Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
© 2023 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
1–7 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 17–19
«Ба дигарон бо чашми Яҳува нигаред»
Оё дили шумо ба Навиштаҳо моил аст?
7 Дар бораи писари Осо, Еҳӯшофот, чӣ гуфтан мумкин аст? Ӯ хислатҳои нағз дошт. Ба Худо такя намуда Еҳӯшофот бисёр корҳои хуб кард. Лекин ӯ ҳамчунин бехирадона амал мекард. Масалан, ӯ духтари подшоҳи золим Аҳъобро барои писараш келин кард. Ва баъдтар нигоҳ накарда ба огоҳии пайғамбар Микойҳу, ӯ бо шоҳ Аҳъоб ба муқобили арамиён ба ҷанг рафт. Дар ин ҷанг Еҳӯшофотро қариб кушта буданд (2 Вақ. 18:1–32). Вақте ки ӯ ба Ерусалим баргашт, пайғамбар Еҳу аз ӯ пурсид: «Оё туро сазад, ки ба шарире ёварӣ намоӣ, ва душманони Худовандро дӯст дорӣ?» (2 Вақоеънома 19:1–3-ро хонед.)
w15 15.8 саҳ. 11, 12, сарх. 8, 9
Дар бораи муҳаббати пойдори Яҳува мулоҳиза ронед
8 Яҳува мехоҳад, то мо донем, ки Ӯ моро чӣ қадар дӯст медорад. Ӯ доимо дар мо ягон чизи хуб мекобад, барои ҳамин на танҳо хатоҳову нокомилиамонро мебинад (2 Вақ. 16:9). Биёед бинем, ки чӣ тавр Яҳува бо Еҳӯшофот — подшоҳи Яҳудо муносибат кард. Боре ӯ бехирадӣ карда ҳамроҳи подшоҳи Исроил ба Ромӯт-Ҷилъод барои бар зидди арамиён ҷанг кардан рафт. Чорсад пайғамбари бардурӯғ гаштаву баргашта ба Аҳъоб мегуфтанд, ки ӯ ҳатман ғалаба мекунад. Аммо пайғамбари ҳақиқии Яҳува — Микойҳу пешгӯӣ кард, ки ӯ дар ин ҷанг шикаст мехӯрад. Аҳъоб дар ҷанг ҳалок шуд. Еҳӯшофот бошад, қариб буд, ки кушта шавад, лекин ҷон ба саломат бурд. Вақте ки ӯ ба Ерусалим баргашт, Яҳува ба воситаи пайғамбар Еҳу Еҳӯшофотро сарзаниш кард. Сипас ӯ гуфт: «Аммо дар ту аъмоли нек низ ёфт шудааст» (2 Вақ. 18:4, 5, 18–22, 33, 34; 19:1–3).
9 Чандин сол пеш аз ин воқеа Еҳӯшофот ба сарварон, левизодагон ва коҳинон амр дода буд, ки тамоми шаҳрҳои Яҳудоро гашта Қонуни Яҳуваро ба одамон таълим диҳанд. Ин чунон амали самаранок буд, ки ҳатто халқҳои ҳамсоя аз Яҳува тарс пайдо карданд (2 Вақ. 17:3–10). Бале, Еҳӯшофот кори бехирадона кард, лекин Яҳува корҳои некашро фаромӯш нанамуд. Ин воқеа хеле рӯҳбаландкунанда аст, чунки ҳамаи мо хато мекунем. Лекин, агар мо аз таҳти дил ба Яҳува хизмат кунем, Ӯ корҳои хубамонро фаромӯш намесозад ва ҳеҷ гоҳ аз мо рӯ намегардонад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
Аз самими қалб ба Яҳува хизмат кунед!
10 Еҳӯшофот «бо роҳи падари худ Осо рафтор намуд» (2 Вақ. 20:31, 32). Чӣ хел? Ӯ мисли падараш одамонро бармеангехт, ки Яҳуваро ибодат кунанд. Вай мардонро ба Яҳудо фиристод, то ки онҳо одамонро аз «китоби Тавроти Худованд» таълим диҳанд (2 Вақ. 17:7–10). Еҳӯшофот ҳатто ба минтақаи шимолии салтанати Исроил, ба назди одамоне ки дар кӯҳҳои Эфроим зиндагӣ мекарданд, рафта «онҳоро сӯи Худованд... баргардонид» (2 Вақ. 19:4). Еҳӯшофот подшоҳе буд, ки «бо тамоми дили худ Худовандро ҷӯё шуд» (2 Вақ. 22:9).
11 Имрӯз низ Яҳува мехоҳад, ки ҳама одамон дар борааш таълим гиранд. Ҳамаи мо дар ин кори таълимдиҳӣ саҳми худро гузошта метавонем. Оё шумо мақсад доред, ки ҳар моҳ дар ин кор иштирок кунед? Оё шумо мехоҳед, ки ба дигарон Каломи Худоро таълим диҳед, то онҳо низ Яҳуваро ибодат кунанд? Оё шумо дар ин бора дуо мегӯед? Агар ҳаракат кунед Яҳува ба шумо кӯмак мекунад, ки бо ягон кас омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кунед. Оё шумо тайёред, ки барои бо касе омӯзиш гузарондан вақтатонро сарф кунед? Чи хеле ки Еҳӯшофот ба минтақаи Эфроим рафта ба одамон кӯмак расонд, ки ба назди Яҳува баргарданд, мо низ ба онҳое ки ғайрифаъоланд кӯмак расонда метавонем. Илова бар ин пирони ҷамъомад кӯшиш мекунанд, то касонеро ки аз ҷамъомад хориҷ шуда буданду аз роҳашон гаштанд, хабар гирифта ба онҳо кӯмак расонанд.
8–14 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 20, 21
«Ба Худоятон Яҳува имон дошта бошед»
w14 15.12 саҳ. 23, сарх. 8
Анҷоми ин дунёро якҷоя пешвоз мегирем
8 Дар замони подшоҳ Еҳӯшофот ба халқи Худо яке аз давлатҳои ҳамсоя, ки лашкари сершумор ва пурқуввате дошт, ҳамла овард (2 Вақ. 20:1, 2). Вале хизматгорони Худо намекӯшиданд, ки бо душман бо қуввати худ ҷанг кунанд. Ба ҷои ин онҳо ба Яҳува муроҷиат намуданд. (2 Вақоеънома 20:3, 4-ро бихонед.) Онҳо ҳар кадоме ба таври худ ба Худо муроҷиат накарданд, балки ҳамаашон дар як ҷо ҷамъ омаданд. Дар Китоби Муқаддас мо мехонем: «Тамоми аҳли Яҳудо ба ҳузури Худованд истода буданд, низ кӯдаконашон, занонашон ва писаронашон» (2 Вақ. 20:13). Тамоми халқ аз ҷавон то пир ба Яҳува такя карданд ва ҳама чизеро ки ба онҳо гуфта шуд, иҷро намуданд. Онҳо якдилона амал намуданд ва Яҳува онҳоро аз душманонашон муҳофизат намуд (2 Вақ. 20:20–27). Ин мисол хуб нишон медиҳад, ки чӣ тавр халқи Худо якдилона ба душворӣ муқобилат мекунад.
Навхонадорон, хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузоред
7 Яҳува ба воситаи Яҳазиил ном левизода ба Еҳушофот гуфт: «Бархезед, биистед ва бубинед, ки чӣ тавр Яҳува шуморо наҷот медиҳад» (2 Воқ. 20:13–17). Ҳарчанд ин дастурот ғайриодӣ метофт, онро Яҳува дода буд. Бинобар ин шоҳ Еҳушофот ба Яҳува таваккал намуда ба гуфти ӯ амал кард. Вақте Еҳушофот бо халқ ба майдони ҷанг баромаданд, ӯ дар қатори аввал на ҷанговарони беҳтарин, балки сарояндагони бесилоҳро монд. Яҳува бошад, дар гапаш истода лашкари душманро нобуд сохт (2 Воқ. 20:18–23).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
it «Еҳуром»
Еҳуром ба намунаи хуби падараш Еҳушофот пайравӣ накард, чунки ба таъсири бади занаш Аталё дода шуда буд (4Пш 8:18). Ӯ на танҳо шаш бародари худ ва амирони Яҳудоро кушт, балки ҳамчунин мардумро аз Яҳува дур карда онҳоро ба ибодати худоёни бегона ташвиқ кард (2Вқ 21:1–6, 11–14). Аз ин рӯ дар давоми тамоми ҳукмрониаш дар дохили мамлакат ва берун аз он душвориҳо буданд. Масалан, Адӯм ва баъдтар Либно низ бар зидди Яҳудо исён бардоштанд (4Пш 8:20–22). Дар мактуби худ ба Еҳуром пайғамбар Илёс чунин огоҳӣ дода буд: «Яҳува халқи ту, писарони ту, занони ту ва тамоми дороии туро ба балои сахте гирифтор мекунад. Аз дардҳои зиёде, аз ҷумла аз дарди рӯда, азоб мекашӣ ва касалиат рӯз ба рӯз вазнин мешаваду рӯдаҳоят берун меоянд» (2Вқ 21:12–15).
Ҳамааш айнан ба гуфти пайғамбар шуд. Яҳува роҳ дод, ки арабҳо ва фалиштиён ба Яҳудо ҳамла карда, занону писарони Еҳуромро ба асирӣ баранд. Яҳува ба хотири аҳде, ки бо Довуд дар бораи подшоҳӣ баста буд, иҷозат дод, ки танҳо писари хурдии Еҳуром, Еҳуоҳоз (Аҳазё), зинда монад. «Пас аз ҳамаи ин Яҳува [Еҳуромро] ба дарди бедавои рӯда гирифтор кард». Баъди ду соли расо «рӯдаҳояш ба сабаби касалӣ берун омаданд» ва ӯ мурд. Ҳамин тавр умри ин марди бадкор ба охир расид ва «вақте ӯ мурд, касе зиқ нашуд». «Еҳуромро дар Шаҳри Довуд, вале на дар қабри шоҳон, гӯронданд». Баъди марги ӯ писараш Аҳазё подшоҳ шуд (2Вқ 21:7, 16–20; 22:1; 1Вқ 3:10, 11).
15–21 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 22–24
«Далерӣ баракат меорад»
w09 1.4 саҳ. 24, сарх. 1, 2
Еҳуош аз пушти дӯстонаш Яҳуваро тарк кард
ДАР ЕРУСАЛИМ, ки ибодатгоҳи Худо он ҷо буд, вазъият тинҷу ором набуд. Навакак шоҳ Аҳазё кушта шуд. Баъд аз ин воқеаи даҳшатноке рӯй дод, ки ба ақли одам намеғунҷад. Модари Аҳазё фармон дод, ки тамоми писарони Аҳазё, яъне наберагони ӯро, аз як сар кушанд. Медонӣ барои чӣ? ~ Аталё мехост, ки худаш бар Яҳудо ҳукмронӣ кунад.
Лекин Аталё намедонист, ки яке аз наберагонаш, Еҳуоши хурдсол, зинда монд. Медонӣ барои чӣ? ~ Аммаи Еҳуош, ки Еҳушобаъ ном дошт, ӯро дар ибодатгоҳи Худо пинҳон кард. Дар ин кор ба ӯ шавҳараш саркоҳин Еҳуёдоъ ёрдам дод. Онҳо якҷоя Еҳуоши хурдсолро парасторӣ мекарданд.
w09 1.4 саҳ. 24, сарх. 3–5
Еҳуош аз пушти дӯстонаш Яҳуваро тарк кард
Шаш сол ҳеҷ кас аз ин сир хабардор нашуд. Дар ин вақт ба Еҳуош дар бораи Яҳува ва қонунҳояш таълим медоданд. Вақте Еҳуош ҳафтсола шуд, Еҳуёдоъ ӯро подшоҳ карданӣ шуд. Медонӣ Еҳуёдоъ барои ин чӣ кор кард ва бо бибии бадкори Еҳуош, Аталёи малика, чӣ шуд? ~
Еҳуёдоъ пинҳонӣ посбонони қасрро ҷамъ кард ва ба онҳо гуфт, ки чӣ тавр ҳамроҳи занаш шоҳзодаро наҷот дод. Еҳуошро дида, посбонон фаҳмиданд, ки ӯ вориси қонунӣ аст. Баъд онҳо якҷоя нақшаи корро маслиҳат карданд.
Еҳуёдоъ Еҳуошро аз ибодатгоҳ бароварда, ӯро подшоҳ эълон кард. Тамоми мардум чапак зада гуфтанд: «Зинда бод подшоҳ!» Посбонон подшоҳро аз ҳар тараф гирд карда муҳофизат карданд. Вақте Аталё овози хурсандиву шодии мардумро шунид, дарҳол ба ибодатгоҳ омад ва дод зада гуфт: «Хиёнат! Хиёнат!» Лекин бо фармони Еҳуёдоъ ӯро ҳамон замон аз он ҷо бурда, куштанд (4 Подш. 11:1–16).
it «Гӯронидан, гӯр»
Саркоҳини росткор, Еҳуёдоъро, «дар Шаҳри Довуд бо шоҳон гӯронданд» ва ҳамин тавр ҳурмату иззати ӯро ба ҷо оварданд. Ӯ ягона шахсест, ки аз авлоди подшоҳон набуду ба ин шарафманд гашт (2Вқ 24:15, 16).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
it «Закарё»
12. Писари Еҳуёдои саркоҳин. Баъди марги Еҳуёдоъ Еҳуоши подшоҳ ба ҷойи гӯш кардани пайғамбарони Яҳува ба гапи маслиҳатгарони бад гӯш дода, аз ибодати пок дур шуд. Закарёи аммабачаи Еҳуош (2Вқ 22:11) мардумро огоҳ кард ки, агар аз Яҳува рӯ гардонанд, бо онҳо чӣ мешавад. Лекин, одамон ба ҷойи тавба кардан ӯро дар саҳни ибодатгоҳ сангсор карда куштанд. Дар дами маргаш Закарё чунин гуфт: «Бигзор Яҳува инро бубинад ва бозхост намояд». Ин хоҳиши ӯ, ки пешгӯйӣ буд, иҷро шуд: Арам ба Яҳудо зарари калон расонд, Еҳуошро бошад, ду ходимаш барои «хуни писарони Еҳуёдои коҳин» кушт. Дар Септуагинтаи юнонӣ ва Вулгатаи лотинӣ гуфта мешавад, ки Еҳуошро барои гирифтани қасди хуни «писар»-и Еҳуёдоъ куштанд. Лекин дар матнҳои масоретӣ ва Пешиттаи арамӣ калимаи «писарон» омадааст. Ин шакли ҷамъ, аз афташ, хислатҳои олиҷаноб ва қадру қимати Закарёи писари Еҳуёдоъро, ки ҳам пайғамбару ҳам коҳин буд, қайд мекунад (2Вқ 24:17–22, 25).
22–28 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 25–27
«Яҳува метавонад ба ту аз ин зиёдтар диҳад»
it «Еҳуош»
Еҳуош ҳамчунин сад ҳазор ҷанговари пурзӯрашро ба подшоҳи Яҳудо барои ҷанг бо адӯмиён киро дод. Лекин, нигоҳ накарда ба он ки барои кирои ин сарбозон аллакай 100 киккар нуқра (660 600 доллар) дода шуда буд, бо маслиҳати «марди Худо» шоҳ онҳоро ба хонаашон фиристод. Сарбозон аз ин сахт ба ғазаб омаданд. Аз афташ, онҳо умед доштанд, ки дар ҷанг ғанимат ба даст меоранд, барои ҳамин, вақте ба хонаашон, ба шимол, мерафтанд, дар роҳ шаҳрҳои подшоҳии ҷанубиро аз Сомария (ки, шояд, маркази амалиёташон буд) то Байт-Ҳорӯн ғорат карданд (2Вқ 25:6–10, 13).
Чӣ тавр некуии Яҳуваро бичашем?
16 Ба хотири Яҳува аз баҳри баъзе чизҳо гузаред. Барои ба Яҳува писанд омадан ба мо шарт нест, ки тамоман аз баҳри роҳати худ гузарем (Пандгӯ 5:19, 20). Лекин, агар роҳ диҳем, ки чизҳои бароямон маъқул моро аз бисёртар ба Яҳува хизмат кардан боздоранд, мо хатои марди сарватдорро такрор мекунем, ки Исо мисол оварда буд. Ӯ аз пайи роҳати худ шуда Яҳуваро гӯш накард. (Луқо 12:16–21-ро хонед.) Бародар Кристиан, ки аз Фаронса мебошад, мегӯяд: «Ман ба Яҳува ва оилаам вақту қуввати беҳтаринамро намедодам». Ӯ ва ҳамсараш қарор карданд, ки пешрав мешаванд, вале барои ба ин мақсад расидан онҳо бояд корашонро дигар мекарданд. Барои таъмини худ онҳо бо рӯбучин машғул шуданд ва ба пули кам қонеъ шуданро ёд гирифтанд. Оё онҳо аз ин қурбонии худ хурсанданд? Кристиан мегӯяд: «Ҳоло мо аз хизмат бисёртар баҳра мегирем ва, вақте мебинем, ки омӯзандагону боздидҳоямон дар бораи Яҳува мефаҳманд, хурсандиамон дучанд мегардад».
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w07 15.12 саҳ. 10, сарх. 1, 2
Оё шумо маслиҳатгари рӯҳан баркамол доред?
Дар 16-солагияш Узиё шоҳи подшоҳии ҷанубии Яҳудо шуд. Ӯ зиёда аз 50 сол ҳукмронӣ кард, яъне аз охирҳои асри нӯҳ то аввалҳои асри ҳашт. Узиё аз хурдсолӣ «он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард». Аз кадом сабаб ӯ роҳи дурустро интихоб кард? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Ӯ дар айёми Закарё, ки ба ӯ худотарсиро таълим медод, Худоро ҷӯё буд. Тамоми он вақте ки ӯ Яҳуваро меҷуст, Худо ӯро комёб мекард» (2 Воқеанома 26:1, 4, 5).
Дар бораи Закарё, ки маслиҳатгари подшоҳ буд, асосан ин порчаи Китоби Муқаддас маълумот медиҳад. Ба Узиёи ҷавон Закарё, ки «ба ӯ худотарсиро таълим медод», таъсири хуб мерасонд ва ба корҳои хуб ташвиқ мекард. Дар як маълумотнома гуфта мешавад, ки, аз афташ, Закарё «донандаи хуби Навиштаҳои Муқаддас буд, таҷрибаи бойи рӯҳонӣ дошт ва муаллими моҳир буд («The Expositor’s Bible»). Як олими Китоби Муқаддас дар бораи Закарё чунин мегӯяд: «Ӯ пешгӯйиҳоро хуб медонист... бофаҳм, худотарс, инсони хуб буд ва, аз афташ, ба Узиё таъсири зиёд расонд».
29 МАЙ — 4 ИЮН
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 28, 29
«Волидонатон ба Яҳува хизмат накунанд ҳам, шумо хизмат кунед»
Аз дӯстони наздики Худо ибрат гиред
8 Баръакси Рут шоҳ Ҳизқиё дар байни халқе таваллуд шуд, ки худро ба Яҳува бахшида буд. Лекин на ҳама исроилиён ба Яҳува содиқ буданд. Падари Ҳизқиё, шоҳ Оҳоз яке аз чунин одамон буд. Ин подшоҳи бадкирдор тамоми Яҳудоро ба бутпараст кард ва ҳатто нисбати маъбади муқаддаси Яҳува дар Ерусалим беэҳтиромӣ нишон дод. Барои мо замони даҳшатноки кӯдакии Ҳизқиёро тасаввур кардан хеле душвор аст. Баъзе бародарони ӯ ҳамчун қурбонӣ барои худоёни бардурӯғ дар оташ сӯзонида мешуданд! (4 Подш. 16:2–4, 10–17; 2 Вақ. 28:1–3).
Аз дӯстони наздики Худо ибрат гиред
9 Ҳизқиё метавонист аз Яҳува гиламанд шавад ва бар зидди Ӯ барояд. Дар рӯзҳои мо одамоне ки ҳатто нисфи душвориҳои Ҳизқиёро аз сар нагузаронидаанд, фикр мекунанд, ки онҳо барои аз Яҳува ва ташкилоти Ӯ хафа шудан сабабҳои ҷиддӣ доранд (Мас. 19:3). Баъзе одамони дигар фикр мекунанд, ки азбаски дар оилаи нотинҷ калон шудаанд, маҷбуранд, ки бо роҳи бад раванд ва хатогиҳои падару модарашонро такрор кунанд (Ҳиз. 18:2, 3). Оё фикри онҳо дуруст аст?
10 Ҳаёти Ҳизқиё дурӯғ будани чунин фикррониро исбот мекунад. Ягон сабабе вуҷуд надорад, ки шахс аз Яҳува гиламанду хафа шавад, чунки Ӯ сабабгори бадбахтиҳои одамизод нест (Айюб 34:10). Рост аст, ки падару модар метавонанд ба тарбияи фарзандон таъсири бад ё хуб расонанд (Мас. 22:6; Қӯл. 3:21). Лекин ин маънои онро надорад, ки агар шахс тарбияи бад гирад, дигар хуб шуда наметавонад. Яҳува ба ҳар яки мо атои пурқимате додааст. Он ато озодии интихоб аст. Ҳар як кас худаш интихоб мекунад, ки одами нек шавад ё бад, кори нек кунад ё кори бад (Такр. Ш. 30:19). Ҳизқиё ин атояшро чӣ тавр истифода бурд?
11 Ҳарчанд Ҳизқиё писари яке аз шоҳони бадтарини Яҳудо буд, ӯ дар оянда яке аз беҳтарин шоҳони он мамлакат гардид. (4 Подшоҳон 18:5, 6-ро хонед.) Албатта, падараш барои вай намунаи бад буд. Лекин одамони дигар низ буданд, ки ӯ метавонист аз онҳо ибрат гирад. Дар замони Ҳизқиё чунин пайғамбарон ба монанди Ишаъё, Мико ва Ҳушаъ зиндагӣ мекарданд. Ӯ бодиққат маслиҳату насиҳати ин ходимони Худоро гӯш мекард ва мегузошт, ки суханони Худо ба дилаш таъсир расонад. Барои ҳамин ӯ бо азми қавӣ ислоҳ намудани бадиҳову вайронкориҳоеро ки падараш карда буд, сар кард. Ӯ маъбади Худоро тоза кард, барои гуноҳҳои халқ аз Худо бахшиш пурсид, дар саросари мамлакат буту санамҳоро несту нобуд намуд (2 Вақ. 29:1–11, 18–24; 31:1). Вақте ӯ бо душвориву озмоишҳои сахт дучор мешуд, далериву имони қавӣ зоҳир мекард. Масалан, вақте подшоҳи Ашшур — Санҳериб ба халқи Худо ҳамла оварданӣ буд, Ҳизқиё ба Яҳува такя намуд ва бо суханону рафтори худ халқро қавӣ гардонд (2 Вақ. 32:7, 8). Боре Ҳизқиё мағрур шуд, лекин вақте Яҳува ӯро ислоҳ кард, ӯ бо фурӯтанӣ маслиҳатро қабул намуд (2 Вақ. 32:24–26). Аз ҳамаи ин воқеаҳо маълум аст, ки Ҳизқиё намегузошт, ки гузаштааш ба имрӯзу фардояш таъсир кунад. Ӯ исбот кард, ки дӯсти Яҳува мебошад. Чӣ намунае хубе барои пайравӣ!
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w12 15.2 саҳ. 24, 25
Нотон — ҳимоякунандаи бовафои ибодати пок
Нотон чун ходими содиқи Яҳува, бо шавқи зиёд мақсади Довудро барои сохтани аввалин маъбади ибодати пок дар замин, дастгирӣ кард. Аммо дар ин маврид гуфтаи Нотон фикри шахсии худаш буд, на фикри Яҳува. Дар он шаб пайғамбар аз Худо дастур гирифта ба шоҳ хабари дигарро мерасонад, ки Довуд маъбади Ӯро нахоҳад сохт. Шахсе ки маъбадро бояд созад, яке аз писарони Довуд хоҳад буд. Лекин Нотон эълон намуд, ки Худо бо Довуд аҳд мебандад, то тахти ӯ «то абад пойдор хоҳад» монд (2 Подш. 7:4–16).
Иродаи Худо бо нуқтаи назари Нотон оиди сохтани маъбад мувофиқ набуд. Аммо ин пайғамбари фурӯтан шикоят накарда, бо хоҳиши Яҳува розӣ шуд ва мувофиқи он амал кард. То чӣ андоза Нотон барои мо дар мавридҳое, ки Худо моро бо ягон роҳ ислоҳ карданӣ мешавад, намунаи олиҷаноб аст! Амалҳои минбаъдаи Нотон чун пайғамбар нишон медиҳанд, ки вай илтифоти Худоро аз даст надод. Дар асл, Яҳува Нотон ва Ҷоди ғайбгӯро илҳом бахшид, ки ба Довуд дастур диҳанд, то 4000 мардонеро, ки бояд Худоро ҳамду сано мегуфтанд, ташкил намояд (1 Вақ. 23:1–5; 2 Вақ. 29:25).
5–11 ИЮН
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 30, 31
«Якҷоя ҷамъ шудан бар фоидаи мост»
it «Ҳизқиё»
Ғайрат ба ибодати пок. Ҳизқиё дарҳол баъди он ки дар 25-солагияш подшоҳ шуд, ба ибодати пок ғайрат нишон дод. Пеш аз ҳама ӯ ибодатгоҳро таъмир карда дарҳои онро боз кард. Сипас коҳинону левизодагонро ҷамъ оварда, ба онҳо гуфт: «Орзуи дили ман ин аст, ки бо Яҳува, Худои Исроил, аҳд бандам». Ин аҳд дар бораи вафодорӣ буд. Ҳарчанд аҳди Шариат ҳанӯз амал мекард, мардум ба он хунукназарӣ менамуданд, барои ҳамин он гӯё дар подшоҳии Яҳудо аз нав ҷорӣ шуд. Ҳизқиё бо ҷидду ҷаҳд левизодагонро ба ҷойҳои худашон таъйин кард ва ҳамчунин навозандагону сарояндагонро ба вазифаҳояшон баргардонд, то барои Яҳува суруд хонанд. Ин моҳи найсон, ки дар он бояд иди Раҳоӣ ҷашн гирифта мешуд, рӯй дод. Лекин ибодатгоҳ, коҳинон ва левизодагон ҳанӯз пок нашуда буданд. Санаи 16-уми найсон ибодатгоҳ пок гашту ашёҳояш барқарор шуданд. Баъди ин бояд барои тамоми Исроил товони махсус оварда мешуд. Дар аввал мирон барои гуноҳ, подшоҳӣ, муқаддасгоҳ ва халқ қурбонӣ оварданд, баъд халқ ҳазорҳо қурбониҳои сӯхтанӣ овард (2Вқ 29:1–36).
it «Ҳизқиё»
Қонун иҷозат медод, ки шахсони нопок Иди Раҳоиро як моҳ пас ҷашн гиранд. Азбаски халқ нопок буду Иди Раҳоиро дар вақти таъйиншуда ҷашн гирифта наметавонист, Ҳизқиё аз ин қонун истифода бурд. Вай ба ҷашни ид на танҳо сокинони Яҳудо, балки исроилиёнро низ даъват кард. Барои ин вай ба саросари Исроил, аз Баир-Шобаъ то Дон, хабаррасонҳоро бо номаҳо фиристода, мардумро ба ид даъват кард. Бисёриҳо ин хабаррасонҳоро мазоқу масхара карданд, лекин баъзе қабилаҳо, хусусан қабилаи Ошер, Менашше ва Забулун, худро хоксор гардонда ба ид омаданд. Ғайр аз ин, баъзе исроилиён аз қабилаи Эфроиму Иссокор ва бисёре аз ғайрисроилиён дар ид ҳузур доштанд. Аз афташ, ба парастандагони ибодати пок, ки дар подшоҳии шимолӣ зиндагӣ мекарданд, ба ид омадан осон набуд. Мисли хабаррасонҳо онҳо низ бо мазоқу масхара рӯ ба рӯ шуданд, чунки подшоҳии даҳқабила ба бутпарастӣ дода шуда буд ва ошуриён ба онҳо таҳдид мекарданд (2Вқ 30:1–20; 4Мс 9:10–13).
it «Ҳизқиё»
Баъди Иди Раҳоӣ мардум дар давоми ҳафт рӯз Иди Фатирро ҷашн гирифтанд. Онҳо аз ин ид чунон хурсанд шуданд ки, якдилона хостанд онро ҳафт рӯзи дигар ҷашн гиранд. Ҳатто дар ин вақти ноором ба туфайли баракати Яҳува «дар Ерусалим шодии бузурге буд, зеро аз рӯзҳои Сулаймони писари Довуди шоҳи Исроил чизи ба ин монанде дар Ерусалим рӯй надода буд» (2Вқ 30:21–27).
Хурсандии мардум танҳо ба ҳиссиёт асос намеёфт, онҳо дар ҳақиқат ҷамъ омада, ибодати покро барқарор карданд. Касоне, ки ба ҷашни ид омада буданд, пеш аз он ки ба хонаҳояшон баргарданд, дар тамоми Яҳудо, Бинёмин ва ҳатто Эфроиму Менашше, сутунҳоеро, ки барои парастиш буданд, шикастанд, Ашераҳоро буриданд ва баландиҳову қурбонгоҳҳоро вайрон карданд (2Вқ 31:1). Ҳизқиё ба исроилиён намуна нишон дода мори мисинеро, ки Мӯсо сохта буд, майда-майда кард, зеро онҳо то ҳол пеши вай қурбонӣ сӯзонда дуд мекарданд ва онро бути мори мисин меномиданд (4Пш 18:4). Баъди ҷашн гирифтани ин иди бошукӯҳ Ҳизқиё коҳинонро аз рӯйи гурӯҳҳояшон ба хизмат таъйин кард ва чора андешид, то хизмат дар ибодатгоҳ аз нав ба роҳ монда шавад. Ҳизқиё ҳамаро даъват кард, ки ба гуфтаҳои Шариат итоат карда даҳяк ва навбарҳои худро ба коҳинону левизодагон оранд ва мардум аз таҳти дил ин корро карданд (2Вқ 31:2–12).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
«Агар ин чизҳоро дониста, мувофиқи он амал кунед, хушбахт хоҳед буд»
14 Фурӯтан будани мо боз аз он маълум мегардад, ки мо одамонро бо омодагӣ гӯш мекунем ё не. Дар Яъқуб 1:19 гуфта шудааст, ки «ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб» бошад. Аз ин ҷиҳат Яҳува ба мо намунаи беҳтарин аст (Ҳас. 18:32; Еҳ. 10:14). Биёед оиди сӯҳбате, ки байни Яҳува ва Мӯсо шуда буд, мулоҳиза ронем, ки он дар Хуруҷ 32:11–14 навишта шудааст. (Оятҳоро хонед.) Гарчанд Яҳува ба маслиҳати Мӯсо мӯҳтоҷ набуд, Ӯ гузошт, ки вай фикри худро баён кунад. Оё шумо шахсеро, ки пеш ақидаи нодуруст дошт, босаброна гӯш мекардед ва аз рӯйи маслиҳати ӯ амал менамудед? Вале Яҳува одамонеро, ки бо имон ба Ӯ муроҷиат мекунанд, пурсаброна гӯш мекунад.
15 Яҳува бо фурӯтанӣ Иброҳим, Роҳел, Еҳушаъ, Монӯаҳ, Илёс ва Ҳизқиёро гӯш карда буд. Пас мо метавонем ба худ савол диҳем: «Агар Яҳува дигаронро бо омодагӣ гӯш кунад, оё ман низ набояд чунин кунам? Оё ман метавонам ҳамимононро эҳтиром карда, онҳоро бодиққат гӯш кунам ва фикру пешниҳоди хубашонро қабул кунам? Оё ягон аъзои ҷамъомад ё оилаам айни ҳол мӯҳтоҷ аст, ки ман ӯро бодиққат гӯш кунам? Барои ин ман чӣ кор карда метавонам?» (Ҳас. 30:6; Дов. 13:9; 3 Подш. 17:22; 2 Вақ. 30:20).
12–18 ИЮН
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 32, 33
«Дар вақти тангӣ ҳамимононро дастгирӣ кунед»
it «Ошур»
Санҳериб. Санҳериби писари Саргони II дар соли 14-уми подшоҳии Ҳизқиё (с. 732 то милод) ба Яҳудо ҳамла кард (4Пш 18:13; Иш 36:1). Он вақт подшоҳии Яҳудо аз сабаби корҳои бехирадонаи Оҳози падари Ҳизқиё зери юғи Ошур қарор дошт, барои ҳамин Ҳизқиё барои аз дасти Ошур озод шудан бар зидди подшоҳи он баромад (4Пш 18:7). Санҳериб ба Яҳудо лашкар кашида, 46 шаҳри онро забт намуд. (Бо Иш 36:1, 2 муқоиса кунед.) Вақте Санҳериб бо лашкари худ назди Локиш меистод, ӯ аз Ҳизқиё 30 киккар тилло (тах. 11 560 000 доллар) ва 300 киккар нуқра (тах. 1 982 000 доллар) талаб кард (4Пш 18:14–16; 2Вқ 32:1; бо Иш 8:5–8 муқоиса кунед). Ҳарчанд ин маблағ пардохта шуд, Санҳериб хабаррасонашро фиристода, талаб кард, ки Ерусалим бегапу гузор таслим шавад (4Пш 18:17–19:34; 2Вқ 32:2–20). Он гоҳ Яҳува дар як шаб 185 000 лашкарро зарба зад ва подшоҳи ҳавобаланди Ошурро маҷбур кард, ки ақиб гашта, ба Нинве баргардад (4Пш 19:35, 36). Баъдтар ӯ аз дасти ду писараш кушта шуд ва ба ҷояш писараш Эсар-Ҳаддӯн подшоҳ гашт (4Пш 19:37; 2Вқ 32:21, 22; Иш 37:36–38). Ин рӯйдодҳо (ғайр аз нест шудани 185 000 лашкари Ошур) ҳамчунин дар воқеаномаи Санҳериб ва Асархаддон навишта шудаанд (РАСМҲО. ҷ. 1, саҳ. 957).
Нақши «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» дар рӯзҳои мо
12 Яҳува ҳамеша тайёр аст, ки дар мушкилиҳое, ки худамон ҳал карда наметавонем, ба мо ёрӣ расонад. Вале Ӯ интизор аст, ки мо барои ҳалли душворӣ худамон низ тамоми кӯшишамонро ба харҷ диҳем. Ҳизқиё низ ҳар кори аз дасташ меомадаро кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вай «бо сарварон ва паҳлавонони худ машварат намуд» ва онҳо якҷоя қарор доданд, ки оби чашмаҳои беруни шаҳрро банд кунанд. Ва Ҳизқиё «қувват гирифт, ва тамоми ҳисори вайронаро таъмир намуда, онро то бурҷҳо баланд кард, ва ҳисори дигаре аз беруни он сохт... ва аслиҳа ва сипарҳои зиёде сохт» (2 Вақ. 32:3–5). Барои дар он замон ҳимоя ва бонӣ кардани халқи худ Яҳува якчанд мардони ҷасур — Ҳизқиё, ҳокимон ва пайғамбарони содиқро истифода бурд.
Нақши «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» дар рӯзҳои мо
13 Он коре ки Ҳизқиё баъдтар ба анҷом расонд, аз бастани пеши роҳи об ва мустаҳкам кардани деворҳои шаҳр ҳам муҳимтар буд. Азбаски вай чун чӯпон ба халқаш ғамхор буд, ӯ халқро ҷамъ кард ва онҳоро бо суханони зерин рӯҳан қувват бахшид: «Аз подшоҳи Ашшур... натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст. Бо ӯ бозуи башар аст, вале бо мо Худованд Худои мост, ки Ӯ ба мо ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад ҷангид». Ҳизқиё ба халқ ёдрас кард, ки Яҳува барои халқи худ хоҳад ҷангид. Ва яҳудиён «ба суханони Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд». Аҳамият диҳед, ки маҳз «суханони Ҳизқиё» ба халқ далерӣ бахшиданд. Ӯ, ҳокимону паҳлавононаш ва инчунин пайғамбарон Мико ва Ишаъё нишон доданд, ки онҳо чӣ хеле ки Яҳува тавассути пайғамбараш пешгӯӣ карда буд, чӯпонони хуб мебошанд. (2 Вақ. 32:7, 8; Мико 5:5, 6-ро бихонед.)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w21.10 саҳ. 4, 5, сарх. 11, 12
Тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?
11 Сипас Яҳува ба дуоҳои Менашше ҷавоб гардонд. Ӯ медид, ки Менашше мувофиқи чизҳои пурсидааш дар ҳақиқат дигар шуда истодааст. Барои ҳамин, вақте Менашше бахшиш пурсид, Яҳува ба дуои ӯ гӯш дод ва гузошт, ки ӯ аз нав подшоҳ шавад. Менашше бо амалҳояш нишон дод, ки аз таҳти дил пушаймон аст. Корҳоеро, ки ӯ кард, Аҳъоб ҳеҷ гоҳ накарда буд. Менашше рафтори пештараашро дигар кард. Ӯ фаъолона бар зидди ибодати дурӯғ амал карда, мардумро даъват намуд, ки Яҳуваро ибодат кунанд. (2 Воқеанома 33:15, 16-ро хонед.) Барои ин ба Менашше далерӣ ва имон лозим буд, чунки пеш аз тавба карданаш, ӯ солҳои зиёд барои оила, дарбориён ва халқаш намунаи бад гузошта буд. Менашше оқибати ҳамаи корҳои бадашро бартараф карда наметавонист, вале солҳои охири ҳаёташ ҳар кори аз дасташ меомадаро карда, баъзе амалҳояшро ислоҳ намуд. Аз афташ, ӯ ба набераи ҷавонаш, Юшиё, нағз таъсир кард, чунки баъдтар ӯ подшоҳи хеле хуб гашт (4 Подш. 22:1, 2).
12 Мо аз Менашше чиро ёд гирифта метавонем? Ӯ на танҳо сар фуровард, балки боз бисёр амалҳои хуб кард. Менашше дуо гуфт, зориву илтиҷо кард, то Яҳува ба ӯ раҳм кунад ва ислоҳ шуд. Ӯ кӯшиш мекард, то таъсири бадеро, ки расонда буд, бартараф кунад, аз таҳти дил ба ибодати Яҳува сар кард ва дигаронро ба ин кор даъват намуд. Намунаи Менашше ҳатто ба касоне, ки корҳои беҳад бад кардаанд, умед мебахшад. Ин воқеа тасдиқ мекунад, ки Яҳува Худои «неку ва бахшанда» мебошад (Заб. 86:5). Ӯ касонеро, ки дар ҳақиқат тавба мекунанд, мебахшад.
19–25 ИЮН
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | 2 ВОҚЕАНОМА 34–36
«Оё шумо чизҳои фаҳмидаатонро ба кор мебаред?»
it «Ҳулдо»
Вақте ба Юшиё «китоби Тавротро», ки Ҳилқиёҳуи коҳин ҳангоми таъмири ибодатгоҳ ёфт, хонданд, ӯ намояндагони худро ба назди Ҳулдои набия фиристод, то фикри Яҳуваро фаҳманд. Ҳулдо ба онҳо суханони Яҳуваро расонд: халқ, ки аз Яҳува рӯй гардонда буд, гирифтори ҳамаи он мусибатҳое мешавад, ки дар он «китоб» чун ҷазо барои беитоатӣ пешгӯйӣ шуда буд. Ҳулдо ҳамчунин гуфт, ки, азбаски Юшиё худро дар пеши Яҳува хоксор гардонд, ин мусибатҳо баъд аз сараш ба амал меоянд ва ӯ ба гузаштагонаш пайваста, ба қабри худ гузошта мешавад (4Пш 22:8–20; 2Вқ 34:14–28).
w09 15.6 саҳ. 2, сарх. 20
Дар ибодати ҳақиқӣ ҷидду ҷаҳд кунед!
20 Вақте ки бо ташаббуси шоҳ Йӯшиёҳу дар маъбад корҳои таъмирӣ гузаронида мешуданд, Ҳилқиёи саркоҳин «китоби Тавроти Худовандро, ки ба воситаи Мусо дода шуда буд, ёфт». Вай онро ба Шофон — котиби шоҳ дод ва ӯ дар навбати худ онро ба Йӯшиёҳу хонд. (2 Вақоеънома 34:14–18-ро бихонед.) Ин ба шоҳ чӣ гуна таъсир кард? Подшоҳ андӯҳгин шуду дарҳол либоси худро чок зад ва ба одамонаш фармуд, ки рафта иродаи Яҳуваро бифаҳманд. Худо ба воситаи Ҳулдои набия баъзе расму оинҳои динии дар Яҳудо паҳншударо маҳкум кард. Бо вуҷуди ин, аз назари Яҳува саъю кӯшиши Йӯшиёҳу дар бартараф кардани бутпарастӣ пӯшида намонд ва Ӯ шоҳро аз илтифоташ маҳрум накард, қатъи назар аз он ки Ӯ ба тамоми халқ мусибатро пешгӯӣ намуд (2 Вақ. 34:19–28). Мо аз ин чӣ меомӯзем? Бешубҳа, мо низ мисли Йӯшиёҳу бояд бетаъхир мувофиқи ҳидояти Яҳува амал кунем ва дар хотир дорем, ки агар ба ибодати мо осият ва хиёнаткорӣ роҳ ёбад, он ба чӣ оқибатҳои бад оварда метавонад. Ҳамчунин мо эътимод дошта метавонем, ки чун дар мавриди Йӯшиёҳу, ҷидду ҷаҳди мо дар ибодати ҳақиқӣ аз назари Яҳува пӯшида нахоҳад монд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
Оё дили шумо ба Навиштаҳо моил аст?
15 Мо аз мисоли Йӯшиёҳу чӣ меомӯзем? Ҳарчанд ӯ шоҳи хуб бошад ҳам, хатогие кард, ки сабаби маргаш шуд. (2 Вақоеънома 35:20–22-ро хонед.) Йӯшиёҳу чӣ кор кард? Ӯ бесабаб бо шоҳи Миср, Накӯҳ, ҷангид. Зеро Накӯҳ гуфта буд, ки бар зидди Йӯшиёҳу ҷанг кардан намехоҳад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки суханони Накӯҳ аз тарафи Худо буданд. Пас, чаро Йӯшиёҳу бо ӯ ҷанг кард? Дар Китоби Муқаддас оиди ин чизе гуфта нашудааст.
16 Йӯшиёҳу аз куҷо фаҳмида метавонист, ки суханони Накӯҳ аз тарафи Яҳува буданд? Масалан, ӯ инро аз пайғамбар Ирмиё пурсида метавонист (2 Вақ. 35:23, 25). Лекин дар ҳеҷ ҷо гуфта нашудааст, ки вай ин корро кард. Шоҳ Накӯҳ ба тарафи Каркамиш равона буд, то бо дигар халқ ҷанг кунад, на бо Ерусалим. Зеро шоҳ Накӯҳ, Яҳува ва халқи Ӯро таҳқир кардан намехост. Барои ҳамин рафтори Йӯшиёҳу нисбати Накӯҳ нодуруст буд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Дар вақти душворӣ ё қарор қабул кардан, мо бояд аввал нуқтаи назари Яҳуваро фаҳмем.
17 Ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо душворӣ мо бояд аввал фикр кунем, ки кадом маслиҳати Китоби Муқаддас дар ин маврид ба мо кӯмак мерасонад ва чӣ тавр онро истифода барем. Мо метавонем аз адабиётамон дар ин бора хонем ё ҳатто аз пири ҷамъомад маслиҳат пурсем. Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи дигар принсипҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза ронем. Биёед як вазъиятро тасаввур кунем. Хоҳаре, ки шавҳараш Шоҳиди Яҳува нест, ба мавъиза рафтанист (Аъм. 4:20). Аммо ҳамон рӯз шавҳараш аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба ҳеҷ куҷо наравад. Вай шояд ба хоҳар мегӯяд, ки имрӯз вақташро бо ӯ гузарондан мехоҳад. Дар ин вақт хоҳар он оятҳои Китоби Муқаддасро ба хотир оварда метавонад, ки барои қарори дуруст баровардан кӯмак мерасонанд. Масалан, амри Худо ва Исоро оиди тайёр кардани шогирдон (Мат. 28:19, 20; Аъм. 5:29). Вале ӯ бояд ҳамчунин дар бораи вазифааш чун зан фаромӯш накунад ва бохирад бошад (Эфс. 5:22–24; Флп. 4:5). Оё шавҳараш ӯро аз мавъиза боздоштан мехоҳад ё танҳо хоҳиш дорад, ки ин рӯзро бо ӯ гузаронад? Чун Шоҳиди Яҳува мо қарорҳое баровардан мехоҳем, ки аз рӯи хирад бошанду Худоро хурсанд кунанд.
26 ИЮН — 2 ИЮЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЭЗРО 1–3
«Гузоред, ки Яҳува шуморо истифода барад»
Оё шумо чизеро, ки Закарё дид, мебинед?
ҲАМА ангушти ҳайрат мегазиданд! «Яҳува подшоҳи Форс — Курушро барангехт», то халқи Исроилро, ки даҳсолаҳо дар Бобил зиндагӣ мекарданд, озод кунад. Барои ҳамин подшоҳ фармон баровард, ки яҳудиён ба ватанашон баргашта, «хонаи Яҳува — Худои Исроилро аз нав бино» кунанд (Эзро 1:1, 3). Акнун ибодати Худои ҳақиқӣ дар замине, ки ба халқаш дода буд, барқарор мешавад.
Аробаҳо ва тоҷ шуморо муҳофизат мекунанд
2 Закарё медонист, ки мардону заноне, ки ба Ерусалим баргаштанд, ба Худо имон доранд. Яҳува онҳоро барангехта буд, ки хонаву дар ва кору борашонро партофта аз Бобил ба Ерусалим баргарданд (Эзро 1:2, 3, 5). Барои баъзеашон Ерусалим ҷойи ношинос буд, чунки онҳо дар Бобил таваллуд шуда солҳои зиёд дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Вале ба ин нигоҳ накарда онҳо барои барқарор кардани маъбади Худо 1600 километрро тай карда ба Ерусалим омаданд. Агар ин кор барояшон муҳим намебуд, онҳо ҳеҷ гоҳ ин қадар роҳи душвору хатарнокро тай намекарданд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w06 15.1 саҳ. 19, сарх. 1
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Эзро
1:3–6. Мисли исроилиёне, ки дар Бобил монданд, имрӯз бисёр Шоҳидони Яҳува наметавонанд пурравақт хизмат кунанд ва ё ба ҷое ки ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, кӯчанд. Аммо онҳо дигар бародарону хоҳаронро, ки доираи хизматашонро васеъ намудаанд, дастгирию рӯҳбаланд мекунанд. Ҳамчунин онҳо ба воситаи хайрияҳои худ кори Подшоҳӣ, яъне паҳн кардани хушхабар ва тайёр намудани шогирдонро, дастгирӣ менамоянд.