ҚИСМИ 2
Худои ҳақиқӣ кист?
Танҳо як Худои ҳақиқӣ вуҷуд дорад. Номи Ӯ Яҳува мебошад (Забур 83:18, Тарҷумаи форсӣ). Худо рӯҳ аст; мо Ӯро дида наметавонем. Худо моро дӯст медорад ва мехоҳад, ки мо низ дар ҷавоб Ӯро дӯст дорем. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, ки мо дигаронро дӯст дорем (Матто 22:35–40). Ӯ Шахсияти баландтарин, Офаридгори ҳама чиз мебошад.
Аввалин офаридаи Худо — шахсияти рӯҳии пурқудрате буд, ки баъдтар чун Исои Масеҳ маълум гашт. Яҳува инчунин фариштаҳоро офарид.
Яҳува ҳама чизеро, ки дар осмон... ...ва дар замин аст, офаридааст (Ваҳй 4:11).
Яҳува Худо ситораҳо, ҳамчунин замин ва ҳар он чизе ки дар он аст, офарид (Ҳастӣ 1:1).
Худо аввалин мард, яъне Одамро аз хоки замин сохт (Ҳастӣ 2:7).