ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.2. саҳ. 23-25
  • Нотон ҳимоякунандаи бовафои ибодати пок

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Нотон ҳимоякунандаи бовафои ибодати пок
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МУАЛЛИМИ БОФАРОСАТ
  • ҲИМОЯКУНАНДАИ ИБОДАТИ ПОК
  • ҲИМОЯКУНАНДАИ ТАХТИ ПОДШОҲӢ
  • ТАЪРИХШИНОСИ ХОКСОР
  • САДОҚАТМАНДӢ БА ЯҲУВА ӮРО БАРМЕАНГЕХТ
  • Аз ходимони содиқи Худо вафодорӣ биомӯзед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Дӯстӣ дар вақтҳои тангӣ
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Нохушиҳо дар хонадони Довуд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Бахшанда будани Яҳува барои шумо чӣ маъно дорад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.2. саҳ. 23-25

Нотон ҳимоякунандаи бовафои ибодати пок

Ба шахси пуриқтидор хатогиашро гуфтан ва фаҳмондан, ки ӯ ба ислоҳ шудан ниёз дорад, осон нест. Агар шумо медонистед, ки ин шахс барои нигоҳ доштани обрӯяш касеро куштааст, оё шумо барои фош кардани гуноҳи ӯ ба наздаш мерафтед?

Шоҳи Исроили қадим, Довуд, бо Батшобаъ зино кард ва ӯ ҳомиладор шуд. Барои пинҳон кардани гуноҳашон Довуд шавҳари вайро кушт ва Батшобаъро ба занӣ гирифт. Дар давоми моҳҳои зиёд Довуд вазифаи шоҳигариашро давом медод ва ба гуноҳаш иқрор намешуд. Аммо Яҳува намонд, ки гуноҳи подшоҳ пинҳон монад. Яҳува пайғамбараш Нотонро ба назди Довуд фиристод, то ҷиддӣ будани гуноҳро ба ӯ фаҳмонад.

Ин вазифаи осон набуд. Худро ба ҷои Нотон тасаввур кунед. Садоқат ба Яҳува ва ба аҳкомҳои илоҳӣ Нотонро барангехт, ки ба Довуд гуноҳи содиркардаашро хотиррасон кунад. Пайғамбар инро чӣ тавр кард ва чӣ гуна фаҳмонд, ки Довуд ба тавба ниёз дорад?

МУАЛЛИМИ БОФАРОСАТ

Биёед якчанд дақиқаро ба хондани 2 Подшоҳон 12:1–25 ҷудо кунем. Тасаввур кунед, ки шумо Нотон мебошеду ба Довуд чунин ҳикояро нақл карда истодаед: «Дар шаҳре ду мард буданд, яке сарватдор ва дигаре камбағал. Сарватдор гӯсфандон ва говони бағоят бисёр дошт, вале камбағал чизе ҷуз як меши майдаяк надошт, ки онро харида парварида буд ва он назди ӯ бо якҷоягии бачагонаш калон мешуд: аз нони ӯ мехӯрд ва аз косаи ӯ менӯшид ва дар бағали ӯ мехобид ва барои ӯ мисли духтар буд. Ва мусофире назди марди сарватдор омад ва ӯ дареғ дошт, ки аз гӯсфандон ва говони худ гирифта, барои меҳмоне ки назди ӯ омадааст, хӯроке тайёр кунад, балки меши марди камбағалро гирифта, барои шахсе ки назди ӯ омада буд, хӯрок тайёр кард» (2 Подш. 12:1–4).

Довуд, ки худаш чӯпон буд, бешубҳа бовар кард, ки ин ҳодиса воқеӣ буд. Як шореҳ чунин ақида дорад, ки Нотон шояд назди Довуд зуд-зуд мерафт ва барои манфиати шахсони зарардида, ки ягон ҳимоягар надоштанд, кӯмак мепурсид. Ҳатто агар ин дуруст бошад ҳам, барои он ки Нотон ба подшоҳ бо суханони дар боло овардашуда муроҷиат кунад, садоқатмандӣ ба Худо ва далерӣ лозим буд. Довуд аз шунидани ҳикояи Нотон ба хашм омад. Ӯ нидо кард: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст!» Сипас Нотон ҳукмро эълон кард: «Он мард ту ҳастӣ!» (2 Подш. 12:5–7).

Фикр кунед, ки чаро Нотон ин проблемаро маҳз ҳамин тавр ба миён овард. Ба шахс нисбати дӯсти худ баҳои дуруст додан осон нест. Ҳамаи мо ҳангоми рафтори нодурустамон майли худсафедкунӣ дорем. Аммо мисоли Нотон Довудро барангехт, ки рафтори худашро надониста маҳкум кунад. Подшоҳ фаҳмид, ки рафтори шахсе ки Нотон дар борааш нақл кард сазовори ҳукм буд. Аммо танҳо баъд аз он ки Довуд ин амалро худаш маҳкум кард, Нотон ошкор намуд, ки ин мисол ба худи шоҳ дахл дорад. Сипас Довуд ҷиддӣ будани гуноҳашро дарк карда тавонист. Ин ба ӯ кӯмак кард, ки тарзи фикррониашро тағйир диҳад то мазамматро қабул кунад. Довуд дарк кард, ки бо амали бо Батшобаъ кардааш нисбати Яҳува «беэътиноӣ намуд» ва ӯ мазамматеро, ки ба он сазовор буд, қабул кард (2 Подш. 12:9–14; Заб. 50, пешгуфтор).

Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? Шахсе ки аз Китоби Муқаддас таълим медиҳад кӯшиш мекунад, ки омӯзандагонаш ба хулосаи дуруст оянд. Нотон Довудро эҳтиром мекард, аз ин рӯ ба ӯ боҳурматона муроҷиат намуд. Ӯ медонист, ки Довуд адолат ва инсофро дӯст медорад. Ва бо мисоли овардааш пайғамбар ин хислатҳои Довудро бедор кард. Мо низ метавонем ба шахсони самимӣ ёрдам кунем, ки нуқтаи назари Яҳуваро бифаҳманд. Чӣ тавр? Одамон одатан адолатро дӯст медоранд. Агар ин ҳисси адолатдӯстии онҳоро истифода барем, мо ба онҳо ёрдам карда метавонем. Ҳамзамон набояд нишон диҳем, ки мо аз онҳо дида шахси беҳтар ҳастем ё ҳақ дорем, ки ба онҳо чӣ кор карданро фаҳмонем. Манбаи бовариноке, ки баду некро ба мо мефаҳмонад, на ақидаи шахсии худи мо аст, балки Китоби Муқаддас мебошад.

Нотонро пеш аз ҳама садоқатмандӣ ба Худо барангехт, ки шоҳи пуриқтидорро мазаммат намояд (2 Подш. 12:1). Инчунин садоқатмандӣ ба мо далерӣ мебахшад, то принсипҳои боадолатонаи Яҳуваро ҳимоя кунем.

ҲИМОЯКУНАНДАИ ИБОДАТИ ПОК

Нотон ва Довуд аз афташ дӯстони хуб буданд, зеро Довуд яке аз писаронашро Нотон ном ниҳод (1 Вақ. 3:1, 5). Вақте ки бори аввал дар Китоби Муқаддас оиди Нотон нақл карда мешавад, ӯ ҳамроҳи Довуд буд. Ҳардуяшон Яҳуваро дӯст медоштанд. Шоҳ бешубҳа нуқтаи назари Нотонро қадр мекард, зеро ба ӯ гуфт, ки ба Яҳува маъбад сохтан мехоҳад. Подшоҳ гуфт: «Лутфан, бубин, ки ман дар хонаи арзӣ сокин ҳастам, вале сандуқи Худо андаруни чодар сокин аст». Ва Нотон ба подшоҳ гуфт: «Ҳар он чи дар дилат бошад, бирав, ба амал овар, зеро ки Худованд бо туст» (2 Подш. 7:2, 3).

Нотон чун ходими содиқи Яҳува, бо шавқи зиёд мақсади Довудро барои сохтани аввалин маъбади ибодати пок дар замин, дастгирӣ кард. Аммо дар ин маврид гуфтаи Нотон фикри шахсии худаш буд, на фикри Яҳува. Дар он шаб пайғамбар аз Худо дастур гирифта ба шоҳ хабари дигарро мерасонад, ки Довуд маъбади Ӯро нахоҳад сохт. Шахсе ки маъбадро бояд созад, яке аз писарони Довуд хоҳад буд. Лекин Нотон эълон намуд, ки Худо бо Довуд аҳд мебандад, то тахти ӯ «то абад пойдор хоҳад» монд (2 Подш. 7:4–16).

Иродаи Худо бо нуқтаи назари Нотон оиди сохтани маъбад мувофиқ набуд. Аммо ин пайғамбари фурӯтан шикоят накарда, бо хоҳиши Яҳува розӣ шуд ва мувофиқи он амал кард. То чӣ андоза Нотон барои мо дар мавридҳое, ки Худо моро бо ягон роҳ ислоҳ карданӣ мешавад, намунаи олиҷаноб аст! Амалҳои минбаъдаи Нотон чун пайғамбар нишон медиҳанд, ки вай илтифоти Худоро аз даст надод. Дар асл, Яҳува Нотон ва Ҷоди ғайбгӯро илҳом бахшид, ки ба Довуд дастур диҳанд, то 4 000 мардонеро, ки бояд Худоро ҳамду сано мегуфтанд, ташкил намояд (1 Вақ. 23:1–5; 2 Вақ. 29:25).

ҲИМОЯКУНАНДАИ ТАХТИ ПОДШОҲӢ

Нотон медонист, ки ба ҷои Довуди пиронсол, бояд Сулаймон бар тахти подшоҳӣ нишинад. Барои ҳамин, вақте ки Адӯниё пеш аз марги Довуд кӯшиш намуд, ки тахти подшоҳиро ғайриқонунӣ аз они худ созад, Нотон далерона амал кард. Нотон бори дигар эҳтиром ва садоқатмандӣ зоҳир намуд. Ӯ дар аввал Батшобаъро барангехт, то ба Довуд оиди ваъдааш, ки писараш Сулаймон подшоҳ мегардад, хотиррасон кунад. Баъд Нотон назди подшоҳ рафта аз ӯ пурсид, ки оё Адӯниёро худи Довуд подшоҳи навбатӣ интихоб кардааст. Ҷиддӣ будани вазъиятро дарк намуда подшоҳи пиронсол ба Нотон ва дигар хизматгорони содиқ фармуд, ки Сулаймонро тадҳин намоянд ва ӯро подшоҳ эълон кунанд. Мақсади Адӯниё ҷомаи амал напӯшид (3 Подш. 1:5–53).

ТАЪРИХШИНОСИ ХОКСОР

Нотон ва Ҷод чун муаллифони китоби 1 Подшоҳон аз бобҳои 25 то 31 ва ҳамчунин китоби 2 Подшоҳон дониста мешаванд. Оиди таърихи илҳомбахшида, ки дар ин китобҳо навишта шудааст, гуфта мешавад: «Саргузашти подшоҳ Довуд, аз аввали умраш то охири он, дар навиштаҷоти Самуили басир ва дар навиштаҷоти Нотони набӣ ва дар навиштаҷоти Ҷоди пешбин тасвир ёфтааст» (1 Вақ. 29:29). Нотон ҳамчунин дар бораи «аъмоли Сулаймон» навишта буд (2 Вақ. 9:29). Ин маънои онро дорад, ки Нотон эҳтимолан баъд аз марги Довуд хизматашро дар хонаи подшоҳ давом дод.

Маълумоти зиёдеро, ки мо дар бораи Нотон дорем, шояд худаш навиштааст. Ҳамчунин аз он чизҳое ки дар бораи ӯ навишта нашудааст, дарси зиёде гирифтан мумкин. Нотон бешубҳа таърихчии хоксор буд ва шӯҳратманд гаштан намехост. Як луғати Китоби Муқаддас мегӯяд, ки дар Навиштаҳо оиди Нотон маълумоти каме ҷой дорад ва дар бораи оилааш низ ягон чизе гуфта нашудааст. Мо дар бораи ҳаёти шахсии Нотон ҳеҷ чизро намедонем.

САДОҚАТМАНДӢ БА ЯҲУВА ӮРО БАРМЕАНГЕХТ

Аз рӯи маълумоти каме, ки оиди Нотон дар Навиштаҳо омадааст, маълум мешавад, ки ӯ фурӯтан буд ва содиқона аҳкому ниятҳои Худоро ҳимоя мекард. Яҳува Худо дар иҷрои вазифаҳои масъулиятнок ӯро вазифадор мекард. Бар хислатҳои Нотон аз ҷумла садоқатмандӣ ба Худо ва миннатдории чуқур оиди талаботҳои Худо мулоҳиза ронед. Кӯшиш кунед, ки ба ин хислатҳо тақлид намоед.

Барои шумо шояд даркор намешавад, ки подшоҳони зинокорро мазаммат кунед ё нақшаи шахсеро ки подшоҳ шудан мехоҳад, вайрон созед. Аммо бо кӯмаки Худо шумо метавонед ба Худо содиқ монед ва талаботи одилонаи Ӯро ҳимоя кунед. Шумо низ муаллими далер, ҳамзамон бофаросат ва ҳимоякунандаи ибодати пок шуда метавонед.

[Тасвир дар саҳифаи 25]

Чун ҳимоякунандаи тахти подшоҳӣ, Нотон ба Батшобаъ эҳтиромона сухан ронд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан