Оё шумо барои зиёфати рӯҳонӣ тайёред?
1. Тайёрӣ ба зиёфат чиро дар бар мегирад?
1 Зиёфат тайёрии зиёдро талаб мекунад. Хӯрокворӣ бояд дастрас шуда, болаззат пухта шавад ва ба рӯи дастархон зебо гузошта шавад. Толоре, ки дар он ҷо меҳмонон хӯрок хоҳанд хӯрд бояд барои зиёфат тайёр карда шавад. Меҳмонон низ бояд ба бисёр чизҳо омода бошанд, хусусан вақте ки онҳо масофаи дарозро хоҳанд тай кард. Гарчанд тайёрӣ меҳнати зиёдро талаб кунад ҳам, ҳамроҳи дӯстону аҳли оила аз таоми бомазаву серғизо лаззат бурдан ба ин арзанда аст. Ба қарибӣ Шоҳидони Яҳува дар тамоми рӯи замин, гурӯҳҳои хурду калон ҷамъ хоҳанд омад, то ки аз зиёфати рӯҳонӣ — анҷумани вилоятии «Бедор бошед!», ки онро бесаброна интизоранд, лаззат баранд. Барои тайёрӣ дидан ба барномаи анҷуман, аллакай корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд. Ба он ҳамаи мо таклиф шудаем. Барои дар анҷуман иштирок намудан ва аз он пурра манфиат гирифтан, мо низ бояд шахсан тайёрӣ бинем. (Мас. 21:5).
2. Барои дар ҳама рӯзҳои зиёфати рӯҳонӣ иштирок кардан, чӣ бояд кард?
2 Пурра манфиат гиред. Оё шумо корҳоятонро тавре ба нақша гирифтаед, то ин ки дар ҳама рӯзҳои зиёфати рӯҳонӣ иштирок кунед? Агар зарур бошад, соҳибкорро хабардор кунед, ки шумо дар ҳама рӯзҳои анҷуман, хусусан аз рӯзи аввали он иштирок хоҳед кард. Оё шумо дар бобати нақлиёт ва ҷои шабгузаронӣ омодагӣ дидаед? Пирон бояд боварӣ пайдо кунанд, ки ба солхӯрдагон, маъюбон ва ба онҳое ки ба ёрӣ мӯҳтоҷанд кӯмаки зарурӣ расонда шавад (Ирм. 23:4; Ғал. 6:10).
3. Барои чӣ мо бояд танҳо ба анҷумани байналхалқие, ки ба он даъват шудаем ташриф орем?
3 Дар баъзе давлатҳо анҷуманҳои байналхалқӣ хоҳанд гузашт. Дар ёд доред, ки ба онҳо танҳо ҷамъомадҳои муайян ва намояндагон аз давлатҳои хориҷа даъват карда шудаанд. Аз ин рӯ филиал ба чунин чорабинӣ омодагӣ дида, шумораи ҷойҳои нишаст ва утоқҳои меҳмонхонаро муайян намуда, ба нақша хоҳад гирифт, ки чӣ қадар намояндагонро даъват кунад. Агар воизон ба анҷумани байналхалқие, ки ба он даъват нашудаанд, ташриф оранд, дар анҷуман серодамӣ ба амал омада метавонад.
4. Ба туфайли кадом ёдраскуниҳо мо метавонем ҳар рӯз то оғозшавии барнома омода бошем?
4 Бикӯшед, ки ҳар рӯз барвақттар, пеш аз саршавии барнома ба анҷуман омада, ҷои худро ёбед. Пеш аз сар шудани барномаи анҷуман барои аз назар гузарондани варақаи барнома якчанд дақиқаро ҷудо кунед. Ин ба шумо кӯмак хоҳад расонд, то дилатонро ба маълумоте, ки пешкаш карда мешавад тайёр созед (Эзр. 7:10). Вақте ки масъули барнома мусиқиро эълон мекунад, аз гӯш кардани он ҳаловат баред ва барои хондани суруду дуо омода гардед.
5. Чӣ тавр мо бо аҳли оилаамон метавонем аз барнома пурра манфиат гирем?
5 Агар аҳли оила дар давоми анҷуман ҳамроҳ нишинанд, волидон метавонанд фарзандонашонро назорат кунанд, то ин ки онҳо бодиққат барномаро гӯш кунанд. (Такр. Ш. 31:12). Ҳама барангехта мешаванд, ки ҳамроҳи нотиқ оятҳои хондаистодаро аз Китоби Муқаддас кушоянд. Кардани қайдҳои кӯтоҳ ба шумо барои бодиққат будан ва баъдтар барои ба ёд овардани фикрҳои асосии нутқҳо ёрӣ мерасонанд. Дар давоми барнома аз беҳуда сӯҳбат кардан ё тарк намудани ҷой канорагирӣ намоед. Агар шумо телефони дастӣ дошта бошед, нагузоред, ки он ба худатон ва ба дигарон дар вақти барнома халал расонад. Хуб мебуд, ки агар баъди ҳар як рӯзи анҷуман, бо дигарон фикрҳои муфидро муҳокима намоед.
6. Хусусияти барҷастаи анҷуманҳои мо кадом аст ва чӣ гуна мо метавонем аз он ба пуррагӣ манфиат гирем?
6 Анҷумани вилоятӣ ба мо имконият медиҳад, ки аз муоширати наздик ва дӯстона бо бародарону хоҳарон лаззат барем, ки инро дар ҷаҳон наметавон ёфт (Заб. 132:1–3; Марқ. 10:29, 30). Масалан, шумо метавонед ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ бо онҳое ки дар наздатон нишастаанд шинос шавед ва муошират кунед. Бинобар ин ба ҷои он ки ба чойхона ё ҷои дигар равем, беҳтараш бо худ хӯрок оварда, дар бинои анҷуман бимонем. Имконияти гирифтани чунин рӯҳбаландии тарафайнро аз даст надиҳед (Рум. 1:11, 12).
7. Ҳангоми тайёрӣ ба анҷуман, дар пӯшидани сару либос чиро бояд дар назар дошт?
7 Сару либос. Шоёни диққат аст, ки Яҳува ба исроилиён фармуда буд, ки бар гӯшаи либоси худ сисит, яъне шилшила бисозанд ва бар он риштаи кабуд гузаронанд (Ад. 15:37–41). Шилшила ба исроилиён хотиррасон мекард, ки онҳо халқе мебошанд, ки барои хидмати Яҳува интихоб шудаанд. Имрӯзҳо либоси шоиста ва хоксоронаи мо, ки онро дар анҷуманҳо мепӯшем, моро аз ҷаҳониён фарқ мекунонад. Ҳатто баъд аз барнома ба ягон чойхона равем ҳам, ин ба атрофиён шаҳодати бузурге хоҳад дод. Аз ин рӯ оиди либосе, ки пӯшиданиед, пешакӣ андеша намоед.
8. Чӣ гуна мо метавонем дар он шаҳре, ки анҷуман мегузарад шаҳодат диҳем?
8 Шаҳодат диҳед. Пешакӣ тайёрӣ дида, мо метавонем ба сокинони шаҳре, ки дар он анҷуман мегузарад, шаҳодат диҳем. Баъд аз анҷоми анҷуман бародаре ҳамроҳи ҳамсараш ба тарабхонае меравад. Ӯ ба лавҳачаи сари синагиаш, ки дар он номи анҷуман навишта шуда буд, ишора карда, аз пешхизмат мепурсад: «Оё шумо диққат додед, ки бисёриҳо чунин лавҳачаҳо доранд?» Пешхизмат мегӯяд: «Диққат додам ва мехоҳам фаҳмам чаро?» Ҳамин тавр сӯҳбаташон давом ёфт ва бародар пешхизматро ба анҷуман даъват намуд.
9. Чӣ гуна мо ба Яҳува, ки моро ба анҷуман даъват кардааст, миннатдориамонро изҳор карда метавонем?
9 Гарчанд нутқҳо, мусоҳибаҳо ва намоишҳоро бародарон пешкаш кунанд ҳам, вале дар ҳамаи ин ғамхории муҳаббатомези Падари осмониамон, Яҳува зоҳир мегардад, ки бароямон ҳар сол зиёфати рӯҳониро фароҳам меоварад (Иш. 65:13, 14). Агар мо ҳар рӯз дар барнома иштирок намуда, аз ғизои рӯҳонӣ лаззат барем, бо ин ба Яҳува барои моро ба ин зиёфат даъват намуданаш миннатдории худро иброз хоҳем кард. Оё барои ташриф овардан ба анҷуман ҳама корҳоро ба анҷом расондаед?
[Замима дар саҳифаи 6]
Ёдраскуниҳо оиди анҷумани вилоятӣ
◼ Вақти барномаи анҷуман. Ҳар се рӯзи анҷуман, барнома соати 9:20 оғоз мегардад. Соати 8:00, дарҳо боз хоҳанд шуд. Вақте ки мусиқӣ эълон карда мешавад ҳамаамон бояд дар ҷойҳоямон нишинем, то ки барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Рӯзҳои ҷумъаву шанбе барнома соати 16:55 ва рӯзи якшанбе соати 16:00 хотима меёбад. Барномаҳои анҷумани байналхалқӣ бошад, рӯзи панҷшанбе соати 13:20 сар шуда, соати 16:45 хотима меёбанд.
◼ Истгоҳи нақлиёт. Дар ҳама ҷойҳое, ки анҷуманҳо мегузаранд, агар имконпазир бошад, барои нақлиёт истгоҳҳои бепул тайёр карда мешаванд. Агар маъюбон дар мошинашон нишонаи мувофиқ дошта бошанд, метавонанд онро дар истгоҳ монанд. Азбаски одатан ҷойҳо дар истгоҳ маҳдуданд, хуб мешуд, ки зиёда аз як ё ду нафар вакилон дар як мошин оянд.
◼ Ишғоли ҷойҳо. Танҳо барои касоне ҷой ишғол кардан мумкин аст, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омаданд ё якҷоя бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд.
◼ Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан хӯроки нисфирӯзаатонро бо худ оред, ба ҷои он ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк карда, барои харидани хӯрок равед. Яхдон–сумкаи хурдро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, истифода бурдан мумкин аст. Яхдон–сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро ба ҷои анҷуман овардан мумкин нест.
◼ Хайрия. Мо метавонем дар Толори Салтанат ё дар анҷуман барои кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем.
◼ Ҳодисаҳои нохуш ва таъҷилӣ. Ба хизматрасонии таъҷилӣ оиди воқеаҳои на он қадар ҷиддӣ, тавассути телефони мобилӣ зангҳо ворид мешаванд. Агар дар анҷуман ҳодисае рӯй диҳад, лутфан ба мутасаддӣ хабар диҳед. Ӯ фавран ба бахши ёрии аввалин муроҷиат мекунад. Ихтиёриёни ин бахш ҷиддияти ҳолатро муайян намуда, ёрии тиббӣ мерасонанд. Агар лозим шавад, онҳо ёрии таъҷилии тиббиро ҷеғ мезананд.
◼ Пойафзол. Ҳар сол аз боиси пойафзол бисёриҳо осеб мебинанд. Пӯшидани пойафзоли хоксоронаву бароҳат хуб аст, зеро бо он бар зинапоя, назди панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.
◼ Сабти барнома. Дастгоҳи сабткунӣ набояд ба хати барқии бино ё таҷҳизоти электронии садобарор пайваст карда шавад. Вале онро метавон танҳо дар мавриде истифода бурд, ки агар ба дигарон халал нарасонад.
◼ Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Дар ҷое ки анҷуман мегузарад аробачаи бачагона ва курсии қатшаванда истифода бурда нашавад. Рухсат дода мешавад, ки курсии бачагона, ки роҳравро банд намекунад, ба курсии волидон пайваст карда шавад.
◼ Атриёт. Бисёри анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшшуда мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон эҳтиром зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва дардҳои дигар шуда метавонанд (1Қӯр. 10:24).
◼ Варақаи «Бо ин шахс боздид кунед». Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, бояд оиди ин ба воситаи варақаи «Лутфан, бо ин шахс боздид кунед» (S-43) хабар диҳед. Воизон як–ду нусхаи ин варақаро бояд бо худ ба анҷуман гиранд. Варақаҳои пуркардашударо ба бахши адабиёт дар анҷуман ё ҳангоми бозгашт ба котиби ҷамъомадатон додан лозим аст. (Ба «Хидмат ба Салтанати Худо», аз моҳи феврали с. 2005 (рус.), саҳ. 6 нигаред.)
◼ Истиқомат. Ҳангоми дархост намудани ҷои истиқомат (дар хонаҳои шахсӣ) чизҳои зеринро ба назар бояд гирифт: 1) Лутфан, барои дархост ҳамеша варақаи “Дархост оиди истиқомати шахсони ниёзҳои махсусдошта” (СО–5-U)-ро истифода баред; 2) Варақаи “Хонаҳо” (СО–4-U)-ро бо маълумот оиди хонаи пешкашшаванда ба дигарон надиҳед; 3) лутфан дар хотир доред, ки ҷои истиқомат танҳо барои рӯзҳои анҷуман пешниҳод мегардад; 4) аз паи кӯдакони худ бояд шуд, то онҳо беназорат намонанд; 5) аз меҳмоннавозии ҳамимонон баҳра бурда, миннатдорӣ зоҳир намоед ва принсиперо, ки дар Аъмол 20:35 навишта шудааст, фаромӯш накунед; 6) агар барои бекор кардани дархост маҷбур шавед, ҳатман инро ба бахши истиқоматии анҷуман хабар диҳед.