Замимаи саволҳо
◼ Кӯдакони хурдсоли Шоҳидони Яҳува, ки ҳоло воизи таъмиднаёфта нестанд, то кадом андоза дар хизмати мавъиза иштирок карда метавонанд?
Волидони масеҳӣ мехоҳанд, ки фарзандонашон ба камол расида хизматгорони содиқи Яҳува гарданд (1 Подш. 2:18, 26; Луқ. 2:40). Ҳатто дар синни хурдсолӣ кӯдакони оилаҳои масеҳӣ бояд имони бар Китоби Муқаддас асосёфтаашонро хуб ҳимоя карда тавонанд. Агар кӯдакон аз синни хурдсолӣ дар хизмати мавъиза волидони худро ҳамроҳӣ кунанд, ин ба пешравии рӯҳонии онҳо мусоидат мекунад. Лекин хоҳиши ба хизмат рафтани кӯдакон бояд аз таҳти дил бошад, то ки онҳо аз мавъиза хурсандӣ гиранд, хоҳиши воизи таъмиднаёфта шуданро дошта бошанд ва минбаъд низ дар кори мавъиза иштирок кунанд. Аз волидон талаб карда мешавад, ки фарзандонашонро бодиққат таълим диҳанд (1 Тим. 4:6; 2 Тим. 2:15). Дигар воизони ботаҷриба метавонанд бо розигии волидон баъзан ба кӯдакон кӯмак кунанд. (Нигаред ба китоби «Созмоншудагон» (рус.) саҳ. 81, 82).
Вақте ки кӯдакони рафтори хубдошта волидонашонро дар мавъизаи хона ба хона ҳамроҳӣ мекунанд, онҳо чӣ тавр хизмат карданро ёд мегиранд. Лекин то даме, ки онҳо ба андозаи муайян қобилияту маҳорат инкишоф надиҳанд, онҳо наметавонанд воизони таъмиднаёфта гарданд. Волидони масеҳӣ метавонанд худашон қарор кунанд, ки ҳангоми бо фарзандонашон ба хизмат рафтан, онҳо чӣ қадар дар хизмат иштирок кунанд. Кӯдаконе, ки ҳоло воизи таъмиднаёфта нестанд, набояд худашон хона ба хона мавъиза кунанд ё ҳамроҳи дигар кӯдакон ба хизмат раванд. Волидон метавонанд пеш аз хизмат кӯдаконашонро тайёр кунанд ва бо роҳҳои гуногун дар мавъиза иштирок кардани онҳоро иҷозат диҳанд. Масалан, кӯдак метавонад оятеро аз Навиштаҳо хонад, рисола ё маҷаллаеро пешкаш намояд ё ба соҳибхона расмеро аз ягон адабиётамон нишон диҳад. Вақте ки кӯдак калонтар мешавад, ӯ метавонад дар сӯҳбатҳо бештар иштирок кунад.
Вақте ки кӯдакон хуб таълим меёбанд, онҳо ба маслиҳати волидонашон гӯш медиҳанд, боадабона рафтор мекунанд ва ин ёрӣ медиҳад, ки ҷиддӣ будани хизматро дарк кунанд. Агар кӯдакон ҳоло воизи таъмиднаёфта набошанд, волидон набояд онҳоро дар вохӯриҳо барои хизмат танҳо монанд ва аз дигарон интизор шаванд, ки кӯдаконашонро назорат мекунанд. Волидони ғамхор мефаҳманд, ки назорат кардани фарзандон вазифаи худи онҳо аст. Албатта, дигар воизони бомасъулият метавонанд тайёр бошанд, ки дар таълим додани кӯдакони хурдсоли ҷамъомад, ки ба Яҳува самимона хизмат кардан мехоҳанд, ёрӣ диҳанд.