ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w17 ноябр саҳ. 18-19
  • Одами «сахӣ баракат меёбад»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Одами «сахӣ баракат меёбад»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Маводи монанд
  • «Кор бузург аст»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Барои саховатмандии Яҳува миннатдор бошед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Ҳадия барои Яҳува
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
w17 ноябр саҳ. 18-19
Ҳанно Самуили хурдакакро ба маъбад овардааст

Одами «сахӣ баракат меёбад»

ҚУРБОНИҲО аз замонҳои пеш қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ ба ҳисоб мераванд. Исроилиён ба Худо ҳайвонҳоро қурбон мекарданд, масеҳиён бошанд, «қурбонии шукрона» меоварданд. Боз дигар намуди қурбониҳое ҳастанд, ки ба Худо писанданд (Ибр. 13:15, 16). Аз мисолҳои поён мо мефаҳмем, ки ин қурбониҳо на танҳо хурсандӣ, балки баракат ҳам меоранд.

Ҳанно ходими содиқи Худо буд. Ӯ сахт мехост, ки соҳиби писар шавад, аммо вай безурёт буд. Барои ҳамин дар дуо ба Худо қасам хӯрд, ки агар писар таваллуд кунад, ӯро «тамоми айёми умраш ба Худованд» медиҳад (1 Подш. 1:10, 11). Бо гузашти вақт Ҳанно ҳомиладор шуда писаре зоид ва номашро Самуил монд. Баъди аз сина ҷудо кардан, Ҳанно чи хеле ки ваъда дода буд, Самуили хурдакакро ба маъбад бурд. Яҳува Ҳанноро барои чунин рӯҳияаш баракат дод ва ӯ боз соҳиби панҷ фарзанди дигар гардид. Самуил пайғамбар шуд ва ҳатто дар навиштани Китоби Муқаддас саҳми худро гузошт (1 Подш. 2:21).

Мисли Ҳанно ва Самуил имрӯз масеҳиён низ метавонанд ҳаёти худро ба хизмати Худо бахшанд. Исо ваъда дода буд, ки агар мо барои Худо шуда аз баҳри чизе гузарем, соҳиби баракатҳои зиёд мегардем (Марқ. 10:28–30).

Дар асри як зане бо номи Ғизол зиндагӣ мекард, ки «хеле некӯкор буд ва садақоти бисёре медод». Вале, афсӯс, «ӯ касал шуда, мурд» ва аъзоёни ҷамъомад сахт зиқ шуданд. Вақте онҳо шуниданд, ки Петрус дар шаҳр аст, аз ӯ хоҳиш карданд, ки тез расида ба назди онҳо биёяд. Петрус омада Ғизолро аз нав зинда кард. Аъзоёни ҷамъомад аз ин хеле хурсанд шуданд. Ғизол аввалин шахсе буд, ки ҳавворӣ эҳё кард (Аъм. 9:36–41). Худо қурбонии Ғизолро фаромӯш накард (Ибр. 6:10). Саховатмандии ӯ дар Каломи Худо навишта шуд, то мо ба намунаи ӯ пайравӣ кунем.

Павлуси ҳавворӣ низ дар саховатмандӣ намуна гузоштааст. Ӯ вақту қувваташро барои дигарон дареғ намедошт. Вай ба бародарони шаҳри Қӯринт нома навишта гуфт: «Ман бо майли тамом барои ҷонҳои шумо моли худро сарф намуда, ҷони худро хоҳам дод» (2 Қӯр. 12:15). Павлус аз таҷрибааш медонист, ки одам аз саховатмандӣ на танҳо қаноатмандӣ мегирад, балки соҳиби баракат ва илтифоти Яҳува низ мегардад (Аъм. 20:24, 35).

Аз ин маълум мешавад, ки вақте мо вақту қуввати худро барои дастгирии кори Салтанат сарф мекунем ва ба ҳамимононамон кӯмак мерасонем, Яҳува хеле хурсанд мегардад. Оё боз ягон роҳи дигари дастгирӣ кардани кори Салтанат ҳаст? Бале! Ғайр аз зоҳир кардани муҳаббат мо метавонем бо хайрияҳои худ Худоро ҷалол диҳем. Ин хайрияҳо барои дастгирии кори умумиҷаҳонии мавъиза, миссионерон, хизматгорони пурравақт, тайёр ва тарҷума кардани адабиёт ва видео, бартараф кардани зарари офатҳои табиӣ ва сохтмонҳои Толорҳои Салтанат сарф карда мешаванд. Мо метавонем боварӣ дошта бошем, ки одами «сахӣ баракат меёбад». Ғайр аз ин, вақте мо дороии худро ба Яҳува мебахшем, Ӯро ҷалол медиҳем (Мас. 3:9; 22:9).

ЧӢ ТАВР БАЪЗЕҲО БА КОРИ УМУМИҶАҲОНӢ ХАЙРИЯ МЕКУНАНД?

Имрӯз, чун дар рӯзҳои Павлус, бисёриҳо пасандоз мекунанд ё аз буҷети оилавии худ пул ҷудо мекунанд, то ба қуттии хайрия бо навиштаҷоти «Кори умумиҷаҳонӣ» пул андозанд (1 Қӯр. 16:2). Ҳар моҳ ҷамъомадҳо ин хайрияҳоро ба филиали маҳаллашон мефиристанд. Хайрияҳоро ҳамчунин ба филиале, ки мамлакататонро назорат мекунад, фиристодан мумкин аст. Барои фаҳмидани номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро дар маҳалли шумо намояндагӣ мекунад, лутфан ба филиал муроҷиат кунед. Барои бо онҳо тамос гирифтан ба сайти www.jw.org дароед. Дар поён вобаста аз талаботи маҳалл тарзҳои хайрияе номбар шудаанд, ки бевосита ба филиал фиристодан мумкин аст.

ХАЙРИЯҲОЕ, КИ БО ФИЛИАЛ МАСЛИҲАТИ ПЕШАКИРО ТАЛАБ НАМЕКУНАНД

  • Хайрия ба воситаи бонк, кортҳои дебетӣ ва кредитӣ. Дар баъзе филиалҳо чунин хайрияро ба воситаи сайти www.jw.org ва ё дигар сайте, ки айнан барои ин мақсад омода шудааст, фиристодан мумкин аст.

  • Хайрияи пули нақд, ҷавоҳирот ё дигар моликияти шахсии арзишманд. Лутфан, дар номаи кӯтоҳе ба филиал нависед, ки ин чизҳо дар ҳақиқат хайрияанд.

ХАЙРИЯИ ШАРТӢ

  • Хайрияи пули нақд бо шарте, ки агар ба хайриякунанда лозим шавад, он баргардонида мешавад.

  • Лутфан, ҳамроҳи пул номаи кӯтоҳе нависед, ки ин хайрияи шартист.

ХАЙРИЯҲОЕ, КИ МАСЛИҲАТИ ПЕШАКИРО ТАЛАБ МЕКУНАНД

Кори Салтанатро боз бо дигар воситаҳое, ки дар поён номбар шудаанд, дастгирӣ кардан мумкин аст. Агар шумо яке аз ин тарзҳоро истифода бурдани бошед, лутфан пешакӣ бо филиале, ки мамлакататонро назорат мекунад, тамос гиред. Бо филиал тамос гирифта аниқ кунед, ки кадом тарз дар маҳалли шумо ба кор бурда мешавад. Азбаски талаботи қонун вобаста аз маҳал фарқ мекунанд, барои интихоби тарзи дурусту мувофиқ бо ҳуқуқшиноси ботаҷриба ё корманди кумитаи андоз маслиҳат кунед.

Суғурта ва нафақа. Дар суратҳисоби нафақаи шахсӣ, созишномаи суғуртаи ҳаёт ё нафақа суғуртагиранда номи шахси ҳуқуқиеро, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, навиштан мумкин аст.

Суратҳисобҳои бонкӣ. Мувофиқи талаботе, ки дар бонк амалианд, суратҳисобҳои бонкиро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, васият кардан мумкин аст.

Саҳмияҳо ва қоғазҳои қимат. Саҳмияҳо ва қоғазҳои қиматро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, хайрия ё васият кардан мумкин аст.

Моликияти ғайриманқул. Моликияти қобили фурӯшро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, хайрия кардан мумкин аст. Агар хайриякунанда дар хонае зиндагӣ кунад, ки хайрия карданист, он гоҳ ӯ шартнома баста метавонад, ки хона баъди маргаш ба моликияти ташкилоти Шоҳидони Яҳува мегузарад.

Васиятномаву ваколатномаҳо. Моликият ё пулро ба номи шахси ҳуқуқие, ки Шоҳидони Яҳуваро намояндагӣ мекунад, васият карда метавонад. Ҳамчунин ин шахси ҳуқуқиро дар ваколатнома чун манфиатбаранда қайд кардан мумкин аст. Чунин созишнома аз тарафи кумитаи андоз бартариҳои муайянро таъмин карда метавонад.

Барои бо ин тарзҳо хайрия кардан пешакӣ нақша кашидан лозим аст. Бо мақсади кӯмак кардан ба онҳое, ки кори Салтанатро дастгирӣ карданианд, брошурае ба забони англисӣ ва испанӣ, бо номи «Банақшагирии хайрияҳо ба кори Салтанат» тайёр гардид (Charitable Planning to Benefit Kingdom Service Worldwide). Дар ин брошура дар бораи тарзҳои гуногуни хайрия ва ҳамчунин оиди дуруст тартиб додани васиятнома маълумот дода шудааст. Азбаски талаботи қонун ва андоз дар ҳама ҷо ҳар хелаанд, на ҳама гуфтаҳои ин брошура ба вазъияти шумо мувофиқ омада метавонанд. Ин тарзҳои хайрия ба бисёр одамон имконият доданд, ки фаъолияти динӣ ва башардӯстии моро дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ кунанд ва андози калон насупоранд. Агар ин брошура дар ҷойи зистатон дастрас бошад, шумо онро аз котиби ҷамъомади маҳаллии Шоҳидони Яҳува дархост карда метавонед.

Барои маълумоти бештар ишорачаи «Хайрия ба кори умумиҷаҳонии мо»-ро, ки дар поёни саҳифаи асосии сайти jw.org ҷойгир аст, зер кунед ё бо филиал тамос гиред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан