ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 2.15 саҳ. 4
  • Мавъизаи хона ба хона

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавъизаи хона ба хона
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Маводи монанд
  • Оё шумо метавонед вақтҳои бегоҳ дар хизмат иштирок кунед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Тавассути телефон мавъиза кардан самарабахш буда метавонад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Дар хизмат фурсатро ғанимат донед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 2.15 саҳ. 4

Мавъизаи хона ба хона

1. Дар мавриди мавъизаи хона ба хона кадом савол пайдо мешавад ва чаро?

1 «Онҳое ки дар паҳн кардани ҳақиқат таҷрибаи ҳаматарафа доранд ба он розианд, ки бо китоби “Субҳи ҳазорсола” хона ба хона мавъиза кардан — аз ҳама роҳи беҳтарин барои расонидани ҳақиқат мебошад». Ин суханон аз «Бурҷи дидбонии Сион» (англ.), аз 1 июли с. 1893 гирифта шудаанд. Ин гуфтаҳо муҳимияти мавъизаи хона ба хонаро нишон медиҳанд, ки он хусусияти фарқкунандаи Шоҳидони Яҳува дар тамоми дунё гаштааст. Вале дар баъзе давлатҳо одамонро дар хона ёфтан рӯз ба рӯз мушкил шуда истодааст. Оё ин тарзи мавъиза то ҳол самаранок аст?

2. Дар кадом асос мо хона ба хона мавъиза мекунем?

2 Дар асоси Навиштаҳо ва муҳимият. Мавъизаи хона ба хона бар Навиштаҳо асос ёфтааст. Исо 70 шогирдонашро ҷуфт-ҷуфт, хона ба хона роӣ кард (Луқ. 10:5–7). Мувофиқи Китоби Муқаддас, пас аз марги Исо шогирдонаш «ҳар рӯз дар маъбад ва дар хонаҳо... таълим ва башорат медоданд» (Аъм. 5:42). Павлуси ҳавворӣ низ, боғайратона хона ба хона таълим медод (Аъм. 20:20).

3. Мавъизаи хона ба хона чӣ афзалиятҳо дорад?

3 Мавъизаи хона ба хона то ҳол тарзи муҳим барои паҳн кардани хушхабар мебошад. Он имкон медиҳад, ки одамони шоистаро «суроғ» кунем (Мат. 10:11). Одатан одамон худро дар хонаашон озодтар ҳис мекунанд. Бо онҳо рӯбарӯ сӯҳбат намуда, овоз, тарҳи рӯй, вазъи хонаашонро пай бурда, мо ба чӣ шавқ доштан ва ташвишҳои онҳоро муайян карда метавонем. Ба туфайли ин, давом додани сӯҳбат осонтар мегардад.

4. Барои самараноктар кардани мавъизаи хона ба хона чӣ бояд кард?

4 Кӯшишҳои шахсӣ. Павлуси ҳавворӣ «барои Инҷил» қувваташро дареғ намедошт (1 Қӯр. 9:23). Шояд ба мо лозим аст, ки реҷаи худро тағйир дода, вақтҳои бегоҳирӯзӣ ва рӯзҳои истироҳат ё рӯзҳои ид, ҳамон вақте ки одамон бештар дар хона мешаванд, мавъиза кунем.

5. Чӣ тавр воизоне, ки саломатии на он қадар хуб доранд, дар мавъизаи хона ба хона иштирок карда метавонанд?

5 Ҳатто онҳое ки саломатиашон бад аст, хона ба хона мавъиза карда метавонанд. Мо ин гуна воизонро ба он минтақаҳое, ки дар ҷойи қулай ҷойгиршудаанду барои мавъиза кардани бародару хоҳарони имконияташон маҳдудбуда хубанд, ба хизмат гирифта метавонем. Як хоҳар, ки нафастангии сахт дошт, дар ним соат метавонист, ки танҳо ба як хона дарояд. Аммо, вақте ки ӯро ба хизмат ҳамроҳи гурӯҳ даъват намуданд, ӯ аз ин хеле хурсанд шуд.

6. Чаро мо бояд мунтазам дар мавъизаи хона ба хона иштирок кунем?

6 То ҳол ба воситаи мавъизаи хона ба хона одамони одил ба ҳақиқат ҷалб карда мешаванд. Як воиз дарро кӯфта овозеро шунид: «Дароед. Ман медонам, ки шумо кистед. Ман ба Худо дуо гуфта будам, ки касеро ба ёрии ман фиристад ва ногаҳ тақ-тақи шумо ба гӯшам расид. Худо маро шунид ва шуморо фиристод». Ҳамаи ин гувоҳӣ бар он аст, ки Яҳува ин тарзи мавъизаро баракат медиҳад (Мат. 11:19, ТДН). Пас, ҳамеша кӯшиш кунед, то мунтазам дар мавъизаи хона ба хона иштирок намоед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан