ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.07 саҳ. 1
  • Ибодати оилавии Яҳува

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ибодати оилавии Яҳува
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Кӯмак ба оилаҳо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Ибодати оилавӣ. Чӣ метавон кард, то он хурсандии бештар орад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Ибодати оилавӣ чист?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 8.07 саҳ. 1

Ибодати оилавии Яҳува

1 Дар вақтҳои навишташавии Китоби Муқаддас аъзоёни оилаҳо бисёр корҳоро бо ҳам иҷро мекарданд; корҳои рӯзгор ва муҳим аз ҳама Яҳуваро дар якҷоягӣ чун оила ибодат менамуданд (Иб. 10:12–14; Такр. Ш. 31:12). Имрӯз дар бисёр ҷойҳо аъзоёни оила дар фаъолиятҳои зиёд бо ҳам ширкат намекунанд. Аммо ходимони Худо баҳои фаъолиятҳои дар оила бо ҳам мекардаро, хусусан дар мавриди ибодати Илоҳӣ хуб дарк менамоянд. Бешубҳа, ба Асосгузори оила, дидани он ки аъзоёни он дар ягонагӣ Ӯро ибодат мекунанд, хуш меояд!

2 Чун оила бо ҳам мавъиза намудан. Бо ҳам мавъиза намудани паём пайванди оилавиро қавӣ мегардонад. Аз ин рӯ, бар иловаи он ки бо дигарон дар мавъиза ҳамкорӣ мекунад, пири ҷамъомад, ҳамчунин мунтазам бо зану фарзандонаш низ ба мавъиза мебарояд (1 Тим. 3:4, 5). Ба реҷаи хеле банди худ нигоҳ накарда, ҳатто нозирони сайёр низ бояд ҳамкорӣ бо ҳамсарашонро ба нақша гиранд.

3 Волидоне, ки бо фарзандонашон мавъиза мекунанд, ҳамин тавр ба рушди қобилияти воизии бачаҳо мусоидат менамоянд. Фарзандон на танҳо шодиву қаноатмандии волидонро дар мавъиза мушоҳида мекунанд, балки ҳамчунин ба Яҳува ва наздикон зоҳир намудани муҳаббати онҳоро мебинанд (Такр. Ш. 6:5–7). Муҳиммияти ҳамкории волидону фарзандон дар мавъиза, бо бузургтаршавии бачаҳо кам намегардад. Як ҷуфти ҳамсарон бо се писари аз 15 то 21–солаашон мунтазам дар мавъиза ҳамкорӣ карданро давом медиҳанд. Падари онҳо мегӯяд: “Мо ҳар дафъа ба онҳо чизеро ёд медиҳем. Ва мекӯшем, ки ин барояшон хушоянду рӯҳбаландкунанда бошад”.

4 Бо ҳам тайёрӣ бинед. Барои оилаҳо бо ҳам ба хидмат тайёрӣ дидан муфид аст. Бачаҳо аксаран аз гузоштани саҳначаҳо бо аҳли оила, ки дар онҳо бонавбат пешниҳодкунанда ё соҳибхона мегарданд, лаззат мебаранд. Баъзеҳо чанд дақиқаеро, ки баъд аз омӯзиши оилавӣ боқӣ мемонад, барои ин истифода мебаранд.

5 Аз он ки мо дар фаъолиятҳои муҳиму қаноатмандкунанда бо шахсони дӯстдоштаамон ширкат меварзем, шодиамон меафзояд. Чӣ хуш аст барои аъзоёни оила, ки дар хидмати мавъиза дар хонаҳо ва ҳамчунин дар боздидҳову бурдани омӯзишҳои Китоби Муқаддас ҳамкорӣ намоянд! Агар шумо ҳамин тавр бо оилаатон Яҳуваро ибодат мекарда бошед, метавонед хурсандона хитоб намоед: «Ман ва хонадони ман Худовандро ибодат хоҳем кард» — Еҳ. 24:15.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан