ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w11 15.8. саҳ. 8-9
  • Ба васвасаҳо муқобилат кун!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба васвасаҳо муқобилат кун!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Маводи монанд
  • Бардурӯғ айбдор карда шуд!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Мусо супориши махсусе мегирад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Худое, ки аз беадолатӣ нафрат дорад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
w11 15.8. саҳ. 8-9

Барои наврасон

Ба васвасаҳо муқобилат кун!

ЮСУФ — ҚИСМИ 1

Супориш: Ин супоришро дар вазъияти ором иҷро кун. Дар вақти хондани оятҳои Китоби Муқаддас фарз кун, ки ту ҳам дар он ҷо ҳастӣ. Манзараро ба таври зинда тасаввур кун. Ба овозҳо гӯш деҳ. Худро дар ҷои иштирокчиёни асосӣ гузор. Тасаввур кун, ки ҳамаи ин худи ҳозир рӯй дода истодааст.

Иштирокчиёни асосӣ: Юсуф, зани Фӯтифар

Нақли кӯтоҳ: Юсуф ба васвасаи алоқаи ҷинсӣ бо зани Фӯтифар муқобилат мекунад.

1 ДАР БОРАИ ВОҚЕА ЧУҚУР ФИКР КУН. ҲАСТӢ 39:1–12-РО ХОН.

Хонаи калону зебои Фӯтифарро ту чӣ гуна тасвир мекардӣ?

_______

Ба фикри ту, афти Юсуф чӣ хел буд? (Калид барои ёфтани ҷавоб: боз як бор ояти 6–ро хон.)

_______

Дар оятҳои 8 ва 9, вақте ки Юсуф бо зани Фӯтифар гап мезанад, ту дар овози вай чӣ ҳиссиётро пай мебарӣ?

_______

2 БОЗ ЧУҚУРТАР ФИКР КУН.

Чаро вайрон кардани қоидаҳои ахлоқиаш ба Юсуф шояд осон буд? (Калид барои ёфтани ҷавоб: Филиппиён 2:12–ро хон ва дар бораи вазъияти Юсуф фикр кун. Масалан, он вақт оилаи Юсуф ва онҳое, ки мисли ӯ ба Яҳува ибодат мекарданд, дар куҷо буданд?)

_______

Дар ҳолате ки Худо дар бораи зино ҳоло ягон қонун надода буд, чаро, ба фикри ту, Юсуф зинокориро гуноҳ бар зидди Худо меҳисобид? (Калид барои ёфтани ҷавоб: оятҳои Ҳастӣ 2:24; 12:17, 18; Румиён 2:14, 15; Ибриён 5:14–ро хон ва дар бораи онҳо фикр кун.)

_______

3 ЧИЗИ ФАҲМИДАГИАТРО БА КОР БАР. НАВИС, КИ ТУ ЧӢ ФАҲМИДӢ...

Дар бораи алоқаи байни худдорӣ ва худэҳтиромкунӣ.

_______

Дар бораи фоидаи риоя кардани қоидаҳои ахлоқии Худо.

_______

Дар бораи зарурияти омӯхтани «фарқ кардани неку бад» (Ибриён 5:14).

_______

БОЗ ЧӢ ТАВР ТУ ИНРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНӢ?

Дар кадом ҷониб(ҳо)и ҳаётат ту ба васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ боз ҳам қатъӣ муқобилат карда метавонӣ? (Калид барои ёфтани ҷавоб: Айюб 31:1; Забур 118:37; Эфсӯсиён 5:3, 4–ро хон ва дар бораи онҳо фикр кун.)

_______

2 ДАР ИН НАҚЛ ЧӢ БА ТУ БИСЁРТАР МАЪҚУЛ ШУД ВА ЧАРО?

_______

Агар Китоби Муқаддас надошта бошӣ

метавонӣ ба Шоҳидони Яҳува муроҷиат кунӣ ё аз сайти зерин маълумоти бештар пайдо кунӣ

www.watchtower.org.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан