ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w16 ноябр саҳ. 19-20
  • «Кор бузург аст»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Кор бузург аст»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Маводи монанд
  • Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Одами «сахӣ баракат меёбад»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Ҳадия барои Яҳува
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
w16 ноябр саҳ. 19-20
Шоҳ Довуд ба марде нақшаи маъбадро нишон дода истодааст; бародаре ба нақшаи сохтмон нигоҳ дорад

«Кор бузург аст»

ДАР Ерусалим вохӯрии муҳиме мегузашт. Шоҳ Довуд ҳамаи сарварон, хоҷасароён ва паҳлавононро ҷамъ кард. Эълони махсус садо дод. Яҳува писари Довуд Сулаймонро вазифадор кард, ки барои ибодати Худои ҳақиқӣ бинои ғайриоддие созад. Шоҳи солхӯрдаи Исроил зери илҳоми Худо нақшаи ин биноро тартиб дод ва онро ба Сулаймон супорид. Довуд гуфт: «Кор бузург аст, зеро ки ин қалъа на аз барои одамизод аст, балки барои Худованд Худо» (1 Вақ. 28:1, 2, 6, 11, 12; 29:1).

Баъд аз ин Довуд пурсид: «Пас кист, ки имрӯз ба таври ихтиёрӣ барои Худованд ионат [ҳадия, ТДН] диҳад?» (1 Вақ. 29:5). Агар шумо дар он ҷо мебудед, ба ин савол чӣ хел ҷавоб медодед? Оё шумо ин кори бузургро дастгирӣ мекардед? Исроилиён зуд амал карда «аз ионатҳои ихтиёрии худ шод гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд» (1 Вақ. 29:9).

Асрҳо пас Яҳува аз маъбад дида чизи бузургтареро барпо намуд. Ин маъбади рӯҳониест, ки ба воситаи он одамизод дар асоси қурбонии Масеҳ ба Яҳува наздик шуда метавонад (Ибр. 9:11, 12). Имрӯзҳо чӣ тавр Яҳува ба одамон ёрдам мекунад, ки бо Ӯ оштӣ шаванд? Ба воситаи тайёр кардани шогирдон (Мат. 28:19, 20). Дар натиҷаи ин кор бо миллионҳо одамон омӯзиш гузаронида мешавад, ҳазорҳо таъмид мегиранд ва садҳо ҷамъомадҳои нав пайдо мешаванд.

Дар навбати худ чунин инкишофёбӣ бисёртар чоп кардани адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта, ёфтани ҷой барои гузарондани анҷуманҳо, сохтмон ва нигоҳубини Толорҳои Салтанатро талаб мекунад. Паҳн кардани хушхабар ин кори бузург ва арзанда аст, ҳамин тавр не? (Мат. 24:14).

Муҳаббат ба Яҳува ва одамон ҳамчунин таъҷилӣ будани кори Салтанат, халқи Худоро ба «ихтиёрӣ барои Худованд ионат» додан, яъне хайрия намудан, бармеангезад. Яҳуваро бо «дороии худ» ҷалол додан ва дидани он ки ин хайрияҳо барои кори бузург боинсофонаву оқилона сарф карда мешаванд, ба мо беандоза хурсандӣ мебахшад (Мас. 3:9).

ЧӢ ТАВР БАЪЗЕҲО БА КОРИ УМУМИҶАҲОНӢ ХАЙРИЯ МЕКУНАНД?

Бисёриҳо пешакӣ аз буҷети худ пул ҷудо мекунанд ва ба қуттии хайрия бо навиштаҷоти «Кори умумиҷаҳонӣ» меандозанд (1 Қӯр. 16:2). Ҳар моҳ ҷамъомадҳо ин хайрияҳоро ба филиали маҳаллашон мефиристанд. Ҳамчунин хайрияро ба филиале ки мамлакататонро назорат мекунад, фиристодан мумкин аст. Барои фаҳмидани номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро дар маҳалли шумо намояндагӣ мекунад, ба филиал муроҷиат кунед. Барои бо онҳо тамос гирифтан ба сайти www.jw.org дароед. Дар поён он тарзҳои хайрия номбар шудааст, ки бевосита ба филиал фиристодан мумкин аст.

ХАЙРИЯҲОЕ, КИ МАСЛИҲАТИ ПЕШАКИРО ТАЛАБ НАМЕКУНАНД

  • Ба ин хайрия интиқоли пулӣ ба воситаи бонк, кортҳои дебетӣ ва кредитӣ ё мобилӣ дохил мешаванд. Дар баъзе филиалҳо чунин хайрияро ба воситаи сайти www.jw.org ва ё дигар сайте, ки айнан барои ин мақсад сохта шудааст, фиристодан мумкин аст.

  • Хайрияи пули нақд, ҷавоҳирот ё дигар моликияти шахсии арзишманд ба ин гуна хайрия дохил мешавад. Лутфан, ба филиал номаи кӯтоҳе нависед, ки ин чизҳо дар ҳақиқат хайрияанд.

ХАЙРИЯИ ШАРТӢ

  • Хайрияи пули нақд бо шарте, ки агар ба хайриякунанда лозим шавад, он баргардонида мешавад.

  • Лутфан, ҳамроҳи пул номаи кӯтоҳе нависед, ки ин хайрияи шартист.

ХАЙРИЯҲОЕ, КИ МАСЛИҲАТИ ПЕШАКИРО ТАЛАБ МЕКУНАНД

Кори Салтанатро боз бо дигар воситаҳое, ки дар поён номбар шудаанд, дастгирӣ кардан мумкин аст. Агар шумо яке аз ин тарзҳоро истифода бурданӣ бошед, лутфан пешакӣ бо филиале, ки мамлакататонро назорат мекунад, тамос гиред. Бо филиал тамос гирифта аниқ кунед, ки кадом тарз дар маҳаллӣ шумо ба кор бурда мешавад. Азбаски талаботҳои қонун вобаста аз маҳал фарқ мекунанд, барои интихоби тарзи дурусту мувофиқ бо ҳуқуқшиноси ботаҷриба ё корманди кумитаи андоз маслиҳат кунед.

Суғурта. Дар созишномаи суғуртаи ҳаёт ё нафақа суғуртагиранда номи шахси ҳуқуқиеро, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, менависад.

Суратҳисобҳои бонкӣ. Мувофиқи талаботе, ки дар бонк амалианд, суратҳисоби бонкӣ, сертификатҳои амонатӣ ё ҳисобҳои нафақаи шахсиро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, васият кардан мумкин аст.

Саҳмияҳо ва коғазҳои қимат. Саҳмияҳо ва коғазҳои қиматро низ ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, хайрия ё васият кардан мумкин аст.

Моликияти ғайриманқул. Моликияти қобили фурӯшро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, хайрия кардан мумкин аст. Агар хайриякунанда дар хонае зиндагӣ кунад, ки хайрия карданист, он гоҳ ӯ шартнома баста метавонад, ки хона баъди маргаш ба моликияти ташкилоти Шоҳидони Яҳува мегузарад.

Ҳадяи ҳарсола. Пул ё коғазҳои қимат ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, бо созишнома хайрия карда мешавад. Мувофиқи созишнома шахси ҳуқуқӣ ҳар сол ин пардохти муайянро бояд гирад. Азбаски шахси ҳуқуқӣ чунин хайрияро ҳар сол мегирад, кумитаи андоз дар соли якум миқдори андозро кам карда метавонад.

Васиятномаву ваколатномаҳо. Моликият ё пулро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, васият карда метавонад. Ҳамчунин ин шахси ҳуқуқиро дар ваколатнома чун манфиатбаранда қайд кардан мумкин аст. Чунин созишнома аз тарафи кумитаи андоз бартариҳои муайянро таъмин карда метавонад.

Барои бо ин тарзҳо хайрия кардан лозим аст, ки пешакӣ нақша кашем. Бо мақсади кӯмак кардан ба онҳое ки кори Салтанатро дастгирӣ карданианд, брошурае ба забони англисӣ ва испанӣ, бо номи «Банақшагирии хайрияҳо ба кори Салтанат» тайёр гардид (Charitable Planning to Benefit Kingdom Service Worldwide). Дар ин брошура дар бораи тарзҳои гуногуни хайрия ва ҳамчунин оиди дуруст тартиб додани васиятнома маълумот дода шудааст. Азбаски талаботи қонун ва андоз дар ҳама ҷо ҳар хелаанд, на ҳама гуфтаҳои ин брошура ба вазъияти шумо мувофиқ омада метавонанд. Ин тарзҳои хайрия ба бисёр одамон имконият доданд, ки фаъолияти динӣ ва башардӯстии моро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ кунанд ва андози калон насупоранд. Агар ин брошура дар шаҳратон дастрас бошад, шумо онро аз котиби ҷамъомади Шоҳидони Яҳува дар маҳаллатон дархост карда метавонед.

Барои маълумоти бештар ишорачаи «Хайрия ба кори умумиҷаҳонии мо»-ро, ки дар поёни саҳифаи асосии сайти jw.org ҷойгир аст, зер кунед ё бо филиал тамос гиред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан