ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 4.15 саҳ. 1
  • Дар хизмат фурсатро ғанимат донед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар хизмат фурсатро ғанимат донед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Маводи монанд
  • Оё шумо хизмати худро пурра ба ҷо меоред?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Чорабиниҳои нав барои мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Мавъизаи хона ба хона
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Оё шумо метавонед вақтҳои бегоҳ дар хизмат иштирок кунед?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2015
km 4.15 саҳ. 1

Дар хизмат фурсатро ғанимат донед

Дар давоми соли хизматии 2014 Шоҳидони Яҳува 1 945 487 604 соатро дар хизмат сарф карданд. Бешубҳа, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар хизмати Яҳува устуворона банд ҳастем! (Заб. 109:3; 1 Қӯр. 15:58). Бо назардошти он ки «вақт танг аст», оё мо соатҳои пурарзиши худро барои бо шумораи ҳар чӣ бештари одамон сӯҳбат кардан, сарф мекунем? (1 Қӯр. 7:29).

Дар хизмат фурсатро ғанимат донистан аз мо талаб мекунад, ки ба вазъият ва меъёрҳои маҳаллӣ мутобиқ шавем. Масалан, агар шумо мунтазам дар ягон намуди хизмат як ё якчанд соати худро гузаронда, бо ягон кас сӯҳбат карда натавонед, пас барои бо шумораи бештари одамон сӯҳбат кардан, тағйиротҳо дароварда метавонед. Вазъу шароити як ҷо аз ҷои дигар фарқ мекунад. Вале, маслиҳатҳои зерин барои фурсатро ғанимат донистан кӯмак мерасонанд, то вақтамон мисли «задани ҳаво», яъне беҳуда нагузарад (1 Қӯр. 9:26).

  • Мавъизаи хона ба хона. Даҳсолаҳо боз воизон одатан рӯзи худро дар хизмат, аз мавъизаи хона ба хона сар мекунанд. Азбаски аксари одамон рӯзона машғули коранд, чаро накӯшем, ки пас аз нисфирӯзӣ ё бегоҳӣ барвақтар вақте ки бисёриҳо дар хона истироҳат мекунанд, хона ба хона мавъиза кунем? Рӯзона дар кӯча ё маҳалҳои корӣ шаҳодат додан, натиҷаҳои самарабахш оварда метавонад.

  • Мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Мизҳо ва стендҳои намоишӣ бояд дар ҷойҳои серодами ба ҳудуди минтақаи ҷамъомад дахлдошта, гузошта шаванд. (Нигаред ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи июли с. 2013, саҳ. 5.) Агар минтақаи таъиншуда камодам бошад, кумитаи хизматии ҷамъомад, қарор карда метавонад, ки мизҳо ва стендҳои намоишӣ ба минтақаи серодам кӯчонида шавад.

  • Боздидҳо ва омӯзиши Китоби Муқаддас. Дар вақти самаранок набудани дигар намудҳои хизмат, боздид ва гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро ба нақша гирифта метавонед. Масалан, агар мавъизаи хона ба хона самараноктар бошад, оё шумо пас аз нисфирӯзӣ ба боздид ва ё ба омӯзиш рафта метавонистед? Оё боздидро чунон ба нақша гирифтан мумкин аст, то ки вақти зиёд барои аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан сарф нашавад?

Гарчанде дуруст аст, ки мо вақти дар хизмат гузарондаамонро ҳисоб карда метавонем, аммо босамар будани он, моро боз ҳам бештар шод мегардонад. Агар шумо пай баред, ки дар як вақти муайян дар ин ё он намуди хизмат иштирок кардан самаранок нест, пас дигар намуди хизматро санҷида бинед. Дар ин маврид, ба Яҳува, «Соҳиби дарав» дуо гуфта роҳбарӣ пурсед, то дар хизмат фурсати худро ғанимат дониста тавонед (Мат. 9:38).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан