ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 август саҳ. 26-30
  • Аз шармгинӣ ба хизмати миссионерӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз шармгинӣ ба хизмати миссионерӣ
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ
  • МАҚСАДИ ХИЗМАТИ МИССИОНЕРӢ
  • ХИЗМАТ ДАР ДАВЛАТИ ҶАНГЗАДА
  • СУПОРИШИ НАВ
  • МУШКИЛӢ БО САЛОМАТӢ
  • ЯҲУВАРО БАРОИ ДАСТГИРИЯШ ШУКР МЕГӮЯМ
  • Яҳува роҳҳои маро ҳамвор кард
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 август саҳ. 26-30
Марианна Вертҳолтс.

САРГУЗАШТ

Аз шармгинӣ ба хизмати миссионерӣ

НАҚЛ КАРД МАРИАННА ВЕРТҲОЛТС

ДАР кӯдакӣ ман шармгину одамгурез будам. Бо гузашти вақт бо ёрии Яҳува миссионери одамдӯсту боҷуръат шудам. Чӣ тавр? Пеш аз ҳама бо роҳнамоии падарам, баъд намунаи як хоҳари наврас ва баъдтар суханони пур аз меҳру пурсабрии шавҳарам маро қувват бахшиданд. Биёед саргузаштамро нақл кунам.

Ман соли 1951 дар Венаи Австрия, дар оилаи масеҳиёни католик, ба дунё омадаам. Ман шармгин будам, лекин ба Худо бовар доштаму мунтазам дуо мегуфтам. Дар 9-солагиям падарам бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кард. Каме баъдтар модарам ҳам ба ӯ ҳамроҳ шуд.

Ману хоҳарам, Элизабет (дар қафо нишастааст)

Каме баъдтар мо ба ҷамоати «Дӯблинг»-и Вена рафтан гирифтем. Мо оилавӣ бисёр вақт мегузарондем: Каломи Худоро хонда, меомӯхтем, ба вохӯриҳо мерафтем, дар анҷуманҳо ихтиёрӣ шуда хизмат мекардем. Аз синни кӯдакӣ падарам меҳри Яҳуваро дар дилам андохта буд. Ӯ тез-тез дуо мегуфт, ки ману хоҳарам пешрав шавем. Лекин он вақт ман ин хел ният надоштам.

ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТ

Соли 1965 дар синни 14-солагӣ ман таъмид гирифтам. Лекин дар хизмат бо одамони бегона ҳамсуҳбат шудан бароям душвор буд. Ғайр аз ин, ба худам боварӣ надоштам ва мехостам ба ҳамсолонам маъқул шавам. Каме баъд аз таъмид ман бо касоне дӯст шудам, ки Шоҳиди Яҳува набуданд. Бо онҳо будан ба ман мефорид, лекин виҷдонам азоб медод, зеро мефаҳмидам, ки бо онҳо вақти бисёр гузарондан хуб нест. Барои дигар шудан зӯрам намерасид. Чӣ ба ман ёрӣ дод?

Марианна ва Доротӣ.

Ман аз Доротӣ бисёр чизҳоро омӯхтам (аз чап)

Тақрибан он вақтҳо ба ҷамоати мо Доротӣ ном духтараки 16-сола омад. Ғайрати ӯ дар хизмати хона ба хона маро ба ҳайрат меовард. Ман аз ӯ каме калонтар будам, лекин дар хизмат он қадар ғайрат надоштам. Ман фикр мекардам: «Волидони ман Шоҳиди Яҳуваанд, Доротӣ бошад, як худаш дар роҳи ростӣ аст. Ӯ модари касалашро нигоҳубин мекунад, лекин доимо дар хизмат аст». Ғайрати ӯро дида ҳаваси ба Яҳува бештар хизмат кардан дар дилам бедор шуд. Каме баъдтар Доротӣ ва ман якҷоя пешравиро сар кардем. Дар аввал мо пешрави ёвар шудем (он вақт пешрави таътилӣ мегуфтанд) ва баъд пешрави доимӣ гаштем. Завқу шавқи Доротӣ ба ман ҳам гузашт. Бо ёрдами ӯ ман аввалин омӯзишамро сар кардам. Бо гузашти вақт ман каме одат кардам, ки бо одамони бегона назди дарашон, дар кӯча ва дигар ҷойҳо суҳбатро сар кунам.

Дар соле, ки хизмати пешрави доимиро сар кардам, ба ҷамоати мо Ҳайнс ном як бародари австриягӣ омад. Бародари ӯ Шоҳиди Яҳува буд. Ҳайнс хушхабарро аз бародараш фаҳмид, вақте ба Канада, ба хабаргирии ӯ омад. Ҳайнсро ба ҷамоати мо пешрави махсус таъйин карданд. Аз рӯзи аввал ӯ ба ман маъқул шуд. Лекин ӯ мехост миссионер шавад, ман бошам, чунин ният надоштам. Барои ҳамин дар аввал ҳиссиётамро пинҳон мекардам. Лекин баъдтар ману Ҳайнс вохӯриро сар кардем, оиладор шудем ва якҷоя пешрав хизмат кардем.

МАҚСАДИ ХИЗМАТИ МИССИОНЕРӢ

Ҳайнс доимо мегуфт, ки орзуи миссионер шудан дорад. Ӯ ба ман фишор намеовард, лекин саволҳо дода, меҳри ин хизматро дар дилам бедор карданӣ мешуд. Масалан, ӯ мегуфт: «Ҳозир ки кӯдак надорем, метавонем ба Яҳува бисёртар хизмат кунем?» Ман ба шармгиниям нигоҳ накарда пешрав хизмат мекардам, вале фикри миссионер шудан маро талхакаф мекард. Фикр мекардам, ки аз уҳдаи миссионер шудан намебароям. Лекин Ҳайнс бо пурсабрӣ хоҳиши миссионериро ба дилам чакондан мегирифт. Ӯ боз мегуфт, ки диққатро ба худам нею ба ташвишҳои одамон равона кунам. Ин маслиҳати беҳтарин буд.

Ҳайнс вохӯрии «Бурҷи дидбонӣ»-ро дар ҷамоати хурди югославизабони Залтсбург (Австрия) мегузаронад. Соли 1974

Оҳиста-оҳиста хоҳиши миссионерӣ дар дилам бедор мешуд. Барои ҳамин мо варақа барои Мактаби Ҷилъодро пур кардем. Лекин ходими филиал ба ман маслиҳат дод, ки забони англисиро беҳтар омӯзам. Баъди се сол заҳмат кашида забон омӯхтанам, аз мо хоҳиш карданд, ки ба ҷамоати югославизабони Залтсбурги Австрия гузарем. Ин хабар моро ба ҳайрат овард. Дар давоми ҳафт сол мо ба одамони сербу хорватизабон мавъиза мекардем ва ҳатто як сол шавҳарамро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Ин забони душвор буд, лекин мо омӯзандаҳои бисёр доштем.

Соли 1979 филиал аз мо хоҳиш кард, ки ба муддати кӯтоҳе ба Болгария равем. Фаъолияти мо дар он ҷо манъ буд. Бародарон гуфтанд, ки мо вонамуд кунем, ки ба «рухсатӣ» омадаем ва мавъиза накунем. Мо бояд ба 5 хоҳаре, ки дар София, пойтахти Болгария, зиндагӣ мекард, адабиёти майдаҳаҷмро пинҳонӣ мерасондем. Ман сахт метарсидам, лекин бо ёрдами Яҳува аз уҳдаи ин супориш баромадам. Ман ба далерии ин хоҳарон қоил будам. Онҳо медонистанд, ки онҳоро ҳабс карда метавонанд, лекин хурсандияшонро гум намекарданд. Намунаи онҳо маро қувват бахшид, ки ҳар як супориши ташкилотро аз таҳти дил иҷро кунам.

Баъди чанде мо боз варақа барои Мактаби Ҷилъодро пур кардем. Ин дафъа моро даъват карданд. Мо фикр кардем, ки Мактаб дар ИМА ба забони англисӣ мегузарад. Лекин моҳи ноябри соли 1981 дар филиали Висбадени Олмон шуъбачаи Мактаби Ҷилъод кушода шуд. Барои ҳамин дарсҳо бо забони немисӣ мегузашт ва ин барои ман осонтар буд. Баъди хатми Мактаб моро ба куҷо таъйин карданд?

ХИЗМАТ ДАР ДАВЛАТИ ҶАНГЗАДА

Моро ба Кения таъйин карданд. Лекин филиали Кения аз мо пурсид, ки оё намехоҳем дар давлати ҳамсоя, Уганда, хизмат кунем. Зиёда аз даҳ сол пеш генерал Иди Амин бо зӯрӣ роҳбарии давлатро ба даст оварда буд. Дар давоми ҳукмронии ӯ ҳазорҳо мардуми Уганда кушта шуданду миллионҳо одамон азоб кашиданд. Соли 1979 ҳокимияти ӯ барҳам дода шуд. Тасаввур кунед, мо бояд ба мамлакате мерафтем, ки чӣ қадар ноором буд. Дар Ҷилъод ба мо ба Яҳува такя карданро ёд дода буданд. Барои ҳамин мо розӣ шудем.

Дар Уганда бесарусомонӣ буд. Ҳайнс вазъияти он ҷоро дар «Солнома»-и 2010 чунин тасвир кард: «Дар он ҷо на об буд, на қувваи барқ ва телефон ҳам кор намекард... Одамон якдигарро мепарронданд. Шабҳо дуздию ғоратгарӣ мекарданд. Ҳамин ки торикӣ меафтид, ҳама ба хонаҳояшон пинҳон мешуданд ва умед доштанд, ҳатто дуо мегуфтанд, ки ягон меҳмони нохонда омада, чизҳояшонро надуздаду онҳоро накушад». Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда бародару хоҳарони қавиимон бо шодӣ ба Яҳува хизмат мекарданд.

Дар хонаи Вайсваҳо хӯрок тайёр мекунем

Соли 1982 мо бо Ҳайнс ба Кампала, пойтахти Уганда, омадем. Панҷ моҳи аввал мо дар хонаи Сэм ва Кристина Вайсва истодем. Онҳо панҷ кӯдак доштанду боз чор хешашон бо онҳо мезист. Бисёр вақт ин ҳамсарон ва хешу таборашон дар як рӯз танҳо як бор хӯрок мехӯрданд, лекин бо дили кушод моро меҳмондорӣ мекарданд. Ин меҳмоннавозии онҳо ба мо бетаъсир намонд. Аз онҳо мо бисёр корҳои рӯзгорро ёд гирифтем, ки дар ҳаёти миссионериямон даркор шуд. Масалан, мо обро сарфакорона истифода мебурдем, танҳо бо якчанд литр об шустушӯ мекардему баъд собунобаро барои ҳоҷатхона истифода мебурдем. Соли 1983 ману Ҳайнс дар як минтақаи каму беш бехатари Кампала хона ёфтем.

Мо дар он ҷо маза карда хизмат мекардем. Дар ёдам ҳаст, як моҳ зиёда аз 4000 маҷалла тақсим кардем. Лекин муносибати одамон ба хушхабар ба мо шодии бештар меовард. Онҳо Худоро эҳтиром мекарданду ташнаи Каломи Худо буданд. Одатан ману Ҳайнс ҳар кадомамон 10–15-тогӣ омӯзанда доштем ва мо аз онҳо бисёр чизҳоро омӯхтем. Масалан, вақте ҳар ҳафта ба вохӯриҳо рафта меомадем, онҳо ягон бор шикоят намекарданд, балки доимо хурсанд буданд. Ин рӯҳияи онҳо ба мо маъқул буд.

Дар солҳои 1985 ва 1986 дар Уганда боз ду ҷанг сар зад. Мо бисёр вақт дар кӯчаҳову нуқтаҳои назоратӣ кӯдакони яроқбадастро медидем. Дар ин хел вақтҳо мо аз Яҳува оромиву эҳтиёткорӣ мепурсидем, то дар хизмат одамони шавқмандро пайдо карда тавонем. Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб мегардонд. Ҳамин ки ягон одами шавқмандро пайдо мекардем, тарсу хавотириямон ба куҷое ғайб мезад.

Ману Ҳайнс бо Татяна (дар байн)

Мо ҳамчунин ба хориҷиҳо мавъиза мекардем. Масалан, мо бо зану шавҳаре аз Тотористон бо номи Мурод ва Дилбар Ибатуллин шинос шуда, омӯзиш сар кардем. Мурод духтур буд. Ин ҳамсарон таъмид гирифта, то ҳол дар хизмати Яҳува фаъоланд. Баъдтар ман бо зане аз Украина бо номи Татяна Вилейска шинос шудам. Ӯ нияти худкушӣ кардан дошт. Ӯ таъмид гирифта ба Украина баргашт ва баъдтар тарҷумони адабиётамон шудa.

СУПОРИШИ НАВ

Соли 1991, вақте дар Австрия рухсатӣ доштем, аз филиали маҳаллӣ номае гирифтем, ки дар он моро ба Болгария таъйин карда буданд. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Аврупои Шарқӣ фаъолияти мо дар Болгария ба қайд гирифта шуд. Чи хеле ки пештар нақл кардам, мо ба ин давлат пинҳонӣ адабиёт бурда будем. Акнун бошад, моро ба он ҷо барои мавъиза мефиристоданд.

Бародарон ба мо гуфтанд, ки баъд аз рухсатӣ ба Уганда барнагашта, рост ба Болгария равем. Барои ҳамин мо имконият надоштем, ки ба хонаи миссионерӣ баргардем, чизу чораамонро ҷамъ кунем ва бо дӯстонамон хайрухуш кунем. Мо ба филиали Олмон рафтем ва аз он ҷо бо мошин ба Болгария роҳ пеш гирифтем. Дар он ҷо, дар София, мо бо гурӯҳе хизмат мекардем, ки тақрибан 20 воиз дошт.

Дар Болгария мо бо душвориҳои нав рӯ ба рӯ шудем. Якум, мо забонро намедонистем. Дуюм, бо ин забон танҳо ду адабиёт буд: «Ҳақиқате, ки сӯйи ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ мекунад» ва «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас». Сеюм, ба мо омӯзиш сар кардан душвор буд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда гурӯҳи хурдакаки мо дар хизмат фаъол буд ва ин аз назари калисои православӣ пинҳон намонд. Баъд мушкилиҳои мо сар шуд.

Соли 1994 фаъолиятамонро манъ карда, моро сектаи манъшуда меномиданд. Баъзе бародаронро ба ҳабс гирифтанд. Дар расонаҳои хабарӣ дар бораи Шоҳидон овозаҳои даҳшатнокро паҳн мекарданд: онҳо кӯдаконашонро мекушанд ва ҳамдинонро ба худкушӣ тела медиҳанд. Барои мо мавъиза кардан хеле душвор гашт. Бисёриҳо бо ғазаб ба мо дод мезаданд, кормандони полисро ҷеғ мезаданд ва чизе, ки ёбанд, ба сӯямон мепартофтанд. Ба давлат адабиёт овардан ғайриимкон шуд ва барои гузарондани вохӯриҳо иҷора ёфтан хеле душвор гашт. Боре кормандони полис барои гузарондани як анҷуманамон халал расонданд. Мо аввалин бор бо ин хел нафрату адоват рӯ ба рӯ мешудем. Охир, дар Уганда ҳама бо дасту дили кушод хушхабарро қабул мекард. Дар ин мушкилиҳо чӣ ба мо ёрӣ дод?

Мо аз суҳбат бо бародару хоҳарони маҳаллӣ хурсандӣ мегирифтем. Онҳо шод буданд, ки роҳи ростиро пайдо кардаанд ва аз хизмати мо миннатдор буданд. Мо дӯстони қарин гашта, ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Мо як чизи муҳимро фаҳмидем: агар одамонро дӯст дорему дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ кунем, дар ҳар таъйинот шоду хуррам мемонем.

Марианна ва Ҳайнс Вертҳолтс.

Дар филиали Болгария соли 2007

Бо гузашти вақт вазъият беҳтар шуд. Соли 1998 дар Болгария ташкилоти моро аз нав ба қайд гирифтанд ва бо забони болгарӣ бисёр адабиёт нашр гардид. Соли 2004 бинои филиал ба Яҳува бахшида шуд. Имрӯз дар Болгария 57 ҷамоат аст, ки 2953 воиз дорад. Соли 2024 ба Шоми ёдбуд 6475 кас омад. Як вақтҳо дар София танҳо 5 хоҳар буд, имрӯз бошад, дар он ҷо 9 ҷамоат аст. Мо бо чашмони худ дидем, ки чӣ хел пешгӯйии «камшумор ба ҳазорҳо табдил меёбад», иҷро гаштааст (Иш. 60:22).

МУШКИЛӢ БО САЛОМАТӢ

Саломатиям маро ғам медод. Духтурон чанд бор аз танам варам пайдо карданд, яктояш дар сарам буд. Барои аз он халос шудан ман табобати лазерӣ гирифтам ва баъд дар Ҳиндустон 12 соат маро ҷарроҳӣ карда, қисми зиёди онро гирифтанд. То нағз шуданам мо дар филиали Ҳиндустон мондему баъд ба Болгария баргаштем.

Дар ин миён Ҳайнс ба бемории ирсии Ҳантингтон гирифтор шуд. Гап задану роҳ гаштанаш душвортар мешуд ва ӯ ҳаракатҳояшро идора карда наметавонист. Вақте беморияш авҷ гирифт, ӯ бештар ба ёрдами ман муҳтоҷ гашт. Ман бошам, баъзан ҳис мекардам, ки барои ғамхории шавҳарам қувватам намерасад. Боби ном бародари ҷавоне аз печидани забони Ҳайнс ва ҳаракатҳои беихтиёраш хиҷил нашуда, ӯро ба хизмат мегирифт. Агар ман имкон намедоштам, Боби ҳамеша ба ёрдамам меомад. Ману шавҳарам қарор карда будем, ки дар ин замона фарзанддор намешавем, лекин ҳис мекардем, ки Яҳува Бобиро ба мо ҳамчун писар додааст (Марқ. 10:29, 30).

Боз Ҳайнс ба бемории саратон гирифтор шуд. Бадбахтона, шавҳари азизам соли 2015 аз дунё гузашт. Ман худро бе дасту по ҳис кардам. Ҳеҷ дар сарам намеғунҷид, ки ӯ ҳамроҳам нест. Лекин ёди ӯ дар дили ман зинда аст (Луқ. 20:38). Дар давоми рӯз ман суханони пурмеҳру маслиҳатҳои хирадмандонаашро ба ёд меорам. Худоро шукр мегӯям, ки тамоми ин солҳо хизмати Яҳуваро бо шавҳари азизам ба ҷо овардем.

ЯҲУВАРО БАРОИ ДАСТГИРИЯШ ШУКР МЕГӮЯМ

Дар ҳамаи мушкилиҳои ҳаётам Яҳува дар бари ман буд. Ӯ маро аз як духтараки шармгину одамгурез ба миссионери одамдӯст табдил дод (2 Тим. 1:7). Бо ёрдами Яҳува ману хоҳарам пурравақт хизмат мекунем. Ҳоло хоҳарам шавҳарашро дар хизмати нозирӣ ҳамроҳӣ мекунад. Онҳо дар ҷамоати сербизабони Аврупо хизмат мекунанд. Маълум аст, ки Яҳува ба дуоҳое, ки падарам солҳо пеш мегуфт, ҷавоб гардонд.

Каломи Худоро омӯхта, ман тасаллӣ пайдо мекунам. Дар вақтҳои душворӣ бошад, ман мисли Исо «бо ҷидду ҷаҳди бештар» дуо мегӯям (Луқ. 22:44). Яҳува бо ҳар роҳ ба ман ҷавоб медиҳад. Масалан, меҳру муҳаббати бародару хоҳарони ҷамоати «Надежда»-и София ҷавоб ба дуоҳоям мебошад. Онҳо маро ба меҳмонӣ даъват мекунанд ва мегӯянд, ки хизмати маро қадр мекунанд. Аз ин ман беҳад хурсанд мешавам.

Ман тез-тез дар бораи зиндашавӣ фикр мекунам. Тасаввур мекунам, ки чӣ хел волидонам дар назди хона истодаанд ва онҳо мисли рӯзи тӯяшон зебоянд. Хоҳарам хӯрок тайёр мекунад. Шавҳарам бошад, дар бари аспаш истодааст. Ин фикрҳо ғаму андуҳро аз дилам мебароранд ва дилам аз шукргузорӣ месарояд.

Ба гузашта назар кардаву дар бораи оянда мулоҳиза ронда, ман бо суханони Довуд, ки дар Забур 27:13, 14 омадааст, ҳамовоз мешавам. «Агар дилпур намебудам, ки некуии Яҳуваро дар замини зиндаҳо мебинам, ҳолам чӣ мешуд? Ба Яҳува умед банд, далеру нотарс бош! Ба Яҳува умед банд».

a Саргузашти Татяна Вилейскаро аз «Бедор шавед!», 22-юми декабри соли 2000, саҳ. 20–24 (рус.) ёфта метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан