ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.08 саҳ. 1
  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • Ҳадияе барои хизматгорони Худо
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Анҷумани ноҳиявӣ барои ҳифз кардани рӯҳониятамон кӯмак мерасонад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ
    Хизмат ба Салтанати Худо 2007
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 8.08 саҳ. 1

Барномаи нави анҷумани ноҳиявӣ

Бо кадом роҳ мо метавонем ба муқобили онҳое, ки ба ибодати ҳақиқӣ бераҳмона мухолифат мекунанд, истодагарӣ намоем? Чӣ тавр мо метавонем бар кӯшишҳои Шайтон, ки доимо мехоҳад моро ба дунёи худобехабар ҷалб намояд, ғолиб бароем. Барномаи анҷумани ноҳиявии соли 2009, ба ин саволҳои ҳаётан муҳим ҷавоб хоҳад дод. Номи мавзӯъ: «Бадиро бо некӣ мағлуб кун» (Рум. 12:21). Биёед бубинем, ки барномаи анҷуман чиро дар бар мегирад.

Нозири вилоятӣ бо чунин нутқҳо баромад хоҳад кард: “Қувват гирифтаем, то бадиро бо некӣ мағлуб созем”, “Аз худбоварӣ дар ҳазар бошед! “Ба наздикӣ тамоми бадӣ нест хоҳад шуд” ва “Барои бар дунё ғолиб омадан, имонамонро мустаҳкам мегардонем”. Нозири ноҳиявӣ бошад, бо нутқҳои “Ҳоло вақти бедор шудан расидааст”, ки бар Румиён 13:11–13 асос ёфтааст ва “Дар рӯзи танг рӯҳафтода нашавед”, ки дар асоси Масалҳо 24:10 мебошад, баромад хоҳад кард. Ҳамчунин мо бесаброна нутқи нозири ноҳиявиро интизор хоҳем шуд, ки чунин ном дорад: “Таваҷҷӯҳ ба ниёзҳои ноҳия”. Ҳамчунин моро нутқи “Оё шумо чун пешрав хидмат карданро давом дода метавонед?” рӯҳбаланд хоҳад кард. Яке аз силсилаи нутқҳо чунин ном дорад: “Ба аъмоли макромези Шайтон муқобилат кунед”. Ин нутқ барои ошкор ва рад кардани ҳиллаву найранги Шайтон дар соҳаи навовариҳои технологӣ, вақтхушӣ ва илмомӯзӣ кӯмак хоҳад расонд. Силсилаи нутқҳо дар мавзӯи “Қувват гиред, то дар рӯзи бад истодагарӣ карда тавонед” нишон хоҳад дод, ки чӣ тавр мо боз ҳам бештар насиҳати дар Эфсӯсиён 6:10–18 бударо ба кор барем.

Байни ғолиб омадан бар сарчашмаи бадӣ, яъне Шайтон ва мавъизаи хушхабари Салтанат алоқаи наздик вуҷуд дорад (Ваҳй 12:17). Ҳайратовар нест, ки Шайтон беист ба Шоҳидони Яҳува ҳамла меорад! (Иш. 43:10, 12). Лекин Шайтон шикаст хоҳад хӯрд, чунки мо тасмим гирифтаем, ки «бадиро бо некӣ» мағлуб кунем. Кӯшиш ба харҷ диҳед, ки дар ҳар чор қисми анҷумани ноҳиявӣ иштирок намуда, аз он пурра баҳра баред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан