ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • dg қисми 7 саҳ. 14-17
  • Исён ба чӣ натиҷа овард?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исён ба чӣ натиҷа овард?
  • Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Вазъияти имрӯза
  • Вақт чиро нишон дод?
  • Нигоҳи дурандешонаи Худо
  • Тамоми ранҷу азобҳо ба қарибӣ ба охир мерасанд!
    Тамоми ранҷу азобҳо ба қарибӣ ба охир мерасанд!
  • Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ дод?
    Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Оё Худо дар ҳақиқат ба мо ғамхор аст?
dg қисми 7 саҳ. 14-17

Қисми 7

Исён ба чӣ натиҷа овард?

1–3. Чӣ тавр вақт исбот намуд, ки Яҳува ҳақ аст?

ДАР бораи саволи баҳсталаб, ки ба ҳуқуқи ҳукмрон будани Худо дахл дорад, чӣ гуфтан мумкин аст? Роҳбарии инсон, ки дар тӯли асрҳо бе ҳукмронии Худо мегузашт, ба чӣ натиҷа овард? Магар одамон исбот карда тавонистанд, ки аз Худо беҳтар роҳбарӣ менамоянд? Агар бераҳмиҳоеро, ки одам нисбати одам кардааст, ба назар гирем, аниқ аст ки не.

2 Вақте ки волидони нахустини мо ҳукмронии Худоро рад намуданд, бадбахтиҳо сар заданд. Онҳо худро ва инчунин наслеро, ки аз онҳо пайдо шуд, гирифтори ранҷу азоб карданд. Онҳо наметавонистанд касеро ғайр аз худ айбдор кунанд. Каломи Худо мегӯяд: «Онҳо фосид шуданд; аз боиси нуқсони худ фарзандони Ӯ нестанд» (Такрори Шариат 32:5).

3 Таърих ҳақ будани огоҳии Худоро нишон дод, яъне агар Одаму Ҳавво аз зери парастории Ӯ бароянд, онҳо пир мегарданд ва оқибат мемиранд (Ҳастӣ 2:17; 3:19). Онҳо аз зери ҳокимияти Худо баромаданд ва бо мурури замон дучори пирӣ ва марг гардиданд.

4. Аз кадом сабаб ҳамаи мо нокомил таваллуд шуда, дучори беморӣ ва марг мегардем?

4 Дар Румиён 5:12 фаҳмонда мешавад, ки дар натиҷа бо насли онҳо чӣ рӯй дод: «Чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт». Ҳамин тавр, вақте ки волидони нахустини мо ба муқобили Худо исён бардоштанд, онҳо гуноҳкор ва нокомил гардиданд. Ягона чизе ки онҳо ба насли худ мерос гузошта метавонистанд, ин нокомилӣ буд. Аз ҳамин сабаб ҳамаи мо нокомил таваллуд шуда, дучори беморӣ ва марг мегардем.

5, 6. Таърих дар бораи кӯшишҳои инсон барои сулҳ ва ривоҷу равнақи ҳақиқиро фароҳам сохтан чиро нишон дод?

5 Асрҳо гузаштанд. Ҳокимиятҳо омаданду аз байн рафтанд. Шаклҳои гуногуни давлатдорӣ озмуда шуданд. Вале инсоният гаштаву баргашта бо воқеаҳои мудҳиш рӯ ба рӯ мегашт. Фикр кардан мумкин буд, ки баъд аз шаш ҳазор сол одамизод муваффақ мегардад, ки дар саросари замин сулҳ, адолат ва шукуфоиро пойдор созад ва ҳоло аз рӯи меҳр, ҳамдардӣ ва якдигарфаҳмӣ амал кунад.

6 Аммо дар асл, ҳамааш баръакс баромад. Ягон шакли давлатдории инсонӣ ба ҳамагон сулҳ ва ривоҷу равнақи ҳақиқиро оварда натавонист. Чӣ тавре ки мо медонем, танҳо дар асри ХХ аз тарафи фашистон миллионҳо одамон кушта шуданд ва зиёда аз 100 миллион дар ҷангҳои дигар нобуд гаштанд. Дар замони мо низ аз рӯи миллатпарастӣ ва мухолифати сиёсӣ шумораи беҳисоби одамонро азобу шиканҷа медиҳанд, ба қатл мерасонданд ва ҳабс мекунанд.

Вазъияти имрӯза

7. Вазъияти имрӯзаи инсониятро чӣ тавр тасвир намудан мумкин аст?

7 Илова бар ин, ба вазъияти имрӯзаи тамоми инсоният нигаред. Ҷиноят ва зӯроварӣ авҷ гирифта истодааст. Нашъамандӣ ҳамчун эпидемия паҳн мегардад. Бемориҳое, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, тамоми оламро фаро гирифтаанд. Миллионҳо ба касалии марговари СПИД гирифтор шуда истодаанд. Ҳар сол гуруснагӣ ва беморӣ боиси марги даҳҳо миллион нафар мегардад, ҳол он ки гурӯҳи хурде дорои боигарии азиманд. Одамон заминро ифлос ва хароб мекунанд. Дар ҳама ҷо оилаҳо вайрон гашта, арзишҳои ахлоқӣ зери по карда мешаванд. Дар ҳақиқат, ҳаёти имрӯза роҳбарии зишти «худои ин дунё» — Шай- тонро инъикос менамояд. Дунёе, ки ӯ роҳбари он аст, сард, бешафқат ва фосид мебошад (2 Қӯринтиён 4:4).

8. Чаро дастовардҳои инсониро наметавонем тараққиёти ҳақиқӣ номем?

8 Худо мӯҳлати кофӣ дод, то одамон ба қуллаи тараққиёти илмӣ ва моддии хеш бирасанд. Ва магар ин аст тараққиёти ҳақиқӣ, ки ҷои тиру камонро пулемётҳо, танкҳо, бомбаандозҳои реактивӣ ва мушакҳои ядроӣ иваз намуданд? Ин аст тараққиёт, ки одамон ба кайҳон парвоз карда метавонанду дар замин бо ҳамдигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карда наметавонанд? Магар ин аст тараққиёт, ки одамон шомгоҳ ва ё дар баъзе ҷойҳо ҳатто рӯзона метарсанд берун бароянд?

Вақт чиро нишон дод?

9, 10. а) Асрҳои гузашта чиро равшан нишон доданд? б) Чаро Худо одамонро аз озодии ирода маҳрум насохт?

9 Асрҳо нишон доданд, ки одам наметавонад бе роҳбарии Худо қадамҳои худро бомуваффақият равона созад. Яъне чуноне ки одам бе ғизо, об ва ҳаво зиста наметавонад, ончунон бе роҳбарии Худо низ муваффақ гардиданаш ғайриимкон аст. Хулоса аён аст: чуноне ки мо ба обу нону ҳаво эҳтиёҷ дорем, ончунон ба роҳбарии Офаридгор низ мӯҳтоҷем, зеро ки мо чунин офарида шудаем.

10 Ба бадӣ роҳ дода, Худо аввалину охирин бор нишон дод, ки суиистифода аз озодии ирода ба чӣ гуна оқибати нохуш меорад. Азбаски озодии ирода ҳадяи бебаҳост, Худо одамонро аз он маҳрум насохт, балки роҳ дод, то онҳо натиҷаи суистеъмоли онро бубинанд. Каломи Худо ин ҳақиқатро бо чунин суханон ифода мекунад: «Касе ки роҳ меравад, қадамҳои худро наметавонад ҳидоят намояд». Он ҳамчунин дуруст қайд менамояд: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Ирмиё 10:23; Воиз 8:9).

11. Оё ягон шакли давлатдории инсонӣ ранҷу азобро бартараф карда тавонист?

11 Роҳбарии шашҳазорсолаи одамон, ки Худо ба он роҳ дода буд, баръало нишон дод, ки инсон қудрате надорад ба ранҷу азоб хотима бахшад. Ва ҳеҷ вақт аз ӯҳдаи ин баромада наметавонист. Масалан, подшоҳи Исроил Сулаймон дар замони худ бо тамоми хирад, сарват ва қудраташ оқибатҳои бади роҳбарии инсониро бартараф карда натавонист (Воиз 4:1–3). Инчунин дар давраи мо низ роҳбарони дунё ҳатто бо ёрии дастовардҳои нави техникӣ қодири аз миён бардоштани ранҷу азоб нестанд. Бадтараш он аст, ки мувофиқи нишондоди таърих одамон бе роҳбарии Худо ба ҷои он ки ранҷу азобро бартараф кунанд, онро зиёдтар карданд.

Нигоҳи дурандешонаи Худо

12–14. Ба азобу ранҷ роҳ додани Худо чӣ гуна манфияти бардавом меорад?

12 Ба ранҷу азоб роҳ додани Худо боиси дарду ғами мо гашт. Аммо Худо дурандешона нигоҳ мекард, зеро медонист, ки ин натиҷаи хуб меорад. Чунин нигоҳи дурандешонаи Худо ба махлуқоташ натанҳо якчанд сол ё якчанд ҳазор сол, балки миллионҳо сол, бале, то абад манфиат хоҳад овард.

13 Агар дар оянда ягон шахс аъмоли Худоро зери шубҳа гузошта, аз озодии ирода суиистифода намояд, ба ӯ вақт дода намешавад, то нуқтаи назари худро исбот кунад. Ба исёнгарон аллакай ҳазорҳо сол вақт дода, Худо намунаи қонуние муқаррар намуд, ки он дар тамоми коинот то абад истифода бурда мешавад.

14 То кунун ба бадиву азоб роҳ додани Яҳува пурра исбот намуд, ки ҳар чизе ки мувофиқи иродаи Ӯ нест, муваффақ намегардад. Ин, бешубҳа, нишон дод, ки ҳеҷ нақшаи мустақили одамӣ ё махлуқи рӯҳӣ фоидаи бардавом нахоҳад овард. Ҳамин тавр, Худо ҳуқуқи пурра пай- до менамояд ҳар исёнгарро дарҳол нест кунад. «Шариронро нест хоҳад кард» (Забур 144:20; Румиён 3:4).

[Тасвири саҳифаи 15]

Пас аз он ки волидони нахустини мо аз Худо мустақил буданро интихоб намуданд, оқибат дучори пирӣ ва марг гаштанд.

[Тасвири саҳифаи 16]

Роҳбарии одамии ҷудо аз Худо ба мусибатҳои зиёде оварда расонд.

[Бо рухсати 16]

U.S. Coast Guard photo

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан