Ба Шоми ёдбуд пурра омода шавед
Барои пайравони Масеҳ ба маросими марги Исои Масеҳ пурра омодагӣ дидан, як ҷаҳон хурсандӣ ва шарафи бузургест! (Луқ. 22:19). Барои тайёрӣ ба Шоми ёдбуд, кадом корҳоро бояд ба анҷом расонд?
◼ Вақт ва ҷойи гузарондани маросим. Ҳамаи воизон вақту ҷойи аниқи гузаштани Шоми ёдбудро бояд хуб донанд. Агар вохӯрии якчанд гурӯҳ дар як ҷо гузарад, муҳим аст, ки ҳама саривақт ҷамъ оянд ва баъди анҷоми маросим зудтар он ҷойро тарк кунанд, зеро танаффуси байни онҳо маҳдуд аст. Бояд кӯшиш кунем, ки диққати дигаронро ба ҷое ки Шоми ёдбуд мегузарад ҷалб накунем, масалан дар зинапоя ё дар наздикии кӯча ғун нашавем, ҳамчунин дар ҷое ки маросим мегузарад ё берун аз он мағал накунем.
◼ Даъват намудани рағбатдорон. Оё шумо барои даъват намудани рағбатдорон тайёрӣ дидаед? Вазъияти маҳаллиро ба назар гирифта, шумо киҳоро даъват хоҳед кард?
◼ Нақлиёт. Баъзе рағбатдорон шояд ба нақлиёт, ё ба ягон кӯмаки дигар мӯҳтоҷ шаванд. Ба бародарону хоҳароне, ки аз сабаби саломатӣ ба Шоми ёдбуд ташриф оварда наметавонанд, чӣ гуна кӯмак расонда метавонем?
◼ Рамзҳо. Рамзҳо набояд то ғуруби офтоб дода шаванд. Барои кӯмак ба ҳар тадҳиншудае, ки заиф асту дар маросим иштирок карда наметавонад, бояд чораҳо андешида шаванд. Навъи муносиби нон ва шароб бояд пешакӣ тайёр карда шаванд. (Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 15 феврали 2003, с. 14, 15 сарх. 14, 17 нигаред.)
◼ Ҷойи вохӯрӣ. Ҷое, ки вохӯрӣ мегузарад бояд пешакӣ пурра тоза карда шавад. Табақчаҳо, ҷомҳои шароб ва мизи мувофиқи бо дастархон рӯпӯшшуда бояд пешакӣ ба ҷои вохӯрӣ оварда дар ҷояшон гузошта шаванд. Мутассадиён ва ходимони интихобшуда бояд пешакӣ дар бораи вазифаҳояшон, пайдарҳамии қисмҳои маросим ва муҳимияти либоси мувофиқ огоҳонида шаванд.
Ҳар яки мо дар алоҳидагӣ ва умуман чун ҷамъомад мехоҳем барои ҷашн гирифтани чорабинии бароямон аз ҳама муҳим — Шоми ёдбуди марги Исои Масеҳ, пурра тайёрӣ бинем. Яҳува тавассути қурбонии писари маҳбубаш, Исои Масеҳ, барои инсоният бисёр корҳо кардааст. Бешубҳа, Яҳува ҳамаи онҳоеро ки ба Ӯ аз самими қалб барои корҳои кардааш миннатдоранд, бо фаровонӣ баракат хоҳад дод.