Ёдовариҳо оиди Шоми ёдбуд
Пирон ҳангоми тайёрӣ ба Шоми ёдбуд бояд ба ин чизҳо аҳамият диҳанд:
◼ Рамзҳо набояд то ғуруби офтоб дода шаванд.
◼ Навъи муносиби нон ва шароб бояд пешакӣ тайёр шаванд — нигаред ба “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 15 феврали 2003, саҳ-ҳои 14, 15.
◼ Табақчаҳо, ҷомҳои шароб ва мизи мувофиқи бо дастархон рӯпӯшшуда бояд пешакӣ ба толор оварда гузошта шаванд.
◼ Толори Салтанат ё ҷои дигари баргузорӣ бояд пеш аз маросим пурра тоза карда шавад.
◼ Даъватшудагон ва ходимон бояд пешакӣ дар бораи вазифаҳояшон, пайдарҳамии қисмҳои маросим ва муҳиммияти либоси мувофиқ огоҳонида шаванд.
◼ Барои хидмат ба ҳар тадҳиншудае, ки заиф асту дар маросим иштирок карда наметавонад, бояд чораҳо андешида шаванд.
◼ Агар як Толори Салтанат мавриди истифодаи чанд ҷамъомад қарор дошта бошад, бояд байни онҳо ҳамкории хубе вуҷуд дошта бошад, то ҳангоми маросим тӯдаи мардум дар роҳраву назди дар ва ҷои истгоҳи мошинҳо ҷамъ нашаванд.
◼ Агар ҷои дигаре барои ин вохӯрӣ истифода гардад, бояд системаи овозии муносибе тайёр шавад, то ҳамаи шунавандагон барномаро хуб шунида тавонанд.