Нақши «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» дар рӯзҳои мо
«Ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳокими қавмро бар зидди вай хоҳем бархезонид» (МИК. 5:5).
1. Барои чӣ нақшаи якҷояи шоҳони Араму Исроил барор наёфт?
ДАР асри ҳаштуми то эраи мо, дар байни солҳои 762 ва 759-ум, шоҳи Исроил ва шоҳи Арам бар зидди салтанати Яҳудо ҷанг эълон карданд. Мақсади онҳо чӣ буд? Онҳо мехостанд Ерусалимро забт намуда, шоҳ Оҳозро аз тахт фароранд ва ба ҷои вай шахси дигарро, ки эҳтимол аз насли шоҳ Довуд набуд, подшоҳ кунанд (Иш. 7:5, 6). Ин нақшаи онҳо барор наёфт, чунки Яҳува ваъда дода буд, ки бар тахти Ӯ ҳамеша касе аз хонадони Довуд хоҳад нишаст; гуфтаҳои Яҳува бошанд, ҳамеша иҷро мешаванд (Еҳ. 23:14; 2 Подш. 7:16).
2–4. Фаҳмонед, ки ояти Ишаъё 7:14, 16 чӣ тавр иҷро шуд: а) дар асри ҳаштуми то эраи мо; б) дар замони Исо.
2 Дар аввал ба назар чунин метофт, ки Арам ва Исроил дар ҷанг ғалаба мекунанд. Танҳо дар як муҳориба Оҳоз 120 000 аскарони далеру бақувватро аз даст дод! Маасиёҳу, «писари подшоҳ», кушта шуд (2 Вақ. 28:6, 7). Вале ҳама чиз зери назорати Яҳува буд. Ӯ ваъдаи ба Довуд додаи худро дар хотир дошт, бинобар ин пайғамбар Ишаъёро бо хабари хеле рӯҳбаландкунандае назди шоҳ фиристод.
3 Ишаъё гуфт: «Инак, бокирае ҳомила хоҳад шуд ва Писаре хоҳад зоид, ва Ӯро Имонуил хоҳад номид... Пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он [Арам ва Исроил] ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд» (Иш. 7:14, 16). Қисми аввали он пешгӯӣ ба таваллуд шудани Масеҳ дахл дошт, ки баъдтар иҷро шуд (Мат. 1:23). Лекин азбаски «ду подшоҳ», яъне подшоҳони Арам ва Исроил дар замони Исо ба Яҳудо дигар таҳдид намекарданд, пешгӯӣ оиди Имонуил инчунин мебоист дар замони Ишаъё иҷро шавад.
4 Чанде пас аз он ки Ишаъё чунин хабари ҳаяҷонбахшро эълон кард, зани ӯ ҳомила шуд ва барояш писаре таваллуд кард ва номи ӯро Маҳер–шолол-ҳош–баз гузоштанд. Ин кӯдак эҳтимол ҳамон «Имонуил» буд, ки Ишаъё дар борааш пешгӯӣ кардa. Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас ба кӯдак ҳангоми таваллудшавиаш номе медоданд, ки шояд бо ягон воқеаи махсус алоқаманд буд, вале волидон ва хешовандонаш ӯро бо дигар ном мехонданд (2 Подш. 12:24, 25). Далеле нест, ки ягон бор касе ба Исо бо номи Имонуил муроҷиат карда бошад. (Ишаъё 7:14; 8:3, 4-ро бихонед.)
5. Подшоҳ Оҳоз чӣ гуна қарори бехирадона қабул кард?
5 Ҳангоме ки Исроил ва Арам диққаташонро ба Яҳудо равона карда буданд, боз як давлати пурзӯри дигаре ба сӯи он чашм ало мекард. Ин давлати ба сари қудрат омадаистодаи Ашшур буд. Пеш аз ҳамла овардан ба салтанати ҷанубии Яҳудо, Ашшур мувофиқи пешгӯии Ишаъё 8:3, 4 аввал бояд «сарвати Димишқ ва ғанимати Сомарияро» бо худ мебурд. Оҳоз, шоҳи Яҳудо ба ҷои он ки ба ин суханони тавассути Ишаъё гуфтаи Худо бовар кунад, бо ашшуриён иттифоқ баст, ки дар натиҷаи ин яҳудиён баъдтар зери фишори онҳо қарор гирифтанд (4 Подш. 16:7–10). Оҳоз чун чӯпони Яҳудо бояд халқашро ҳимоя мекард, лекин ӯ бехирадона рафтор кард. Мо аз ин дарс гирифта, ба худ чунин савол дода метавонем: «Ҳангоми қабул кардани қарорҳои муҳим, ман ба Худо такя мекунам ё ба одамон?» (Мас. 3:5, 6).
ЧӮПОНИ НАВ БА ТАВРИ ДИГАР АМАЛ МЕКУНАД
6. Ҳукмронии Оҳоз ва Ҳизқиё аз ҳамдигар чӣ фарқ доштанд?
6 Оҳоз соли 746-уми то эраи мо вафот кард ва писари ӯ Ҳизқиё тахтро мерос гирифт. Ҳангоми подшоҳ шудани ӯ халқи Яҳудо хеле қашшоқ гашта буданд ва инчунин Яҳуваро дигар ибодат намекарданд. Бо баробари ба тахт нишастан, шоҳи ҷавон пеш аз ҳама чӣ кор кард? Оё ӯ диққаташро ба баланд бардоштани иқтисодиёти давлат равона кард? Не. Ҳизқиё Яҳуваро дӯст медошт ва барои халқаш чӯпони хуб буд. Аввалин коре ки ӯ анҷом дод, ин барқарор кардани ибодати пок буд. Ӯ ба халқ ёрдам дод, ки муносибатҳояшонро бо Яҳува аз нав қавӣ гардонанд. Вақте ки Ҳизқиё иродаи Яҳуваро нисбати худ дарк намуд, ӯ бо қатъият амал кард. Чӣ намунаи хуб аст ӯ барои мо! (2 Вақ. 29:1–19).
7. Барои чӣ ба левизодагон дастгирии подшоҳи нав лозим буд?
7 Левизодагон дар кори муҳими барқарор кардани ибодати ҳақиқӣ бояд нақши калон мебозиданд. Аз ин рӯ, Ҳизқиё онҳоро ҷамъ оварда гуфт, ки ӯ онҳоро албатта дастгирӣ хоҳад кард. Тасаввур кунед, ки чӣ тавр левизодагони содиқ, ки дар он вохӯрӣ ҳузур доштанд, аз шунидани суханони зерини подшоҳашон ашки шодӣ мерехтанд: «Худованд шуморо баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ истода, хизмати Ӯро ба ҷо оваред» (2 Вақ. 29:11). Бале, левизодагон супориши аниқ гирифтанд, ки ба халқ дар ибодат кардани Худои ҳақиқӣ кӯмак расонанд!
8. Барои ба ибодати Яҳува баргардонидани халқ Ҳизқиё боз кадом корҳоро ба ҷо овард ва ин чӣ натиҷа дод?
8 Ҳизқиё тамоми халқи Яҳудо ва Исроилро ба Иди фисҳ даъват кард ва баъд онҳо ҳафт рӯз Иди фатирро ҷашн гирифтанд. Мардум аз ин ҷашнгирӣ чунон хурсанд буд, ки он ҳафт рӯзи дигар давом кард. Дар Китоби Муқаддас чунин навишта шудааст: «Шодмонии азиме дар Ерусалим ба амал омад, зеро ки аз айёми Сулаймон ибни Довуд, подшоҳи Исроил, мисли он дар Ерусалим ба амал наомада буд» (2 Вақ. 30:25, 26). Чӣ қуввату таровати бузурге бахшид ин зиёфати рӯҳонӣ ба тамоми халқ! Аз 2 Вақоеънома 31:1 мо мефаҳмем: «Баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд... сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро... барҳам доданд». Ҳамин тавр, халқ сӯи Худои худ баргашт. Чунин покшавии рӯҳонӣ хеле муҳим буд, зеро ин онҳоро ба мусибате, ки бояд ба наздикӣ рӯй медод, тайёр намуд.
ПОДШОҲ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНАД
9. a) Чӣ тавр нақшаҳои шоҳи Исроил вайрон шуданд? б) Дар сарзамини Яҳудо Санҳериб дар аввал чӣ гуна муваффақиятҳоро ба даст овард?
9 Мувофиқи суханони пешгӯикардаи Ишаъё ашшуриён салтанати шимолии Исроилро забт карданд ва сокинони онро ба асирӣ бурданд. Ҳамин тавр нақшаи шоҳи Исроил оиди аз тахт дур кардани насли Довуд барбод рафт. Вале нақшаи ашшуриён чӣ гуна буд? Онҳо акнун диққаташонро ба Яҳудо равона карданд. «Дар соли чордаҳуми подшоҳ Ҳизқиё Санҳериб, подшоҳи Ашшур, бар ҳамаи шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашид, ва онҳоро забт намуд». Аз рӯи баъзе маълумотҳо Санҳериб 46 шаҳри Яҳудоро ба худ таслим кард. Тасаввур кунед, ки агар шумо он вақт дар Ерусалим зиндагӣ мекардед ва лашкари Ашшур бо суръати тез шаҳрҳои Яҳудоро яке паси дигаре забт намуда, торафт ба шаҳри шумо наздик мешуд, чӣ ҳиссиёте шуморо фаро мегирифт! (4 Подш. 18:13).
10. Чаро пешгӯии Мико Ҳизқиёро рӯҳбаланд карда метавонист?
10 Ҳизқиё албатта аз хатари наздикшудаистода бохабар буд, вале ба ҷои он ки мисли падари хиёнаткораш Оҳоз бехирадона аз халқи бутпараст кӯмак ҷӯяд, ӯ ба Яҳува такя кард (2 Вақ. 28:20, 21). Ҳизқиё шояд аз суханоне, ки пайғамбари ҳамзамонаш — Мико дар бораи Ашшур гуфта буд, огоҳӣ дошт: «Вақте ки Ашшур ба замини мо омада, қасрҳои моро поймол кунад, ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳокими қавмро бар зидди вай хоҳем бархезонид. Ва онҳо замини Ашшурро бо шамшер хоҳанд чаронид» (Мик. 5:5, 6). Ин суханони зери илҳоми илоҳӣ гуфташуда бешубҳа Ҳизқиёро рӯҳбаланд карданд, зеро онҳо нишон медоданд, ки лашкари пурзӯри ғайримуқаррарие бар зидди ашшуриён бармехезад ва он душманон пурра мағлуб мегарданд.
11. Иҷрошавии асосии пешгӯӣ оиди ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким кай бояд ба амал ояд?
11 Иҷрошавии бузургтари пешгӯӣ оиди ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким бояд хеле баъдтар аз таваллуди Исо, «Ҳокиме дар Исроил», ки «баромади Ӯ аз қадим» аст, ба амал меомад. (Мико 5:1, 2-ро бихонед.) Аниқтараш, ин иҷрошавӣ дар оянда, вақте ки «Ашшур»-и ҳозиразамон ба халқи Яҳува ҳамла мекунад, ба амал хоҳад омад. Дар он вақт Яҳува тавассути Писараш, ки ҳоло подшоҳӣ карда истодааст, чӣ гуна лашкарро барои мағлуб кардани ин душман ба по хоҳад хезонд? Мо ба ин савол дар охири мақола ҷавоб хоҳем ёфт. Вале дар аввал биёед бубинем, ки аз чораҳое, ки Ҳизқиё бар зидди Ашшур андешида буд, мо чӣ дарс гирифта метавонем.
ҲИЗҚИЁ ЧОРАҲОИ АМАЛӢ МЕАНДЕШАД
12. Ҳизқиё ва ҳамроҳонаш барои муҳофизати халқи Худо чӣ гуна чораҳо андешиданд?
12 Яҳува ҳамеша тайёр аст, ки дар мушкилиҳое, ки худамон ҳал карда наметавонем, ба мо ёрӣ расонад. Вале Ӯ интизор аст, ки мо барои ҳалли душворӣ худамон низ тамоми кӯшишамонро ба харҷ диҳем. Ҳизқиё низ ҳар кори аз дасташ меомадаро кард. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вай «бо сарварон ва паҳлавонони худ машварат намуд» ва онҳо якҷоя қарор доданд, ки оби чашмаҳои беруни шаҳрро банд кунанд. Ва Ҳизқиё «қувват гирифт, ва тамоми ҳисори вайронаро таъмир намуда, онро то бурҷҳо баланд кард, ва ҳисори дигаре аз беруни он сохт... ва аслиҳа ва сипарҳои зиёде сохт» (2 Вақ. 32:3–5). Барои дар он замон ҳимоя ва бонӣ кардани халқи худ Яҳува якчанд мардони ҷасур — Ҳизқиё, ҳокимон ва пайғамбарони содиқро истифода бурд.
13. Қадами муҳимтарине, ки Ҳизқиё барои ба ҳамлаи наздикшудаистода тайёр кардани халқ гузошт, кадом буд? Фаҳмонед.
13 Он коре ки Ҳизқиё баъдтар ба анҷом расонд, аз бастани пеши роҳи об ва мустаҳкам кардани деворҳои шаҳр ҳам муҳимтар буд. Азбаски вай чун чӯпон ба халқаш ғамхор буд, ӯ халқро ҷамъ кард ва онҳоро бо суханони зерин рӯҳан қувват бахшид: «Аз подшоҳи Ашшур... натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст. Бо ӯ бозуи башар аст, вале бо мо Худованд Худои мост, ки Ӯ ба мо ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад ҷангид». Ҳизқиё ба халқ ёдрас кард, ки Яҳува барои халқи худ хоҳад ҷангид. Ва яҳудиён «ба суханони Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд». Аҳамият диҳед, ки маҳз «суханони Ҳизқиё» ба халқ далерӣ бахшиданд. Ӯ, ҳокимону паҳлавононаш ва инчунин пайғамбарон Мико ва Ишаъё нишон доданд, ки онҳо чӣ хеле ки Яҳува тавассути пайғамбараш пешгӯӣ карда буд, чӯпонони хуб мебошанд. (2 Вақ. 32:7, 8; Мико 5:5, 6-ро бихонед.)
Суханони Ҳизқиё ба одамон қувват бахшид (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред)
14. Рабшоқе чӣ кор кард ва халқ ба ин чӣ гуна муносибат намуд?
14 Шоҳи Ашшур дар Лохиш, тарафи ҷанубу ғарбии Ерусалим ӯрду зад. Аз он ҷо истода, ӯ ба Яҳудо се қосид фиристода амр дод, ки онҳо таслим шаванд. Намояндаи асосии ӯ, ки унвони Рабшоқеро дошт, бо чанд роҳ кӯшиш кард, ки халқро таслим кунад. Дар аввал, ӯ бо забони яҳудӣ гап зада, халқро даъват кард, ки ба подшоҳи худ хиёнат кунанд ва ба ашшуриён тобеъ шаванд. Сипас, вай бардурӯғ ваъда дод, ки онҳоро ба сарзамине, ки он ҷо ҳаёти бароҳат хоҳанд дошт, мебарад. (4 Подшоҳон 18:31, 32-ро бихонед.) Баъд Рабшоқе худбоварона гуфт, ки чӣ тавре ки худоёни халқҳои дигар онҳоро аз дасти ашшуриён раҳо карда натавонистанд, Яҳува низ барои аз чанголи шоҳи Ашшур раҳо кардани яҳудиён қодир нест. Вале халқ аз рӯи хирад рафтор намуда, ба ин тарғиботи иғвогарона ҷавобе надоданд. Имрӯз ходимони Яҳува бисёр вақт ба намунаи он исроилиён пайравӣ мекунанд. (4 Подшоҳон 18:35, 36-ро бихонед.)
15. Аз сокинони Ерусалим чӣ талаб карда мешуд ва чӣ тавр Яҳува онҳоро наҷот дод?
15 Фаҳмост, ки Ҳизқиё зиқ буд, вале ба ҷои аз давлати бегона ёрӣ пурсидан, ӯ ба назди Ишаъё-пайғамбар одам фиристод. Ишаъё дар ҷавоб ба подшоҳ чунин гуфт: «Вай [Санҳериб] ба ин шаҳр ворид нахоҳад шуд, ва ба он ҷо тир нахоҳад андохт» (4 Подш. 19:32). Ягона чизе ки аз сокинони Ерусалим талаб карда мешуд, ин далеру устувор мондан буд. Барои Яҳудо худи Яҳува ҷангиданӣ буд ва Ӯ ҳамин тавр ҳам кард! «Дар он шаб чунин воқеъ шуд, ки фариштаи Худованд берун омада, саду ҳаштоду панҷ ҳазор нафарро дар ӯрдугоҳи Ашшур зарба зад» (4 Подш. 19:35). Халқи Яҳудо на ба туфайли бастани роҳи обҳо ва мустаҳкам кардани деворҳои шаҳр, балки ба туфайли дахолати Яҳува раҳо ёфтанд.
ДАРС БАРОИ ХОДИМОНИ ИМРӮЗАИ ХУДО
16. а) Киҳо имрӯз ба сокинони Ерусалим монанд карда мешаванд? б) «Ашшур» дар рӯзҳои мо киро тасвир мекунад? в) Ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким имрӯз киҳо мебошанд?
16 Иҷрошавии муҳими пешгӯӣ оиди ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким дар рӯзҳои мо ба амал меояд. Дар гузашта ашшуриён ба сокинони Ерусалим ҳамла оварда буданд. Ба қарибӣ бошад, халқи ба назар бепушту паноҳи Яҳува зери ҳамлаи «Ашшур»-и ҳозиразамон, яъне душманон, ки нияташон нест кардани онҳо аст, қарор хоҳанд гирифт. Навиштаҳо ҳамчунин ба ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ, ҳамлаи «подшоҳи Шимол» ва ҳамлаи «подшоҳони замин» ишора мекунанд (Ҳиз. 38:2, 10–13; Дон. 11:40, 44, 45; Ваҳй 17:14; 19:19). Оё ин ҷо ҳамлаҳои гуногун тасвир шудаанд? Мо инро аниқ намедонем. Дар Китоби Муқаддас шояд ҳамон як ҳамла бо номҳои гуногун тасвир шуда бошад. Мувофиқи пешгӯии Мико, Яҳува бар зидди он душмани бераҳм, ки рамзан «Ашшур» ном дорад, чӣ гуна лашкарро бармехезонад? Ӯ лашкари ғайримуқаррариеро ба кор мебарад. Ин лашкар аз «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» иборат аст (Мик. 5:5). Ин чӯпонон ва ҳокимон киҳоянд? Онҳо пирони ҷамъомаданд (1 Пет. 5:2). Имрӯз, Яҳува шумораи фаровони пирони содиқро истифода мебарад, то халқашро чӯпонӣ кунад ва барои ҳамлаи ояндаи «Ашшур» онҳоро тайёр созадb. Пешгӯии Мико қайд мекунад, ки онҳо «замини Ашшурро бо шамшер хоҳанд чаронид» (Мик. 5:6). Бале, яке аз яроқҳое, ки онҳо барои зарба задани душман истифода мебаранд, «шамшери рӯҳ», Каломи Худо хоҳад буд (2 Қӯр. 10:4; Эфс. 6:17).
17. Чор дарсе, ки пирон аз муҳокимаи мақолаи мазкур барои худ гирифта метавонанд, кадоманд?
17 Пирон, шумо метавонед аз он чизҳое ки мо дар боло муҳокима кардем, барои худ якчанд дарси муфид гиред: 1) Қадами муҳимтарине, ки шумо барои ба ҳамлаи наздикшудаистодаи «Ашшур» тайёр будан гузошта метавонед, ин имони худро ба Худо қавӣ гардондан ва дар ин кор ба ҳамимонон кӯмак расондан аст. 2) Вақте ки «Ашшур» ҳамла мекунад, шумо, пирон, бояд пурра боварӣ дошта бошед, ки Яҳува моро наҷот хоҳад дод. 3) Дар он вақт ҳидояти ҳаётан муҳиме, ки мо тавассути ташкилоти Яҳува мегирем, эҳтимол аз нуқтаи назари одамӣ бехирадона тобад. Вале ҳамаи мо бояд тайёр бошем, ки ба ҳар як дастуроте, ки дода мешавад, итоат кунем, хоҳ бо он розӣ бошем, хоҳ не. 4) Ҳоло вақти он аст, то ҳар касе ки ба маълумоти олии ин ҷаҳон, пулу мол ё ташкилотҳои одамӣ умед мебандад, тарзи фикррониашро дигар кунад. Пирон, шумо бояд тайёр бошед, то ба ҳар шахсе, ки дар имони худ мекалавад, кӯмак расонед.
18. Чӣ тавр мулоҳиза оиди воқеаи замони Ҳизқиё ба мо дар оянда кӯмак хоҳад кард?
18 Он рӯз наздик аст, ки халқи имрӯзаи Худо низ чун яҳудиёне, ки дар рӯзҳои Ҳизқиё дар даруни Ерусалим буданд, ба назари душманонашон бепушту паноҳ хоҳанд тофт. Вақте ки ин рӯй медиҳад, биёед ҳамакаса аз суханони гуфтаи Ҳизқиё қувват гирем. Биёед аз хотир набарорем, ки бо душманонамон «бозуи башар аст, вале бо мо Худованд Худои мост, ки Ӯ ба мо ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад ҷангид»! (2 Вақ. 32:8).
a Калимаи иброние, ки дар Ишаъё 7:14 «бокира» тарҷума шудааст, метавонад ба зани шавҳардор ҳам тааллуқ дошта бошад. Бинобар ин, ҳамон як калимаи ибронӣ метавонист нисбати ҳам зани Ишаъё ва ҳам яҳудидухтари бокира — Марям ба кор бурда шавад.
b Рақами ҳафт дар Навиштаҳо бисёр вақт пуррагиро ифода мекунад. Рақами ҳашт, ки аз ҳафт якто зиёд мебошад, метавонад фаровон будани чизеро тасвир кунад.