ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • g20 № 3 саҳ. 4-5
  • Маълумоти аниқ пайдо кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Маълумоти аниқ пайдо кунед
  • Бедор шавед!—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Душворӣ
  • Китоби Муқаддас мегӯяд:
  • Чаро маълумоти аниқро донистан хуб аст?
  • Чӣ кор кардан мумкин аст?
  • Бадгумонӣ. Оё шумо низ аз он сироят ёфтаед?
    Бедор шавед!—2020
  • Муҳаббат зоҳир кунед
    Бедор шавед!—2020
  • Бигзор ҳамаи мо як бошем, чуноне ки Яҳува ва Исо яканд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Онҳо бадгумониро аз дил решакан карданд
    Бедор шавед!—2020
Маълумоти бештар
Бедор шавед!—2020
g20 № 3 саҳ. 4-5
Ду мард барои занеро ба заводи мошинбарорӣ ба кор гирифтан бо ӯ саволу ҷавоб доранд. Чунин метобад, ки зан дар ҳаяҷон аст.

Маълумоти аниқ пайдо кунед

Душворӣ

Бадгумонӣ бисёр вақт дар натиҷаи надонистани маълумоти аниқ ё шунидани овозаҳои дурӯғ пайдо мешавад. Якчанд мисол меорем:

  • Сардорони баъзе корхонаҳо гумон мекунанд, ки занҳо аз ӯҳдаи иҷрои корҳои илмӣ ва техникӣ намебароянд.

  • Дар асрҳои миёна сокинони Аврупо яҳудиёнро ба он айбдор мекарданд, ки онҳо чоҳҳои обдорро заҳролуд мекунанд ва сабабгори паҳншавии касалиҳо мебошанд. Дар замони ҳукмронии фашистон бошад, яҳудиёнро дар пастравии иқтисодиёти Германия айбдор медонистанд. Дар ҳарду маврид ҳам яҳудиён аз муносибати бадбинона сахт зарар диданд. Баъзеҳо то ба имрӯз дар бораи яҳудиён бадгумонӣ доранд.

  • Бисёриҳо ақидаи нодуруст доранд, ки ҳамаи маъюбон камгап ё бадқаҳранд.

Одамоне, ки чунин ақида доранд, аз ҳаёт гӯё мисолҳо ва далелҳо меоранд, то дуруст будани фикрашонро исбот кунанд. Ва касеро, ки бо онҳо розӣ намешавад, нодон меҳисобанд.

Китоби Муқаддас мегӯяд:

«Дили оқил орзуманди дониш [донистан] аст» (МАСАЛҲО 15:14).

Ин чӣ маъно дорад? Агар кас маълумоти аниқро надонад, қарори нодуруст мебарорад. Агар мо ба овозаҳо бовар кунему асли гапро надонем, оиди одамон ақидаи хато пайдо мекунем.

Оё Китоби Муқаддас ба бадгумонӣ иҷозат медиҳад?

Баъзеҳо мегӯянд, ки Китоби Муқаддас бадгумониро дастгирӣ мекунад. Вале аслан дар ин китоб чӣ гуфта шудааст?

  • Ҳама одамон аз як оилаанд: «Ҳамаи халқҳоро [Худо] аз як одам ба вуҷуд овардааст» (Аъмол 17:26).

  • Худованд одил аст ва касеро аз дигаре боло намегузорад: «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, ва ҳар кӣ аз Ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба Ӯ маъқул аст» (Аъмол 10:34, 35).

  • Парвардигор ба ботини инсон, яъне ба хислатҳояш аҳамият медиҳад, на ба намуди зоҳирии ӯ: «Одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳуваa бошад, дилро мебинад» (1 Подшоҳон 16:7, ТДН).

a Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува — ин номи Худо аст.

Чаро маълумоти аниқро донистан хуб аст?

Ин ба мо ёрдам медиҳад, ки ба овозаҳои дурӯғ зуд бовар накунем, ҳатто агар онҳо васеъ паҳн шуда бошанд ҳам. Агар мо як бор фаҳмем, ки оиди ин ё он гурӯҳи одамон хато фикр кардаем, ин дафъа ба овозаҳо даррав бовар намекунем.

Мисоли ҳаётӣ: Ёвитса (Аврупои Ҷанубу-Шарқӣ)

Ёвитса, ки суханонашро дар боло овардем, дар айёми кӯдакӣ мешунид, ки чӣ тавр одамон байни худ, дар ахбор ва барномаҳои телевизионӣ дар бораи як халқияти камшумор чизҳои бад мегуфтанд. «Дар дилам нисбати он халқият кина ва ҳатто бадбинӣ пайдо шуд,— мегӯяд Ёвитса. Ва ман фикру ҳиссиёти худро сад фоиз дуруст меҳисобидам».

«Аммо вақте ман дар аскарӣ будам, якчанд ҳамхизматам аз он халқият буданд. Мо якҷоя зиндагӣ ва кор мекардем. Бо гузашти вақт ман дар бораи он одамон бисёртар фаҳмидам. Ман ҳатто ба омӯхтани забони онҳо сар кардам ва сурудҳои халқии онҳоро гӯш мекардам. Медидам, ки онҳо ҷавонони хубанд ва муносибатамро ба халқияти онҳо дигар кардам. Лекин ман дарк мекунам, ки бадгумонӣ аз нав пайдо шуда метавонад. Барои ҳамин ман ахборотеро, ки ин халқиятро сиёҳ мекунанд ё филму ҳаҷвияҳоеро, ки онҳоро масхара мекунанд, тамошо намекунам. Зеро медонам, ки ҳисси бадгумонӣ зуд ба хашму ғазаб ва нафрат табдил ёфта метавонад».

Чӣ кор кардан мумкин аст?

  • Вақте аксарият мегӯянд, ки ягон миллат ё халқият хислатҳои бад доранд, дар бораи ҳамаи онҳо чунин фикр накунед. Дар ёд доред, ки бисёри онҳо он хислати бадро надоранд.

  • Мумкин маълумоте, ки шумо дар бораи он гурӯҳи одамон доред, нопурра аст. Барои ҳамин саросемавор оиди онҳо хулосаи нодуруст набароред.

  • Кӯшиш кунед, аз сарчашмаҳои боваринок маълумоти аниқ ба даст оред.

Онҳо бар нафрат ғолиб омаданд

Расмҳо: 1. Ду мард якҷоя рафта истодаанд ва сӯҳбат доранд. 2. Як мард дар иҳотаи дӯстон табассум дорад.

Чӣ ба як марди араб ва як яҳудӣ кӯмак кард, ки бадгумониро аз дилҳои худ решакан кунанд?

Видеонавори «Муҳаббат бар нафрат ғолиб меояд»-ро тамошо кунед. Дар сайти jw.org номи видеонаворро ба сатри ҷустуҷӯ дароред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан