ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 11.07 саҳ. 4
  • Аз «некӣ кардан даст накашед»!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз «некӣ кардан даст накашед»!
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Аз пайғамбарон ибрат гиред. Намунаи Омӯс-пайғамбар
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • Нагузоред, ки серкорӣ ба шумо монеъ шавад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонем. Қисми 1
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Омӯзишатонро беҳтар гардонед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 11.07 саҳ. 4

Аз «некӣ кардан даст накашед»!

1. Бо кадом роҳ мо «некӣ»–ро аз одамон бознамедорем?

1 Бо иштироки фаъолона дар мавъизаи пайғоми Салтанати Худо мо ба одамони маҳалламон «некӣ» мекунем (Мас. 3:27). Барои инсоният пайғоми хуштаре аз хабари он ки таҳти ҳукумати Худо замони беҳтар фаро мерасад, вуҷуд надорад. Ҳарчанд шояд шумо умед бар Салтанатро бо шаҳодати ғайрирасмиву додани адабиёт саховатмандона ба дигарон мерасонед, чаро бурдани омӯзиши Китоби Муқаддасро, агар то ба ҳол надошта бошед, мақсади худ насозед?

2. Чӣ моро аз шурӯъ намудани бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас боздошта метавонад?

2 Баъзан, яке аз монеаҳои калонтарин барои бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас эҳсосоти худи мо мебошанд. Баъзеҳоро аз гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас эҳсоси норасоии эътимод ба худ ё реҷаи серкорашон бозмедорад. Маслиҳатҳои зерин бароятон дар он ки худро аз бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас бознадоред, муфид буда метавонанд — Мат. 28:19; Аъм. 20:20.

3. Чӣ моро дар таълим додани дигарон қобилиятнок мекунад?

3 Норасоии эътимод ба худ. Эҳтимол шумо аз нокофӣ будани маълумотнокиатон ё сабаби дигаре нисбати қобилиятатон дар бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас шубҳа мекунед. Ходимони бомаҳорати асри як «одамони нохонда ва оддӣ» буданд. Чӣ онҳоро дар таълим додани дигарон қобилиятнок кард? — Он ки эшон «ҳамроҳони Исо буданд» (Аъм. 4:13). Омӯзгори онҳо Устоди Бузург — Исои Масеҳ буд, ки таълимоту усулҳои таълимиаш барои мо дар Китоби Муқаддас нигоҳ дошта шудаанд. Ҳатто агар маълумотнокиатон маҳдуд бошад, шумо таҳсилоти рӯҳонӣ гирифта истодаед, ки он беҳамтост — Иш. 50:4; 2 Қӯр. 3:5.

4. Аз намунаи Омӯс мо чӣ омӯхта метавонем?

4 Яҳува баъзан барои мазаммати ҳокимон ё дигар мансабдороне, ки бар зидди Ӯ гуноҳ кардаанд, пайғамбаронро истифода менамуд. Бархе аз пайғамбарон ба мисли Омӯс инсонҳои оддӣ буданд. Омӯс эътироф кард: «Ман на набӣ ҳастам ва на писари набӣ, балки рамабон будам ва дарахтони ҷумизро меҷустам» (Омӯс 7:14). Ба ин нигоҳ накарда, Омӯс худро аз расонидани хабари ҳукми Яҳува ба коҳин Амасё, ки гӯсоларо парастиш менамуд, бознадошт (Омӯс 7:16, 17). Мо бояд ҳамеша дар хотир дорем, ки иҷрокунандагони кори Яҳуваем ва Ӯ моро ба таври кофӣ барои иҷрои кори супурдааш қобилиятнок хоҳад кард — 2 Тим. 3:17.

5. Ҳатто агар мо реҷаи серкор дошта бошем ҳам, чаро барои шурӯъ намудани бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе бояд кӯшиш кунем?

5 Реҷаи серкор. Ҳатто агар реҷаи серкор дошта бошед ҳам, эҳтимол шумо аллакай барои иштироки мунтазам дар хидмат вақт ҷудо кардаед. Бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас яке аз хурсандибахштарин намудҳои хидмат буда метавонад. Имтиёзи бузургест дидани он ки чӣ гуна Каломи Яҳува ба ҳаёти инсон таъсир мерасонад (Ибр. 4:12). Агар мо ба дигарон барои расидан «ба дониши ростӣ» худфидоёна кӯмак кунем, Яҳува хурсанд мешавад (1 Тим. 2:4). Аз он ки касе тавба карда, тарзи рафтори пешинаашро тарк менамояду пешрафти рӯҳонӣ мекунад, ҳатто фариштагон шодӣ мекунанд — Луқ. 15:10.

6. Дар иҷроиши иродаи Худо мо чӣ гуна имтиёз дорем?

6 Худо «мехоҳад, ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Чӣ имтиёзест худро аз бурдани омӯзиши Китоби Муқаддас бознадошта, бо иродаи Худо ҳамоҳанг амал намудан!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан