4 | Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред
КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД: «Тамоми Навиштаҳо... фоиданоканд» (2 ТИМОТИЮС 3:16).
Ин чӣ маъно дорад?
Китоби Муқаддас маълумотномаи тиббӣ нест, лекин он пур аз маслиҳатҳои фоиданок аст. Ин маслиҳатҳо ба касоне, ки бо бемории рӯҳию равонӣ мубориза мебаранд, ёрдам медиҳанд. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.
Чӣ ёрдам мекунад?
«На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд» (МАТТО 9:12).
Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки баъзан мо ба кумаки тиббӣ ниёз дорем. Бисёре аз касоне, ки бемории рӯҳию равонӣ доранд, дар бораи бемориашон маълумоти бештар гирифтанд ва ба духтур муроҷиат намуданд. Ба туфайли ин аҳволи онҳо хеле беҳтар шуд.
«Тамрин ва варзиши бадан муфид аст» (1 ТИМОТИЮС 4:8, Тарҷумаи тафсирии форсӣ).
Вақте ҷисматон бардам аст, ин ба саломатии равониатон таъсири хуб мерасонад. Чи хеле мегӯянд, «варзиш — гарави саломатист», барои ҳамин мунтазам бо варзиш машғул шавед, хӯроки солим хӯред ва аз хоб сер шавед.
«Дили шод давои дард аст, вале рӯҳи ғамгин қувватро ҷаббида мегирад» (ПАНДНОМА 17:22).
Хондани порчаҳои рӯҳбаландкунанда аз Китоби Муқаддас ва гузоштани мақсадҳои оқилона ёрдам мекунад, ки хурсандиамонро нигоҳ дорем. Агар диққатро ба чизҳои хуб равона созем ва дилпур бошем, ки дар оянда вазъият беҳтар мешавад, барои давом додани муборизаамон қувват пайдо мекунем.
«Хирад бо ҳадшиносон аст» (ПАНДНОМА 11:2).
Шояд, барои иҷро намудани ҳама хоҳишҳоятон ба шумо қувват нарасад. Аз ин рӯ бо омодагӣ кумаки дигаронро қабул кунед. Эҳтимол, дӯстон ва хешу таборатон ёрдам додан мехоҳанду намедонанд, ки шумо маҳз ба чӣ ниёз доред. Барои ҳамин ба онҳо гӯед, ки ба шумо чӣ гуна кумак даркор аст, вале ҳамзамон серталаб набошед. Барои ҳар кумак миннатдор бошед.
Чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба дигарон ёрдам кард?
«Ман дар худ дигаргуниҳоро ҳис карда, хавотир шудам ва ба духтур муроҷиат намудам. Ӯ маро ташхис намуда, бемориамро муайян кард. Бо ёрдами ӯ ман фаҳмидам, ки бо ман чӣ рӯй дода истодааст ва дар бораи тарзҳои табобат маълумот гирифтам» (Николa, ки бемории биполярӣ дорад).
«Ману занам ҳар саҳар якҷоя Китоби Муқаддас мехонем ва ин ба ман ёрдам мекунад, ки рӯзамро бо фикрҳои нағз сар кунам. Рӯзҳое, ки ба ман беҳад душвор аст, як ояти рӯҳбаландкунанда метавонад маро тасаллӣ диҳад» (Питер, ки депрессия дорад).
«Ман шарм мекардам, ки дар бораи душвориям ба дигарон гап занам. Лекин як дугонаам бо ҳамдардӣ маро гӯш кард ва кӯшиш намуд, ки ҳиссиётамро фаҳмад. Баъди ин ман ҳис кардам, ки танҳо нестам ва аҳволам беҳтар шуд» (Чи Ю, ки аз вайроншавии реҷаи хӯрокхӯрӣ азоб мекашад).
«Ба туфайли Китоби Муқаддас ман тавонистам, ки байни кор ва дамгирӣ мувозинатро нигоҳ дорам. Суханони хирадмандонаи он ба ман ёрдам мекунанд, ки бо душвориҳои равонӣ мубориза барам» (Тимоти, ки гирифтори як намуди бемории равонӣ аст).
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.