Пешниҳодот дар мавъиза
“Дар арафаи иди Соли Нав бисёриҳо мекӯшанд, ки меҳрубону раҳмдил бошанд. Ба фикри шумо, агар одамон дар давоми тамоми сол раҳмдилӣ зоҳир кунанд, оё ҷаҳон беҳтар хоҳад гашт? [Имконияти ҷавоб диҳед. Сипас 1 Петрус 3:8-ро хонед ва арзиши раҳмдилиро бифаҳмонед]”.
“Ба фикри шумо оё наздикони фавтидаамон аз нав зиндагӣ хоҳанд кард? [Имконияти ҷавоб диҳед.] Каломи Худо мегӯяд, ки роҳи халосӣ аз марг вуҷуд дорад. [Забур 67:21-ро хонед ва сипас бифаҳмонед, ки чаро мо набояд аз марг чун аз анҷоми абадии ҳаёт битарсем]”.
“Дар тӯли таърих занон аз зӯроварӣ ва поймол шудани ҳуқуқҳояшон азоб мекашанд. Ба фикри шумо сабаб дар чист? [Имконияти ҷавоб диҳед.] Бинед, ки Каломи Худо ба шавҳарон оиди муносибат ба зан чӣ мефармояд [1 Петрус 3:7-ро бихонед ва сипас назари Худо ва Исои Масеҳро аз Китоби Муқаддас нисбати занон нишон диҳед]”.