Далерона бо душвориҳои имрӯза мубориза баред
«Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост, мададгоре ки дар тангиҳо зуд пайдо мешавад» (ЗАБ. 45:2).
ОЁ ШУМО ҶАВОБ ДОДА МЕТАВОНЕД?
Чӣ тавр нагузорем, ки мушкилиҳо бар мо ғолиб оянд?
Барои зоҳир кардани далерӣ мо кадом сабабҳо дорем?
Бо кадом роҳҳо Яҳува барои бо душвориҳо мубориза бурдан ба мо кӯмак мерасонад?
1, 2. Имрӯз бисёриҳо бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, лекин ходимони Худо чӣ кор кардан мехоҳанд?
МО ДАР замонҳои хеле душвор зиндагӣ дорем. Дар замин паи ҳам ҳодисаҳои нохуш рӯй дода истодаанд, масалан, заминҷунбиҳо, сунамиҳо, сӯхторҳо, обхезиҳо, вулқонҳо, гирдбодҳо, тӯфонҳо ва тундбодҳо бар сари инсоният дарду азобҳои зиёд меоранд. Зиёда аз ин, проблемаҳои оилавӣ ва душвориҳои шахсӣ сабаби тарс ва ғаму андӯҳ мегарданд. Бале, ҳеҷ кадоми мо аз «вақти номусоид ва нокомӣ» эмин нестем (Воиз 9:11).
2 Нигоҳ накарда ба чунин вазъиятҳои душвор ходимони Худо дар кулли худ тавонистанд, ки хурсандиро аз даст надода хизматашонро давом диҳанд. Лекин бо наздикшавии анҷоми ин тартибот бешубҳа ҳар яки мо мехоҳем, ки барои бо ҳар гуна душвориҳо мубориза бурдан, омода бошем. Чӣ тавр бо душвориҳо мубориза бурда ба онҳо таслим нашавем? Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки далерона ва душвориҳои имрӯза мубориза барем?
АЗ ОНҲОЕ, КИ ДАЛЕРӢ ЗОҲИР МЕКАРДАНД, ДАРСИ ИБРАТ ГИРЕД
3. Ҳангоми бо душвориҳо рӯ ба рӯ шудан, мувофиқи Румиён 15:4 мо аз чӣ тасаллӣ ёфта метавонем?
3 Ҳарчанд нисбат ба пештара душвориҳо ба шумораи зиёди одамон таъсир мерасонанд, ин азобҳо барои инсоният нав нестанд. Биёед бифаҳмем, ки мо аз намунаи ходимони Худо, ки дар гузашта далерона душвориҳоро паси сар мекарданд, чӣ омӯхта метавонем (Рум. 15:4).
4. Довуд кадом мушкилиҳоро аз сар гузаронд ва дар ин ба ӯ чӣ кӯмак кард?
4 Оиди намунаи Довуд мулоҳиза ронед. Ӯ бо мушкилиҳои зиёд дучор шуда буд, масалан ба вай лозим омад, ки ғазаби шоҳ, ҳамлаи душманон, ба асирӣ бурда шудани занонаш, хиёнат аз тарафи ёру рафиқон ва ташвишҳои ботиниро аз сар гузаронад (1 Подш. 18:8, 9; 30:1–5; 2 Подш. 17:1–3; 24:15, 17; Заб. 37:5–9). Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки ин душвориҳо ба Довуд дарду азоби зиёд оварданд, лекин онҳо ӯро аз ҷиҳати рӯҳонӣ нашикастанд. Вай бо имони қавӣ гуфта буд: «Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросон бошам?» (Заб. 26:1; Забур 26:5, 10–ро бихонед.)
5. Чӣ ба Иброҳим ва Соро кӯмак мерасонд, ки нигоҳ накарда ба ҳаёти душворашон хушбахт бимонанд?
5 Иброҳим ва Соро қисми зиёди ҳаёташонро дар хаймаҳо гузаронида, чун мусофир умр ба сар мебурданд. Ҳаёт барояшон на ҳама вақт осон буд. Лекин онҳо чунин мушкилиҳоро ба монанди гуруснагӣ ва хатар аз ҷониби халқҳои гирду атроф бо иродаи қавӣ паси сар мекарданд (Ҳас. 12:10; 14:14–16). Чӣ ба онҳо дар ин кӯмак кард? Каломи Худо ба мо мегӯяд, ки Иброҳим «мунтазири шаҳре буд, ки таҳкурсии мустаҳкаме дорад ва меъмору бинокори он Худост» (Ибр. 11:8–10). Иброҳиму Соро диққаташонро ба чизҳои оянда равона мекарданд ва ба душвориҳо намегузоштанд, ки онҳоро пахш кунанд.
6. Чӣ тавр мо ба Айюб пайравӣ карда метавонем?
6 Айюб бо озмоишҳои бениҳоят сахт дучор шуд. Танҳо тасаввур кунед, ки вақте ҳама чиз дар ҳаёташ чаппаву роста шуд, ӯро чӣ гуна ҳиссиёт фаро гирифт (Айюб 3:3, 11). Надонистани он ки чаро ҳамаи ин бо ӯ рӯй дода истодааст, азоби Айюбро боз ҳам сахттар мекард. Ба ҳар ҳол, вай муборизаро бас намекард. Ӯ ба Худо имони қавӣ зоҳир мекард ва беайбиашро нигоҳ медошт. (Айюб 27:5–ро бихонед.) Чӣ намунаи хубе гузошт Айюб ба мо!
7. Павлус ҳангоми ба Худо хизмат карданаш бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешуд, лекин фаҳмидани чӣ ба ӯ далерӣ мебахшид, то муборизаро давом диҳад?
7 Ҳамчунин дар бораи намунаи Павлус мулоҳиза ронед. Дар давоми хизматаш ӯ бо хатарҳо дар шаҳр, хатарҳо дар биёбон ва хатарҳо дар баҳр рӯ ба рӯ шуда буд. Ғайр аз ин, вай навишта буд, ки аз гуруснагӣ, ташнагӣ, сармо ва бараҳнагӣ азоб кашид ва дафъае, ҳангоми ғарқ шудани киштӣ, шабу рӯзро дар қаъри баҳр гузаронда буд (2 Қӯр. 11:23–27). Нигоҳ накарда ба ҳамаи ин душвориҳо ӯ рӯҳияи мусбиро нигоҳ дошта тавонист. Масалан, баъди он ки ӯ аз сабаби ба Худо хизмат карданаш бо марг рӯ ба рӯ шуд, вай чунин гуфт: «Ба худамон таваккал накунем, балки ба Худои эҳёкунандаи мурдагон, ки Ӯ моро аз чунин мамот халос кард ва ҳанӯз халос мекунад» (2 Қӯринтиён 1:8–10). Шумораи ками одамон бо чунин вазъиятҳои сахт, ки Павлус дар онҳо қарор дошт, рӯ ба рӯ мешаванд. Лекин ҳиссиёте, ки Павлус дошт ба бисёриҳо шиносанд. Барои ҳамин намунаи далерии ӯ моро тасаллӣ мебахшад.
НАГУЗОРЕД, КИ ҲОДИСАҲОИ НОХУШ БАР ШУМО ҒОЛИБ ОЯНД
8. Фаҳмонед, ки проблемаҳои имрӯза ба мо чӣ тавр таъсир расонида метавонанд.
8 Ҷаҳони имрӯза аз нохушиҳо, душвориҳо ва дигар вазъиятҳои мушкил пур шудааст. Аз ин сабаб бисёриҳо ҳис мекунанд, ки барои мубориза бурдан дигар қувват надоранд. Чунин ҳиссиёт ҳатто ба баъзе масеҳиён шинос аст. Хоҳар Ланиa, ҳангоми бо шавҳараш дар Австралия чун ходимони пурравақт хизмат карданаш фаҳмид, ки ӯ гирифтори бемории саратони сина мебошад. Вай нақл мекунад, ки вақте ба ӯ ин хабарро гуфтанд, гӯё бар сараш оби ҷӯш рехтанд. Баъди шунидани ин хабар ӯ худро тамоман шикаставу беҳол ҳис кард. Лани илова мекунад: «Пас аз ҳар муолиҷа тобам мегурехт ва дар ман ягон зарра худэҳтиромкунӣ боқӣ намонд». Бар замми ҳамаи ин ба хоҳар лозим буд, ки шавҳарашро нигоҳубин кунад, зеро сутунмӯҳраи вайро ҷарроҳӣ карда буданд. Агар мо дар чунин вазъият қарор дошта бошем, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
9, 10. а) Мо бояд ба чӣ роҳ надиҳем? б) Чӣ тавр мо метавонем бо «мусибатҳои бисёр», ки мувофиқи Аъмол 14:22 бояд бо онҳо дучор шавем, мубориза барем?
9 Дар хотир доштан лозим аст, ки Шайтон нохушиҳои ба сарамон омадаро истифода бурда, имони моро шикастан мехоҳад. Лекин мо бояд нагузорем, ки вай моро аз хурсандӣ маҳрум созад. Дар Масалҳо 24:10 гуфта шудааст: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Мулоҳиза бар намунаҳои Китоби Муқаддас, аз он ҷумла онҳое, ки дар боло оварда шуда буданд, ба мо кӯмак мерасонад, ки ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо нохушиҳо далерии лозимаро зоҳир созем.
10 Ҳамчунин онро дар хотир доштан хуб мебуд, ки мо ҳамаи душвориҳоро ҳал карда наметавонем. Беш аз ин, то он даме, ки ин ҷаҳони шарир вуҷуд дорад, ҳар яки мо бо мушкилиҳои зиёд дучор хоҳем шуд (2 Тим. 3:12). Дар Аъмол 14:22 мо мехонем: «Мо бояд бо мусибатҳои бисёр дохили Малакути Худо гардем». Лекин Худо қодир аст, ки ба мо ёрӣ расонад. Пас чаро ба ин душвориҳо чун ба имконияти нишон додани имони худ муносибат накунем ва аз ин рӯҳафтода нашавем?
11. Чӣ тавр ба душвориҳои ҳаёт нагузорем, ки бар мо ғолиб оянд?
11 Ба мо лозим аст, ки диққатамонро ба чизҳои мусбӣ равона созем. Каломи Худо мегӯяд: «Дили шод чеҳраро зебо мегардонад, вале аз андӯҳи дил рӯҳ маъюс мешавад» (Мас. 15:13). Духтурон чандин бор таҷриба гузаронда пай бурданд, ки тарзи фикрронии мусбӣ метавонад шахсро шифо бахшад. Масалан, вақте ба беморон доруе дода шуд, ки дар асл ягон хусусияти шифобахшӣ надошт, бисёри онҳо худро беҳтар ҳис карданд, танҳо барои он ки ба таъсири мусбии он дору боварӣ доштанд. Ва баръакс, дар мавриди дигар беморон худро танҳо аз он сабаб бадтар ҳис карданд, ки ба онҳо пеш аз истеъмоли дору гуфта шуд, ки он таъсири манфӣ расонида метавонад. Ин нишон медиҳанд, ки аз ҳад зиёд фикр кардан оиди вазъиятҳое, ки мо тағйир дода наметавонем, моро танҳо аз пой меафтонаду халос. Мо ба Яҳува миннатдорем, ки ҳатто дар замонҳои хеле душвор, Ӯ тавассути Каломаш, дастгирии бародарияти умумиҷаҳонӣ ва қуввате, ки ба воситаи рӯҳулқудс медиҳад, ба мо кӯмаки ҳақиқӣ мерасонад. Диққатамонро ба ҳамаи ин чизҳо равона карда, мо барои мубориза бурдан қувват мегирем. Ба ҷои он ки оиди ҳодисаҳои нохуш бисёр фикр ронед, беҳтараш барои ҳал кардани душвориҳо чораҳои амалӣ андешед ва диққататонро ба ҷиҳатҳои мусбии ҳаётатон равона созед (Мас. 17:22).
12, 13. а) Чӣ ба ходимони Худо кӯмак мекард, ки ба зарари расонидаи офатҳои табиӣ тоб оранд? Мисол оред. б) Чӣ тавр вақти сар задани офатҳои табиӣ аён мегардад, ки чӣ дар ҳаёт аз ҳама муҳим аст?
12 Вақтҳои охир офатҳои табиии шадид ба баъзе давлатҳо зарари калон расонданд. Ҷолиби диққат аст, ки ҳамимононамон дар ин вазъиятҳои душвор истодагарии олиҷанобро зоҳир карданд, ҳарчанд ин барояшон осон набуд. Масалан, дар натиҷаи заминларзаи шадид ва сунамие, ки аввали соли 2010 дар Чили ба амал омада буд, ҳамимонони мо хонаву дороӣ ва баъзеашон ҷои кори худро аз даст доданд. Вале нигоҳ накарда ба ин бародаронамон дар хизмати Яҳува фаъол мемонданд. Самуэл, ки хонааш ба пуррагӣ нобуд шуд, мегӯяд: «Ҳатто дар ин вазъиятҳои душвор ману занам ҳама вақт ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меовардем ва дар мавъиза иштирок мекардем. Ман боварӣ дорам, ки маҳз ҳамин чорабиниҳо ба мо кӯмак карданд, ки ноумеду маъюс нашавем». Ин ҳамсарон ва дигар бародарону хоҳаронамон намегузоштанд, ки нохушии ба сарашон омада онҳоро рӯҳафтода созад, баръакс онҳо ҷидду ҷаҳдро дар хизмат ба Яҳува нигоҳ медоштанд.
13 Моҳи сентябри соли 2009 дар натиҷаи боришоти пай дар пай 80 фоизи шаҳри Манила (Филиппин) зери об монда буд. Марди сарватманде, ки дороии зиёдашро аз даст дода буд, гуфт: «Обхезӣ ҳам бою ҳам камбағалро баробар кард ва бар сари ҳарду азобу уқубати зиёде овард». Ин воқеа маслиҳати оқилонаи Исоро ба мо хотиррасон мекунад: «Барои худ ганҷҳо дар осмон ғун кунед, ки дар он ҷо куя ва занг намезанад ва дуздон нақб намекананд ва намедузданд» (Мат. 6:20). Вақте шахс дар ҳаёташ чизҳои моддиро, ки ба осонӣ нест шуданашон мумкин аст, дар ҷои аввал мегузорад, ин бисёр вақт ба рӯҳафтодагиву ноумедӣ оварда мерасонад. То чӣ андоза бохирадона мебуд, ки муносибатҳои бо Яҳува доштаамонро дар ҷои аввали ҳаёт гузорем, зеро новобаста аз он ки дар гирду атрофамон чӣ рӯй медиҳад, дӯстии мо бо Яҳува ҳеҷ гоҳ зарар намебинад. (Ибриён 13:5, 6–ро бихонед.)
САБАБҲО БАРОИ ЗОҲИР КАРДАНИ ДАЛЕРӢ
14. Мо барои зоҳир кардани далерӣ чӣ сабабҳо дорем?
14 Исо мефаҳмид, ки ҳангоми ҳузури ӯ одамон бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, вале ба ҳар ҳол ӯ гуфт: «Натарсед» (Луқо 21:9). Мо барои нишон додани далерӣ сабабҳои ҷиддӣ дорем, зеро Подшоҳи мо, Исои Масеҳ ва Офаридгори тамоми Даҳр, Яҳува моро дастгирӣ мекунанд. Павлус Тимотиюсро бо суханони зерин рӯҳбаланд кард: «Худо ба мо на рӯҳи тарсу ҳаросро, балки рӯҳи қувват ва муҳаббат ва парҳезгорӣ додааст» (2 Тим. 1:7).
15. Баъзе ходимони Худо оиди ба Ӯ таваккал кардан чӣ гуфтанд ва чӣ тавр мо монанди онҳо далерӣ дошта метавонем?
15 Биёед бинем, ки чӣ тавр баъзе ходимони Худо эътимоди қавиашонро изҳор мекарданд. Довуд гуфта буд: «Худованд қуввати ман ва сипари ман аст; дилам ба Ӯ таваккал намуд, ва ман мадад ёфтам, ва дилам шод шуд» (Заб. 27:7). Павлус боварии комилашро ба Яҳува бо суханони зерин баён карда буд: «Бар ҳамаи ин мо ба воситаи Дӯстдорамон пурра ғолиб меоем» (Рум. 8:37). Вақте Исо медонист, ки бояд ба қарибӣ дастгир шуда, кушта шавад, ӯ бо Худо муносибати наздик доштанашро бо суханони зерин нишон дод: «Ман танҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст» (Юҳ. 16:32). Суханони ин шахсон чиро нишон медиҳанд? Ҳар кадоми онҳо ба Яҳува пурра таваккал мекарданд. Агар мо низ ба Яҳува чунин бовариро инкишоф диҳем, ин ба мо барои мубориза бурдан бо душвориҳои имрӯза далерӣ мебахшад. (Забур 45:2–4-бихонед.)
КӮМАКИ ХУДОРО ҚАБУЛ КАРДА АЗ ОН МАНФИАТ ГИРЕД
16. Чаро омӯзиши Каломи Худо барои мо муҳим аст?
16 Далерии масеҳиён худ аз худ пайдо намешавад. Баръакс, он вақте пайдо мешавад, ки мо дар бораи Худо дониш мегирем ва ба Ӯ такя мекунем. Омӯзиши Каломи навишташудаи Яҳува — Китоби Муқаддас ба мо дар ин кӯмак мерасонад. Хоҳаре, ки аз афсурдаҳолӣ (депрессия) азоб мекашад, нақл мекунад, ки ба воситаи гаштаву баргашта хондани оятҳои тасаллибахши Китоби Муқаддас ӯ худро беҳтар ҳис мекунад. Оё мо маслиҳатро оиди мунтазам гузарондани омӯзиши оилавӣ ба кор мебарем? Агар мо чунин кунем, ин ба мо кӯмак мерасонад, ки тарзи фикрронии забурнависро дошта бошем. Ӯ месуруд: «Шариати Туро чӣ сон дӯст медорам! Тамоми рӯз фикру хаёлам дар бораи он аст» (Заб. 118:97).
17. а) Бо кадом роҳ Яҳува ба мо барои доштани далерӣ кӯмак мерасонад? б) Мисол оред, ки чӣ тавр тарҷумаи ҳоли дар адабиётамон чопшуда ба шумо кӯмак расонд.
17 Роҳи дигаре, ки тавассути он мо далерӣ инкишоф дода метавонем — ин адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта мебошанд. Маълумоти дар чунин адабиётҳо чопшуда эътимоди моро ба Яҳува қавӣ мегардонад. Масалан, тарҷумаи ҳоли дар маҷаллаҳоямон чопшуда ба бисёр бародарону хоҳаронамон кӯмак расонда буданд. Хоҳаре аз Осиё, ки аз як намуди бемории рӯҳӣ азоб мекашид, ҳангоми хондани тарҷумаи ҳоли бародаре, ки гирифтори чунин беморӣ буд, хеле рӯҳбаланд шуд. Ин бародар, ки пештар чун миссионер хизмат менамуд, нигоҳ накарда ба бемориаш тавонист ба Худо содиқона хизмат кунад. Хоҳар менависад: «Ин тарҷумаи ҳол ба ман кӯмак расонд, ки душвориамро беҳтар фаҳмам ва умед пайдо кунам, ки ман ҳам метавонам дар мубориза бо он муваффақ гардам».
18. Чаро мо бояд дуо гуфтанро фаромӯш накунем?
18 Боз як роҳе, ки тавассути он далериро инкишоф додан мумкин аст — дуо мебошад. Дуо дар ҳамаи вазъиятҳо ба мо ёрӣ дода метавонад. Павлуси ҳавворӣ диққатро ба арзиши ин намуди кӯмак равона карда, гуфт: «Ҳеҷ ғам нахӯред, аммо ҳамеша дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт» (Фил. 4:6, 7). Оё ҳангоми бо душвориҳо дучор шудан, мо барои пайдо кардани қуввати лозима пайваста дуо мегӯем? Бародар Алекс аз Бритониё, ки дер боз гирифтори афсурдаҳолӣ буд, нақл мекунад: «Дар дуо бо Яҳува гап задан ва тавассути хондани Калом Ӯро гӯш кардан бароям кӯмаки беандоза буд».
19. Муносибати мо ба ташрифорӣ ба ҷамъомад бояд чӣ гуна бошад?
19 Барои инкишоф додани далерӣ ҷамъомад низ нақши муҳим мебозад. Дар Забур 83:3 навишта шудааст: «Ҷонам иштиёқманд ва беҳол аст барои саҳнҳои Худованд». Оё мо низ чунин ҳиссиётро дорем? Лани, ки пештар дар борааш гуфта будем, муносибаташро ба муошират бо ҳамимонон чунин мефаҳмонад: «Ташрифорӣ ба вохӯриҳо бароям ҳатмӣ буд. Ман медонистам, бояд ба онҳо ташриф, то ки Яҳува барои мубориза бурдан ба ман кӯмак расонад».
20. Чӣ тавр кори мавъиза ба мо кӯмак мерасонад?
20 Ҳамчунин иштироки фаъолона дар кори мавъиза ба мо ёрӣ мерасонад, ки далериро дар худ инкишоф диҳем (1 Тим. 4:16). Хоҳар аз Австралия, ки душвориҳои зиёдеро аз сар гузаронида аст, мегӯяд: «Охирон коре, ки ба карданаш хоҳиш доштам — ин мавъиза буд, аммо пири ҷамъомад маро ба хизмат даъват кард ва ман розӣ шудам. Яҳува ба ман кӯмак мекард; ҳар боре ки ман дар мавъиза иштирок мекардам аз ин хурсандии хеле зиёд мегирифтам» (Мас. 16:20). Бисёриҳо пай бурданд, ки вақте онҳо ба дигарон барои ба Яҳува имон овардан кӯмак мерасонанд, имони худашон мустаҳкам мешавад. Ҳамин тавр онҳо дар бораи душвориҳояшон камтар фикр карда, диққаташонро ба чизҳои муҳимтар равона месозанд (Фил. 1:10, 11).
21. Ҳангоми бо душвориҳо дучор шудан мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?
21 Яҳува барои далерона бо душвориҳо мубориза бурданамон, кӯмаки зиёд фароҳам меорад. Агар мо аз ин кӯмак ба пуррагӣ истифода барем ва оиди намунаҳои ходимони Худо, ки далерӣ нишон медоданд, мулоҳиза ронем, мо боварӣ дошта метавонем, ки дар мубориза бар душвориҳоямон ғолиб мебароем. Ҳарчанд бо наздикшавии анҷоми ин тартибот бо душвориҳои зиёд дучор шуданамон мумкин аст, мо мисли Павлус чунин ҳиссиёт дошта метавонем: «Сарнагун гардидаем, вале нобуд нашудаем... мо ноумед намешавем» (2 Қӯр. 4:9, 16). Бо кӯмаки Яҳува мо далерона бо душвориҳои имрӯза мубориза бурда метавонем. (2 Қӯринтиён 4:17, 18–ро бихонед.)
[Эзоҳ]
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
[Тасвир дар саҳифаи 10, 11]
Ҳангоми дучор шудан бо душвориҳо аз кӯмаки Яҳува ба пуррагӣ истифода баред