ДАРСИ 6
Барои мурдагон чӣ гуна умед вуҷуд дорад?
1. Дар бораи мурдагон чӣ гуна хабари нағз ҳаст?
Вақте ки Исо дар рӯи замин зиндагӣ мекард, дӯсти наздике дошт, ки номаш Лаъзор буд. Рӯзе Лаъзор мурд. Вақте ки Исо ба зодгоҳи ӯ, қишлоқи Байт-Ҳинӣ, ки назди Ерусалим буд, расид, аз марги Лаъзор аллакай чор рӯз гузашта буд. Барои ҳамин, Исо ҳамроҳи хоҳарони Лаъзор, Марто ва Марям, ба назди қабри ӯ равон шуд. Дере нагузашта, дар он ҷо мардум ҷамъ шуданд. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки вақте ки Исо Лаъзорро зинда кард, Марто ва Марям чӣ қадар хурсанд шуданд? (Юҳанно 11:22–24, 38, 40–44-ро хонед).
Марто аллакай аз хабари нағз дар бораи мурдагон бохабар буд. Вай медонист, ки Яҳува мурдагонро аз нав ба ҳаёт дар рӯи замин бармегардонад. (Айюб 14:14, 15-ро хонед).
2. Мурдагон дар кадом ҳолатанд?
Худо ба Одам гуфт: «Ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт» (ҲАСТӢ 3:19).
Одамон аз хок офарида шудаанд (Ҳастӣ 2:7; 3:19). Мо дар даруни худ рӯҳи намирандае надорем. Мо офаридаҳои ҷисмонием, аз ин рӯ вақте ки мо мемирем ҳеҷ чизе баъди мо зиндагӣ карданро давом намедиҳад. Баъди мурданамон майнаи мо низ аз кор мемонад ва фикрҳо ва ҳиссиёти мо нест мешаванд. Барои ҳамин Лаъзор дар бораи он ки гӯё дар вақти мурданаш бо ӯ чизе рӯй дода бошад, нақл намекард. Охир мурдагон чизеро намефаҳманд ва ҳис намекунанд. (Воиз 9:5, 6, 10-ро хонед).
Оё Худо одамонро баъди маргашон дар оташ азоб медиҳад? Азбаски Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мурдагон чизе намедонанд, равшан аст, ки таълимот оиди дӯзахи оташин таълимоти бардурӯғест, ки Худоро бадном мекунад. Худи фикр оиди дар оташ азоб додани одамон ба Ӯ нафратовар аст. (Ирмиё 7:31-ро хонед).
Видеонавори «Мурдагон дар кадом ҳолатанд?»-ро тамошо кунед.
3. Оё мурдагон бо мо гап зада метавонанд?
Мурдагон наметавонанд гап зананд ё чизеро шунаванд (Забур 113:25). Вале, баъзе фариштаҳо бад ҳастанд ва чунин шуданаш мумкин аст, ки онҳо бо одамон гап зада худро шахсони мурда вонамуд созанд (Яҳудо 6). Яҳува бо мурдагон алоқа карданро манъ мекунад. (Такрори Шариат 18:10, 11-ро хонед).
4. Киҳо ба ҳаёт эҳё хоҳанд шуд?
Миллионҳо одамоне, ки мурдаанд барои ҳаёт дар рӯи замин аз нав зинда хоҳанд шуд. Ҳатто баъзе аз онҳое, ки Худоро намедонистанд ва корҳои бад мекарданд, эҳё мешаванд. (Забур 36:29 ва Аъмол 24:15-ро хонед).
Ба эҳёшудагон имконият пайдо мешавад, ки ҳақиқатро дар бораи Худо таълим гиранд ва ба Исо итоат карда имонашонро ба ӯ зоҳир кунанд (Ваҳй 20:11, 12). Онҳое, ки эҳё мешаванду корҳои нек мекунанд, метавонанд дар рӯи замин абадӣ зиндагӣ кунанд. (Юҳанно 5:28, 29-ро хонед).
5. Эҳёшавӣ ба мо дар бораи Яҳува чиро ошкор мекунад?
Худо умеди эҳёшавиро бо он имконпазир сохт, ки Писарашро ба замин фиристод, то ӯ барои мо ҳаёташро диҳад. Барои ҳамин, эҳёшавӣ ба мо муҳаббати Яҳува ва меҳрубонии беҳамтои Ӯро ошкор мекунад. Вақте ки мурдагон ба ҳаёт эҳё мешаванд, шумо аз байни онҳо киро бештар дидан мехостед? (Юҳанно 3:16 ва 1 Қӯринтиён 15:22-ро хонед).