуд подшоҳи Сӯборо шикаст дод, 100 аспи аробаҳои ӯро аз худ кард (2Пш 8:3, 4; 10:18).

Шоҳ Сулаймон лашкари Исроилро ташкил дода шумораи аробаҳояшро ба 1400 расонд (3Пш 10:26, 29; 2Вқ 1:14, 17). Дар Ерусалим ва дигар шаҳрҳо, ки шаҳрҳои аробаҳо ном доштанд, биноҳои махсусе буданд, ки аспҳо ва ашёҳои ҷангиро нигоҳ медоштанд (3Пш 9:19, 22; 2Вқ 8:6, 9; 9:25).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w05 1.12 саҳ. 19, сарх. 6

Фикрҳои манфиатбахш аз китоби дуюми Воқеанома

1:11, 12. Аз хоҳиши Сулаймон Яҳува фаҳмид, ки ӯ сахт мехоҳад соҳиби донишу хирад шавад. Бешубҳа, дуоҳоямон оинаи дили моянд. Барои ҳамин бояд аҳамият диҳем, ки дар бораи чӣ дуо мегӯем.

27 МАРТ — 2 АПРЕЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 5–7

«Дили ман доимо бар он хоҳад буд»

w02 15.11 саҳ. 5, сарх. 1

Биёед аз ҷамъомадҳоямон намонем

Баъдтар, вақте Довуд подшоҳи Ерусалим шуд, ӯ орзу кард, ки барои ҷалоли Яҳува хонаи доимӣ созад. Вале, азбаски Довуд дар ҷангҳои бисёр иштирок карда буд, Яҳува ба вай гуфт: «Ту ба номи ман хона нахоҳӣ сохт». Худо барои сохтани ибодатгоҳ писари Довуд Сулаймонро интихоб кард (1 Воқеанома 22:6–10). Баъд аз ҳафту ним сол Сулаймон сохтмони ибодатгоҳро тамом кард ва соли 1026-и то милод онро тантанавор боз кард. Ин бино ба Яҳува писанд омад ва ӯ чунин гуфт: «Ман... хонаеро, ки бино намудӣ, муқаддас гардондам ва номи худро то абад бар он гузоштам ва чашму дилам доимо бар он хоҳад буд» (3 Подшоҳон 9:3). То даме ки исроилиён ба Яҳува вафодор мемонданд, ӯ ин хонаро баракат медод. Лекин, агар онҳо аз роҳи ҳақиқат дур мешуданд, Яҳува баракаташро аз ин хона мегирифт ва он харобазор мегашт (3 Подшоҳон 9:4–9; 2 Воқеанома 7:16, 19, 20).

it «Ибодатгоҳ»

Таърих. Ибодатгоҳ то соли 607-и то милод, яъне то аз тарафи лашкари шоҳи Бобил Набукаднесар вайрон гаштанаш вуҷуд дошт (4Пш 25:9; 2Вқ 36:19; Ир 52:13). Азбаски исроилиён ба бутпарастӣ дода мешуданд, Яҳува роҳ медод, ки халқҳои дигар ба Яҳудову Ерусалим ҳамла оранд ва ҳатто баъзан ганҷҳои ибодатгоҳро бо худ баранд. Ҳамчунин ибодатгоҳ аз бепарвоии мардум зарар дида буд. Тахминан баъди 33 соли бозшавии ибодатгоҳ Шишақи шоҳи Миср дар рӯзҳои ҳукмронии Раҳабъоми писари Сулаймон, яъне соли 993-и то милод, ганҷҳои ибодатгоҳро ғорат кард (3Пш 14:25, 26; 2Вқ 12:9). Шоҳ Осо (977–937-и то милод) ба хонаи Яҳува эҳтироми зиёд дошт, аммо бо мақсади муҳофизат кардани Ерусалим бехирадона амал намуд. Ӯ нуқра ва тиллои ганҷинаи ибодатгоҳро ба Бин-Ҳадади подшоҳи Арам дод, то вай аҳду паймонашро бо Баъшои подшоҳи Исроил шиканад (3Пш 15:18, 19; 2Вқ 15:17, 18; 16:2, 3).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w10 1.12 саҳ. 11, сарх. 7

Ӯ «дили инсонро» медонад

Мо аз дуои Сулаймон тасаллӣ гирифта метавонем. Баъзан одамон ҳиссиёт ва «дарду азоби» моро пурра намефаҳманд (Панднома 14:10). Лекин Яҳува дили моро медонад ва ба мо ғамхор аст. Вақте мо дар дуо диламонро ба Худо холӣ мекунем, дардамон сабук мешавад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).

10–16 АПРЕЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 8, 9

«Ӯ хирадро қадр мекард»

w99 1.11 саҳ. 20, сарх. 4

Ҳар кӣ саховатмандона корад, саховатмандона медаравад

Бешубҳа, маликаи Сабо барои ба хабаргирии Сулаймон рафтан вақту қуввати зиёд сарф кард. Аз афташ, шоҳигарии Сабо дар минтақаҳои Ҷумҳурии Ямани ҳозира ҷойгир буд. Аз ин рӯ гуфтан мумкин аст, ки вай бо корвоне, ки ҳамроҳаш буд, беш аз 1600 км роҳро тай карда, ба Ерусалим омад. Чи тавре ки Исо гуфта буд, «ӯ аз як гӯшаи дурдасти замин» омад. Чаро маликаи Сабо ин қадар роҳи дурударозу пуразобро тай кард? Мақсади асосии ӯ «суханони хирадмандонаи» Сулаймонро шунидан буд (Луқо 11:31).

w99 1.7 саҳ. 30, сарх. 4, 5

Маликаи Сабо баракати зиёд гирифт

Маликаи Сабо ба Ерусалим «бо шумораи бениҳоят зиёди ходимонаш, ҳамчунин бо равғани хушбӯй ва тиллову сангҳои қиматбаҳои беҳад бисёре, ки бар шутурон буданд», омад (3 Подшоҳон 10:2а). Баъзеҳо мегӯянд, ки ба «шумораи бениҳоят зиёди ходимон»-и ӯ лашкари бузургаш дохил мешуд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро ӯ маликаи пурқудрат буд ва чизу чорае, ки ҳамроҳаш гирифта буд, бо пули ҳозира даҳҳо миллион долларро ташкил медод.

Аҳамият диҳед, ки маликаи Сабо овозаи шоҳ Сулаймонро «ба шарофати номи Яҳува», шунид. Барои ҳамин ин танҳо сафари кориву тиҷоратӣ набуд. Равшан аст, ки малика асосан барои шунидани хиради Сулаймон омада буд, ё, шояд, дар бораи Худои ӯ Яҳува фаҳмидан мехост. Эҳтимол, маликаи Сабо аз насли Сом ё Ҳом, ки Яҳуваро ибодат мекарданд, буд. Барои ҳамин, мумкин, ба ӯ дар бораи дини аҷдодонаш фаҳмидан шавқовар буд.

w99 1.7 саҳ. 30, 31

Маликаи Сабо баракати зиёд гирифт

Вақте маликаи Сабо хиради Сулаймон ва шукӯҳу ҳашамати подшоҳияшро дид, «ҳуш аз сараш парид» (3 Подшоҳон 10:4, 5). Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин ибораро малика «нафасгир» шуд, гуфтан мумкин аст. Як олим ҳатто тахмин мекунад, ки ӯ аз ҳуш рафта буд. Чи хеле ки набошад, малика аз чизҳои дидаву шунидааш ба ҳайрат афтода буд. Ӯ одамони Сулаймонро хушбахт номид, зеро онҳо имконият доштанд, ки хиради шоҳро шунаванд. Инчунин малика Яҳуваро, барои он ки Сулаймонро подшоҳ кардааст, ҳамду сано хонд. Сипас ӯ ба шоҳ туҳфаҳои қиматбаҳо дод, ки аз байнашон, агар танҳо тиллоро ҳисоб кунем, ба пули ҳозира 40 000 000 доллар мешавад. Сулаймон ҳам «ҳар чизеро, ки дили маликаи Сабо кашиду вай хоҳиш кард», ба ӯ дод (3 Подшоҳон 10:6–13).

it «Сулаймон»

Вақте маликаи Сабо бузургии ибодатгоҳ, қасри пурҳашамати Сулаймон, хӯроки дастархони ӯ, ходимонеро, ки дар сари он менишастанд, рафтори пешхизматону сарулибоси онҳо, соқиён ва ҳамчунин қурбониҳои сӯхтаниеро, ки ӯ доимо дар хонаи Яҳува меовард, дид, ҳуш аз сараш парид ва гуфт: «Ба ман ҳатто нисфашро нагуфта будаанд. Хирад ва ҳашамати ту аз овозаат бештар будааст». Ӯ хизматгорони чунин подшоҳро хушбахт номид. Баъди дидани ҳамаи ин чизҳо маликаи Сабо Яҳуваро ҳамду сано хонд. Ӯ Яҳува Худоро, ки аз муҳаббат ба Исроил Сулаймонро таъйин кард, то аз рӯйи адлу инсоф халқро доварӣ кунад, ситоиш кард (3Пш 10:4–9; 2Вқ 9:3–8).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Тахт»

Тахти Сулаймон ягона тахти подшоҳиест, ки дар Китоби Муқаддас батафсил тасвир карда шудааст (3Пш 10:18–20; 2Вқ 9:17–19). Аз афташ, он дар толори Тахт, дар яке аз биноҳои кӯҳи Мӯриё, ки дар Ерусалим буд, меистод (3Пш 7:7). Тахти подшоҳ аз устухони фил буд ва бо зари тоза рӯкаш шуда, дастмонакҳо дошт ва дар пасаш соябони гирд буд. Масолеҳи асосии тахти подшоҳ устухони фил бошад ҳам, мувофиқи усули сохтмони ибодатгоҳ, аз афташ, он аз чӯб сохта шуда буду бо зари тоза рӯкаш шуда, бо устухони фил оро ёфта буд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё ин тахт пурра аз устухони филу тилло сохта шудааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «сӯйи он тахт шаш зинапоя мебурд... Ду тарафи тахт дастмонакҳо дошт ва дар бари он дастмонакҳо ду шер меистод. Бар шаш зинапоя 12 шер меистод, яктогӣ аз ду тарафи ҳар зинапоя» (2Вқ 9:17–19). Ин ҳайратовар нест, чунки шер рамзи қудрату ҳокимият буд (1Мс 49:9, 10; Ошк 5:5). Аз афташ 12 шер 12 қабилаи Исроилро тасвир мекард; эҳтимол, шерҳо рамзи он буданд, ки қабилаи Исроил ба ҳокиме, ки дар тахт нишастааст, итоат карда онро дастгирӣ менамуд. Ба тахт поймонаки тиллоие мепайваст. Аз он ки ин тахт аз устухони филу зари тоза сохта шуда, дар баландӣ ҷойгир буду дар пасаш соябони гирду дар пешаш шерони бузургҷусса дошт, маълум аст, ки он боҳашаматтарин тахти он давру замон буд. Инро бозёфтҳои бостоншиносон, расмҳое, ки дар ёдгориҳои қадима ё навиштаҷот тасвир ёфтаанд, исбот мекунанд. Суханони 2 Воқеанома 9:19 низ инро тасдиқ менамоянд: «Тахте мисли он дар ягон мамлакати дигар сохта нашуда буд».

17–23 АПРЕЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 10–12

«Маслиҳати хирадмандонаро қабул кунед»

w18.06 саҳ. 13, сарх. 3

Ӯ метавонист розигии Яҳуваро ба даст орад

Раҳабъом бояд интихоб мекард, ки чӣ кор кунад. Агар ӯ талаботи мардумро қонеъ гардонда юғашонро сабук кунад, он гоҳ худаш, оилааш ва аҳли дарбор мисли пештара бароҳат зиндагӣ карда наметавонанд. Аз тарафи дигар, агар гуфтаҳои халқро иҷро накунад, мардум исён бардошта метавонад. Ӯ чӣ кор кард? Подшоҳ аввал бо шахсони калонсол, ки машваратчиёни падараш буданд, маслиҳат кард. Лекин баъдтар Раҳабъом аз ҷавононе, ки бо ӯ калон шуда буданд, маслиҳат пурсид. Ӯ маслиҳати онҳоро гӯш дода қарор кард, ки бори халқро сабук намекунад. Аз ин рӯ Раҳабъом ба халқ ҷавоб гардонда гуфт: «Падарам юғи шуморо гарон карда буд, вале ман онро боз ҳам гаронтар хоҳам кард; падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, вале ман — бо нешҳои каждум» (2 Вақ. 10:6–14).

w01 1.9 саҳ. 28, 29

Чӣ тавр қарорҳои бохирадона қабул кунем?

Ҳамчунин Яҳува дар ҷамоат масеҳиёни баркамолро таъйин кард, то ҳангоми баровардани қарорҳои муҳим ба онҳо муроҷиат кунем (Эфсӯсиён 4:11, 12). Лекин дар вақти маслиҳатпурсӣ набояд ба шахсоне пайравӣ кунем, ки барои шунидани маслиҳате, ки ба гӯшашон хуш меояд, пеши ину пеши он кас мераванд ва танҳо баъд маслиҳатро қабул мекунанд. Мо бояд намунаи бади Раҳабъомро дар хотир дорем. Пеш аз баровардани қарори муҳим ба ӯ мардони пиронсоле, ки ба падараш хизмат мекарданд, маслиҳати хуб доданд. Лекин ӯ ба гапи онҳо гӯш надода бо ҳамсолони худ маслиҳат кард. Раҳабъом ба гуфти ҳамсолонаш амал карда қарори нодуруст баровард ва дар натиҷа қисми зиёди подшоҳияшро аз даст дод (3 Подшоҳон 12:1–17).

Аз шахсони таҷрибадор, ки Навиштаҳоро нағз медонанду аз рӯйи принсипҳои одилонаи Худо зиндагӣ мекунанд, маслиҳат пурсед (Панднома 1:5; 11:14; 13:20). Вақт ҷудо карда дар бораи принсипҳое, ки ба масъалаи шумо дахл доранд ва маълумоте, ки дар ин мавзуъ ҷамъ овардед, мулоҳиза ронед. Вақте принсипҳои Каломи Худоро ба назар гирифта вазъиятатонро бармекашед, ҳалли масъала бароятон равшантар мешавад (Филиппиён 4:6, 7).

it «Раҳабъом»

Аз сабаби ғуруру ҳавобаландии Раҳабъом аксари исроилиён бар зидди ӯ баромаданд. Хонадони Довудро фақат қабилаи Яҳудою Бинёмин дастгирӣ карданду халос; ғайр аз ин коҳинону левизодагон аз подшоҳии даҳқабилаю дуқабила ва шахсони алоҳида аз подшоҳии даҳқабила, Раҳабъомро тарафдорӣ карданд (3Пш 12:16, 17; 2Вқ 10:16, 17; 11:13, 14, 16).

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

it «Деви бузшакл»

Аз суханони Юшаъ маълум аст, ки исроилиён ҳангоми дар Миср буданашон ба як андоза ба бутпарастӣ дода шуда буданд. Ҳизқиёл дар навбати худ гуфта буд, ки онҳо баъди аз Миср баромаданашон низ муддати дароз урфу одати бутпарастонро риоя мекарданд (Юш 24:14; Ҳз 23:8, 21). Олимон дар асоси ин маълумот тахмин мекунанд, ки амри «ба девҳои бузшакл қурбонӣ» наовардан (3Мс 17:1–7) ва он ки Ёробъом «барои баландиҳо, девҳои бузшакл ва гӯсолаҳои сохтааш коҳинони худро таъйин кард» (2Вқ 11:15) нишон медиҳад, ки исроилиён ба ким-кадом намуди парастиши бузҳо, ки дар Миср, аз он ҷумла дар Мисри Поён, паҳн шуда буд, дода шуда буданд. Ба гуфти Ҳеродот (II. 46), зери таъсири ин урфу одати мисриён юнониҳо парастиши Пан ва сотирҳоро (худоҳои ҷангал, ки бо гузашти вақт бо шох ва думу пойи буз тасвир мешуданд) сар карданд. Тахмин меравад, ки дар асоси тасаввурот дар бораи худоҳои нимодаму нимҳайвон Шайтонро бо думу шох ва пойи ҳайвоншакл тасвир мекардагӣ шуданд. Ин одат дар асри миёна дар байни ба ном масеҳиён паҳн шуда буд.

Бо вуҷуди ин то ба ҳол маълум нест, ки калимаи ибрии сеирим чӣ маъно дорад. Ба ақидаи баъзеҳо, зери ин калима бузҳо ё бутҳои бузшакл дар назар аст, лекин ин ақидаро ягон маълумот ё оятҳои дигар тасдиқ намекунанд. Эҳтимол, ин калима ба он ишора мекунад, ки дар тасаввуроти бутпарастон худоёни бардурӯғашон ба бузҳо ё дигар ҳайвони серпашм монанд буданд. Ё, шояд, калимаи «бузҳо»-ро барои нишон додани нафрат ба тамоми бутҳо истифода мебурданд. Масалан, калимаи ибрие, ки дар бисёр оятҳо нисбат ба бутҳо кор фармуда мешавад, аз калимае, ки маънои «пораи саргин»-ро дорад, реша мегирад, вале ин маънои онро надорад, ки бутҳоро дар асл аз саргин месохтанд (3Мс 26:30; 5Мс 29:17).

24–30 АПРЕЛ

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 13–16

«Ҳамеша ба Яҳува такя кунед»

w21.03 саҳ. 5, сарх. 12

Ҷавонон, чӣ хел шумо боварии дигаронро ба даст оварда метавонед?

12 Шоҳ Осо дар ҷавониаш фурӯтану далер буд. Масалан, ҳамин ки вай баъди марги падараш Абиё бар тахт нишаст, бар зидди бутпарастӣ мубориза бурданро сар кард. Ӯ инчунин «ба аҳли Яҳудо гуфт, ки Худованд Худои падарони худро ҷӯё бошанд, ва шариат ва аҳкомро ба амал оваранд» (2 Вақ. 14:1–7). Вақте Зораҳи ҳабашӣ бар зидди Яҳудо бо 1 000 000 сарбоз ба ҷанг баромад, Осо бохирадона амал намуда ба Яҳува рӯ оварда гуфт: «Худовандо ҷуз Ту касе нест, ки ба камзӯр ба муқобили пурзӯр тавонад мадад расонад. Пас, эй Худованд Худои мо, ба мо мадад расон, зеро ки мо ба Ту таваккал кардаем». Ин суханони зебо нишон медиҳанд, ки Осо ба Яҳува имони бисёр қавӣ дошт ва дилпур буд, ки Худо ӯву халқашро наҷот дода метавонад. Осо ба Падари осмониаш такя мекард ва Ӯ «ҳабашиёнро... шикаст дод» (2 Вақ. 14:8–12).

w21.03 саҳ. 5, сарх. 13

Ҷавонон, чӣ хел шумо боварии дигаронро ба даст оварда метавонед?

13 Албатта, бар зидди 1 000 000 лашкар баромадан душвор буд, лекин азбаски Осо ба Яҳува такя кард, ғалаба ба даст овард. Аммо афсӯс, ки ҳангоми сар задани душвории на он қадар калон Осо аз Яҳува роҳнамоӣ наҷуст. Вақте подшоҳи бадкори Исроил Баъшо ба Осо таҳдид кард, Осо бо Яҳува маслиҳат накард. Ба ҷойи ин вай аз подшоҳи Арам мадад пурсид. Оқибати ин қарораш ҳалокатовар буд! Баъд аз ин Осо ҳама вақт бо ҷангҳо рӯ ба рӯ мешуд. Яҳува ба воситаи пайғамбар Ҳанонӣ ба Осо сабаби инро фаҳмонда гуфт: «Ту ба подшоҳи Арам таваккал кардӣ, валекин ба Худованд Худои худ таваккал накардӣ» (2 Вақ. 16:7, 9; 3 Подш. 15:32). Мо аз ин чӣ дарс мегирем?

w21.03 саҳ. 6, сарх. 14

Ҷавонон, чӣ хел шумо боварии дигаронро ба даст оварда метавонед?

14 Хоксор монед ва ба Яҳува такя карданро давом диҳед. Бо таъмид гирифтанатон шумо имони қавӣ ва ба Яҳува такя карданатонро нишон додед. Яҳува бошад, шуморо бо хурсандӣ ба оилаи Худ қабул кард. Акнун муҳим аст, ки минбаъд низ ба Яҳува такя кунед. Табиист, ки дар масъалаҳои муҳими ҳаёт шахс ба Яҳува таваккал мекунад, вале дар мавриди қарорҳои начандон муҳим чӣ гуфтан мумкин? Хеле муҳим аст, ки дар ҳар маврид, хоҳ дар мавриди интихоби вақтхушӣ бошад, хоҳ дар интихоби ҷойи кор ва гузоштани мақсадҳо ба Яҳува такя кунед! Ба хиради худ такя накунед. Аз Китоби Муқаддас принсипҳоеро ҷӯед, ки дар вазъияти шумо корбурданд ва сипас мувофиқи онҳо амал кунед (Мас. 3:5, 6). Агар ин тавр кунед, дили Яҳуваро хурсанд месозед ва ҳурмати бародару хоҳарони ҷамъомадро сазовор мегардед. (1 Тимотиюс 4:12-ро хонед.)

Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

w17.03 саҳ. 19, сарх. 7

Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!

7 Ҳар яки мо дили худро тафтиш карда метавонем, то бубинем, ки оё диламон пурра ба Яҳува содиқ аст ё не. Барои ин аз худ пурсед: «Оё ман сахт мехоҳам, ки дили Яҳуваро хурсанд кунам, ибодати ҳақиқиро дастгирӣ намоям ва халқашро аз таъсири бад ҳимоя кунам?» Тасаввур кунед, ки барои ба муқобили бибиаш, маликаи Маако, баромадан ба Осо чӣ қадар далерӣ лозим буд! Шояд шумо касеро намедонед, ки мисли ин малика рафтор карда бошад, лекин ҳолатҳое шуданаш мумкин аст, ки дар он шумо метавонед ба ғайрати Осо пайравӣ кунед. Масалан, агар ягон аъзои оила ё дӯсти наздикатон гуноҳ карда тавба накунад ва аз ҷамъомад хориҷ шавад, шумо чӣ кор мекардед? Оё зудтар чораҳои лозима андешида бо ӯ муоширатро бас мекардед? Дар ин вазъият дилатон шуморо ба чӣ водор мекард?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан