ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.11. саҳ. 14-15
  • Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕҲТАРИН НИШОНАИ САХОВАТМАНДӢ
  • «Кор бузург аст»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Одами «сахӣ баракат меёбад»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.11. саҳ. 14-15
Зане корти худро ба таҷҳизоти электронӣ монда истодааст

Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед

ЯҲУВА Худои саховатманду дасткушод аст (Яъқ. 1:17). Аз осмони пурситора сар карда то табиати сабзу зебои замин ҳама чиз аз саховатмандии Яҳува шаҳодат медиҳад (Заб. 64:13, 14; 146:7, 8; 148:3, 4).

Забурнавис аз Офаридгори худ чунон миннатдор буд, ки дар васфи Ӯ таронаи зебое эҷод кард. Суханоне ки дар таронаи 103-юми Забур навишта шудааст, ба дили мо наздиканд. Забурнавис мегуфт: «Тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид» (Заб. 103:33). Оё шумо низ чунин хоҳиш доред?

БЕҲТАРИН НИШОНАИ САХОВАТМАНДӢ

Яҳува мехоҳад, ки мо аз Ӯ ибрат гирем ва саховатманд бошем. Ӯ ҳамчунин ба мо мефаҳмонад, ки чаро мо бояд саховатманд бошем. Ба суханони Павлуси ҳавворӣ аҳамият диҳед: «Сарватдорони ин дунёро амр фармой, ки ҳавобаландӣ накунанд ва ба сарвати бебақо умед набанданд, балки ба Худои Ҳай, ки ҳама чизро барои маишати мо ба фаровонӣ ато мекунад; бигзор онҳо некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ созанд» (1 Тим. 6:17–19).

Вақте Павлус номаи дуюми худро ба ҷамъомади шаҳри Қӯринт навишт, ӯ масеҳиёни он ҷойро барангехт, ки дасткушод бошанд. Павлус гуфт: «Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад» (2 Қӯр. 9:7). Сипас ӯ қайд кард, ки аз саховатмандии як шахс ҳам касе ки мегирад, хурсанд мешавад, ҳам касе ки медиҳад. Шахси гиранда барои он ки соҳиби чизе мешавад, диҳанда барои он ки баракати Худоро соҳиб мешавад (2 Қӯр. 9:11–14).

Дар охири номааш Павлус дар бораи беҳтарин нишонаи саховатмандии Худо навишт: «Худоро шукр бод барои бахшоиши молокаломи Ӯ!» (2 Қӯр. 9:15). Ба бахшоиш ё атои Яҳува ҳама корҳои неке ки Ӯ ба воситаи Исои Масеҳ барои халқаш кардааст, дохил мешавад. Ин атои Яҳува чунон аҳамияти бузург дорад, ки онро бо сухан фаҳмондан душвор аст.

Чӣ тавр мо барои ҳама корҳое ки Яҳува ва Исо баҳри мо карданд ва дар оянда мекунанд, миннатдор буда метавонем? Масалан, мо метавонем вақт, қувват ва дороии худро барои ибодати пок саховатмандона сарф кунем, новобаста аз он ки он кам аст ё бисёр (1 Вақ. 22:14; 29:3–5; Луқ. 21:1–4).

Чӣ тавр баъзеҳо ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия мекунанд?

Имрӯз низ, чун дар рӯзҳои Павлус, бисёриҳо пасандоз мекунанд ё аз буҷаи оилавии худ пул ҷудо мекунанд, то ба қуттии хайрия бо навиштаҷоти «Кори умумиҷаҳонӣ» пул андозанд (1 Қӯр. 16:2). Ҳар моҳ ҷамъомадҳо ин хайрияҳоро ба филиали маҳаллашон мефиристанд. Агар шумо пул хайрия карданӣ бошед, метавонед онро ба филиале ки мамлакататон зери назорати он аст, фиристед. Лутфан, ба филиал номаи кӯтоҳе нависед, ки ин маблағ дар ҳақиқат хайрия аст. Дар баъзе мамлакатҳо барои ин гуна хайрия андоз пешбинӣ шудааст.

РОҲҲОИ ДИГАРИ ХАЙРИЯКУНӢ

Дар баъзе мамлакатҳо ғайр аз хайрияҳои пулӣ имкониятҳои дигаре ҳастанд, ки шахс метавонад кори умумиҷаҳониро дастгирӣ кунад. Баъзеи онҳо дар поён номбар шудаанд.

Моликият. Моликияти қобили фурӯшро хайрия кардан мумкин аст. Агар дар хонае ки хайрия карда мешавад, хайриякунанда зиндагӣ кунад, он гоҳ ӯ метавонад шартнома бандад, ки хона баъди маргаш ба ташкилоти Шоҳидони Яҳува дода шавад. Лутфан, пеш аз тайёр кардани ягон ҳуҷҷат бо филиал тамос гиред.

Васиятнома. Мувофиқи васиятномае ки дар асоси қонун ва ба таври хаттӣ тартиб дода шудааст, моликият ё пулро ба филиал додан мумкин аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан