ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 август саҳ. 31
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Маводи монанд
  • Мо омадани Ҳармаҷиддӯнро бесаброна интизорем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Мо дар бораи довариҳои ояндаи Яҳува чиро медонем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ҳангоми «мусибати бузург» содиқ монед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • «Моро огоҳ кун, ки ин кай воқеъ мешавад?»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 август саҳ. 31

Саволҳои хонандагон

Кори хушхабаррасонӣ кай ба охир мерасад?

Исо гуфта буд: «Ин хушхабари Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд. Пас аз ин анҷом фаро мерасад» (Мат. 24:14). Калимаи юноние, ки ин ҷо «анҷом» тарҷума шудааст ва ҳамчунин дар оятҳои 6 ва 13 ба кор рафтааст, те́лос мебошад. Он ба анҷоми дунёи Шайтон дар Ҳармаҷиддӯн ишора мекунад (Ошкор. 16:14, 16). Аз ин рӯ мо то дами анҷом хушхабарро расондан мегирем. Ин дар фаҳмиши пештараи мо дигаргунӣ медарорад.

Пеш мо гумон мекардем, ки ҳамин ки Бобили бузург нест шуда, азоби азим сар шавад, мо хабаррасониро бас мекунем (Ошкор. 17:3, 5, 15, 16). Мо бовар доштем, ки бо ҳамин рӯйдод замоне, ки маҷозан «соли ризои Яҳува» номида шудааст, ба охир мерасад (Иш. 61:2). Мо ҳамчунин фикр мекардем, ки барои дар Ҳармаҷиддӯн зинда мондан одамон бояд пеш аз азоби азим вафодорияшонро ба Яҳува исбот кунанд. Мо онҳоро ба яҳудиёне монанд мекардем, ки вақти нестшавии Ерусалим соли 607-и то милод зинда монданд. Бар ин яҳудиён пешакӣ нишона гузошта шуда буд, чунки онҳо Яҳуваро мепарастиданд ва аз бадкорӣ дур мешуданд (Ҳиз. 5:11; 9:4). Аммо ин муқоиса бо суханони Исо дар Матто 24:14 рост намеояд. Аз он ҷо маълум мешавад, ки одамон то дами анҷом, то Ҳармаҷиддӯн, имкон доранд хушхабарро қабул кунанд.

Ҳоло ки мо Матто 24:14-ро равшантар мефаҳмем, фаҳмиши мо дар хусуси паёми жоламонанд аз Ошкорсозӣ 16:21 дигар шудааст. Ин ду оят ду ҷониби гуногуни як ҳақиқат аст. Павлус навишта буд, ки хушхабар барои касоне, ки «дар роҳи наҷотанд», «бӯйи ҳаёт» аст. Вале барои душманони Худо он шумхабар ва «бӯйи марг» аст (2 Қӯр. 2:15, 16). Онҳо хабари Подшоҳиро бад мебинанд, чунки он чигунагии дунёи онҳоро фош мекунад: Калом мегӯяд, ки ин дунё бадкор аст, ҳокимаш Шайтон аст ва ба наздикӣ нест мешавад (Юҳ. 7:7; 1 Юҳ. 2:17; 5:19).

Дар Ошкорсозӣ 16:21 ин хабар ба «жолаи бузурге» монанд карда мешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки, шояд, хабаррасонӣ вақти азоби азим шадидтар шавад ва номи Яҳува аз пештара шуҳрати бештар пайдо кунад (Ҳиз. 39:7). Оё баъди нест шудани Бобили бузург баъзе одамон ба бӯйи хуши паёми Подшоҳӣ майл мекунанд? Ин аз эҳтимол дур нест. Шояд, онҳо ба ёд оранд, ки Шоҳидони Яҳува солҳо нестшавии дини дурӯғро эълон мекарданд.

Мисоли мисриёни қадимро ба ёд меорем. Яҳува бар сари сокинони он замин даҳ балоро оварда «ҳамаи худоҳои Мисрро» ҷазо дод. Баъди ин «мардуми зиёде аз халқҳои гуногун» ба исроилиён ҳамроҳ шуданд (2 Мӯсо 12:12, 37, 38). Аз афташ, ин одамон амалӣ гаштани огоҳиҳои Мӯсоро дар бораи даҳ бало дида, ба Яҳува имон оварданд.

Баъди нест шудани Бобили бузург ҳам одамон имкони бебаҳое хоҳанд дошт. То даме ки тадҳиншудагон дар рӯйи заминанд, одамон метавонанд ба Яҳува рӯ оварда, ба бародарони Масеҳ некӣ кунанд (Мат. 25:34–36, 40). Одамон аз рӯйи ҳамин дар доварӣ гӯсфанд шинохта мешаванд. Аммо каме пеш аз Ҳармаҷиддӯн, вақте бақияи тадҳиншудагон мукофоташонро гирифта ба осмон мераванд, ин имконият дигар дастрас намешавад.

Ин дигаргунӣ дар фаҳмиш нишонаи муҳаббати беҳамтои Яҳува аст. Худоямон «нобуд шудани касеро намехоҳад. Хости ӯ ин аст, ки ҳама ба тавба рӯ оранд» (2 Пет. 3:9).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан