Оё шумо метавонед вақтҳои бегоҳ дар хизмат иштирок кунед?
1. Мувофиқи як китоб Павлуси ҳавворӣ кадом вақт хона ба хона мавъиза мекард?
1 Дар китоби «Ҳаёти ҳаррӯзаи одамон дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас» гуфта мешавад, ки Павлуси ҳавворӣ одатан бо хизмати хона ба хона «аз соати 4-и бегоҳ то бевақтии шаб» машғул мешуд. Мо аниқ намедонем, ки оё реҷаи Павлус дар ҳақиқат ҳамин тавр буд ё не, лекин мо медонем, ки ӯ баҳри мавъизаи хушхабар ба ҳама кор тайёр буд (1 Қӯр. 9:19–23). Масалан, ӯ корҳояшро тавре ба нақша мегирифт, то вақте хона ба хона мавъиза кунад, ки бо одамони бештар сӯҳбат карда тавонад.
2. Чаро бегоҳ барои хизмат вақти хуб аст?
2 Воизон дар бисёр ҷойҳо одатан то нисфирӯзӣ ба хизмати хона ба хона мераванд. Оё дар маҳалли шумо низ ин вақти беҳтарин аст? Пешраве оиди маҳалли худ мегӯяд: «Дар давоми рӯз касеро дар хона ёфтан душвор аст. Вале аксари одамон бегоҳ дар хонаанд». Бегоҳ мавъиза кардан барои ёфтани одамон ва хусусан расонидани хушхабар имконияти беҳтарин буда метавонад. Одатан дар ин вақт соҳибхонаҳо ба андозае дам гирифтаанд ва ба сӯҳбат моиланд. Агар чунин тарзи хизмат самаранок бошад, пирон бояд дар вақтҳои бегоҳ вохӯриҳо барои хизмат ташкил кунанд.
3. Чӣ тавр мо ҳангоми бегоҳ хизмат кардан бомулоҳиза буда метавонем?
3 Бомулоҳиза бошед. Ҳангоми бегоҳ хона ба хона хизмат кардан бомулоҳиза будан муҳим аст. Фарз кардем, шумо пай бурдед, ки дар вақти номуносиб омадед, масалан вақте ки шахс хӯроки шом мехӯрд, он гоҳ беҳтараш ба вай эҳтиромона гӯед, ки баъдтар меоед. Агар торик бошад, дар ҷое истед, ки соҳибхона шуморо дида тавонад ва зуд худро муаррифӣ карда мақсади омаданатонро фаҳмонед. Ҳамчунин аз рӯи хирад мебуд, ки дукаса ё ҳамроҳи гурӯҳ хизмат кунед ва дар кӯчаҳои торику хилват нагардед. Ба дарҳо аз ҳад зиёд занг назанед, то ки шахсонеро, ки аллакай хоб рафтанианд, нороҳат насозед (2 Қӯр. 6:3). Агар маҳалле, ки шумо мавъиза мекунед, баъди даромадани торикӣ хатарнок бошад, он ҷо то ғуруби офтоб хизмат кунед (Мас. 22:3).
4. Дар бегоҳ мавъиза кардан чӣ гуна баракатҳо меорад?
4 Баракатҳо. Вақте ки ба одамон шаҳодат додан ба мо муяссар мегардад, мо аз хизмат хурсандии бештаре мегирем. Ва чӣ қадаре, ки бештар шаҳодат диҳем, ҳамон қадар ба одамон барои наҷот ёфтан ва ба «дониши ростӣ» расидан кӯмак карда метавонем (1 Тим. 2:3, 4). Оё шумо метавонистед ба реҷаи худ дигаргунӣ дароред, то ки вақтҳои бегоҳ дар мавъиза иштирок кунед?